"Насими Исфара", №26 (9309), от 31 июля 2019 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 26 (9309) *** Чоршанбе, 31. 07. 2019

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

С

убҳи рӯзи 26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид ба амал оварда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос шуданд.

Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара Суҳбат бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон

Боздид аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Рӯзи 26 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ворух ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо лоиҳаҳои иншооти таъйиноташ гуногун, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар бахшҳои мухталифи соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастрасии аҳолии деҳоти мазкурро ба хизматрасониҳои гуногун хубтар намуда, дар ин баробар шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Дар маҷмӯъ лоиҳаи 8 иншоот, ки бо назардошти талаботи муосири меъморӣ таҳия гардидаанд, муаррифӣ карда шуд. Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки бо назардошти талабот дар ҳудуди деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боғчаи кӯдакона бо 80 ҷой, дар маҳаллаи Сангтӯдаи деҳот муассисаи таълимӣ бо 360 ҷойи нишаст, сохтмони бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии № 23 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бинои ҷамоати деҳоти Ворух, бинои Қасри фарҳанг бо 400 ҷои нишаст, толори варзишӣ барои 300 нафар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд ва ҳамчунин бунёди бинои махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд дар деҳоти Ворух дар назар дошта шудааст, ки аз 3 ошёна иборат хоҳад буд. Иброз гардид, ки ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба таълиму тарбияи насли наврас, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим зоҳир гардида, дар ин замина бунёди иншооти соҳавӣ дар саросари деҳот дар назар дошта шудааст. Ба Сарвари давлат зимни рӯнамоии лоиҳаҳо иттилоъ доданд, ки дар аксари иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфта, феълан бо сатҳу сифати баланд идома доранд. Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо масъулинро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур бо сатҳу сифати баланд ва муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд. Дар ин баробар ҷараёни корҳои бунёдкориро дар ҳудуди деҳот зери назорати қатъӣ гирифта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз имконот бунёди дигар иншоотро низ таҳияву ба сомон расонанд.

26 июли соли 2019 дар хатти сарҳади масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима қарор доданд. Зимнан зарурати Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии идома додани раванди делимитатсияи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани баргузор гардид. рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва Дар ин зимн сарони ду давлат ҳамчунин бо садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда аз ҷониби мақомоти давлатии тарафҳо шинос шуда, омодагии ҷонибҳоро барои ба таври доимӣ анҷом додани корҳои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид. мавҷуда таъкид карданд. Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон (Давомаш дар саҳ.2). ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.