"Насими Исфара", № 25 от 14 июля 2021 года.

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 25 (9394) *** Чоршанбе, 14. 07. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Ташрифи меҳмонон аз Ӯзбекистон Дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбаладии муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Д

ар даромадгоҳи шаҳр ҳайати меҳмононро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатū, собиқадорони меҳнат бо самимияти хосса ва меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифтанд. Бояд гуфт, ки муҳиммияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар асоси арзишҳои умумии маънавӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд ва эҳтироми мутақобила, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, чанде қабл зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъкид гардида буд. Дар ин замина баланд бардоштани сатҳи шарикии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун омили умдаи фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври хосса таъкид ёфт. Ҳайати меҳмонон бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиии шаҳр шинос шуда, аз корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва банду басти меваи хушк дидан намуданд. Меҳмонон нахуст аз корхонаи коркард ва банду басти меваи хушки «Баракат Исфара» дидан ба амал оварда, бо вазъи фаъолияти он аз наздик ошно шуданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо коркарди меваи хушки маҳаллӣ сарукор дошта, соли 2009 дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ба фаъолият шурӯъ намудааст ва имрӯз ба яке аз корхонаҳои пуриқтидори содиротии шаҳр табдил ёфтааст. Минбаъд меҳмонони узбекистонӣ ба яке аз корхонаҳои замоне овозадор ҶСШК «Комбинати консервабарории Исфара» ташриф оварданд. Тавре зимни суҳбат сарвари корхона Дилшод Каримов изҳор дошт, имрӯзҳо барои самаранокии фаъолияти коргарон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи

хосса зоҳир карда мешавад. Ҳамчунин намояндагони кишвари ҳамсоя бо вазъи фаъолият ва ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи дигари консервабарорӣ - ҶДММ «Субҳи Ватан» шинос шуданд. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбат бо намояндагони ҳамсоякишвар, изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи боғдорӣ ва ҳарчӣ бештар истеҳсолу содирот намудани меваҳои шаҳдбори кишвар, бахусус зардолу хосса мебошад. Маҳз, бо талошу раҳнамоии Сарвари давлат солҳои охир дар ҷумҳурӣ, бахусус дар вилояти Суғд даҳҳо корхонаҳои бандубасти меваҷот ба фаъолият шурўъ намуданд, ки ба беҳдошти сифати маҳсулоти содиротӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин радиф, дар шаҳри Исфара бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 12 корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушк ва 5 корхонаи консервабарорӣ фаъолият доранд. Ҷойизи зикр аст, ки аҳли меҳнати ҶДММ «Субҳи Ватан» давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулоти консервагӣ истеҳсол намудаанд ва азм доранд, ки дар мавсими имсола бо истеҳсоли беш аз 50 намуди консерваҳои мевагию сабзавотӣ дар раванди таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузоранд. Бино бар суханони сарвари корхона Абдуманнон Эрматов, бо мақсади амалигардонии ин иқдоми нек ба миқдори зарурӣ зарфҳои ғунҷоишашон гуногун ва шакар захира карда шуда, бо як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ барои харидории меваю сабзавот аҳдномаҳо ба имзо расидаанд Ҳайати меҳмонон ҳангоми гусел аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмондории мардуми шаҳри Исфара арзи сипосмандӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки робитаи байни мардуми ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад шуд.

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ва бо ҳузури муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар давоми 6 моҳи сипаригаштаи соли 2021 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.

Д

ар гузориши муовини раиси шаҳр Муҳаммадхӯҷа Муҳиддинзода вобаста ба масъала, аз ҷумла гуфта шуд, ки "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сафарбар намуда, пешравии нишондиҳандаҳои асосиро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин намуд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоӣ 106% иҷро шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба буҷети давлатӣ 20 миллиону 8 ҳазору 398 сомонӣ барзиёд маблағ ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101,1% иҷро шуда, ба буҷети маҳаллӣ 45 миллиону 359 сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки аз нақша 40 ҳазору 459 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маҷлиси фаъолони шаҳр

Ҷамъбаст ва натиҷабардорӣ Аз 11 намуди сарчашмаҳои андозбандӣ 1 намуди он иҷро нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 4 млн. 385 ҳазору 50 сомонӣ маблағ ворид нагардид. Дар ин давра аз ҷониби 51 корхонаҳои саноатии дар қайди омор буда, ба андозаи 80 миллиону 274,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки 118,6 %-и нақшаро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 572 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Давоми 6 моҳ 26 корхонаҳои саноатӣ суръати афзоишро нисбат ба соли гузашта зиёд намуданд, аммо мутаассифона дар 16 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки корхонаҳои коркарди маҳсулоти консервагӣ, коркард ва банду басти меваи хушк фаъолияти худро вусъат бахшида, ба иҷрои барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ муваффақ шуданд. Дар ин муддат ба хориҷи кишвар ба миқдори 9 ҳазору 503 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 678 тонна зиёд мебошад. Дар 6 моҳи соли равон кишоварзони шаҳр барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 177,9 миллион сомонӣ

Аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома

Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода варзишгари ҷавону умедбахш, дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Исфара Амирхон Атохоновро, ки дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон пирӯзӣ ба даст овард, бо Сипоснома ва туҳфаи арзишманд қадршиносӣ намуд.

Ш

аҳрдор бо баробари муборакбодии самимона, ба варзишгари ҷавон барои саҳми арзандааш дар рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ арзи сипос намуда, изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони Исфара минбаъд ба фатҳи қуллаҳои

«Таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 «Дар бораи Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021-2025» гузориши муовини раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода шунида шуд. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузориро вакил аз ҳавзаи интихоботии «Баланд», №26 Суруриддин Зиёвадинзода пешниҳод намуд.

маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 103 фоиз таъмин гардид". Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, таъмини рушд ва кам кардани бақияи қарзҳо, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, ҷамъоварии саривақти маблағи истифодаи барқ ва об, роҳандозии фаъолияти самараноки Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва гармхонаҳо, рушди соҳаи фермерӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави Covid-19, вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин ҷиддан вазифадор намуд. Дар назди фаъолони Исфара муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар баромад намуда, вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда, андешаҳояшро иброз дошт. Сипас, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Боғистон» №39 Нозимҷон Ҳомидов дар назди вакилон аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод. Минбаъд масъала «Дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз муҳокимаи масъала вакилон доир ба ин ва дигар масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда, як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуданд. Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадҷон Ёқубӣ иштирок ва баромад намуд.

Қадршиносии варзишгар

баландтари пирӯзӣ муваффақ хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки размкори диловари тоҷик, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ оид ба ҳунарҳои размии омехта - ММА Амирхон Атохонов дар мусобиқаи бонуфузи байналхалқӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон дар сабқат бо ҳамвазнони хеш (61 кг) дастболо шуда,

ба дарёфти мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқа шарафёб гардид. Дар мусобиқаи мазкур размкорон аз Қазоқистону Узбекистон, Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон ҳунарозмоӣ доштанд. Амирхон Атохонов дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот размкори қирғизро шарафмандона мағлуб намуда, ба пирӯзӣ муваффақ гардид. Ҷоизи зикр аст, ки Амирхон Атохонов дастпарвари мактаби варзишии Исфара буда, дар мактаби варзишии рақами 3-и шаҳр ба ҳайси мураббии намуди «Муҳорибаи омехта» фаъолият дорад ва шогирдони худро дар руҳияи меҳандӯстӣ тарбия менамояд. Соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехтаи ММА сазовори ҷои аввал гардида, парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.