Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
Оғози нашр 24/04/1932 ***
ИСФАРА
№ 25 (9160) ***
Сешанбе,
5 июли соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳр:
Иди шукру накӯхоҳӣ
Ҳамдиёрони азиз! Рӯзи чоршанбе, 6-уми июл моҳи шарифи Рамазон ба поён мерасад ва мо яке аз идҳои муборак ва суннатии худ - иди саиди Фитрро бо шодию шукри беҳад пешвоз мегирем. Бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд». Ислом моҳиятан чун як дини маърифату ахлоқ бо ҷавҳари адолат ва асли башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва оини покию накӯхоҳӣ барои беш аз як мил-
лиарду сесад миллион пайравони худ сарчашмаи эътиқод, имон ва тарбия мебошад. Бо дарки ин маънӣ, ҳанӯз аз асрҳои нахустини густариши ислом даҳҳо нафар фарзандони донишманду фарзонаи миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсози тоҷик, хусусан Имоми Аъзам ва Имом Албухорӣ дар тафсиру таблиғи равияҳои инсондӯстӣ, маърифатҷӯӣ ва фарҳангпарварии он саҳми беназир ва бесобиқа гузоштаанд. Воқеан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат ва тарбияи наслҳо дар рӯҳи фарогирии илму дониш яке аз шохаҳои асоситарини таълимоти ниёгони бузурги мо будааст. Имрӯз, ки мову шумо иди саиди Фитрро дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияту осоиш истиқбол мегирем, таҷрибаи фарҳанги сулҳи тоҷиконро тамоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сиё-
Бинои нав ба барқчиён
Дар ин раванд майдончаи хурди футбол бо ташаббус ва саҳмгузории ҷомеаи меҳнатии муассисаи нақлиёти автомобилии № 35 бо харҷи беш аз 120 ҳазор сомонӣ бунёд гардид ва он бо иштироки раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими расмии ифтитоҳи иншооти мазкур шаҳрдори Исфара тазаккур дод, ки муассисаи нақлиёти автомобилии № 35 соли дуюм аст, ки соҳиби толори тамрини гӯштини тарзи озод буда, ба шарофати фаъол гардидани майдончаи замонавии футболи хурд бо ҷалби ҷавонону наварасони маҳаллаҳои гирду атроф ва фарзандони нақлиётчиён дастаи футболи «Торпедо»-и назди муассиса низ аз нав эҳё карда мешавад. Сарвари муассисаи мазкур Субҳониддин Сайфиддинов изҳори умедворӣ намуд, ки бо баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур, ҷавонону наврасон аз шароитҳои созгор самаранок истифода бурда, чун насли ватандӯст, созандаву ободкор ба камол мерасанд.
Бо ширкати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» Зуҳуриддин Хоҷаев бинои хидматии идораи минтақавии «Шабакаҳои барқи Исфара» дар деҳаҳои Чоркӯҳ ва Сурх ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷраи корӣ ва як толор иборат буда, масоҳати умумии он 118 метри мураббаъ мебошад ва барои бунёдаш 200 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Идораи минтақавии «Шабакаҳои барқи Исфара» дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх фаъолияти худро тавассути 190 километр хатҳои бобарқтаъминкунӣ, 103 истгоҳҳои барқӣ ва 21 нафар кормандон барои таъмини 5300 адад хоҷагиҳои аҳолӣ ва 126 адад корхонаву муассиса, сохторҳои тиҷоративу хизматрасонӣ ба роҳ гузоштааст. Пас аз сарфарозгардонии сохтмончиёни иншоот бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аҳли фарҳанги деҳа намоиши идонаи фарҳангии худро манзури ҳозирин гардониданд.
*** Айнан чунин як майдончаи футболи хурд дар ҳудуди гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуваққос Воҳидов дар муддати шаш моҳ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии майдончаи варзишӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва роҳбари маъмурии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавқат Аҳмедов каломронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш самимона муборакбод гуфтанд.
сатмадорону сиёсатшиносон, олимону ҷомеашиносони бисёр кишварҳои олам чун яке аз дастовардҳои таърихӣ ва нодири асри XX эътироф карда, онро ҳамаҷониба меомӯзанд. Натиҷаи равшани баҳамоиии миллати азияткашидаи мо бо номи Сулҳу Ваҳдат тавъам аст ва дар ҳар соли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо пешрафти иқтисодиёт, бунёди иншоотҳои бешумори истеҳсоливу иҷтимоӣ, баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум таҷассум меёбад. Шоистаи таҳсин аст, ки дар арафаи иди саиди Фитр дар пайгирӣ аз суннатҳои неки аҷдодӣ ва тибқи дастуру ҳидоятҳои гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ходимони дини Н/И
шаҳр дар ҳаҷми 1 миллиону 556 ҳазору 777 сомонӣ аз ҳисоби закот ва хайрот ва ба миқдори 910 ҳазору 826 сомонӣ маблағи фитри рӯза ба 10 ҳазору 591 нафар ниёзмандон - ятимон, оилаҳои бесаробон, маъюбону барҷомондагон кӯмак расонида шуд. Дӯстони арҷманд! Фарорасии иди Рамазонро мову шумо ҳар сол бо дастархони аз рӯйи имкон ороста ва дили поку ниятҳои нек интизор мешавем, ба рӯҳи гузаштаҳо аз оятҳои Раббонӣ тиловат мекунем, ба азодорон таскин медиҳем, ба зиёрати мазори хешу ақрабо меравем ва қарзи суннатии худро адо менамоем. Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯӣ ва инсондӯст аст. Бори дигар иди саиди Фитрро табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзӯ менамоям. Иди саиди Фитр муборак!
500 рӯзи меҳнати зарбдор
Майдончаҳои хурд бунёд мешаванд
Ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳру деҳоти Исфара раванди сохтмони беш аз 60 иншоотҳои муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ ва савдову хизматрасонӣ босуръат идома дорад.
Вохўрии байни дастаҳои футболбозони наврас ва собиқадорони футбол анҷомбахши чорабинии идона гардид. Умуман, таи чанд соли охир дар
шаҳру деҳоти Исфара 4 варзишгоҳи калон, 3 толори муҷаҳҳазу муосири фитнес ва 8 адад майдончаҳои хурди футбол сохта ба истифода дода шудаанд.
Ба истиқболи 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н/И
Нимпайкараи аллома Сино Дар гулбоғи тозабунёди беморхонаи марказии шаҳр нимпайкараи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд.
Дар он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад карда, оид ба нақши соҳаи тандурустӣ дар пешбурди мамлакат ва бақои миллат, ҷаҳду талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҶТ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар самти ҳифзи сиҳатии омма ва рушду равнақи соҳаи тандурустӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа, ҳамчунин ҷойгоҳи Ибни Сино дар пешбурди соҳаи тибби олам, аз раванди бунёдкориву созандагӣ, сохтмон ва таъмири иншоотҳои зарурӣ ёдовар шуд. Намояндаи раёсати тандурустии вилояти Суғд Мавзуна Хоҷаева дар навбати худ аз таърихи таъсис ва ташаккули соҳаи тандурустии вилоят, аз ҷумла шаҳри Исфара ёдовар шуда, ба фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Исфара дар самти ташхису табобати беморон, вусъати корҳои ободонӣ ва ширкат дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ ба таври мусбӣ баҳогузорӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки бунёди гулбоғ ва дар маркази он гузоштани нимпайкараи Абӯалӣ Ибни Сино бо иқдом ва ташаббуси сардухтур Тайибиддин Муҳаммедов ва мусоидату дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши меъморӣ, кӯмаки молиявии соҳибкорони саховатманд, ки дар шаҳрҳои Маскав, Новосибирск, Самара ва Барнаули Федератсияи Русия бо тиҷорат машғуланд, ҳамчунин ҳамдастии ҷомеаи меҳнатии беморхонаи марказии шаҳр имконпазир гардид. Иншооти мазкур бо харҷи 85 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудаву натиҷаи заҳмати устоҳои гулдаст Илҳомҷон Нозимҷонов, Шокирҷон Қурбонов ва Инъомҷон Холиқов буда, нимпайкараи Сино маҳсули ҳунар ва завқи муҷассамасозони маъруф Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев мебошад. Дар ин рӯз ҳамчунин дар ошёнаи 1-уми бинои 1-уми табобатии беморхона нуқтаи нави гиёҳдармонӣ ба фаъолият шурӯъ кард.