Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 26 (9395) *** Ҷумъа, 23. 07. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
"Марз - 2021" 22 июли соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.
Вохӯрии ҳайатҳо
12-17 июл дар шаҳри Бишкек бино ба тавофуқи ҳосилшуда, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Д
ар ин чорабинӣ 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта, ки анҷомбахши санҷиши омодагии ҷангии «Марз-2021» буд, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт. АМИТ "ХОВАР".
Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Т
авре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар поёни вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Натиҷабардорӣ аз фаъолияти Федератсияи футбол
Маҷлиси умумии Федератсияи футболи Исфара доир гардид.
М
уовини раиси Федератсияи футболи шаҳр Собитҷон Умарзода ҷаласаро оғоз намуда, иттилоъ пеш овард, ки дар рафти ҷаласа фаъолияти федератсия дар соли 2020, роҳҳои бартарафсозии монеаҳои мавҷуда ва масъалаи ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дошт.
Котиби федератсияи футболи шаҳр Нуъмонҷон Абдуназаров бобати ҳунарнамоии футболбозони Исфара дар лигаи якуми мамлакат ва бурду бохтҳои даста маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки бо вуҷуди тадбирҳои мушаххаси аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри рушди футбол андешидашаванда ва тайи солҳои охир бунёд ёфтани 9 варзишгоҳи калон ва 52 варзишгоҳҳои хурд, дастаи футболбозони Исфара соли 2020 дар лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ рӯзи 19-уми июл нишасти матбуотии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баргузор гардид.
М
уовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён дар каломи муқаддимавӣ иттилоъ пеш овард, ки дар толор намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ҳузур доранд. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни баёни нишондодҳои асосии натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Исфара давоми шашмоҳаи аввали соли 2021-ум аз ҷумла тазаккур дод, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, қатъи назар аз мушкилоти ҷойдошта ва таъсиру пайомадҳои ногувори бемории сироятии короновирус (COVID-19), дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд. Ҳамин зайл давоми нимсолаи аввал мувофиқи таҳлилҳо воридоти буҷети давлатӣ беназардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 106 %, воридоти буҷети маҳаллӣ бошад, 100,1 % - ро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори
Нишасти матбуотии раиси шаҳр
хусусӣ ва хизматрасониҳо 165 миллиону 577 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 96,1 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар ин давра аз ҷониби 51 корхонаҳои саноатии дар қайди оморбуда ба андозаи 80 миллиону 274,1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки 118,6 %-и нақшаро бозгӯӣ мекунад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 572 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Давоми 6 моҳ 26 корхонаҳои саноатӣ суръати афзоишро нисбат ба соли гузашта зиёд намуданд, аммо мутаассифона дар 16 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар ин давра кишоварзони шаҳр барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 177,9 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 фоиз таъмин гардид. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шаҳри Исфара ба маблағи 4 миллиону 993 ҳазору 363 доллари амрикоӣ маҳсулот содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 212 ҳазору 930 доллари амрикоӣ кам мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии
байни 12 даста дар зинаи 11-уми мусобиқа мавқеъ гирифтанд, ки албатта ин натиҷа қаноатбахш нест. Баромади сусти даста дар чемпионат чун пайомади набудани маблағгузории саривақтӣ, дер оғоз намудани тамринҳо ва нокифоягии омодагии ҷисмонии футболбозон арзёбӣ карда шуд. Дар ҷараёни ҷамъомад Сулаймонзода Акрам Раҳим аз мақоми раиси Федератсияи футболи Исфара озод карда шуда, ба ҷойи ӯ раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода раиси нави Федератсияи футболи шаҳри Исфара интихоб гардид. Шаҳрдори Исфара рушди варзиш, хосса футболро дар шаҳру деҳоти Исфара яке аз самтҳои қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ намуд. Зимнан гуфта шуд, ки дар Исфара дар радифи нақшаву барномаҳои ҷумҳуриявии ба рушду нумӯи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронидашуда барномаҳои «Маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Исфара» ва «Рушди футбол дар шаҳри Исфара барои солҳои 2016 – 2021» қабул ва муваффақона амалӣ карда мешаванд. Минбаъд чанде аз аъзои федератсия перомуни масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои хешро баён намуданд. Сарварони корхонаву муассиса, ташкилоту хоҷагиҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорони муваффақи Исфара, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, омодагии хешро бобати дастгирии молиявии дастаи яккачини футболбозони шаҳр иброз доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, барқароркунӣ ва таъмиру тармими 457 адад иншооти ҷашнӣ ба маблағи умумии 610 миллиону 501 ҳазору 200 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба санаи 1 майи соли 2021 аз он сохтмони 420 адад иншоотҳои соҳаҳои мухталиф ба анҷом расонида шуданд, ки 92%-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол корҳои сохтмону васлкунӣ дар 50 адад иншоотҳои боқимонда босуръат идома дошта, ҷараёни рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сифати иҷроиши он зери назорати доимӣ қарор дорад. Минбаъд раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ба пурсишҳои намояндагони расонаҳои хабарӣ вобаста ба ҷараёни рафъи пайомадҳои муноқишаи наздисарҳадии охири моҳи апрел, раванди гуфтушунидҳо бо ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта, бозгардонидани ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ машғули таҳсили динӣ ҳастанд, тақдири минбаъдаи маҷаллаи "Ганҷи Исфара", вазъи фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи "Тамохуш" ва "Ангишт", фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандоне, ки бинобар пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафта натавонистаанд, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, сатҳи таъминоти сокинони шаҳраки Шӯроб бо оби тозаи ошомиданӣ, умури созандагию бунёдкорӣ, нақшаву ниятҳои минбаъдаи роҳбарияти шаҳр ва амсоли ин посухҳои мушаххас дод.
Мумфаршкунӣ дар Сомониён Дар шаҳри Исфара бо мақсади амалигашти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории ҷомеаҳои меҳнативу соҳибкорон ва сокинон дар ҷабҳаи васеъ таъмиру тармими роҳҳо идома дорад.
А
хиран бо иқдоми сокинони шаҳраки Сомониён, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмиру тармими роҳи марказии шаҳрак шурӯъ гардид. Зимни баргузории ҳамоиши хосса раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода якҷоя бо пирони рӯзгордидаи маҳалла мумфаршкунии 1,2 километр роҳи марказии шаҳракро оғоз бахшид. Дар иҳотаи мардум раиси шаҳр аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои то ин дам анҷомдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо соҳибкорону сокинон ёдовар гашт. Ӯ аз ҷумла иброз намуд, ки дар қатори бунёди муассисаҳои савдову хизматрасонӣ ва тиббиву
таълимӣ ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмиру тармими роҳҳо ба таври доимӣ зери назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Боиси қаноатмандии хосса аст, ки иқдоми мумфаршкунии роҳи марказии шаҳраки Сомониён аз ҷониби кулли мардум ва соҳибкорон мавриди дастгирии амалӣ қарор ёфтаву шумораи саҳмгузорони ободонии роҳҳо пайваста меафзояд. Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳр бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандон ба ин қитъа баҳри бо сифати хуб ба сомон расонидани корҳо мусоидат менамояд ва роҳсозон ният доранд, ки мумфаршкуниро рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд.