Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 апрели соли 1932
ИСФАРА
***
№ 28 (9109) ***
Панҷшанбе, 11. 06. 2015.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Прокурори генерали: 7 хазор сомонахои террористиву экстремисти фаъоланд Дар Кохи фарҳанги шаҳр мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод бо фаъолони шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом ва Ашт доир гардид. Дар ҷараёни он Прокурори генералӣ ба масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи ҷинояткори бо ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» ва чораҳои устуворсозии қурби асъори миллӣ дахл намуд. Гуфта шуд, ки алъон тахминан 300 нафар шаҳрвандони ҶТ ба сафи «Давлати Исломии Ироқу Шом» шомил гардида, дар набардҳои бемаънӣ ширкат меварзанд, ки аксарияташонро ҷавонони аз 18 то 35 сола ташкил медиҳанд. Аз вилояти Суғд ба имрӯз 99 нафар шаҳрвандон ба сафи ин ташкилоти террористӣ шомил шудаанд, ки 40 нафарашон сокинони шаҳру деҳоти Исфара мебошанд. То имрӯз аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳалокат расидаанд 60 нафарро ташкил медиҳад ва зану фарзандони ин нафарон ҳамарӯза дар ғуломии аъзои Давлати исломӣ қарор доранд. Прокурори генералӣ ҳамзамон изҳор дошт, ки кунун дар шабакаи Интернет беш аз 7 ҳазор адад сомонаҳои паҳнкунандаи ақидаҳои террористиву экстремистӣ фаъоланд, ки бояд фарзандонро аз ин хавфу хатари ҷиддӣ эмин нигаҳ дошт. Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон бо баробари зикри зарурияти устуворсозии қурби асъори миллӣ аз беинсофиву бемасъулиятии бархе аз кормандони бонкҳову нуқтаҳои саррофӣ шадидан интиқод карда шуд. Минбаъд муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи масъалаҳои баррасишаванда изҳор назар карданд. Дар идома чанде аз иштирокчиён аз шаҳру навоҳии Исфараву Конибодом ва Ашт ба музокира баромаданд. Дар охир раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир баромад карда, ба меҳмонон барои таваҷҷӯҳ ва ташриф изҳори миннатдорӣ намуд ва иброз дошт, ки мушкилоти мавҷудаи зикршуда танҳо ва танҳо тавассути дарки амиқи неъмати бебаҳо будани сулҳу субот, соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва хавфу хатари аслии терроризму экстремизм, дар сарҷамъӣ ҳаллу фасл карда хоҳад шуд.
Бар асари сел ва фаромадани тарма соати 07- 40-и санаи 7 июни соли 2015, дар саргаҳи рӯди Карафшини дарёи Исфара, воқеъ дар қисмати ҷанубии деҳаи Ворух, 30 километр болотар аз маҳалли аҳолинишин обхезӣ ба вуҷуд омад. Бо мақсади саривақт бартараф намудани пайовардҳои ин офати табиӣ таҳти сарварии раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир фавран ситоди корӣ таъсис ёфта, масъулини мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо хадамоту сохторҳои марбута ва ҷалби техникаҳои зарурӣ ба маҳалҳои осебдида сафарбар карда шуданд.
Б
ино ба маълумоти мутахассисон, сатҳи оби дарёи Исфара то 200 метри мукааб баланд рафта, дар пайи обхезии калону ғайричашмдошт, ки сокинон тайи ду даҳсолаи ахир шабеҳашро дар хотир надоранд, 6 купруки дохилихоҷагии деҳоти Ворух, Сурх ва купруки марказии деҳаи Чоркуҳ вайрон гардида, дар масоҳати беш аз 30 гектар киштзор дар минтақаҳои наздисоҳилии деҳоти Ворух, Чоркуҳ, Сурх, Хонобод ва Нафтобод обшуставу валангор шудаанд. Ба иллати обхезӣ 14 адад саргаҳи каналҳои обрасони 5 деҳот ва шаҳри Исфа-
ОФАТИ ТАБИИ зарари зиёд овард
ра вайрон гардида, дар масофаи аз 100 то 2000 метрӣ, дар маҷмӯъ дар дарозои 12,8 километр каналҳои ирригатсионӣ бо лойиқаву шағал ва обовардҳо пур шудаанд. Обхезӣ ҳамчунон боиси осеб дидани такягоҳи хатти баландшиддати барқии 35 кВ-и зеристгоҳи Октябр 110/35/6-10зеристгоҳи Ворух 35/10, канда шудани ноқилҳо ва қатъ гардидани интиқоли барқ ба деҳаи Ворух гардид. Бо мусоидати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр интиқоли нерӯи барқ барои иншоотҳои ҳаётан муҳими деҳаи Ворух тавассути хати
алоҳидаи барқ аз ноҳияи Боткон роҳандозӣ гардид. Дар як вақт корҳои таъмиру васлкунӣ ва барқароркунии хатти баландшиддати барқӣ муташаккилона сурат гирифта, таъминоти мунтазаму бефосилаи сокинони деҳаи Ворух бо қувваи барқ соати 14.00-и рӯзи 08 июн шурӯъ гашт. Ҳаҷми умумии зарари ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Исфара бар асари офати табиӣ расида аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор ҳисоб карда мешавад.
Дар роҳи худ сели даҳшатнок техника, хонаҳои истиқоматӣ ва қубурҳои обу симчӯбҳоро хароб намуд.
Ҳамдиёрони гиромӣ! Обуна ба нашрияи маҳбуби Шумо - "Насими Исфара" барои нимсолаи дуввуми соли 2015 идома дорад. Итминон дорем, ки рӯзномаи мо беҳтарин ва наҷибтарин дӯсти хонадони ҳар яки Шумо мегардад.