Газета "Насими Исфара", № 25, от 10 июля 2019 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 25 (9308) *** Чоршанбе, 10. 07. 2019

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Мулоқоти шаҳрдор дар "Чорчинор"

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва дастгирии бахши соҳибкорӣ ва ҷиҳати баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёт дар Маҷмааи фароғатию истироҳатии "Чорчинор» мулоқоти раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи деҳоти Ворух сурат гирифт.

Д

ар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин кормандони масъули воҳидҳои сохтории марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳузур доштанд. Дар раванди чорабинӣ аз ҷумла зикр ёфт, ки ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. - Тибқи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат ва бо иқдому дастгириҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мо саъю кӯшиш дорем, ки муҳимтарин муаммоҳои иҷтимоии деҳоти наздисарҳадии Ворухро ҳал намоем, мушкилоти мардумашро осон кунем ва Ворухро ба яке аз деҳоти ободу зебо ва пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил диҳем, - изҳор дошт шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин Тавре зикр гардид, айни замон дар ҳудуди деҳоти дурдаст ва наздисарҳадии Ворух сохтмону азнавсозии 5 иншооти муҳимми иҷтимоӣ бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии зиёда 30 миллион сомонӣ сурат мегиранд. Аз ҷумла, азнавсозии бинои Қасри фарҳанги деҳа, дорои 650 ҷойи нишаст бо толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба маблағи 12 млн. сомонӣ, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар МТМУ №23 барои 240 ҷойи нишаст ба маблағи 3 млн. 240 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои нави таълимӣ бо толори варзишӣ дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 ҷойи нишасти таълимӣ ба маблағи 8 млн. 240 ҳазор сомонӣ, инчунин мумфарш ва чароғонкунии 1,5 км роҳи маҳаллаи Сангтӯда ва сохтмони толори муосири варзишии дорои 200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Қалъача роҳандозӣ мегарданд. Ҳамин зайл, дар доираи тадбирҳои “Солҳои 2019 - 2021 - солҳои рушди

деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як қатор мушкилоти иҷтимоии деҳа, ки 20-30 сол инҷониб ҳалли худро наёфта буданд, ҳалли мусбии худро меёбанд ва ҳамаи иншоотҳои болозикр то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд. - Мо, соҳибкорони ворухӣ омода ҳастем, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ як мактаби ҳозиразамонро дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа намоем, – изҳор дошт сарвари Ассостиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сорбон Савриддинов. Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари литсейи №3-и деҳа Абдураҳмон Шораҳматов низ тасмим гирифтааст, ки нахустин мактаби хусусиро дар деҳоти Ворух бунёд намояд, ки иқдоми мазкур аллакай ба “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шудааст. Дар ҷараёни мулоқот саҳми муносиби соҳибкорон дар самти умури бунёдкориву созандагӣ, ободонии шаҳру деҳот ва дастгирии моддию маънавии шахсони ниёзманд ба таври хосса тазаккур дода шуд. Минбаъд байни ширкатдорони нишаст вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна мубодилаи афкор сурат гирифта, соҳибкорон иброз доштанд, ки дар раванди маъракаи ободониву созандагӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара вусъати тоза мегирад, саҳми шоистаи худро мегузоранд. - Мо омода ҳастем, ки ҳама гуна ташаббусу иқдомоти созандаи соҳибкоронро ҷиҳати бунёди иншоотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва барои амалигашти он кумаку мусоидат намоем, - изҳор дошт дар фарҷом шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин.

Бо ширкати раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ҶДММ “Суғд- СамарқандПаранда” расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

"Суғд-Самарқанд-Паранда" дар Чилгазӣ

ар расми ба истифода додани коргоҳи мазкур раиси шаҳр ин иқдоми некро самараи талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо талошҳои пайвастаи сарварони ду ҳамсоякишвар рӯз ба рӯз муносибат ва робитаҳои тарафайн беҳтар шуда истодаанду ба истифода додани боз як коргоҳ дар ҳудуди Исфара далели дурустии ин гуфтаҳост.

Бино ба гуфти директори корхонаи гардида, барои гӯшт парвариш ҶДММ “Суғд- Самарқанд- Паранда” ёфта истодаанд. Дар назар аст, ки дар Исфара Абдуаҳад Раҳимов вазни чӯҷаҳо дар як моҳ то 1 кг. 200 муассиси ҶДММ “Суғд- Самарқанд- гр. афзун шуда, имконияти таъмини Паранда” Сӯҳроб Уроқов аз шаҳри мардуми Исфара ва аҳолиҳои Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ноҳияҳои ҳамсоя бо гӯшти парҳезӣ ба буда, номбурда бевосита дар ин миён меояд. Дар Исфара ҶДММ “Суғд кушодашавӣ иштирок дошт. Аз рӯйи - Самарқанд - Паранда” дар заминаи гуфти ӯ парвариши 100 000 мурғҳои фермаи ширию молии хоҷагии ба навъи “RОSS-308” ба нақша гирифта номи Т. Каттаеви ҷамоати деҳоти шуда, марҳила ба марҳила ба роҳ Чилгазӣ таъсис ёфтаву он самараҳои монда мешавад. Дар навбати аввал нахустини дӯстии ду давлати бо 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои ҳам дӯсту ҳамсояи Тоҷикистону кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд ва Ӯзбекистон мебошад. ҳоло 16 ҳазор чӯҷаҳо аз маркази Акмалхӯҷа АКРАМОВ. вилоят - шаҳри Хуҷанд дастрас

Д

Ғолибият

Кадбонуҳои Исфара ғолиби озмун

Кадбонуҳои Исфара дар озмуни ҷумҳуриявии "Хӯришҳои миллӣ ва муосир" дар ҳайати дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал шуданд.

О

змуни мазкур дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ низ доир шуда буд. Дар даври шаҳрӣ кадбонуҳои КАТС ғолибият ба даст оварда, Исфараро дар даври вилоятӣ муаррифгар буданд. Даври вилоятии озмун бошад, дар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар он 17 нафар ғолибони даври аввали

Арзи сипос

озмунҳои шаҳрӣ иштирок намуданд. Озмун аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин хӯриши миллӣ”, “Беҳтарин ӯриши муосир” ва “Сарфакорӣ, ғизонокӣ ва фоиданокии хӯриш” сурат гирифт. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ҷойҳои ифтихории бахши “Сарфакорӣ, ғизонокӣ ва фоиданокии хӯриш”-ро Муҳаррам Набиева (Гулистон), Гулафзо Набиева (Исфара) ва Рафоат Пиракова ишғол намуданд. Баъди ишғоли ҷойи дуюм дар бахши вилоятӣ Гулафзо Набиева аз КАТС ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявиро пайдо намуд. Бино ба гуфти мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ш. Абдуманнонова кадбонуҳои Исфара хӯришҳои миллии хоси маҳал: шакароби баҳорӣ, шакароби зимистона бо сабзавотҳои хушккардашуда, ғураоба, фаллагӣ, хӯришҳои мевагӣ ва хӯришҳои замонавӣ бо истифода аз услубу дизайни муосирро омода намуданд. Аъзоёни фаъоли шӯрои занони КАТС-и Исфара Набиева Гулафзо, Холматова Саида, Юлчиева Гулчеҳра, Ниёзова Сафро, Парпиева Мунира хеле моҳирона хӯришҳои бо тахайюлоти рангин омода кардаро пешкаш карданд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр ва як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тағйиротҳои кадрӣ ба вуҷуд омаданд. Раҳимзода Фирдавс бо қарори марбутаи раиси шаҳр ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъин гардид. Номбурда то ин дам дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ адои вазифа менамуд. Инчунин дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳраки Чоркӯҳу Шӯроб маҷлиси вакилони маҳаллӣ доир гардид ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуданд. Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Шукурхон Насриев, ки то ин дам ба сифати иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Лаккон кор мекард, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ интихоб карда шуд. Дар Шӯроб бошад, вакилон ба сифати иҷрокунандаи раиси ҷамоати шаҳрак Салимов Алишерро интихоб намуданд.

истироҳатгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавии "Киргизкое взморе", "Золотие пески", тамошои манзараҳои дилфиребу нотакрори дараи Григорев бо кӯҳҳои сарсабзу арчазорони қадбаланду дарёи шӯхобаш, инчунин пазироии гарму меҳмоннавозии дӯстони қирғиз дар онҳо таассуроти неку хотирмон боқӣ гузоштааст. Ба гуфти Ҳошим Ҷӯраев таби би қирғизтабори Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бошад, дар ҳама дидорбиниву мулоқотҳо дар Қирғизистон аз сиёсати мутақобилаи судманди сарвари ду Ҷумҳурии бародар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жеенбеков бобати густариши дӯстиву ҳамгироии халқҳои тоҷику қирғиз сухан рафтаву меҳнат аз соҳаҳои мухталифи собиқадорон аз ғамхорӣ ва дастгирии хоҷагии халқи шаҳри Исфара тӯли роҳбарони ҳарду вилоят ва шаҳру як ҳафта ба ҷумҳурии ҳамсоя сафар ноҳияи ҳамсоя миннатдор ҳастанд. намуда, аз вилоятҳои Боткон, Ӯш, Чӯй, Бояд гуфт, ки собиқадорони Ҷалолобод ва Иссиқкӯл боздид ба саёҳаткарда 18 нафар буда, қариб амал оварданд. ҳамаашон дар вазифаҳои роҳбарӣ Бино ба гуфти як тане аз онщо кор кардаанд. Судуриддин Маҳкамов махсусан, оби шифобахши кӯли афсонавии Абдураҳмон АВЕЗОВ. Иссиқкӯл - марвориди Қирғизистон, боду ҳавои ниҳоят фораму гуворо,

Баҳри таҳкими дӯстӣ

Бо ибтикори раиси вилояти Суғд, ҷонишини аввали раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва дастгирии намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Боткон муҳтарам Акрам Қамбаралиев ва ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов гурӯҳи собиқадорони

Тағйироти кадрӣ


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.