26-27 2015.qxp имруз_Layout 1 25.11.2015 21:41 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 26-27 (305-306)
аз 26 ноябри соли 2015
email: gazeta-imruz@mail.ru
ТАЧЛИЛИ РУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
Тел: 2-61-62
Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» баргузор гардид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро тақдим намуд. Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Исфара» дар ин озмун ширкат варзида, ҷойи дуюмро ишғол кард. Чӣ тавре хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ медиҳад: Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сӯҳбат бо журналистон нахуст кулли онҳоро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва барояшон хушиҳои рӯзгорро таманно намуд. Сипас муовини
«Насими Исфара» соҳиби ҷоиза шуд Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии ҶТ дар шаҳри Исфара роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин рӯз сокинони сершумори шаҳр бо парчамҳои давлативу шиору навиштаҷотҳои васфкунандаи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандориӣ нишоту сарафшонӣ доштанд. Тантанаӣои мазкур бозгуйӣ аз он доштанд, ки Парчам дар радифи Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ ба ҳайси рамзи басо арзишманди милливу давлатӣ барои мардуми тоҷик муқаддас аст. Минбаъд дар майдони Исмоили Сомони бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид. Дар ҷараёни он муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифалӣ Абдуллоев баромад намуда, аз номи раисони вилоят ва шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро бо Рӯзи Парчами давлатии ҶТ сидқан муборакбод гуфтанд. Зимнан гуфта шуд, ки «Санаи 24 ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён натанҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунон рӯзи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ
маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ, рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ ва башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад. Парчам пайвандгари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои неку обод ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии Тоҷикистониён аст!» Дар анчом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. * * * Инчунин дар деҳаи баландкӯҳи Ворух низ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии ҶТ бо иштироки сокинони деҳа, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ роҳпаймоӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он роҳбарияти ҷамоати деҳот ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони деҳаро бо ҷашни саид сидқан шодбош гуфта, зимнан дар хусуси иртиботи қавии таърихи ташаккули миллат ва оини парчамдорӣ ва аҳамияти таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҳарф заданд.
якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо доир ба натиҷаҳои озмуни имсола баромад намуда, таъкид кард, ки тибқи дастури Раиси вилоят ду сол инҷониб озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии журналистон гузаронида мешавад. Соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 марти соли 2015 №147 «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда – 2015» ин озмуни вилоятӣ эълон гардида буд. Дар озмуни “Хомаи созанда” журналистон дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат, идомаи соли роҳҳои обод, рафти ободкориву созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ, соли рушди фарҳанг ва гулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, ба-
ланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ аз қабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ ва меҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз ҷумла ба намудҳои миллии он — чавгонбозӣ, гуштингирӣ, сохтмони иншооти варзишӣ маводҳои таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардидааст, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ», «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин хабарнигор, аккос ва наворбардор» баргузор шуд ва дар он наздик 90 нафар довталабон аз васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистони собиқадори вилоят шомил буданд, дар бахшҳои гуногуни озмун беш аз 60 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ба иттилои муовини якуми Раиси вилоят дар номинатсияҳои гуногуни озмун 44 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шудаанд. Сипас Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фазои идона ба 44 нафар ғолибон ва 14 нафар иштирокчиёни фаъоли озмун диплому мукофотпулиҳоро тақдим намуд.