Қадршиносии намояндагони аҳли фарҳанги шаҳр
Тоҷикистон, сарбалетмейстер. Раиси шаҳр Зуҳро ИсомаддиноваСаломзода Сиҷоуддин балетмейстер. як зумра аҳли фарҳанги Мустафо Сангинов Исфараро қадршиносӣ таҳиягари барнома. Шуҳрат Ҳалимов - таҳиягари намуд.
Қ
адршиносии мазкур бинобар дар сатҳи шоиста таҷлил намудани 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар даромадгоҳи шаҳр ва саҳми шоиста гузоштани аҳли фарҳанг дар ин чорабинии бошукӯҳ бо барномаи ҷолиби консертӣ сурат гирифт. Нафарони зерин қадршиносӣ ёфтанд: Бахтиёр Иброҳимов Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии барнома. Гавҳар Мирҷумъаева - Ҳунарпешаи халқии
Дар як сатр П
ленуми сеюми шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр доир гардид ва он масъалаҳои баланд бардоштани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнат, тадбирандешӣ намудан нисбати эроду таклифҳои дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва конференсияи VII-и ташкилотҳои собиқадорон садодода, ҳолати молиявӣ ва хароҷотҳо дар шӯрои собиқадоронро мавриди баррасӣ қарор дода, аъзои нави пленумро дар ҳайати шаш нафар интихоб кард. *** з 21-ум то 30-уми июни соли равон дар пойтахти мамлакат Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни калонсолон дар лигаи якум баргузор гардид, ки дар раванди он варзишгари номии Исфара Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ширкат намуда, бо пирӯзӣ аз болои аксарияти ҳарифон ва ба даст овардани холи аз ҳама зиёд соҳиби мақоми аввал гардид. *** Дар МТМУ № 58-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҷиҳати гиромидошти хотираи неки варзишгари номии Тоҷикистон
А
Н/И
Шуғл
Маош то 2200 сомонӣ
М
увофиқ ба нақшаи муштараки кории МИМҲД ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара бо мақсади бо кори доимӣ таъмин намудан ва бо касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бешуғл дар мавзеи Чорчинори деҳаи Ворух ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар ҷараёни он беш аз 50 корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ширкатдор ба интихоби корҷӯяндагон 430 адад ҷойҳои холии кориро бо музди аз 400 то 2200 сомонӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 9 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ ва 25 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Дар ҷараёни чорабинӣ раиси ҷамоати деҳоти Ворух Меҳриниссо Раҳматова, намояндаи мақомоти иҷроияи
барномаи театрӣ. Раҳмон Шамсиев - роҳбари мусиқии барнома. Искандар Файзиддинов овозхон. Зарнигор Қобилова репетитор. Меҳрубон Савриддинова репетитор. Рухшона Нефёдова репетитор. Фароиз Мамадҷонова репетитор. Фарангис Бобоева репетитор. Мавлуда Расулова репетитор.
ва Русия Эҳсонхон Шарифов мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки дар раванди он дастаҳо аз шаҳру навоҳии Хуҷанду Исфара, Конибодому Бобоҷон Fафуров, Ашту Мастчоҳ ва деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух ширкат варзида, дар натиҷа дастаи варзишгарони деҳаи Чоркӯҳ мақоми аввал, ноҳияи Ашт ҷойи дуюм ва шаҳри Исфара зинаи сеюмро ишғол намуданд. *** иҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2018, қарорҳои марбутаи раисони вилоят ва шаҳр, ҳамчунин фармоиши сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара "Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018” ӯрдугоҳи истироҳативу фароғатии беруназшаҳрии "Гагарин"-и раёсати маорифи шаҳри Исфара бо қабули 80 нафар кӯдакону наврасон фаъолияташро оғоз бахшид, ки ин ҷо истироҳати кӯдакону наврасон дар ду баст бо омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, малакаи кор дар компютер ва машқҳои варзишӣ сурат мегирад.
Ҷ
ҳокимияти давлатӣ Рустамҷон Шомирсаидов, узви ММ МО ҶТ Абдураҳмон Шораҳматов ва сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Нурилло Қурбонов дар робита ба сиёсати давлатии шуғл, имкониятҳои мавҷуда дар самти корёбиву азхудсозии касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талаботдошта ва зарурати рушди ҳунарҳои мардумӣ иттилоъ доданд. Дар рафти чорабинӣ ҳамзамон намоиши дастранҷи ҳунармандони деҳа ташкил карда шуда, ба 13 нафар хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуданд. Аз ҷониби намояндагони филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара" Эсуфхӯҷа Ӯлмасов, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Fайратҷон Бобоев ва мутахассиси раҳнамои касбӣ Ҳилолиддин Зайниддинов байни ҳозирин дар боби масоили муҳоҷират ва имкониятҳои касбомўзӣ корҳои тарғиботӣ роҳандозӣ гардид.
Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 26 (9257) *** Панҷшанбе, 05. 07. 2018
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Дар натиҷаи мулоқот ва гуфтушунидҳои иштирокдорони “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чандин кишварҳои хориҷӣ 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Б
о ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 30 июн ва 1 июл “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар кори Форум зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, бо шумули роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат намуданд. “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мубодилаи афкор ва густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои “Шоҳроҳи абрешим”, омўзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Дар қисмати ифтитоҳии Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат ва суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ва имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешниҳодгардида маълумот дода, гуфт, ки имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирию ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва кашфи бозорҳои нави байналмилалӣ корҳои зиёд амалӣ намуда истодааст ва ҳамоиши имрӯза низ дар ҳошияи ҳамин
Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ дар Исфара
тадбирҳо роҳандозӣ гардид. Дар нимаи дуюми рӯз Форум кори худро дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои “Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ: дастовард ва мушкилот”, “Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ - муаррифии симои сайёҳии кишвар” ва “Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон” идома дода, иштирокдорон дар доираи мавзӯъҳои болозикр баромад карданд ва миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар кори бахшҳо Рашид Камол роҳбари ширкати сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб “Бин Муса трейвл”, Бабур Ризаев - роҳбари ширкати сайёҳии Қазоқистон “КИТО”, Дамир Ахмедов — роҳбари ширкати сайёҳии Ӯзбекистон “Атлас авиатур”, Беҳруз Узоқовмушовири агентии намояндагии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JACA) дар ҶТ ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба сатҳи баланди баргузории ҳамоиш, меҳмоннавозии тоҷикона ва табиати нотакрори кишвари мо андешаронӣ карданд. Дар поёни Форум аз кори он натиҷагирӣ карда шуда, Изҳороти Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қабул карда шуд. Дар баробари ин, дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва мулоқоту суҳбатҳо 21 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, бо шумули “Ҷавоҳир тур”, “Куҳандиз”, “Панҷакент интур”, “Бозори Вору”, “Нодир тур”, “Ориён эдвентур”, “Скай тур”, “Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ” ва “Сайри мунк” бо ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб “Эйшн голф трейвл”, “Бин Муса трейвл” ва “Омер трейвл эҷенсӣ”, ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон “Скай вей” ва “КИТО”, “Атлас авиатур” аз Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд, ки дар рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ
нақши бориз хоҳанд дошт. Баъд аз анҷоми Форум дар саҳни осоишгоҳи “Зумрад” намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуда, иштирокчиён аз он дидан намуданд. Аз меваҳои шаҳдбори кишвари мо чашида, аз тамошои намунаи маҳсули меҳнати дастии ҳунарҳои қадимии миллӣ лаззат бурданд. Аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Исфара барои иштирокчиёни “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барномаи ҳунарии рангину хотирмоне баргузор карда шуд, ки дар он дар баробари муаррифии санъати волои тоҷикон, рақсу сурудҳои халқияту миллатҳои гуногун низ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Рӯзи якуми июл иштирокдорони ҳамоиш ба тамошои шаҳри Исфара рафта, аз боғи калони зардолу дидан намуданд ва шурӯъ аз ҷамъоварии ҳосили зардолу то ба бандубасти он ҷиҳати содирот шинос шуданд. Қобили зикр аст, ки шаҳри Исфара ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо зардолуи худ машҳур буд ва имрӯз низ яке аз содироткунандагони асосии меваи хушк дар кишвар ба шумор меравад. Зимни тамошо аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Исфара ба меҳмонони хориҷӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Иштирокдорони “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо таассуроти рангин ва хотироти ширин ба кишварҳои худ баргаштанд. Ёдовар бояд шуд, ки баргузории чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Норак низ дар назар аст ва дар он намояндагони кишварҳои бештари минтақа ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.