24 25 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

24-25 2015.qxp имруз_Layout 1 12.11.2015 6:08 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 24-25 (303-304)

аз 13 ноябри соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯ

Бахшида ба 98-умин солгарди таъсиси мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи «Кимиёгарон»-и шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, ҳайати шахсии шӯъбаҳои 1ум ва 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара, собиқадорон, иштирокдорони таҳкими сохти конститутсионӣ дар радифи дигар намояндагони қишрҳои ҷомеа ширкат доштанд. Баромадкунандагон - раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва сардори шӯъбаи 1-уми ВКД дар шаҳри Исфара Бахтиёр Назарзода бо баробари изҳори таҳнияту муборакбодӣ ба ифтихори Рӯзи милитсия, таърихи таъсис ва ташаккулёбии мақомоти корҳои дохилии кишвар, нақши он дар таҳкими истиқлолияти милливу

давлатӣ ва фазои осудаву ором дар кишварро тазаккур доданд. Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур ҳамчунин ғамхории доимии мақомотҳои давлатӣ дар самти фароҳамоварии шароити созгори корӣ ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тазаккур дода шуда, аз таъмиру таҷдиди биноҳои шӯъбаҳои якум ва дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ва шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ёдоварӣ карда шуд. Баъдан дар вазъияти тантанавӣ, ба як гурӯҳ собиқадорон ва кормандон, ки дар фаъолияти фаврӣ-хизматиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, дар фазои тантанавӣ Ифтихорномаву Сипоснома, рутбаҳои навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Барномаи ҷолиби идонаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.

КИШТИ ТАКРОРӢ БА АНҶОМ РАСИД Дар кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем»-и шаҳри Исфара кишти тирамоҳӣ ба анҷом расид. То имрӯз деҳқонони хоҷагӣ дар майдони 180 гектар зироатҳои мухталифро киштаанд, ки 10,3 гектараш ба ҷав, 9 гектар ба рапси хӯроки сабзи чорво, 0,5 гектар ба рапси тухмӣ, 13, 7 гектар ба беда ва 141 гектар ба гандум рост меояд. Аҳли саҳрои кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» давоми мавсими соли равон ба масъалаи самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Дар натиҷа дар заминҳои тобистон аз гандум холӣ шуда ба сифати кишти такрорӣ дар 16 гектари сабзӣ, 18 гектар шалғаму турб ва 4,7 гектар лаблабу парвариш карда шуданд, ки ҳосили дилхоҳ ба бор

овардаанду имрӯзҳо ҷамъоварии он босуръат идома дорад. Дар садорати хоҷагӣ изҳор доштанд, ки деҳқонон аз маҳсули меҳнати имсолаи худ қаноатманд ҳастанд. Зеро бо вуҷуди мушкилоти муайяни вобаста ба обу ҳаво онҳо тавонистаанд дар баландбардории ҳосилнокии меҳнат, пешбурди фаъолияти кооператив, ғанӣ гардонидани дастархони мардум, буҷети оила ва дар маҷмӯъ таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гарданд.

www.tojinfo.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҷалби ташкилотҳои байналхалқӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногун талош дорад дастрасии сокинони манотиқи наздисарҳадиро бо оби нӯшокӣ таъмин намояд. Ин аст, ки дар маҳаллаи Бифотимаю Заҳрои деҳаи Чоркӯҳ ба масофаи 800 метр ноқилҳои қувваи барқ бо гузоштани 24 симчӯбҳои бетонии хатти баландшиддат ва трансформатори нав кашида шуд. Инчунин як ҳавзи обкашӣ ва ҳавзи оби нӯшокӣ бо ғунҷоиши 500 метри мукааб об мавриди истифода қарор гирифт. Роҳандозии ин амалҳо имконият медиҳад, 50 хоҷагии ин мавзеъ дигар аз оби нӯшокӣ танқисӣ надошта бошанд. Илова бар ин туфайли

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Тел: 2-61-62

ТАЪМИН БО ОБИ НӮШОКӢ таъминот бо об дар ин мавзеъ дар ояндаи наздик дар назар аст бо 400 оилаҳои дигар маскун гарданд. Корҳои зерин дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони М и л л а л и Муттаҳид амалӣ гашта, муаррифии онр бо ширкати менеҷери дар Хуҷандбудаи БР СММ Мақсудҷон Арипов ва масъули иҷроиши лоиҳа Зумрадхон Норматова доир гашт. Ёдовар мешавем, ки мақсади

лоиҳа рушди маҳалҳо ва баландбардории сатҳи иҷтимоиёти аҳолист ва дар ин амали хайр саҳми шоистаро масъулони рушди Чоркӯҳ дар назди ҷамоати деҳоти деҳа низ гузоштаанд.

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД

Имрӯзҳо мумфаршкуниву таъмири ҷорӣ дар ҳудуди кӯчаҳои деҳаи Чоркӯҳ идома дошта, дар назар аст, ки дар қатори роҳи асосӣ роҳҳои до-

Дар маҳаллаи Қақири деҳаи Чоркӯҳ корҳои охирини омодагӣ ба истифодабарии ҳавзи оби нӯшокӣ анҷом ёфта ба охир расида истодааст. Айни ҳол бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳудуди мазкур Эгамзод Муртазо Машрафӣ панҷаракунии атрофи ҳавз, ки дар лоиҳаи он нишон дода шудааст, сурат гирифт. Зимнан таъкид бар он дошт, ки сафарбаркунии аҳолӣ низ ба ин амал аз тарафи вакили мазкур ба миён омад ва охирон бошандагони ин маҳалла метавонанд

хили деҳа низ таъмиру асфалтпӯш карда шаванд. Бино ба иттилои муовини раиси ҷамоати деҳоти мазкур Абдухалил Шарифов дар ин амали хайр сокинони деҳа бетараф набуда, балки худ бо маблағгузорӣ ва дигар воситаҳо саҳмгир мебошанд. Танҳо зикри он кофист, аз тарафи кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Чоркӯҳ» беш аз 100 тонна асфалт харидорӣ карда шудааст.

-Бар замми ин қайд мекунад, -Абдухалил Шарифов, — таъмири ҷории дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ будаи шоҳроҳи «Исфара-Ворух» низ анҷом дода мешавад. Лозим ба зикр аст, ки бевосита раиси шахри Исфара Зохидзода Даврони Абдукодир чанде пеш дар ин чамоати дехот ба корхои мумфаршкунии кучаи марказии деха огоз бахшид. Дар маҷмӯъ дар шаҳру деҳоти Исфара дар пайгирӣ аз иқдоми роҳбарияти вилоят оид ба идомаи «Соли роҳҳои обод» беш аз 28 километр роҳҳои шаҳру деҳот таъмири асосӣ ва 170 километр таъмири ҷорӣ карда шудаанд.

ҲАВЗ ОМОДАИ ИСТИФОДА ҳангоми танқисии об аз ин ҳавз ба эҳтиёҷоти худ истифода баранд. Ёдовар бояд шуд ҳавзи мазкур ҳарчанд мебоист солҳое қабл бунёд мегардид, аммо бо баъзе сабабҳои объективӣ бунёдаш тӯл

кашид. Танҳо бо дастгирии раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Дав-

БАРОИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ Ҷаласаи навбатии Шўрои машваратии назди раиси шаҳри Исфара оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гашт. Он бо ширкати мушовири бахши иқтисодии котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдурауф, раиси садорати Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Шорауф сурат гирифта, масъалаи «Таҳкими рушди институтсионалии

платформаҳои ҷамъиятии мавҷуда ва рушдёбандаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал"-ро баррасӣ кард. Шӯрои машваратии мазкур аз моҳи январи соли 2013 то инҷониб бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, дар самти роҳандозии муколамаи доимӣ ва вусъатбахшии ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ фаъолияти муассир дорад. Бояд тазаккур дод, ки маҳз ба туфайли

рони Абдуқодир ва корбариҳои вакили мардумӣ Эгамзод Муртазо Машрафӣ ахиран орзуи чандинсолаи мардуми ин маҳал амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки сокинони ин маҳаллаи наздисарҳадии Чоркӯҳ дар арафаи Рӯзи парчам аз он комилан баҳрабардорӣ хоҳанд кард... Ин ҳавз имкон медиҳад, ки беш аз 60 хоҷагӣ юа таври ҳамешагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин бошанд.

аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваставу ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусу иқдомоти созандаю бунёдкоронаи намояндагони бахши хусусӣ феълан соҳибкорон дар пешбурди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара саҳми муҳим мегузоранд. Айни замон дар Исфара 2743 нафар соҳибкорон тавассути патент ва 1221 нафар бо шаҳодатнома дар самтҳои гуногун фаъолият мебаранд ва ҳамчунон зиёда аз 12 ҳазор нафар аъзои хоҷагиҳои деҳқонии соҳиби сертификати истифодабарии замин буда, дар ҷодаи кишоварзӣ муваффақ ҳастанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.