Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 28 (9357) *** Душанбе, 7. 09. 2020
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
29 қадами рушди устувор Паёми табрикии раиси шаҳр Сулаймонзода Акрам Раҳим ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Б
Ҳамдиёрони азиз!
исту нуҳ сол муқаддам дар кишвари бостонии мо рӯйдоди таърихие ба вуқӯъ омад, ки он дар тақдири мардуми сарзаминамон таҳаввулоти куллӣ ва бунёдӣ ба вуҷуд овард ва он Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯзҳо мардуми саодатманди мамлакат ин ҷашни муқаддасро бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии хеш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”. Дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ шуморо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Дӯстони арҷманд! Яъне 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон – Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи вуҷуд кард ва ин рӯйдоди таърихӣ башорати оғози марҳалаи наву тоза дар ҳаёти миллати тоҷик гардид. Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Истиқлолият дар баробари ин, ки орзую ормони деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд бунёду азнавсозии як силсила иншоотҳои муҳимми иҷтимоӣ рӯйи кор омадаанд. Бо саъю эҳтимоми соҳибкори хайрандеш Нишонов Абдуваққос
фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии диёри азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ба таври сазовор адо намоем. Ҳамдиёрони азиз. Тавре муҳтарам Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш қайд карданд: ”Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он фарзандони бонангу номусаш мебошанд, ки Ватани худро чун модар дӯст медоранд ва тамоми имконияту нерӯи худро барои ободии он равона мекунанд”. Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ба бахти баланди миллати тоҷик бисту нуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кулли шаҳрвандон таҷлил шуда истодааст. Дар ин лаҳзаҳои идона тамоми мардуми шарифи шаҳру деҳоти Исфараро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфта, ба хурду бузурги диёри маҳбуб сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям. Итминон дорам, ки ҳар як фарди бонангу номус бо шукрона аз сулҳу субот ба неъмати бебаҳои тақдир, яъне Истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузорад ва барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар як гӯшаи диёри азизамон саҳми шоёни худро дареғ намедорад. Истиқлолияти давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
Маҷмӯи тадбирҳои омодагӣ ва корҳои ташкилӣ барои муташаккилона гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара саривақт амалӣ мегарданд.
К
омиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Исфара» №27, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаст, фаъолияти худро пайваста тақвият мебахшад. Бино бар гуфтори раиси Комиссияи ҳавзавӣ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва таъминоти моддии фаъолияти комиссияи ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфтааст. Аъзои комиссияи ҳавзавӣ фаъолияти худро тибқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти амиқ роҳандозӣ намуда, баҳри дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ намудани чорабиниҳои нақшавӣ ҳамарӯза корбарӣ доранд. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ 83 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Ҳудудҳо ва участкаҳои интихоботӣ номгузорӣ ва рақамгузорӣ карда шуда, рӯйхати участкаҳои интихоботӣ бо зикри ҳудудҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон дар рӯзномаи шаҳрии «Насими Исфара» чоп гардидааст. Аз ҷониби раиси шаҳр, дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот ҳар як участкаи интихоботӣ барои гузаронидани интихобот бо бино ройгон таъмин гардида, масъалаҳои таъмини нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар масоили таъминоти моддӣ-техникии маъракаи интихоботӣ дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ҳал гардидааст. Рӯихати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ тартиб дода, биноҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботӣ омода карда шудаанд. Аъзои комиссияи ҳавзавӣ аз 83 участкаи интихоботӣ боздид ба амал оварда, ба масъулин ҷиҳати вусъатбахшии омодагиҳо ва тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии
Ободонӣ дар Кӯлканд чанде қабл дар деҳа кӯдакистони хусусии «Гулистон» барои 175 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд.
Бо иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори муваффақи бурунмарзии зодаи Исфара Миразиз Усмонов зиёда аз
Омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад
Тоҷикистон» роҳандозӣ намудани фаъолият ва коргузории расмӣ дастурҳои мушаххас додаанд ва дар ҳамаи участкаҳо навбатдорӣ ташкил карда шудааст. Рӯзи 1-уми сентябр бо ибтикори Комиссияи ҳавзавии интихобот бо ширкати раисон ва котибони участкаҳои интихоботӣ семинари машваратӣ баргузор гардид, ки дар раванди он раиси Комиссияи ҳавзавӣ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ масъулини комиссияи ҳавзавӣ, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бақоев Саидхӯҷа ва Муҳиба Ёқубӣ ҳамзамон бо шарҳу тавзеҳи муқаррароту талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раисону котибони участкаҳои интихоботӣ вобаста ба масъалаҳои ваколатҳои комиссияи участкавии интихоботӣ, тариқи ташкили кору фаъолияти комиссияҳои участкавӣ, тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ намудани коргузории расмӣ дастурҳои мушаххас доданд. Ба масъулини участкаҳо намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи дарпешистода, роҳнамоҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои суроғавии аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида, ташкили гӯшаҳои интихобот, тартибу қоидаи баррасии арзу шикоятҳо, санҷиши асолати имзоҳои ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ҷамъоваригардида 5 км роҳҳои дохилии деҳоти Кӯлканд ба маблағи беш аз 1 млн сомонӣ пурра асфалтпӯш ва дар масоҳати 1,1 км роҳи кӯчаи марказии деҳа бо харҷи 77000 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳамчунон, бо ташаббусу маблағгузории соҳибкори саховатпеша Ҷамшед Бузуруков 600
шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Ҳамчунон ба ширкатдорони машварат ҷиҳати зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштии ҷамъиятӣ, ташкили ҳуҷраҳои модару кӯдак ва ёрии тиббӣ, риоя ва ҳимояи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд - дар ҷои будубоши интихобкунандагоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, ташкил намудани овоздиҳӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот ва амсоли ин маслиҳату дастурҳои судманд дода шуд. - Дар маҷмӯъ, мо барои тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, саривақту босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намудани чорабиниҳои дар Нақшаи тақвимӣ дарҷёфта, ки хусусияти ташкилӣ ва иттилоотӣ дошта, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, ҳамарӯза бо дарки масъулият корбарӣ ва мусоидат дорем, - гуфт зимни суҳбат бо мо Дилшод Расулзода. Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи ҳисоби пешакӣ дар маъракаи интихоботӣ 162105 нафар сокинони шаҳри Исфара ширкат меварзанд ва барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Иқбол ТЕШАЕВ, котиби матбуотии раиси шаҳр. метр роҳи кӯчаи Гузар мумфарш гардид. Дар ин радиф, бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Гулистон варзишгоҳи хурди муосири варзишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардории ҷавонону наврасон қарор дода шуд.