РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОН! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
***
№ 24 (9159)
ИСФАРА
***
Чоршанбе,
22 июни соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳр:
Рамзи баҳамоӣ ва сарҷамъӣ
Ҳамдиёрони азиз! 27 июни соли 1997 дар таърихномаи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва санаи таърихиву тақдирсоз бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки ин рӯзҳо мо 19-умин солгарди онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Бино бар суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:- «Ҷашни Ваҳдат рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост». Имрўз бо гузашти 19 сол аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки ин санади таърихӣ ҳамчун баёнгари пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар Н/И
саросари кишвар дар сарнавишти миллату давлати мо чӣ нақши муҳиме бозидааст Бояд хоса қайд намуд, ки маҳз бо ташаббусу иқдомот ва бо шарофати талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кўшишҳои пайвастаи ҳукумат дар натиҷаи 21 музокироти тўлонӣ бо мухолифин, ки ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ зиёда аз 40 моҳ идома дошт, танҳо баъди ба тасвибрасонии 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳим Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, минбаъд мардуми моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонидааст. Тавре Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоса қайд намудаанд: - «Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд ва мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кӯҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст». Аҳамияти бузурги Созишномаи сулҳ дар он аст, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, хавфу хатари парокандагии миллат ва пош-
хӯрии давлати тозаҷавони Тоҷикистонро аз байн бурд, барои ба Ватан баргардонидани зиёда аз як миллион гурезаҳои иҷборӣ заминаи боэътимод фароҳам овард, барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид. Боиси ифтихори мост, ки таҷрибаи мо, тоҷикон дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зист баргардонидани як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст. Дӯстони азиз! Мардуми Исфара ҳамарӯза шукронаи соҳибваҳдатӣ ва истиқлолияти
Шиносоӣ
Боздиди раиси шаҳр аз бозори марказӣ Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз бозори марказии шаҳр боздид ба амал овард.
дохилӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи байторӣ, масъулини шӯъбаи меъморию шаҳрсозӣ, ободонӣ, савдо ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Шаҳрдори Исфара сароғоз бо нарху навои маҳсулот, аз ҷумла нон, орду равған, биринҷу гўшт, меваҷот ва дигар маводи мавриди ниёзи мардум шиносоӣ пайдо намуд. Ҳамзамон бо боздиди бозор раиси шаҳр қаноатмандии худро аз фаровонии молу маҳсулот дар бозори марказии шаҳр изҳор дошта, нарху навои маводи хўрока ва дигар молҳои талаботи ҳаррўзаи аҳолиро дар бозор мўътадилу дастрас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои соҳаи савдо супориш дод,ки ҳамарӯза доири танзиму нигоҳдории нархҳои бозорҳои шаҳр тадбирҳои мушаххас андешанд, бо ташкили намоиш-фурўши маҳсулоти ниёзи аввала, аз қабили орду равған, гӯшт, картошкаю пиёз, сабзӣ, биринҷ ва ғайра ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат намоянд. Дар бозорҳои шаҳр бо мақсади дастгирии деҳқонон ва истеҳсолкунандагони маводи хӯроМақсади боздид шиносоӣ бо ҳолати имрӯзаи санитарии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ка ҷойҳои қулайи савдо ба онҳо пешниҳод карда ки бо фурӯши маводи хӯрока машғул ҳастанд, шавад. Дар ҷараёни боздид раиси шаҳр инчунин ба низом ва сифати маҳсулоти гӯшту ширӣ дар маъмурияти бозор бобати ба талаботҳои муофурӯшгоҳҳо, маводи қаннодӣ, меваҷот, ҳамчунин сир ҷавобгӯ ба роҳ мондани фаъолияти бозор ва сатҳи нарху навои маводи ғизоӣ буд. Ҳангоми боздид раиси шаҳрро масъулини дахл- барои корҳои ободонию созандагӣ дастуру масдори соҳаи беҳдошту санитарӣ, шўъбаи корҳои лиҳатҳои муфид дод.
давлатиамонро нек ба ҷо меоранд, зеро аз файзи соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдат шаҳри Исфара ҳам рӯ ба ободиву пешрафт оварда, ҳамасола даҳҳо иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ бунёд мегарданд ва ҳамзамон бо пешрафти иқтисодиёти шаҳр сатҳи зиндагии мардум низ беҳбудӣ меёбад. Аз ин хотир мову Шумо бояд ба қадри соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ расем ва онҳоро азизу муқаддас донем. Шукрона кунем, ки «Созишномаи сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард!». Моро мебояд, ки ба хотири ояндаи нек ва фардои обод бо назари некбинона, дастҷамъона, бо ҳамдиливу ҳамназарӣ саъю кӯшиш намоем, ҷавонмардони баору номус ва шуҷоатманди мо бояд бо пайгирӣ аз ойинҳои ҷавонмардонаи аҷдодони худ хоку марзу буми Ватани азизи хеш, ваҳдати комил ва сулҳи бебозгашти тоҷиконро чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ ва ҳимоя бикунанд. Дар урфият мегӯянд, ки Сулҳу Ваҳдат бавуҷудоварандаи тинҷию
Дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» доир шуд, ки дар раванди ташкилу баргузории он намояндагони доираи соҳибкорӣ ва тиҷоратии Исфара низ фаъолона ширкат варзиданд.
Ба туфайли баргузории ин чорабиниву ҳамоиши бонуфуз аз ҷумла 6 корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва банду басти меваи хушки Исфара имкон ёфтанд, ки ҳар яке аз 20 то 30 намуд ва навъи маҳсулоти ба талаботи бозор ва стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй истеҳсолнамудаи худро ба беш аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлати Полша муаррифӣ намоянд. Ҳамчунин боғдорони Исфара 11 намуд зардолуи тар ва ҳам 18 намуди маҳсулоти хушккардашудаи зардолуро манзури тамошобинони намоишгоҳ гардониданд. Бояд тазаккур дод, ки Исфара ба ҳайси яке аз шаҳрҳои калони саноатӣ ва мин-
Навиди нек
Боғдорони номвари Исфара дар иди зардолу, ки дар маркази вилоят доир гашт, сазовори ҷойи саввум ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шуданд.
Н/И
амонӣ, осудагӣ, серию пурӣ ва ободию пешравист. Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Исфараи бостонӣ ва фарзандони бонангу номуси диёр дар фазои сулҳу ваҳдат, бо дарки масъулияти ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандӣ, бо меҳнати созанда ва ташаббусҳои меҳанпарастонаашон сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро минбаъд низ дастгирӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои неки миллиамон саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамдиёрони азиз! Бо арзи эҳтиром ҳар яки шуморо ба ифтихори ҷашни мубораки 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ҷашни пирӯзии хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон самимона табрик мегӯям. Бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва комёбиву сарбаландиҳои рӯзафзун таманно дорам. Орзуманди он ҳастам, ки ҳидоятҳои хирадмандонаву ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин осмони соф, дастовардҳои ваҳдати миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ҳамеша илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми мо бошанд. Бигзор сарзамини Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла Исфараи зебоманзарамон, ки воқеан ҳам биҳишти рӯйи заминро мемонад, сарзамини сулҳу суботи абадӣ бошад! Ҷашни ВАҲДАТ бароятон муборак!
"Суғд - 2016"
Маҳсулоти Исфара дар ярмаркаи байналмилалӣ
тақаи соҳаи кишоварзиаш пешрафтаи вилояти Суғд маҳсуб ёфта, дорои имконоти васеи рушд аст. Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаи муштараки «Баракат-Исфара», ки бо сармоягузории соҳибкорони русу тоҷик таъсис дода шудааст, инчунин, корхонаҳои «Исфарафуд», “Оро Исфара”, “Нур фуд”, “Субҳи Ватан”, «Исфагрупп», «Таджфрукт», «Қадр», “Саодат” ва ғайра 25 - 30 намуди маҳсулоти меваи хушкро мутобиқ ба стандартҳои давлатии ҷаҳони муосир босифат коркард ва бо истифода аз технологияҳои нав банду баст намуда, маҳсулоти тайёрро дар қуттиҳои андозаашон гуногун ва барои ҳамлу нақл мувофиқ ба Ҷумҳуриҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон ва давлатҳои дигар ба фурӯш мебаранд. *** Инчунин дар шаҳри Хуҷанд маҳфили гулҳо баргузор шуд, ки гулпарварони Исфара ба гирифтани мақоми дуюм ноил гаштанд.