"Насими Исфара", № 28, от 15 августа 2019 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 28 (9311) *** Панҷшанбе, 15. 08. 2019

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Аёдат дар арафаи ид

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои миллӣ аёдату хабаргирии собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва оилаҳои ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Д

ар ин радиф дар рўзҳои таҷлили Иди саиди Қурбон ва арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба

дидорбинию аёдати нафаре чанд тан аз куҳансолон, кўдакони имконияташон маҳдуд ва бесаробонмонда иқдом намуданд. Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темурҷон Тӯйчизода, аёдатшудагонро бо иди саиди Қурбон самимона муборакбод намуданд. Дар рафти аёдат зикр гардид, ки ниёзмандон набояд худро яккаву танҳо ва бесаробон эҳсос намоянд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша ғамхору пуштибони онҳост. Зимни аёдату дидорбинӣ давоми ин рӯз ба бепарасторон, беморону барҷомондагон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд кумакҳои моддӣ расонида шуда, зимнан ниёзмандон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ ва меҳрубонӣ қарор ёфтанд. Шахсони аёдатшуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат сипосмандии хешро баён намуда, ба хотири таҳкими фазои сулҳу осоиш ва истиқлолияти давлатӣ даст ба дуо бардоштанд.

"Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам"

Таҳти чунин унвон дар шаҳри Исфара намоиши маҳсулоти нонӣ доир гардид, ки ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба нон ва ҳунари нонпазӣ, тарғиби нони тоҷикӣ, намоиши нони минтақаҳои гуногуни кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони хоси маҳал ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани нонҳои гуногуни миллӣ мебошад.

Д

ар намоиши мазкур, ки дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Абдуворис»-и шаҳр сурат гирифт, ҳунари волои нонпазҳо ва маҳсулоти нонии корхонаҳо бо таври васеъ муаррифӣ гардид. Фарҳангшиносон мегӯянд, аз қадим барои мардуми тоҷик нон азизу муътабар буда, ҳамчун неъмати бебаҳо зиннатдиҳандаи дастархони мардум мебошад. Дар озмун маҳорату истеъдоди кадбонуҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ бори дигар исбот намуд, ки дар

Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунари нонпазӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Хусусан ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ анъанаҳои фарҳанги миллии мо эҳё гардид, ки далели дурустии ин гуфтаҳо озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» мебошад. Аз роҳандозӣ гардидани ин иқдоми наҷиб сокинону меҳмонони Исфара хуш истиқбол намуданд. Ин ташаббус бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-

Раиси шаҳр дар Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳ Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин аз хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳоти Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳ дидан намуда, бо ташвишу тараддуд ва муаммову мушкилоти деҳқонон аз наздик шинос шуд.

З

имни сафари корӣ шаҳрдорро муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ Муҳаммад Муҳиддинзода ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фирдавс Раҳимзода ҳамроҳӣ доштанд. Саломзода Сиҷоуддин ҳангоми боздид бо деҳқонону хоҷагидорони се ҷамоат дар алоҳидагӣ суҳбату мулоқот анҷом дода, таваҷҷуҳи аҳли меҳнатро ба масъалаҳои вусъат бахшидан ба корҳои истеҳсолӣ, таъмини иҷроиши нақшаҳои пешбинигардида, содироти маҳсулот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар шинохти анъанаҳои мардумӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани неъматҳои моддии миллат нақши муассир мегузорад. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён зимни ифтитоҳи ин намоиш зикр кард, ки лаззати нони тоҷикӣ ва ҳунари нонпазии бонувони тоҷик дар ҷаҳон ҳамто надорад ва ҳадаф аз баргузории маъракаи имрӯза ҳам арҷгузорӣ ба ҳунари нонпазӣ, тарғиби нони тоҷикӣ ва дарёфти беҳтарин нонпазҳо мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур кадбонуҳо аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ҳунари нонпазии хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳр гардониданд. Нонпазҳо ба ҳозирин тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаҳои хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қаллама, ҳалвои сурх ва сафедро пешниҳод намуданд. Ҳайати ҳакамон ба сифати нонҳо, таркиб, тарзи омодакунӣ, пешкаши нон, хусусиятҳои табобатии таркиби нонҳо, маҳорати ороиши дастархони идона ва сарфаю сариштакории иштирокдорони намоиши маҳсулоти нонӣ баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян сохтанд. Ҳамин зайл мақоми аввалро кадбонуҳои Беморхонаи марказӣ, ҷои дуюмро намояндагони шуъбаи САҲШ ва ҷои сеюмро Раёсати маорифи шаҳр соҳибӣ намуданд. Дар озмун ҳамчунин намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Нефтобод, Сурх, Чилгазӣ, Хонобод, Нурафшон, Кӯлканд ва Маркази таълими калонсолон фаъолнокии бештар нишон доданд. Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, барои иштирок дар озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ш.АБДУМАННОНОВА, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила.

ба хориҷи кишвар ва тақвияти умур вобаста ба дигар самтҳои фаъолият ҷалб намуд. Тазаккур дода шуд, ки дар оянда бояд масоҳати кишти такрории зироатҳо аз ҳисоби зироатҳои сабзавотӣ афзун гардонида шавад. Ҳамзамон раиси шаҳр муовини худ оид ба соҳаи кишоварзӣ, сардори раёсати кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳотро вазифадор намуд, ки минбаъд дар самти самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб қитъаи замин, дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариши зироатҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии помидор ва таъмин намудани корхонаҳои консервабарорӣ бо ашёи хоми худӣ тадбирандешӣ намоянд. Дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ба хоҷагии моҳипарварии мӯйсафеди 97 сола Таҳсинбой Солиев ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар ин макон шинос шуд. Дар ин ҷо ба раиси шаҳр иттилоъ

доданд, ки хоҷагии моҳипарварии мазкур наздикии 2 сол инҷониб фаъолият дошта, моҳи марти соли 2018-ум аз ш. Гулистон 1800 адад ва моҳи декабри ҳамин сол боз 2, 5 ҳазор адад, асосан моҳиҳои навъи Сазан ва Белий амур ба ин ҷо оварда шудаанд. Алъон ин моҳиҳо то 2 килограмм вазн гирифтаанду беш аз 2 ҳазор адади онҳоро ба фурӯш баровардаанд. Шаҳрдори Исфара зимнан ба масъулин зарурати рушди соҳаи моҳипарварӣ ва роҳандозӣ намудани истеҳсоли гӯшти моҳиро гӯшзад намуд.

Барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" Дар маҷмааи фароғатии «Анӯшервон»-и шаҳр даври шаҳрии фестивали оммавӣварзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди шоҳмот барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" бо иштироки дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор гардид.

варзиш, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон дар шаҳру деҳоти Исфара 46 мусобиқаи оммавию варзишӣ доир гардид. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, соҳиби 133 медали тилло, 111 медали нуқра ва 131 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 375 медал гардиданд. Мусобиқаи шоҳмотбозони синну соли гуногун барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” хеле тезу тунд ва шавқовар сурат гирифта, варзишгарон дар ҷараёни ар маросими ифтитоҳи қувваозмоиҳо омодагии хуб ва он муовини раиси шаҳри маҳорати баланди варзишӣ нишон Исфара Мадина Бобоиён баромад доданд. Дар натиҷаи қувваозмоии намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- шоҳмотбозони синни то 14 сола писарон Абдураҳмон Пешвои миллат, Президенти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тошхӯҷаев аз мактаби варзишии Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як №2, байни духтарон Мӯҳсинахон мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва Баширова аз мактаби варзишии аҳолии кишвар дар масъалаи №3, байни шоҳмотбозони аз 15 ҷавонон ва бахусус рушди навъҳои то 30 сола Азизхӯҷа Поччоев аз гуногуни варзиш алоҳида сухан мактаби варзишии №3, байни гуфта, аз муассисаҳои дахлдор духтарон Шаҳодатхон Эргашева, даъват менамоянд, ки ба масъалаи дар синни аз 35 сола боло илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва шуғл Суҳробҷон Собиров аз МТМУ варзидани ҷавонон ба варзиш №41 ва байни бонувон Ҳилолахон диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро Исроилова аз МТМУ №58 ғолибони ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро мусобиқа гардиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ҳамагуна қувваҳои ифротӣ ифтихорнома ва метавонанд ба худ моил сохта, бо диплому онҳоро барои амалӣ намудани туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ карда шуданд. Дар анҷом муовини раиси истифода баранд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади шаҳри Исфара Мадина Бобоиён изҳори ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан суханронӣ намуда, наврасону ҷавонон ба варзиш дар умедворӣ кард, ки чорабинии 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр пуршукӯҳи имрӯза барои дарёфти 2 адад варзишгоҳи хурди замонавӣ «Ҷоми Пешвои миллат» дар бунёд гардида, дар маҷмӯъ ташаккули нерӯи зеҳнӣ ва малакаи ҷавонон мусоидат шумораи онҳо ба 36 адад расонида варзишии намуда, дар ояндаи наздик сафи шуд. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи дӯстдорони ин намуди варзиш дар ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани шаҳр зиёдтар хоҳад шуд.

Д


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.