Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 23 (9392) *** Чоршанбе, 30. 06. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Садир Жапаров ба Душанбе омад 28 июн Садир Жапаров Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ҷиҳати анҷом додани сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари Қирғизистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. *** Шоми 28 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон Садир Жапаров бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад. *** Субҳи 29 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони Дӯстии шаҳри Душанбе дидан намуд. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар ин маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. *** 29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара чун мардуми дигар минтақаҳои кишвар ҷашни 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Б
а ин муносибат дар Кохи фарҳанги ҷамоати деҳоти Ворух ҷамъомади идона баргузор гардид. Аҳамияти бузургу тақдирсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, хизматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зимни суханрониҳои раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов возеҳу равшан бозгӯйӣ ёфтанд. Зимнан тазаккур дода шуд, ки ақлу хиради азалии мардуми тоҷик ва иродаи қавии Пешвои асили халқу миллат, сармеъмори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созишномаи сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард ва захмҳоро шифо бахшида, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони Ваҳдат ҷамъ овард. Қадру манзалати Санади сулҳ баробар бо Эъломияи Истиқлолият аст. Чунки яке агар
бароямон мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаамон сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин намудааст. Дар давоми 24 соли соҳибваҳдатӣ мардуми ватандӯсти шаҳри Исфара низ маҳз аз баракати истиқлолият ва сулҳу оромӣ имкон пайдо карданд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталифро таъмин карда, дар ин замина ба ободонии диёр, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ муваффақ гарданд. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои созандагиву ободонӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ,
то лаҳзаи вопасин дар Муассисаи давлатии Литсейи № 3 ба ҳайси омӯзгор дар самти таълиму тарбияи хуби насли наврасу ҷавон хидмати арзишмандро анҷом додааст. Дар ҷамоати деҳоти Надиров Бобониёз Ғаффорович Ворух дар арафаи ҳамчун яке аз мутахассисони ҷашни 24 - солагии соҳибтаҷрибаю варзидаи соҳаи Ваҳдати миллӣ маориф дар фаъолияти кориаш маросими ифтитоҳи дар пешрафту инкишофи соҳа, лавҳаи ёдгорӣ ва мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию номгузорӣ намудани техникии муассиса ва барои ба камол расонидани шахсони соҳибмактабу яке аз кӯчаҳо ба исми ватандӯст саҳми шоистаю назаррас яке аз фарзандони гузоштааст. барӯманди диёр, Барои дастовардҳои шоён ва саҳми собиқ омӯзгори назаррасаш дар рушди соҳаи маориф Литсейи № 3 бо унвонҳои “Аълочии маорифи РСС шодравон Бобониёз Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи Надиров баргузор Тоҷикистон” ва Ифтихорномаҳои гардид. маорифи Ҷумҳурии софдилонаю пурсамар ва хизматҳои Вазорати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи шоиставу шоёни ўст. аиси шаҳри Исфара Баҳоваддин ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Ҷоиз ба зикр аст, ки шодравон Баҳодурзода зимни суханронӣ ва дигар мукофотҳои арзишманди аз ҷумла тазаккур дод, ки ба тасвиб Надиров Бобониёз Ғаффорович 22 соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст. расидани қарори Маҷлиси вакилони апрели соли 1960 дар деҳаи Ворухи Маврид ба зикр аст, ки дар доираи халқи шаҳри Исфара оид ба шаҳри Исфара дар оилаи хизматчӣ раванди омодагиҳо ба ифтихори гиромидошти хотираи неки омӯзгори ба дунё омадааст. Соли 1982 Университети давлатии ин рухдоди нишотбахш кӯчаи шинохтаву ташкилотчии бомаҳорат, Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо Бобониёз Надиров мумфарш карда фидоиву нексиришт, шодравон шуда, бо гирдоварии нигораҳои Надиров Бобониёз Ғаффорович ва ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти шавқовару ҷолиби марбут ба рӯзгор номгузорӣ шудани яке аз қисмати тоҷик хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли ва фаъолияти касбии ин фидоии кӯчаи Правдаи ҷамоати деҳоти ҷабҳаи таълиму тадрис осорхонае Ворух ба ифтихори ин марди фозил 1982 ба ҳайси омӯзгор дар муассисаи дари худро ба рӯи ҳаводорони илму худ далели қадршиносии меҳнати таҳсилоти миёнаи умумии № 22 фарҳанг боз намуд. оғоз намуда, минбаъд аз соли 1996
Гиромидошти хотираи омӯзгор
Р
таъмиру тармими роҳҳо, сохтмони иншоотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва кабудизоркунии кўчаву хиёбонҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирифта, дар ин давра 420 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Дар рафти таҷлили ҷашни Ваҳдат дар вазъи тантанавӣ ба пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд. Санъаткорони бахши фарҳанг бо барномаи зебову ҷолиби васфкунандаи сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ хотири иштирокдоронро шод гардонданд.
Баҳри пешгирии COVID-19 Ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода баргузор гардид.
Д
ар ҷаласа вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар шаҳру деҳоти Исфара мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба рафти тадбирандешиҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара маълумоти сардухтурони беморхонаи марказӣ, Маркази назорати давлатии cанитарӣ - эпидемиологӣ ва Маркази саломатии шаҳр шунида шуд. Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид
ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Баҳоваддин Баҳодурзода зимни вазифагузорӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин бояд ҷиҳати вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, таъмини безараргардонии мунтазами ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ, назорати кӯдакону наврасон дар давраи таътил тадбирҳо андешанд.