22 23 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

22-23 2015.qxp имруз_Layout 1 14.10.2015 9:34 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 22-23 (301-302)

аз 15 октябри соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

МАЧЛИСИ ФАЪОЛОН ДОИР ШУД

Фаъолони Исфара натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр бургузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2015 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дода шуд. Тавре муовини Раиси шаҳри Исфара Таборакхон Файзуллоева зимни гузориши пешовардаи хеш зикр намуд, дар ин муддат тамоми воситаю имкониятҳои мавҷударо баҳри татбиқи 205 лоиҳаи дар соли 2015 ба нақша гирифташудаи «Барномаи рушди рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» сафарбар гардидааст. Чуноне аз мониторинги Барнома бармеояд, лоиҳаҳои барномавӣ давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 69,1 миллион сомонӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти умумӣ

дар ҳаҷми 69,1 миллион сомонӣ ба иҷро расидаанд. Оид ба вазъи иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ мавсуф зикр намуд, ки мутаассифона, бо баъзе сабабҳои воқеӣ дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи буҷет мушкилот ба миён омад ва иҷрои нақша ҳамагӣ 91% % таъмин гардид. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда мебоист ба буҷет 65 млн 118 ҳазор сомонӣ ворид гардад ва амалан 59 млн 206 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 5 млн 912 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аммо, қатъи назар аз душвориҳои молиявии пешомада хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин карда шуд. Дар зарфи 9 моҳи гузашта ба маблағи 202,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуда, рушди 20%-и соҳа таъмин гардид. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан 33,2 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар ин муддат 5 коргоҳу корхонаҳои навбунёди

www.tojinfo.ru

истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 12 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис ёфта, 37 адад дастгоҳҳо харидорӣ ва насб карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 237,4 миллион сомониро ташкил дод, ки бо назардошти индекси нархҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ гардида, зимнан 18 миллиону 435 ҳазор сомонӣ, мубодил ба 2 миллиону 92 ҳазор доллари ИМА маблағҳои хориҷӣ азхуд карда шуданд. Дар раванди вусъатёбии корҳои созандагӣ бунёди беш аз 60 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасониву савдо сурат гирифта, ҳамчунон иқдомоти шаҳрдорӣ дар самти ободонии роҳҳо тақвият ёфта, то ба имрӯз наздик 28 км роҳ, аз ҷумла кӯчаҳои дохили маҳаллаҳо таъмири куллӣ ва 170 км таъмири ҷорӣ карда шуданд. Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва ҳам даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд. Дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ширкат ва суханронӣ дошт.

Ба ин муносибат дар кохи «Шифокорон»-и осоишгоҳи «Зумрад» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, КВД «Тоҷикдеҳқоншифо» ва меҳмонони сершумор аз гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Исфара

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Тел: 2-61-62

ЧАШНИ НИМАСРАИ МАКТАБ Устодону толибилмон, собиқадорони соҳаи маориф ва собиқ дастпарварони таълимгоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба номи Юлчибой Байзоқови шаҳри Исфара 50-солагии таъсисёбии таълимгоҳро хушоянду хотирмон таҷлил намуданд. Тавре Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимни муборакбодии хеш изҳор дошт, дар замони имрӯз чун сухан аз омилҳои ифтихормандии Исфара меравад, бидуни истиҳолаву андеша дар радифи дигар соҳаҳои пешрафтаву омилҳои арзишманд соҳаи маорифро ном мебаранд ва дар сархати беҳтарин муассисаҳои таълимии шаҳр Литсейҳои рақамҳои 1, 3, 5 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ба номи Юлчибой Байзоқовро хоса зикр мекунанд. Муассисаи таълимии мазкур, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар маркази шаҳр маҳсуб меёбад, ҳанӯз 50 сол қабл аз ин таъсис ёфтаву ним аср инҷониб ҳамчун гаҳвораи тамаддун ва боргоҳи асили илму дониш таълиму тарбияи насли навраси ҷомеаро назаррас анҷом медиҳад. Ҷойизи зикр аст, ки аз байни хатмкардагони таълимгоҳ

даҳҳо олимону зиёиён ва ходимони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд. Боиси қаноатмандист, ки дар замони имрӯз низ 72 нафар омӯзгорони баландихтисоси мактаб таҳти сарварии педагоги варзида, Аълочии маорифи Тоҷикистон Ҳакимахон Атохонова раванди таълиму тарбияи 1412 нафар толибилмонро мутобиқи талаботи замони муосир муваффақона пеш мебаранд. Дастовардҳои ҳайати омӯзгории мактаб ҷиҳати ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, иштироки толибилмон дар озмунҳои фаннии шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳам дохилшавии хатмкунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳо басо назаррас аст. Бояд тазаккур дод, ки тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои милливу мардумӣ, ёдоварди лаҳзаҳои хотирмони умр аз ҷониби собиқ устодон ва дастпарварони мактаб, сипосгузориҳои волидайни толибилмон, қадршиносии омӯзгорони муваффақи муассисаи таълимӣ ва маҳфилороии шогирдони санъатвару ҳунарманди имрӯзаи дабистон тантанаи идонаро файзу тозаву шукуҳи беандоза бахшиданд.

“ЗУМРАД” 40-СОЛА ШУД Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо орзуҳои нек 40 солагии осоишгоҳи маъруфи «Зумрад» ва щам 80умин солгарди рӯзи мавлуди яке аз асосгузорони он, Ходими шоистаи сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равоншод Мирзо Олимовро ба кулли корман-

дони осоишгоҳ ва алоқамандону пайвандони онҳо муборакбод гуфт. Дар ҷараёни ҷамъомад ҳамчунин намояндагони КВД «Тоҷикдеҳқоншифо», Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, с о б и қ а д о р о н и шӯҳратманд ва шоирону нависандагон ҷомеаи

меҳнатии осоишгоҳро бо ҷашни камолоти ин даргоҳи мӯътабар самимона табрику таҳният намуда, изҳори боварӣ карданд, ки он минбаъд ҳам дар солимгардонии мардуми Тоҷикистони азизамон, тарбияи кадрҳои соҳаи курортшиносӣ ва пешрафти илми курортология саҳми арзандаи худро мегузорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
22 23 2015 qxp имруз layout 1 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu