22 2017 7 июн

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24/04/1932 *** № 22 (9204) *** Чоршанбе 06. 06. 2017

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Кӯдакон ояндаи моанд

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1 июн қайд карда мешавад, дар шаҳру деҳоти Исфара таҷлил гардид.

Б

ахшида ба ин сана дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар хонаи бачагони шаҳраки Шўроб ва мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара чорабиниҳои идона доир ва ба кӯдакон дастархонҳои идона ороста шуданд. Гулбоғи ба номи Сайфуддини Исфарангӣ идгоҳи асосӣ ва макони баргузории чорабиниҳои идона буд. Ин ҷо ҳунарҳои кӯдакон ба намоиш гузошта шуду расмкашии рӯйи роҳ қисмати дигари чорабинӣ буд. Баъди тамошои барномаҳои омоданамудаи кӯдакон раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар назди ҳозирин бо суханони табрикӣ баромад намуд.

Сухан аз Ваҳдати миллӣ Силсилаи мулоқотҳои гурӯҳҳои тарғиботии мақомоти иҷроия ва шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ доир шуд.

Д

ар он сардори раёсати маорифи вилоят О. Каримзода, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Р. Юлдошев ва нависанда Д. Эгамзод оид ба марҳилаҳои музокирот, баста шудани санади тақдирсози истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдати миллӣ ибрози назар карданд.

Дар толори маҷлисҳои филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара семинар-машварат доир гардид.

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Д

О

н бо ширкати 120 нафар мудирони бахш ва раисони созмонҳои ҷавонони шаҳру навоҳии вилоят, муовинони раисони ҷамоатҳо оид ба корҳои мафкуравӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъоли деҳаҳои Чоркӯҳ, Шаҳрак, Нефтобод, Навгилем ва Чилгазӣ дар робита бо масъалаи пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа сурат гирифт. Пас аз каломи муқаддимавии сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода филми мустанади "Асирони доми ҷаҳолат", ки аз оқибатҳои фоҷиабори шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳикоят мекунад, намоиш дода шуд.

ар шаҳри Исфара ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин масъала дар ҷараёни машварати корие, ки таҳти сарварии муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони як қатор корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳо доир гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баҳри пешгирии омилҳои номатлуб

Минбаъд дар назди ҳозирин сардорони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаҳои корҳои дохилии 1-ум ва 2-юм ВКД дар шаҳри Исфара Д. Икромов ва И.Аъламов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроия Ибромҷон Икромов, директори корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳ" Сулаймонхон Султонов ва узви иттифоқи ҷавонони вилояти Суғд Мафтунахон Ҳодибоева дар мавзӯъҳои таълиму тадриси наврасону ҷавонон дар руҳияи гиромидошти қонуну дӯстдории Ватан, роҳҳои пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатои ифротӣ ва хатарҳои терроризму экстремизм ба арзишҳои миллӣ маърӯза намуданд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади иҷрои қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳр «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Исфара барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ба тасвиб расида, ситоди махсус таъсис ёфтааст. Тибқи нақша-чорабиниҳои тартиб додашуда вазифаҳои ҳар як ташкилоту муассисаҳо ба таври мушаххас муайян карда шудаанд. Дар ҷаласа ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо супориш дода шуд, ки дар раванди омодагӣ ба фасли сармо таваҷҷуҳи асосиро ба муассисахои таълимӣ ва тандурустӣ равона намуда, сӯзишворӣ, ангишт, ҳезум ва дигар маводи заруриро барои зимистон захира намоянд.

Мутобиқ ба қарори марбутаи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр дар ҳамбастагӣ бо раёсати маориф озмуни «Омӯзгори ҷавон» дар се давра – мактабӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ баргузор гардид.

О

змуни мазкур дар 7 бахш – муаррифӣ бо истифода аз воситаҳои техникии муосир, намоиши дастовардҳои тахассусӣ, малакаи кор дар компютер, ташкили дарси кушоди фаннӣ, гузаронидани соати тарбиявӣ, баромадан аз вазъияти ногувори педогогӣ, ҷавобҳо ба суолҳои вобаста ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва намоиши қуллаи истеъдод сурат гирифт. Бино ба изҳороти раиси куми-

Дилшод Расулзода назди мардум меравад Мулоқоти Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Хонобод барпо гашт.

Н

ахуст раиси шаҳр дар бинои ҷамоати деҳот сокинони деҳаро қабул намуд. Дар раванди он 11 нафар хонободиҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои таъминот бо ҷои кор, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, селроҳаи деҳа, саҳми замин, бунёди роҳ, зеристгоҳи барқӣ, таъмири боми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ва амсоли ин муроҷиат намуданд. Сипас раиси шаҳр ба хонаи иштирокчиёни ҶБВ Абдувалӣ Қаюмов ва Ҷӯрабой Бобоев ташриф оварда, аз ҳолу сало-

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, нашъунамои зироатҳо ва ҷараёни корҳои саҳроӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба деҳаи Лаккон ташриф овард.

Ҷ

амоати деҳоти Лаккон дар мавзеи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир буда, беш аз 7000 нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 1000 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд. Дар рафти шиносоӣ раиси шаҳр аз мавзеи Даҳана дидан намуда, бо вазъи пойгоҳи обкашии «Наврўз», ки тавассути он обёрии 300 гектар майдонҳои кишти деҳа сурат мегирад, шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, баҳри

матӣ ва шароити зисташон пурсон ва кӯмаки моддӣ расонид. Минбаъд мулоқоти рӯ ба рӯи Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо зиёда аз 300 нафар хонободиҳо баргузор гардид.

мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии пойгоҳ бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ин ҷо як насоси нави обкашӣ васл карда шудааст, ки бо ба кор андохтани он майдони заминҳои обёришавнда ду баробар зиёд хоҳад шуд. Баъдан шаҳрдори Исфара бо парвариши 2 гектар помидор дар бригадаи рақами 2-и хоҷагии деҳқонии «Лаккон» шинос шуда, аз вазъи нашъунамо ва ҳолати нигоҳубини он изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ раиси шаҳр ҳамчунин аз хоҷагии ёрирасони парвариши растаниҳои шифобахш дидан намуда, бо олими соҳаи дорушиносӣ Исмоилҷон Ҳаитов суҳбати самимӣ анҷом дод.

Шиносоии наздик бо фаъолияти соҳаи саноат самти дигари фаъолияти раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аст.

Ҳ

афтаи сипаришуда шаҳрдор ба ҶС «Корхонаи кимиёвӣ» ташриф оварда, аз ҳамаи коргоҳҳои истеҳсоливу ёрирасон дидан намуд. Зимни ташриф директори генералии корхона Содиқҷон Рустамӣ оид ба фаъолияти корхона давоми соли 2016 ва 5 моҳи соли равон маълумот дод. Тавре зикр гардид, саҳми корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр 23 фоизро бозгӯйӣ мекунад. Шумораи кормандон нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзуда, маоши миёнаи коргарони корхона 1378 сомониро ташкил медиҳад. Ба буҷети давлатӣ давоми соли ҷорӣ беш аз 3 миллиону 808 ҳазор сомонӣ

андозҳо пардохт карда шудааст. Минбаъд раиси шаҳр бо фаъолияти ҶС «Нони Исфара» аз наздик ошно шуд. Тавре ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона давоми 5 моҳ ба 597 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111,5 фоизро ташкил додааст. Дар корхонаҳои соҳаи саноат Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба пешрафти кор ва афзун намудани истеҳсол маслиҳатҳо дод.

Озмуни "Омӯзгори ҷавон" таи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр Зайнура Ҳасанова озмун ҷиҳати санҷиши сатҳу савияи донишу малакаи мутахассисони ҷавони соҳаи маориф, баландбардории масъулияти касбии омӯзгорони ҷавон ва ҳавасмандгардонии онҳо доир сохта шуд. Ба даври ниҳоии озмун аз байни 11 нафар ғолибони давраи минтақавӣ 4 нафар беҳтаринҳо – намояндагони литсейҳои рақамҳои 1 ва 6 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12 ва 31 роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа шоҳҷоизаи озмуни «Омӯзгори ҷавон» аз ҷони-

би меҳмони фахрии чорабинӣ, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба омӯзгори литсейи рақами 6 Мижгона Қодирова супорида шуд. Мақоми аввалро бошад, омӯзгор аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 Машҳура Довудова, ҷойи дуюмро омӯзгори литсейи рақами 1 Кибриё Қамбарова ва зинаи сеюмро омӯзгор аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 Рафиулло Неъматуллоев ишғол намуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.