Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
Оғози нашр 24/04/1932 ***
ИСФАРА
№ 28 (9163) ***
Чоршанбе,
3 августи соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Машқҳои тактикӣ дар Нурафшон
ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмўи машқҳои амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ заруранд, истифода шуданд. Ҳадафи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ бо қўшунҳои гарДар ҳудуди вилояти Суғд, низони Суғд сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии шираз ҷумла Исфара бо ҷалби каткунандагон дар ташкили сохтору мақомоти давлаамалиёти бомуваффақонаи тиву қудратӣ ҷамъомади ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ, машғули- низомии мамлакат дар сурати ятҳои омодагии сафарбарӣ ба вуқўъ пайвастани хатарҳои ва маҷмўи машқҳои мушта- эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ – тактикӣ, раки амалиётӣ-тактикии вусъат додани қувва ва восизиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ бартаҳои минтақаҳои мудофиаи гузор гардид, ки ба он беш аз 30 ҳазор нафар ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобиҷалб карда шуданд. лияти ҷангиву ҷисмонӣ ва саБояд гуфт, ки чорабинии таври назариявию амалӣ фарбарии қўшунҳо дар самти мазкур дар 4 марҳила дар ҷараён гирифта, дар ҳар як доир кардани унсурҳои мухтерҳудуди вилояти Суғд ва дар ноҳия захираи эҳтиётии даъ- талифи ҷангии зидди машқгоҳҳои низомии “Чо- ватшавандагон, шаҳрвандони рористӣ дар шароити дашту руқдарон”-у “Нурафшон” ба дар қайди комиссариатҳои саҳро ва кўҳистон буд.
Омодагӣ ба таҷлили 25-солагӣ Ситоди корӣ оид ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ доир шуд.
Дар он масъалаҳои раванди омодагӣ ба ин санаи таърихӣ дар Исфара баррасӣ гардида, корҳои марбут ба ободониву тозакориҳо дар шаҳру деҳот мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Ҳозиринро дар ин ситоди корӣ муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева оид ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бобати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин санаи фархунда ва тақдирсози миллат шинос кард. Аз ҷумла ба масоили насби шиору овезаҳо дар гулгашту хиёбонҳо, гузаронидани силсилаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ошно намуда, зикр кард, ки вобаста ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронидани чорабиниҳои зиёде ба нақша гирифта шудаву асоситарини он ташкили роҳпаймоии осоишта бо ширкати беш аз 5000 нафар дар маркази шаҳр мебошад. Дар назар аст, ки дар рӯзи ҷашн ҷомеаҳои меҳнатӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва нишонаҳои коргоҳи худ тавассути 59 колоннаи иборат аз 120 нафар аз хиёбони марказии шаҳр хоҳанд гузашт. Дар анҷоми ситоди корӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бори дигар аз ҳозирин масъулиятшиносии бештареро дар таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси ҳамаҷонибаи тадбирҳои ба ин санаи муҳим бахшидашавандаро дархост кард.
Гиранд стипен агони дияҳо Дар маркази ташаккули зеҳнии Исфара, воқеъ Ги р а н д а го н и стипендияҳои президентӣ муайян шуданд.
дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 озмун доир гардид. Дар он 27 нафар муҳассилини макотиби шаҳру деҳоти Исфара қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа 8 нафар гирандагони стипендияи президентӣ муайян шуданд. Инҳо муҳассилини мтму № 5 – Муртазохӯҷа Тошхӯҷаев, литсейҳои №1 - Субҳиддин Насриддинов, №3 – Носирхӯҷа Ҳомидов, №6 - Абдусодиқ Набиев, мтму №12 – Гулрӯ Шомирсаидова, мтму № №18 – Озода Ёрматова, коллеҷи тиббӣ - Зумрад Ҳомидзода, ОКТ-6-и шаҳраки Шӯроб – Усмон Ҳомидов мебошанд.
Машварати вилоятии ҷарроҳон Дар заминаи шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳр машварати навбатии ҷамъияти ҷарроҳони вилояти Суғд баргузор гардид.
Пас аз хайрамақдам гуфта шудани ширкатдорон аз ҷониби сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Исфара Тайибиддин Муҳаммедов раиси ҷамъияти ҷарроҳони вилояти Суғд профессор Мубинҷон Қаҳҳоров аҳамияти муҳокимаи масъалаи ба машварат пешниҳод гардида – илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъдаро тазаккур дод. Дар рафти ҳамоиш беш аз
Муаррифии муовинони раиси шаҳр
Муовинони раиси шаҳри Исфара таъин шуданд. Бо мактубҳои дархостии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд ва Муҳиддинзода Муҳаммад муовинони раиси шаҳри Исфара интихоб гардиданд. Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд минбаъд масоили марбут ба шаҳрсозиву шаҳрдориро сарпарастӣ менамояд. Номбурда дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, ахиран ба ҳайси муовини директори генералии «Корхонаи кимиёвӣ» кор мекард. Муҳиддинзода Муҳаммад бошад, муовини сарпарасти соҳаи кишоварзӣ
80 нафар пизишкон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят натиҷаҳои тадқиқотҳои ахир оид ба бемории илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъда, роҳҳои пешгирӣ, табобат ва усулҳои ҷарроҳиии мубталоёни ин намуди маризиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан гуфта шуд, ки илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъда яке аз бемориҳои вазнин ва табобаташ гаронарзиши ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, асосан он дар одамони аз 30 то 60 сола зуҳур мекунад ва омилҳои пайдоиши бемории мазкур ба ҷуғрофияи маҳалли зист, маданият, урфу одатҳои миллӣ ва таркиби ғизо вобастагии зич дорад. Давоми 5 соли охир дар шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи марказии шаҳри Исфара 26 нафар вобаста ба гирифторшавӣ ба илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъда бистари шудаанду 17 нафар аз тариқи корбасти дорувор ва 9 нафар тавассути амалиёти ҷарроҳӣ табобат карда шудаанд.
буда, ҷойи охирини кораш муовини раиси ҷамоати Кӯлканд буд. Ба ин хотир дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроия маросими муаррифӣ доир гардида, дар он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар радифи шинос намудани муовинони нав ба онҳо барорҳо хост ва вобаста ба масъалаҳои ҳаллашон аввалиндараҷа ибрози назар кард. Инчунин раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҷамолиддин Нуриддинов дар баробари додани фотеҳаи нек ва барори кор таманнои онро дошт, ки навтаъиншудагон дар амалигашти ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҳамаи талошҳои худро равона мекунанд. *** Инчунин бо қарори дахлдори раиси шаҳр Шодиев Риёзиддин аз вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Нурафшон озод карда шуда, ба ин вазифа Эгамзод Муртазо Машрафӣ интихоб гардид.
Обуна шавед ва қадршиносӣ ёбед!
Ба таваҷҷӯҳи сокинони шаҳри Исфара, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва хонандагони доимии нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ расонида мешавад, ки маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Насими Исфара» барои соли 2017 шурӯъ шудаву дар ин радиф аксияи қадршиносии обуначиёни беҳтарин роҳандозӣ мегардад. Лозим ба ёдрасист, ки арзиши обуна барои як сол ҳамагӣ 60 сомонӣ буда, дархостҳо бевосита дар идораи рӯзномаи «Насими Исфара» қабул карда мешаванд. Суроғаи мо шаҳри Исфара, кӯчаи Маркази 10. Телефонҳо барои тамосгирӣ: 2 – 49 – 73 ва 2 – 44 – 57.
Фаромӯш накунед, «Насими Исфара» таваҷҷӯҳи Шуморо қадр карда метавонад!