28-29 2015.qxp имруз_Layout 1 11.12.2015 16:32 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 28-29 (307-308)
аз 12 декабри соли 2015
email: gazeta-imruz@mail.ru
Дар ҷаласаи навбатии Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид. Зимни муҳокимарониҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров чунин гуфт: Мо худ мефаҳмем, ки дар шароити кунунӣ дӯстону душманон ба иқдоми пешгирифтаи мо назарҳои мухталиф доранд, ки ин як амри табиист. Муҳим он аст, ки мо бояд дуруст дарк намоем,
Халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст ки ин қонун на ба хотири шахсият аст. Эмомалӣ Раҳмон воқеан барои халқ ва миллати мо хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ- дунявӣ ва ягона шурӯъ гардидааст.
Муовини нави раиси шаҳр Маҳмудзода Ҳаким Собит бо ризоияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ таъин гардид. Маҳмудзода Ҳаким Собит соли 1961 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст.Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Исфара ва факултаи металлургияи кӯҳии Донишгоҳи политехникии шаҳри Тошканд мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 дар иттиҳодияи конҳои ангишти шаҳраки Шӯроб ба сифати кӯҳкан оғоз бахшидааст. Солҳои 1985 – 1998 ба сифати мутахассиси кумитаи иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунаи Ҳукумати шаҳри Исфара фаъолият дошт.
Минбаъд солҳои мухталиф ба ҳайси директори ҶС «Фарзона», мудири шӯъбаи идоракунии давлатӣ, директори генералии ҶСШК «Ангишт», мутахассиси раёсати ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директори корхонаи воҳиди давлатии «Агро – маҷмааи хизматрасонӣ»-и назди мақомоти иҷроия ва ду соли охир ҳамчун сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара фаъолияти пурсамар бурдааст. Оиладор соҳиби ду фарзанд.
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
Тел: 2-61-62
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир:
Эҳсоси ватандӯстии ҷавонон пайваста боло меравад
Раванди баргузории 4 маъракаи даъватии солҳои 2014 ва 2015 ва натиҷаҳои мусбию чашмраси онҳо собит намуданд, ки ба туфайли роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ дар байни аҳолӣ эҳсоси ватандӯстии ҷавонони Исфара пайваста боло меравад, теъдоди даъватшавандагоне, ки бо дарки қарзи фарзандӣ ва виҷдонию имонӣ будани хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, тадриҷан меафзояд. Раванди маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар гузориши комиссари ҳарбии шаҳр, подполковник Ҳафизов Фируз ва ахбороти муовини аввали раиси шаҳр, раиси комиссияи даъватӣ Қосимӣ Содирхон мушаххасан баён ва зимнан эҳсоси баланди ватанпарварии ҷавонон дар деҳоти Хонободу Навгилем, Чоркӯҳ, Нӯрафшону Шӯроб ва маркази шаҳр дар қатори дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот хоса таъкид гардид. Суханрониҳои истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Навгилем, модари сарбоз Усмонова Мунира, ки фарзандаш дар сафи Артиши миллӣ сарбаландона адои хизмат дорад ва ҳам вакили Маҷлиси Ҷамоати деҳоти Ворух Мирраупов Акмал низ муассир буданд. Даврон Зоҳидзода ҳамзамон бо баёни сипосгузориҳои худ ҷиҳати муташаккилона баргузорсозии маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 рӯз пеш аз муҳлат таъмин намудани иҷрои меъёри муқарраршудаи даъватӣ ба ҳар яке
аз аъзои комиссияи даъватӣ ва гуруҳҳои корӣ, комиссариати ҳарбӣ, кулли фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот изҳори умедворӣ аз он намуд¸ки ҷавонони Исфара уҳдадории шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқонаю сарбаландона ба ҷо меоранд. Бо натиҷабардорӣ аз раванди маъракаи даъватӣ 30 нафар масъулину фаъолон барои фаъолияти назаррас ва саҳми муассирашон ҷиҳати муташаккилона таъминнамоии меъёри муқарраршудаи даъватӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр, Ифтихорномаи комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, медалҳои ҷашнии Қувваҳои Мусаллаҳ ва рутбаи навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд. Шаҳрдори Исфара бо зикри муҳимияти ҷалб ва сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, 25 – 30 рӯз пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин гардидани меъёрҳои муқарраргардидаи маъракаҳои даъватии баҳоронаю тирамоҳиии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз фаъолон даъват ба амал овард, ки қолаби шахшудамондаи мавсимӣ будани маъракаи даъватиро дар амал аз байн бубаранд. Комиссариати ҳарбии шаҳр якҷоя бо роҳбарону мутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муаззаф гардиданд, ки дар давоми моҳҳои декабри соли 2015 - феврали соли 2016 азнавбақайдгирии ҷавонони синнашон даъватӣ ва муайян намудани теъдоди мушаххаси захираҳои даъватиро мувофиқи талаботи қонун ва дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоянд.