Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 21 (9304) *** Ҷумъа, 07. 06. 2019
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Сафари кории раиси вилоят ба Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух
3 июни соли равон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, бо ҳамроҳии раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ва дигар масъулин дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим иштирок намуд ва ҷараёни корҳои ободониву созандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар Сурх
З
имни сафар раиси вилоят дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳр дар маросими ифтитоҳи тарабхонаи "Шоми Сурх" иштирок намуд. Маврид ба зикр аст, ки иншооти тозабунёди мазкур дар қади роҳи Исфара - Ворух ҷойгир буда, дар шафати он нонвойхона, нуқтаҳои самбӯсапазӣ ва фурӯши сӯзишвории нақлиётӣ, ҳамчунин тӯйхона фаъол мебошанд, ки қаблан аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамоати деҳоти Сурх ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи майдончаи хурди варзишӣ ширкат варзид. Бояд хотиррасон кард, ки иншооти варзишии мазкур дар ин деҳа ягона набуда, соли 2013 дар ин деҳа бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
корҳои мумфаршкунии роҳи Чоркӯҳ - Ворух ҳусни оғоз бахшид. Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масофаи 4 км мумфарш карда мешавад. Бино ба иттилои Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд марҳила ба марҳила ба анҷом расонидани мумфаршкунии роҳи Исфара - Ворух, ки дарозиаш 45 километрро ташкил медиҳад, ба нақшаи дурнамои солҳои 2020 - 2021 ворид намудан пешниҳод мегардад. Алъон бошад, дар қитъаҳои дигари роҳи Исфара - Ворух корҳои вобаста ба таъмири ҷорӣ низ босуръат идома доранд. Хотирррасон бояд шуд, ки соли гузашта бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 1 км. роҳи харобшудаи байни маркази деҳа ва бинои ҷамоати деҳот пурра мумфарш карда шуда буд. Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ раиси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода калони варзишӣ бо 5000 ҷойи нишасти бо рафти навсозии беморхонаи тамошобинон мавриди баҳрабардорӣ №2-и ҷамоат ва сохтмони ҳаммом, майдончаи хурди футбол, волейбол, қарор дода шуда буд. Ҷоизи қайд аст, ки имрӯзҳо дар толори фитнес, нуқтаи шустани шаҳру деҳоти Исфара маҳз ба нақлиёт шинос гардида, иқдоми шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои соҳибкорони маҳаллиро дар самти доимии Роҳбари давлат ва Ҳукумати бунёди иншооти иҷтимоӣ муҳимму Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати оммавӣ саривақтӣ арзёбӣ кард. Дар ин радиф бояд ба таври хосса гардонидани варзиш, солимгардонии аҳолӣ, тарбияи ҷисмонии насли таъкид дошт, ки беморхонаи №2-и наврасу ҷавон ва варзишгарони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳанӯз дар бомаҳорат 2 маҷамаа ва 9 майдонҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд калони варзишӣ, 36 майдончаҳои шудаасту дорои 50 кати табобатӣ муосир ва 51 толорҳои варзишӣ, буда, ба беш аз 60 ҳазор нафар ҳамчунин 3 ҳавзи шиноварӣ дар аҳолии деҳоти Сурх ва Чоркӯҳ хизмат ихтиёри дӯстдорони варзиш вогузор мерасонад ва бо вуҷуди таъмири доимии ҷорӣ чанд соли охир ба шудаанд. Дар 4 мактаби варзишӣ бошад, 62 таъмири ҷиддии асосӣ рӯйи ниёз мураббиҳои соҳибтаҷриба ба 1538 оварда буд. Боиси қаноатмандии хосса аст, нафар шогирдон сабақ меомӯзанд. ки мувофиқ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам аиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ дар маъракаи бунёдкориву созандагӣ соҳибкорони маҳаллӣ, бародарон Ҷалоловҳо тасмим гирифтаанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон умури азнавсозии беморхонаи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои пасандозашон дар фурсати кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.
Дар Чоркӯҳ
Р
Дар Ворух
Д
ар ҷараёни сафар раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамоати деҳоти Ворух бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо мусоидати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд коргоҳи дӯзандагие ба истифода дода шуд. Дар ин рӯз ба коргоҳи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоти Суғд 12 адад дастгоҳи муосири дӯзандагӣ, ду адад дастгоҳи аверлог ва мизи чокбурӣ тақдим гардида, бо ифтитоҳи коргоҳ 15 нафар занону духтарони хонашини деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Чеварони коргоҳи мазкур асосан либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои миллии занона медӯзанд. Тавре масъули шуъбаи иттилооти бахши вилоятии КИ ҲХДТ Абдуаҳад Дадабоев иттилоъ дод, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд нақша дорад, ин иқдоми бунёдкоронаро тақвият бахшида, рӯзҳои наздик дар яке аз ҷамоатҳои калону сераҳолитарин шаҳри Исфара – ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ боз як коргоҳи дӯзандагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Бояд илова намуд, ки ҷамоати деҳоти Ворух яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини наздимарзии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд. Давоми се соли охир бунёду таъмир ва навсозии иншооти таъиноти гуногун дар ҷамоати мазкур, аз ҷумла навсозии Қасри фарҳанги ҷамоати Ворух, сохтмони мактаби замонавӣ дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯда барои 720 нафар хонанда, сохтмони толори варзишии дорои 200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Қалъачаи ин ҷамоат, сохтмони кӯдакистони замонавӣ, коргоҳи банду басти мева, чароғонкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, бинои нави ҷамоати деҳот ва майдони Парчами давлатӣ бо боғи фароғатии иборат аз гулгашту фаввораҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва чанд иншооти дигари иҷтимоӣ Ворухро ба яке аз гӯшаҳои ободи диёрамон табдил хоҳад дод. Раиси вилоят ҳамчунин дар ин деҳа бо рафти сохтмону барқарорсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маҳаллаи Сангтӯда ва хонаи фарҳанги ҷамоат шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни сафари кории худ ба деҳаҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара як қатор нафарони ниёзманду беморро аёдат намуда, дар арафаи Иди саиди Рамазон барояшон дар шакли маводи озуқа савғотиҳои идона тақдим намуд.
Номаи ихлос
Саломзода, сарбаланд бошед!
Дар оғози сухан ба Шумо муҳтарам раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, миннатдории худро мерасонам. Зеро 40 сол аст, ки дар деҳаи Ворух мудири китобхона шуда кору фаъолият дорам. Дар ин муддат борҳо барои ободии Қасри фарҳангу китобхона хаттию шифоҳӣ муроҷиат намуда будем, аммо ҳеҷ дастгирӣ намеёфт. Раисону вакилони пешин ваъдаҳои болохонадор дода, кисаҳоямонро бо чормағзи пуч пур мекарданд. Ваъдаҳои додаашон оид ба таъмиру азнавсозии китобхонаву Қасри фарҳанги деҳа амалӣ намешуд, ки намешуд. Сад шукр ва ҳазорон аҳсан, ба Шумо - Саломзода Сиҷоуддин, ки дар давоми як сол созандагиву ободкориҳо кардаед ва ба таъмиру тармими китобхонаву азнавсозии Қасри фарҳанг диққати хосса додед. Баҳри ободии Ворухзамин ва осудагии мардуми он ба қавли халқ "ҳамеша як поятон дар Ворух" буд. Тӯли ҳамагӣ як сол 90 маротиба ба деҳаи мо омада, баҳри ҳалли мушкилоти мардум талош кардед. Маҳз бо кӯшишу ғайрати Шумо ду қабристони сари роҳ, мактабҳо ва Қасри фарҳанг обод шуда истодаанд. Дар урфият мегӯянд, ки “Зистан сад гуна аст, номи нек гузоштан ҳазор гуна”. Ҳама медонем, ки фақат аз сарвари хуб номи нек боқӣ мемонад. Боварӣ дорам, бо роҳбарии Шумо барин марди покизаву порсо Исфараи бостониву фараҳфизои мо дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳо пешсаф хоҳад шуд. Мирзо Бедили оташсухан беҳуда нагуфтааст: Иззат талабӣ дил аз хасисон вогир, Дар сояи шавқати бузургон ҷо гир. Бинобар ин аз фурсат истифода бурда, шахсан аз номи худам ва аз номи равшанфикрону зиёиёни Ворух ба Шумо, раиси муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин тани сиҳату умри безавол, сарсабзиву хуррамӣ орзумандам. Ҳоҷӣ ҲОҶИБОЕВ, мудири китобхонаи деҳаи Ворух.