Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 апрели соли 1932 ***
ИСФАРА
№ 27 (9108) ***
Чоршанбе, 3. 06. 2015.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Сафири АМРИКО дар ИСФАРА
Дар де[аи Чилгазb тибrи дастуроти Президенти мамлакат варзишго[и замонавие мавриди истифода rарор дода шуд.
Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир сафири ИМА хонум Сюзан Эллиот, ки дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд аз Исфара боздид ба амал овард, ба ҳузур пазируфт.
И
ншооти мазкур бо дастгирии МИМҲД, бо сармоягузории сокинон ва қувваи сохтмончиёни деҳа давоми як сол дар майдони 2,32 гектар бо 4000 ҷойи нишаст ва бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Дар маросими расмии ифтитоҳи варзишгоҳ раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир баромад намуда, изҳори боварӣ кард, ки минбаъд мардуми ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки аз қадимулайём бо паҳлавонӣ шӯҳратёр буданд, ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим саъю талош менамоянд. Зимнан тазаккур дода шуд, ки мутобиқи нақшаву лоиҳаи тасдиқгардида ояндаи наздик дар ҳудуди варзишгоҳ боз як толори муосири варзишӣ, майдончаҳои теннису волейбол сохта
ЧИЛГАЗИ: ИД БОЛОИ ИД
хоҳанд шуд. Минбаъд сохтмончиёни варзишгоҳ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманди МИМҲД қадршиносӣ карда шуданд. Инчунин дар рафти чорабинӣ 10 нафар ҷавонон ба аъзогии ҲХДТ қабул ва дар вазъи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд. Намоиши зебои театрикунонидашуда, барномаҳои варзишиву фарҳангӣ идомабахши чорабинӣ гардиданд.
Аёдати кудакон Аёдат ва дидорбиниву мулоқоти раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони зарир ва қувваи босираашон суст ва ҳам хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб дар арафаи ҳамаи ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ ва иду маросимҳои мардумӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Мулоқоти навбатии шаҳрдори Исфара бо тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр дар арафаи Рўзи ҳифзи кўдакон, дар сари дастурхони пурфайзи идона сурат гирифт. Айнан чунин гуна як маҳфил дар хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб низ бо густурдани дастурхони идона сурат гирифта, кӯдакони ятиму бепарастор мавриди меҳрубонӣ қарор дода шуданд. Муовини раиси шаҳр Таборак Файзуллоева ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдурақиб Турдиматов таманниёти неки худро ба бачаҳо арза дошта, орзуи онро карданд, ки бигзор онҳо минбаъд дар азхудсозии илму фан ва касбу ҳунарҳои зарурӣ муваффақу пирӯз бошанду дар шукуфоии Ватани азиз ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми босазо гузоранд.
* * * Пас аз барномаи ҷолиби идона дар варзишгоҳ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи кӯдакон дар маркази шаҳр идома ёфтанд. Дар ин ин ҷо озмуни расмкашӣ дар рӯйи мумфарш ва баромади дастаҳои кӯдаконаи ҳаваскорони санъат сурат гирифтанд. Тамоми рӯз аттраксионҳои дилхушии гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ дар
Дар қисми низомии 2199-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 21-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ҷамъомади идона баргузор гардид. Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир расман ва дар сатҳи шоиста таҷлил гардидани Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадиро чун далели мақом ва ҷойгоҳи хосаи онон дар байни сохторҳои низомию қудратии мамлакат арзёбӣ намуд.
Саёхати муйсафедони сохибдил Бо иrдоми Шeрои собиrадорони xангу ме[нати ша[р ва дастгирии раиси ша[р Зо[идзода Даврони Абдуrодир раисони ташкилот[ои ибтидоии собиrадорони xамоат[ои ша[раку де[от ва корхона[о ба ша[ри Хуxанди бостонb сафар карда, аз муассисаи давлатии маxмааи фар[ангию таърихии Rалъаи Хуxанд дидан намуданд.
ихтиёри кӯдакон буданд. Дар боғи истироҳативу фароғатӣ ва ботаникии «Ҷаҳони нав» барои тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи бачаҳои қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр дастархони идона густурда шуд. (Гузориши муфассалу мусаввар аз ҷараёни ифтитоҳи варзишгоҳро дар шумораи оянда интизор бошед).
Баъдан ҷонибҳо, инчунин муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ғаффоров ва намояндагони раёсати идоракунии захираҳои оби шаҳр дар маъракаи тақдими техникаи обёрӣ ба аҳолии Исфара, ки дар доираи лоиҳаи USAID “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи Марказӣ” барои барпо намудани шарикӣ ва вусъати ҳамкории байнисарҳадӣ миёни ҷонибҳои идоракунандаи оби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, иштирок карданд. Лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳое мебошад, ки ҳамкориро барои дастгирии ислоҳоти бахши обёрии Тоҷикистон ташкил мекунад. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ҳамроҳи раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар маросими ифтитоҳи ошёнаи сеюми таъмиршудаи мактаби миёнаи рақами 39-и деҳаи Лаккон низ иштирок намуданд.
Рузи сархадчиён тачлил шуд Тавре зикр гардид, дар доираи ислоҳот ва навсозии Қӯшунҳои сарҳадӣ сохтмони иншооти нави сарҳадӣ ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори мавҷуда дар Исфарамарз низ вусъати тоза ёфта, ахиран 15 сентябри соли 2014 дидбонгоҳи тозабунёди сарҳадии «Лаккон» ба истифода дода шудааст, ки дорои шароити беҳтарин ва ҷавобгӯйи талаботҳои ҳарбиву низомии замони муосир аст. Дар ин радиф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр айни замон барои
Омири кулли маҷмааи фарҳангию таърихӣ Мансурҷон Бойматов аз ибтикороти шоистаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят оиди бузургдошти шахсиятҳо, тамаддуни ниёгон ва дар ин замина баланд бардоштани худшиносии миллии мардум тазаккур дода, мӯйсафедони соҳибдилро бо нигораҳои қадимаи Осорхонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ, мақбараи рамзии шоири шаҳир шинос намуд. -Дар ҳақиқат шаршараҳои назаррабо, ҷӯи мусаффои сангин, пайраҳаҳои гулпӯш ва дарахтони аҷоибшакли боғи Камол ба меҳмонон як ҷаҳон таассуроти нек боқӣ гузошт,-изҳор намуд собиқадори соҳаи тиб Ҳокимҷон Сафаров. С. МАҲКАМОВ.
ҳарчи зудтар ва бо сатҳу сифати хуб бунёд намудани боз як иншооти аҳамияти амниятиву стратегидошта – дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» тадбирҷӯйӣ ва мусоидат менамояд. Қумандони қисми ҳарбӣ подполковник Назармаҳмад Гулмаҳмадов барои таваҷҷӯҳ ва қадршиносӣ ба Роҳбари давлат, Ҳукумати ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори миннатдорӣ намуд.
500 рузи мехнати зарбдор Д
ар чор моҳи сипаришудаи соли равон дар фермаи кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» 106 тонна шир дӯшида шудааст, ки назар ба нишондоди ҳаминдавраи соли гузашта 22 тонна зиёд аст. Давоми чор моҳи охир дар фермаи мазкур нишондиҳандаи наслгирӣ ба 60 сар баробар шуд, ки нисбат ба раками ҳамин давраи
соли 2014 бештар аст.
Ҷ
***
омеаи меҳнатии ҷамъияти муштараки масъулияташ маҳдуди «Петролиум-Суғд» ба микдори беш аз 3 ҳазору 697 тонна нефт истихроҷ намудааст, ки аз ин миқдор 3 ҳазору 673 тоннаашро нефти молӣ ташкил медиҳад. Истихроҷи нефт дар муқоиса бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 326, 2 тонна ва ҳаҷми истеҳсоли нефти молӣ дар қиёс ба рақами ҳамин давраи соли 2014-ум 417,8 тонна бештар гардид.