25 2018 3 июл

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 25 (9256) *** Шанбе, 30. 06. 2018

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд НОҲИЯИ АЙНӢ

Субҳи рӯзи 24-уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Нахуст дар ин мавзеъ Сарвари давлат пас аз боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Айнӣ бо фаъолияти ояндаи ҶС «ТАЛКОГолд», ки аз ҷониби мутахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос шуданд. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёвӣ, аз ҷумла тиллову сурма, нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳои кимиёвии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад. Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад. Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи ҶС «ТАЛКО-ГОЛД» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад.

НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти

тантанавӣ бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи интернати наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хобӣ, ҳуҷраи роҳбари муассиса, ҳуҷраи сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Хобгоҳи мазкур бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани бинои нави Шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳё, бинои маъмурии Маркази адлия ва Қасри фарҳанги тозабунёд дар ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд. Ҳамчунин Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон дар кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон», бунёди боғи интенсивӣ дар хоҷагӣ аз наздик шинос шуданд. Сарвари давлат зимни суханронии худ дар назди фаъолони ноҳияи Шаҳристон, ки бо кишвари ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дӯстӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратиро бо ӯзбекҳо густариш бахшанд.

ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

25 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон» сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон»ро расман ифтитоҳ намуданд. Ҳамчунин барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» ва меҳмонхонаи замонавии «Киропол» санги асос гузошта шуд. Дар Маркази савдо ва хизматрасонии "Фаровон" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кулли шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштич

туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

ШАҲРИ ХУҶАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо кадбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд. Дар Иди зардолу шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» навъҳои маъмулу серҳосили зардолуҳои маҳаллиро ба намоиш гузоштанд. Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи ГулистонИсфара, Исфара-Ким ва Ким-Кӯчкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт. Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Шарикони рушд ҳавасмандии худро барои оянда саҳмгузорӣ кардан дар тарҳҳои коммуникатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар маҷмуъ дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар 3 қитъа 45,1 километр роҳ ба истифода дода шуд. Таҷдиди роҳи мазкур соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа бо назардошти талабот ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир ба анҷом

расонида шудааст. Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати «Чайна-Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ҷалб шудаанд. Дар қисматҳои аҳолинишини роҳ бо назардошти талабот истгоҳҳои замонавӣ насб карда шудааст. Дарозии қитъаи Гулистон-Исфара 18,2 километр бо ду хати ҳаракат, қитъаи Исфара-Ким 13 километр аз 2 то 4 хатти ҳаракат ва дарозии қитъаи Ким-Кӯчкак 13,9 километрро бо ду хати ҳаракат дар бар мегирад. Дар ин 3 қитъаи роҳ 90 адад қубури обгузар ва 8 пул таҷдиду бунёд шудааст. Дар ду шафати роҳи Ким-Кӯчкак ба таври таҷрибавӣ дар як километр ниҳоли дарахтони сояафкан бо обёрии қатрагӣ шинонида шудааст. Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратура, боғи фарҳангӣ - фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд ва қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар” дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Шоми рӯзи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

НОҲИЯИ БОБОҶОН FАФУРОВ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд. Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа

дониста мешавад. Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ин коргоҳи истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани ин сех 70 нафар сокинони шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд. Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл дар мавзеи хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар сохта хоҳад шуд. Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад. Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд. Айни ҳол масоҳати боғ ба 700 гектар расонида шуда, дар он навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шудааст. Ҳосили аксар дарахтони мевадиҳанда барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот нигаронида шудааст. Дар сардхонаи нав коргарони Боғи миллӣ себ, зардолу ва олуи сиёҳро барои содирот ҷой кардаанд. Президенти мамлакат ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини меваҷот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд доданд. 29 июн дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлил қарор доданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
25 2018 3 июл by Абдумуталиб Шарипов - Issuu