Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Пешвои миллат
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 21 (9203) *** Чоршанбе 31. 05. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар
бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. www.president.tj
Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ
Конференсияи XXV: давоми 2 сол чӣ кор кардем? Конференсияи ХХV Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки 330 нафар вакилон баргузор гардид.
Д
Консули Русия дар Исфара Консули генералии Федератсияи Русия дар вилояти Суғд Валерий Бондаренко, менеҷери дафтари минтақавии БР СММ дар вилоят Мақсудҷон Арипов ба Исфара ташриф оварданд.
зода Дилшод Ҷабборӣ дар маросими ифтитоҳи пойгоҳи обкашии Исфара-Лаккон ширкат варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки эҳёи зеристгоҳи обии «Исфара – Лаккон», ки ҳанӯз соли 1984 сохта шудаасту 5,6 км дарозӣ дорад, барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва фароҳамсохти шароақсади ташрифи онҳо итҳои созгори бо оби полезӣ ва кормандони лоиҳаи обёрӣ намудани 150 гектар «Беҳтар намудани сатҳи замини ангурзор ва 120 гекнекӯаҳволии 9 ноҳияҳои тар замини хушкидаи зардоҶумҳурии Тоҷикистон», ки лузори деҳа мусоидат намуд. аз ҷониби Барномаи Рушди Осонгардонии мушкилоти Созмони Миллали Муттаҳид 478 нафар саҳмдорони деҳа бо маблағгузории Ҳукумати масъалаҳои муҳиме буд, ки Федератсияи Русия дар Ис- бо иқдоми роҳбарияти Даффара амалӣ мегардад, ши- тари минтақавии БР СММ носоӣ бо рафти амалигашти дар шаҳри Хуҷанд ва дастлоиҳаи мазкур буд. гирии молиявии Ҳукумати Нахуст меҳмонон бо роҳ- Федератсияи Русия ҳалли баладии раиси шаҳр Расул-
М
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон», ҷиҳати ташвиқу тарғиби санъати мусиқӣ, дарёфти қобилиятҳои нодир ва истеъдодҳои ҷавон, ҳамчунин бо азми дар ниҳоди насли наврас ҷой намудани завқи зебоипарастӣ дар байни кӯдакону наврасони аз 5 то 15 солаи шаҳру деҳоти Исфара фестивал –озмуни шаҳрии ҳунармандони наврас – «Шоҳин» доир гардид. Озмун дар панҷ бахш - ровигӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, рақс ва ҳунари актёрӣ ба таври аллоҳида ҷамъбаст шуда, ғолибони ҳар бахш бо диплом ва мукофотҳои пулӣ, соҳибони мақомҳои дуюм бо диплом ва роҳхати КИШ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба Осоишгоҳи бачагонаи «20 солагии Истиқлолият» ва ишғолкунандагони ҷойи сеюм бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Н/И
худро ёфт. Маблағи лоиҳавии он 44 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Корҳои дастрас ва васл намудани насоси обкаширо бинокорони СПМК-43-и шаҳри Хуҷанд дар муҳлати муқарраргашта анҷом додаанд. Дар ҷараёни сафари худ ба Исфара консули генералии Федератсияи Русия дар вилояти Суғд , менеҷери дафтари минтақавии БР СММ дар вилоят ва ҳайати кормандони лоиҳа ҳамчунин бо фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии рушди бонувон - «Қамар» шинос шуданд. Зимни боздид ба кормандони ин ташкилот як адад трактори кишоварзӣ тақдим карда шуд.
Фарҳанг
Ҷамъбасти озмуни "Шоҳин"
Ҳадятулло Мамадов аз МТМУ рақами 19 дар бахши ровигӣ, гурӯҳи навозандагони доира аз мактабҳои санъат дар бахши навозандагӣ, Фирӯз Маллаев аз МТМУ рақами 36 дар бахши сарояндагӣ, Алишер Соҳибов ва Диловар Нӯъмонов аз мактаби санъати №3 дар бахши актёрӣ, Маҷида Маҷидова аз мактаб-парваришгоҳи шаҳр дар бахши рақс ғолиби озмун дониста шуданд. Инчунин аз тарафи раиси бахши шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдумуталиб Шарифов ба ду нафар навқаламон Гулшода ва Мастура, ки бо қироати шеърҳои навиштаи худ дар бах-
ар он масъалаҳои ҳисоботҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар давраи аз июни соли 2015 то майи соли 2017, комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ, интихоби вакилон ба конференсияи ХII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Б. Асадуллоев оид ба фаъолият дар давраи аз июни соли 2015 то майи соли 2017 ҳисобот пешниҳод кард. Қайд гардид, ки кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар самтҳои роҳандозии корҳои таблиғотӣ, ташаккули сохтори кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва вусъати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, пешбурди демократияи дохилиҳизб, ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавии фарҳангию маърифатӣ, тақвияти ҳуҷҷатнигорӣ, густариши фаъолияти ҳизбии вакилони маҷлисҳои маҳаллии аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва коргузории кормандони ҳизбӣ, таъмини интизоми қатъии дохилиҳизбӣ ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ аз ҷониби раиси он А. Хӯҷаев пешниҳод гардид. Вакилон аз кумитаи иҷроияи ибтидоии беморхонаи марказии шаҳр, котиби кумитаи иҷроияи ибтидоӣ С. Ӯлмасова, аз ташкилоти ибтидоии кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мудири бахши ҷавонон, вар-
ши ровигӣ ширкат доштанд, ҳамчун барги сабз маҷмӯаи ашъори Лоиқ “Девони замон”, ҳикояҳои “Бӯстон”-и Саъдӣ ва дафтари пандуандарзии “Насими Исфара” тақдим карда шуд. Дар ҷамъбасти озмун шаҳрдори Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳангоми супоридани мукофотҳо ба ғолибон аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва ҷавонон ёдовар шуда, зикр кард, ки озмуни “Шоҳин” дар баробари дарёфти истеъдодҳо, инчунин саҳнаи баландбардории ҳунар ва сайқали маҳорат мебошад. Дар самти дарёфт ва тарбияи соҳибҳунарон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст ва минбаъд низ ин самти муҳими ҳаёти ҷамъиятиро зери назар қарор хоҳад дошт.
зиш ва сайёҳии шаҳр С. Шарофов, аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Ш. Нарзиддинова ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳриро хуб арзёбӣ намуданд. Дар кори конференсия муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ходими ҳизбию давлатӣ Гулафзо Савриддинова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати нави кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара иборат аз 47 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара иборат аз 5 нафар ва 50 нафар вакилон ба конференсияи ХII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоб карда шуданд. Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва зеҳнии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи зикршуда мақсади воридшавӣ ба шаҳрҳои мазкурро доранд, дар сурати надоштани имконияти дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба ин шаҳрҳо худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин давра пурзӯр гашта, қоидавайронкуниҳои ночиз низ метаАз 1 июн то 12 июли вонанд, боиси татбиқи чораҳои соли 2017 дар шаҳрҳои қатъӣ аз ҷониби сохторҳои Москва, Қазон, Санкт-Пеқудратӣ нисбати онҳо гарданд. Чораҳои мазкур муваққатӣ буда, тербург ва Сочии Федетанҳо дар муддати 42 рӯз, яъне ратсияи Русия бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 12 июли соли 2017 татбиқ мева шахсони бешаҳрвандӣ гарданд. Бояд гуфт, ки аз 1 июн то 12 як шабонарӯз муқаррар июли соли 2017 дар шаҳрҳои карда шудааст. Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочи доирсозии мусобиқаҳои Аз шуъбаи Хадамоти муҳоҷи- конфедератсияи ФИФА дар нарат дар шаҳри Исфара ба мо зар дошта шудааст. хабар доданд, ки шаҳрвандони Н/И
Маърифати ҳуқуқӣ
Бақайдгирӣ24 соат
Як хафтаи Исфара
Пленуми собиқадорон доир гардид
Пленуми дуюми шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр доир ва вазифаҳои ташкилоти собиқадоронро баҳри такмили тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар шароити имрӯза мавриди баррасӣ қарор дод. Дар пленум раиси шӯрои собиқадорон Ҷ.Нуриддинов баромад намуд ва дар партави баромади ӯ Б.Аҳмадзод, А.Ҷӯраев, И.Азимову чандеи дигар ба музокира баромаданд. Инчунин муовини раиси шӯро К.Музаффаров оид ба 30-солагии таъсисёбии шӯро ва саҳми он дар замони муосир суханронӣ кард. Ба муносибати ин санаи фархунда як қатор собиқадорон бо мукофотҳо қадршиносӣ ёфтанд. Дар кори пленум муовини раиси шаҳр М. Муҳиддинзода ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Т. Раҳматов ширкат ва суханронӣ карданд.
Аз аввали сол 102 кас соҳиби ҷойи кор шуд
Дар гулбоғи ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он 25 кордиҳанда бо 395 ҷойҳои холии корӣ ва музди меҳнати аз 400 то 1500 сомонӣ ширкат доштанд. Дар он 35 нафар бекорон ба кори доимӣ роҳхат гирифта, 43 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Бояд гуфт, ки аз аввали сол то ин дам дар шаҳру деҳот 7 ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор ва дар натиҷаи он 102 нафар ба кори доимиву 192 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Кандакорон зиёд мешаванд
Дар филиали исфарагии Маркази таълими калонсолон барои 20 нафар ҷавонони лаёқатнок курси семоҳаи кандакорӣ дар чӯб ташкил карда шуд. Ин гурӯҳ дар заминаи ҶДММ “Асри Х” дарси назариявию амалӣ гузаронид. Маҳсули дастони таълимгирандагони ин курс дар кандакории ҳудуди гулбоғи шаҳр ба назар мерасад.
Эҳёи ҳунарҳои халқӣ
Давоми соли 2016 ва 5 моҳи соли ҷорӣ дар Маркази таълими калонсолони шаҳр наздик 100 нафар касби адрасбофӣ, 60 нафар қолинбойӣ, 40 нафар гулдӯзӣ, 20 нафар сабадбофӣ, 35 нафар кандакорӣ, 120 нафар дӯзандагии либосҳои миллӣ ва 180 нафар қаннодиву ошпазиро аз худ карданд. Дар назар аст, ки дар Соли 2017Соли ҷавонон 200 нафар хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда хоҳанд шуд. Б.ҚАЮМОВ.
Консерти ҳисоботӣ Консерти ҳисоботии мактаби санъати № 1-и шаҳр дар қасри фарҳанг доир шуд. Дар он хонандагону омӯзгорон дар жанрҳои мухталиф ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Навозиши «Насри сегоҳ» ва таронаи «Шунидам» дар иҷрои Гулчеҳра Деҳқонова (омӯзгор Қ. Ҳасанов), навозиши «Сонатина»-и Бетховен дар иҷрои Қурбонова (омӯзгор Кимсанов), саҳначаи «Одил ва Қорӣ» дар иҷрои гурӯҳи актёрӣ (омӯзгор Қ. Эшонов), навозиши ғижжак дар иҷрои Ғаффоров (омӯзгор З.Шарифов) ва оҳанги «Базморо» дар иҷрои гурӯҳи доиранавозон (омӯзгор А. Нуриддинов) писанди ҳамагон омаданд. Анвар САВРИДДИНОВ, хонандаи гурӯҳи актёрӣ.
Моҳи октябри соли 2016 дар рӯзномаамон оид ба куяи помидор мавод чоп шуда буд. Ҳоло мехоҳем, бори дигар сари ин масъала ба хонандагони худ маълумот дода бошем.
Куяи помидор (Tuta absoluta Meyr) зараррасони хавфноки сабзавотӣ дар гармхона ва заминҳои кушод ба ҳисоб меравад. Ватани ин зараррасон Амрикои Ҷанубӣ буда, аз соли 1980 босуръат дар дигар мамлакатҳо паҳн шуда истодааст. Аввалин маротиба дар Аврупо ин зараррасон соли 2006 дар Испания ба қайд гирифта шуда буд. Сипас куяи помидор дар Украина, Белоруссия, Русия ва Қазоқистон ба қайд гирифта шуд. Соли 2008 зараррасон дар Марокаш, Алҷазоир, Фаронса, Италия, Тунис ва Ҳолланд мушоҳида гардид. Соли 2009 куяи помидор дар Урдун пайдо шуда, дар давоми мавсим васеъ паҳн гардид ва ба ҳосили помидор зарари ҷиддӣ расонид. Мушоҳидаи мутахассисон нишон медиҳад, ки куяи помидор дар Тоҷикистон давоми 2-3 соли охир паҳн шуда истодааст. Куя ғайр аз помидор ба дигар зироатҳои оилаи авранҷиҳо ба мисли боимҷон, қаламфури булғорӣ ва картошка зарар мерасонад. Ҳамчунин он метавонад ба алафҳои бегонаи шомили ин оилаи растаниҳо, аз қабили ангури сагак ва банги девона низ зарар расонад. Осеби зараррасон дар ҳамаи давраҳои рушду нумӯи зироат - аз сабзиши тухмӣ то пурра пухта расидани ҳосил мушоҳида мегардад. Ин ҳашарот сифати меваи помидорро паст намуда, ҳосилнокиро аз 50 то 100 Н/И
Дасти ёронро намебояд бубаст. Н/И
НАСИМИ ИСФАРА
Бозгашт ба мавзӯъ
Куяи помидор - ҳашароти хавфнок Санаҳои 4 май ва 12 май дар ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Чоркӯҳ семинар-тренинг барои деҳқонон оид ба пешгирии зарари куяи помидор ва роҳҳои мубориза бо он доир карда шуда буд. Маводи мазкур дар ҳошияи семинар-тренинги мазкур омода карда шудааст.
фоиз кам менамояд. Хусусиятҳои биологӣ ва морфологии куяи помидор Шапалакҳои зараррасон тарзи ҳаёти шомгард дошта, пас аз фурӯ рафтани офтоб ва пеш аз дамидани субҳ фаъол мегарданд. Онҳо рӯзона дар баргҳо пинҳон мешаванд, ҳангоми таконидани ниҳол парвоз мекунанд. Ҷинси модинаи зараррасон пас аз се-чор рӯзи пайдо шуданаш ба тухмгузорӣ шурӯъ мекунад. Зараррасон тухмашро бештар дар пушти барг, дар мева ва қисми болоии ниҳол мегузорад. Тухми он майда, силиндршакл ва қаймоқранг буда, дарозиаш 0,34-0,36 мм мешавад. Тухмҳо тоқатоқа ё дар гурӯҳҳои хурд гузошта мешаванд. Як зараррасони модина дар давоми ҳаёташ метавонад то 250-300 адад тухм гузорад. Ранги шапалаки куя хокистарии қаҳвагӣ, андозаи танаш 5-7 мм ва дарозии болҳояш то 10 мм мешавад. Ҷинси наринаи зараррасон нисбат ба модина ранги сиёҳтоб дорад ва мӯйлабҳояш дароз буда, аниқ дида мешавад. Он ҳафт шабонарӯз умр мебинад, умри ҷинси модина бошад, то 14 шабонарӯз аст. Кирми куя дар чор давра инкишоф меёбад ва ба ҳисоби миёна то 8-12 рӯз умр мебинад. Кирми насли якум бештар ба баргҳо зарар мерасонад. Кирмҳои наслҳои минбаъда ба
бех, думчаи мева, меваи сабз ва пухта расида дохил шуда, осеб мерасонанд. Як кирм метавонад то ба 5 барги растанӣ осеб расонад. Кирмҳо сипас дар растаниҳо ё дар хок ба зоча мубаддал мешаванд. Шапалакҳои насли нав тақрибан баъд аз ду ҳафта аз зоча мебароянд. Куяи помидор зимистонро дар давраи тухм, кирм ё ҳашароти болиғи зараррасон аз сар мегузаронад. Давраи зисти зараррасон вобаста аз ҳарорати боду ҳаво аз 24 то 38 рӯз давом мекунад. Дар давоми як сол вобаста ба шароити муҳит куяи помидор метавонад то 10-12 маротиба насл диҳад. Чораҳои мубориза бар зидди куяи помидор Дар шароити заминҳои кушоди кишти зироатҳои сабзавотӣ чораҳои муҳофизатии зерин пешниҳод карда мешаванд: * риояи талаботи қоидаҳои парвариши зироатҳои сабзавотӣ (сари вақт гузаронидани коркарди хок, риояи
Гиромидошт
Н/И
Шахматы
Очередная победа
"Дирӯз будам бо Шумо..." Бахшида ба 60-солагии яке аз фарзандони барӯманди Ворух доктори илмҳои филологӣ профессор Абдувалӣ Давронов дар МТМУ № 23 маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар ибтидо раиси ҷамоати деҳа Зоир Маҳкамов аз рӯзгор ва фаъолияти босамари адабиётшиноси варзида ба аҳли нишаст маълумот пешниҳод кард. Сипас, раиси бахши исфарагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Нарзуллои Азизиён, омӯзгорони эҷодкор Ҷамолиддин Шоҳасанов, Расул Раҳимиён доир ба саҳму нақши олими равоншод дар адабиётшиносии тоҷик суханрониву шеърхонӣ, дӯстону ҳамнишинон Ҳ. Валиев, А. Раҳимов, Б. Сафаров, Б. Холматов, Б. Аҳмадов Ҳ.Ҳоҷибоев хотираҳояшонро аз фазилатҳои шоиставу ибратомӯзи Абдувалӣ Давронов нақл карданд. Ба маҳфил қироати шеъру марсияҳои ба олим бахшидаи толибилмони мактаб ва сурудхониҳои ҳунармандони хонаи фарҳанги деҳа ҳусну маънии тоза бахшид. Дар фарҷом сарвари муассиса Нарзибой Холиқов ва бародари профессор Шоғуфрон Усмонзода ба иштирокдорони маҳфил арзи сипос баён намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Ворух кӯчае ба номи профессор Абдувалӣ Давронов гузошта шудааст. Маҳмудҷон НИЁЗОВ, роҳбари хонаи фарҳанги деҳа.
меъёри истифодаи нуриҳои минералӣ, реҷаи обмонӣ, риояи киштгардон, махсусан пайдарҳам кишт накардани зироатҳои намояндаи авранҷҳо, нобуд кардани алафҳои бегонаи шомили ин оила ва ғайра); * дар майдонҳое, ки кирмҳои куяи помидор пайдо мешаванд ва осеби онҳо то ба ҳадди зарари иқтисодӣ мерасад, пас аз ҷамъоварии навбатии ҳосил киштзор бояд бо яке аз заҳрхимикатҳои зерин коркард карда шавад: Авант 15% к.э. (консентрати эмулсия) (0,20,3 л/га). Кораген 20% к.э.(0,15-0,20 л/га), Калипсо 48% к.с.(0,15-0,20 л/га), Конфидор Макси 70% г.о.х.(0,2-0,4 кг/га), Вертимек 18% к.э.(0,81,0 л/га). * бо мақсади пешгирӣ намудани пайдоиши устувории зараррасон ба заҳрхимикатҳо бояд бар зидди он заҳрхимикатҳои гуногун истифода шаванд; * коркарди кимиёвиро
Имя этого потомственного шахматиста, чьё увлечение данным видом спорта насчитывает уже сорок лет, хорошо известно не только в Исфаре, но и далеко за её пределами. Достаточно сказать, что Баходур Абдуллоев ( на снимке) является трёхратным чемпионом и ныне действующим чемпионом республики по шахматам среди инвалидов и двухкратным – среди остальных шахматистов, а в области – пятнадцатикратным среди инвалидов и двенадцатикратным чемпионом среди других спортсменов. Такие успехи Баходура вполне объяснимы: его отец – Бобохон Абдуллоев (ныне покойный) в свое время был неоднократным чемпионом городских соревнований по
шахматам, долгие годы трудился заведующим отдела соцобеспечения г. Исфары, снискал себе славу честного труженика , хорошего семьянина и заядлого шахматиста. Не обошло стороной увлечение шахматами и дочек Баходура (их у него четыре, кроме еще двоих сыновей), которые тоже достигли определённых успехов соответственно своему возрасту. Так , старшая дочь – Сайёра – ученица 9 класса СОУ № 10 пос. Навобод уже не раз принимала участие в городских и областных соревнованиях, являлась бронзовым призёром области. У других её сестер – Сабрины и Сабриноз успехи пока скромнее , в масштабах школьных состязаний, но имеющиеся у них способности вселяют уверенность и на их неплохое спортивное будущее. А самая младшая из сестёр-шахматисток – Саодат, была обладательницей третьего места в областных соревнованиях в своей воз-
31. 05. 2017
Ризқи мардум дар кафи якдигар аст,
№ 21
2
дар вақти паридани оммавии куяҳо сар карда, кор кардро ҳар 7-10 рӯз бояд гузаронид. * истифодаи ҳашароти фоидаовар, аз қабили габробракон ва трехограмма; * гузоштани домҳои феромонӣ, ширешӣ ва чароғӣ; * баланд намудани устувории ниҳолҳои помидор бо пробиотикҳо; * решакан намудан ва сӯзондани ниҳолҳои зарардида. Дар шароити гармхонаҳо чораҳои муҳофизатии зерин пешниҳод карда мешаванд: * ҳамасола гузаронидани безараргардонии (дезинфексия) мавсимӣ дар гармхонаҳо; * ҳар як гармхона бояд даҳлез дошта бошад, то ки садди роҳи воридшавии ҳашарот гардад; * равзанаҳои ҳаводарои гармхона бояд бо тӯрҳои полиэтиленӣ пӯшида шаванд; * гузоштани домҳои феромонӣ, ширешӣ ва чароғӣ; * истифодаи ҳашароти фоидаовар, аз қабили габробракон; * коркарди кимиёвӣ бо заҳрхимикатҳои дар боло зикргардида; * баъди ҷамъоварии ҳосил решакан намудан ва сӯзонидани растаниҳои киштзори зарардида. Агар шумо дар қитъаҳои наздиҳавлигиатон помидор кишт кардаед, хоҳиш мекунем, ки аз куяи помидор бехабар намонед. Дар ҳолати ошкор шудани зарари куя дар баргу меваҳо онҳоро чида сӯзонед. Дар шароити ҳавлиҷо, ки дар он занону кӯдакон ҳастанд, истифодаи заҳрхимикатҳоро тавсия намедиҳем. Ҳабибулло АБДУЛЛОЕВ, мушовири кишоварзии ТАҚҲ “Имон интернешнл” дар Исфара, Мирзоалӣ БОБОЕВ, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ. растной группе. Недавно завершился чемпионат Согдийской области по шахматам среди мужчин и женщин, продолжавшийся в течение недели в г. Канибадаме. И вновь спортивная удача не отвернулась от исфаринских шахматистов – чемпионом области среди мужчин стал Баходур Абдуллоев, среди женщин «серебро» досталось воспитанице ДЮСШ № 2 г. Исфары Замире Муминовой. - Сейчас, - рассказывает его бессменный в течение последних шестнадцати лет тренер высшей категории ДЮСШ № 2 Абдусаттор Шодиев, Баходур усиленно готовится к Первому чемпионату Азии по шахматам среди инвалидов, который пройдёт со 2-го по 10 июня т.г. в г. Бишкеке Кыргызской Республики. А в июле-августе этого года его ждёт очередной Чемпионат РТ по шахматам. Большую и эффективную помощь и поддержку, как моральную, так и материальную нам оказывает председатель г. Исфары Расулзода Дилшод Джаббори, что является немаловажным слагаемым успехов исфаринских спортсменов. В. МАРТЫНЕНКО.
"ЧИНОЯТ ВА ЧАЗО" Саҳифаи мақсаднок
Ахбори судӣ ПАНҶ КАС ДАР ПАСИ ПАНҶАРА
Панҷ нафар ҷавонони синнашон аз 31 то 36 солаи шаҳраки Нефтобод бо айби гаравидан ба ғояву ақидаҳои равияи «Салафия», ки хусусияти ифротӣ ва экстремистӣ дорад, ба паси панҷараи суд нишастанд. Онҳо Амрулло Бурҳонов, бародарон Парвиз ва Ихтиёр Мусурмонқуловҳо, Ҳабибулло Зокиров ва Эроз Тӯронов мебошанд, ки ҳамаашон соҳиби оилаву фарзанд буда, муваққатан кор намекунанд. Чи тавре ки дар мурофиаи судӣ муайян гардид, ашхоси номбурда давоми соли 2012 дар масҷиди панҷвақтаи шаҳраки Нефтобод ҳангоми намозгузорӣ бо аъзои ташкилоти ифротии «Ихвон-ул Муслимин» (Бародарони мусалмон) Маҳдӣ Бутаев робитаи наздик пайдо карда, аз ӯ таълимоти дахлдори дини ислом мувофиқ ба ташкилоти ифротии дар боло зикрёфта ва равияи ғайриқонунии «Салафия» гирифтаанд. Дар як вақт судшавандагон аз дӯкону бозорҳо фиттаҳо бо сабти амри маъруфи пешравони салафия ва адабиётҳои динии ифротгароёнаро дастрас намуда, дастаҷамъона ақидаву ғояҳои хусусияти экстремистӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба дигар мазҳабу равияҳо, аз ҷумла мухолифат ба мазҳаби анъанавии мусулмонони Тоҷикистон-мазҳаби Имоми Аъзамдоштаро омӯхта, дар оянда аз рӯи ин ақидаҳо ҷорӣ кардани давлати исломӣ ва Хилофати бузургро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади ягонаи худ донистаанд. Ҷавонони тундрав аз оқибатҳои ногувору талхи кирдору амалҳояшон андеша накарда, давоми солҳои 2012-2015 ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, рӯзҳои ҷумъа ба масҷиди ҷомеи «Арабо»-и ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом рафта, дар амри маъруфҳои аъзои фаъоли созмони ифротии «Ихвон-ул Муслимин» Сӯҳроб Баротов иштирок мекарданд. Ба ин васила онҳо аз мақсадҳои ниҳоии ин ташкилот- барҳам додани давлатҳои сохти идоракуниашон демократӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина бунёди давлатии исломии «Хилофат» хабардор гаштаанд ва дидаву дониста, ки равияи
«Салафия» бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар амалкунанда ва иттиҳоди экстремистӣ-ифротгароӣ эътироф карда шудааст, шомил шудаанд. Ҳамзамон номбаршудагон ба масҷиди ҷомеи Нефтобод ҳозир шуда, тибқи амалҳои равияи "Салафия" ба намуди зоҳириашон тағйирот дароварда, намозгузориро аз рӯи ин равия ба роҳ монда, худро аз ҷамоа ҷудо кардаанд. Барои чунин рафтору тундравиҳо Амрулло, Парвиз, Ихтиёр, Эроз ва Ҳабибуллоро имоми масҷид Мирсайфулло Самадов аз масҷид пеш мекунад ва онҳо минбаъд ба намозгузорӣ ва дигар ҷамъомадҳо роҳ дода намешаванд. Вале ин ба ҷавонони ақлгумкардаву ба доми гумроҳӣ афтида сабақ намешавад ва онҳо фаъолияти ҷинояткоронаашонро ба таври пинҳонӣ дар масҷиду ҷойҳои корӣ ва ҳавлиҳои истиқоматиашон давом дода, то лаҳзаи боздоштшавӣ аз ақидаҳои ифротомезу экстремистонаашон даст намекашанд. Боиси таассуф аст, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша баъди аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгиру ҳабс шудани «роҳбари маънавӣ»-и худ Сӯҳроб Баротов хулосаи зарурӣ набароварданд, дарк накарданд, ки рӯзе қисмати талхи Сӯҳроб ба сари онҳо низ меояду аз кардаи худ садҳо карат пушаймон мешаванд. Ва он рӯз фаро расид, нимаи дуввуми моҳи январи соли ҷорӣ ин ашхоси салафимаоб пай дар пай аз ҷониби сохторҳои қудратӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд. Суди шаҳри Исфара Амрулло Бурҳонов, Парвиз Мусурмонқулов, Ихтиёр Мусурмонқулов, Ҳабибулло Зокиров, Эроз Тӯроновро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор дониста, нисбати онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солӣ ба ҳар яке бо адои ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин намуд. Гаравидан ба андешаҳои носолиму хатарзо ва пайравӣ намудан ба равияҳои бегонаи иртиҷоӣ ин ношукрӣ аз зиндагии озоду осуда, айёми ширини ҷавонӣ, муҳити ороми оила, дидору оғӯши фарзандон, хуллас нарасидан ба қадру қимати обу нони Ватан буд, ки панҷ
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав. нафар ҷавонони нефтободиро пушти панҷараи маҳбас бурд. Зиёдаравиҳои аблаҳона ва аҳмақонаи онҳо сабаб гардид, ки панҷ хонавода парешонҳол ва дар байни ҷамъият мулзаму сархам бимонанд. Рафтор ва тақдири ин маҳкумшудагон ба ҷавонону наврасони дигар ва алалхусус ба падару модарон дарси намуна бояд бошад.
ПУШАЙМОНИИ МОДАР Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Неъматова Дилором, сокини деҳаи Баланди ҷамоати деҳоти Хонобод номбурда изҳори пушаймонӣ намуд, ки дар ҳақиқат вай ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накардааст. 5 апрели соли ҷорӣ хонандаи синфи 11-и мтму №41 Зариф Неъматов бо хонандаи синфи 7-уми мактаби мазкур моҷаро намуда, ӯро зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Дар асоси қарори суди шаҳр Неъматова Дилором бо моддаи 90 Қодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид.
«ИШҚФУРӮШӢ» ДАР ЧОРКӮҲ Истиқоматкунандаи маркази шаҳр Зиннатхон Холдорова пештар ду бор суд шуда бошад ҳам, аз пайи ислоҳшавӣ нарафта, даст ба содир кардани ҷинояти даллагӣ задааст. 7 марти соли равон ӯ дар назди бозори марказии шаҳр бо шаҳрванд Намозалӣ Абдуллоев вохӯрда, ба ӯ алоқаи ҷинсӣ карданро бо дугонааш М.Р пешниҳод мекунад ва барои ҳаққи хизматаш 50 сомонӣ мегирад. Аз маблағи гирифтааш Зиннатхон 20 сомониро барои худ сарф карда, бист сомонии боқимондаро ба Н. Абдуллоев бар мегардонад. Сипас онҳо ба воситаи мошини сабукрав ба ҳудуди дастаи №5-и КТТ "Чоркӯҳ" мераванд. Дар он ҷо Зиннатхон боз аз «мизоҷ»-и худ барои хизмат 40 сомонӣ мегирад. Минбаъд Н.Абдуллоев ва М.Р дар ҷои беодаму барои худ мувофиқи саҳрои хоҷагии зикргашта алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Зиннатхон Холдорова дар рафти мурофиаи судӣ, ки бо дархости ӯ ба таври содакардашуда гузашт, аз ҷинояти содирнамудааш сидқан пушаймонӣ баён кард. Суд ҳамчунин кӯмаки ӯро дар ҳалли объективонаи қазия ва соҳиби ду фарзанди ноболиғ будани ӯро низ
марказӣ ва канории асаб, уро- Ҳамчунин ба шуъбаи гиёҳдарлогиву гинекологӣ манфиат- монӣ генератори оксигенҳосилбахш мебошад. кун ворид гардид, ки минбаъд Ҳуҷраи нави нӯшобаи гиёҳҳои шифобахши Дастгоҳу таҷҳизот диёр дар шакли бо оксиген табобатӣ ғанигардонидашуда пешкаши Дар осоишгоҳи “Зумрад” аз Чину Русия муштариён мегарданд. Ин усуҳуҷраи нави табобатӣ бо истиБа осоишгоҳи Зумрад (сар- ли табобат, яъне бо нӯшобаҳои фодаи лойиқаҳои шифобахши вараш А. Ҳалимов) беш аз 20 оксигендор барои бемориҳои ҳавзаи Оқсуқони ноҳияи Ашт адад дастгоҳҳои физиотера- ишемиявии дил, фишорбаланва Сакии Федератсияи Русия певтӣ ворид гардид, ки даст- дии шараёнӣ, заъфи асаб фоба кор оғоз намуд. гоҳҳои “Полюc-10”, «Ампли- идабахш аст. Ба гуфти мутахассисон ин пульс-5», «Кин-ком», «УВЧ-60» М.ҶӮРАЕВ, узви ИЖТ. намуди табобат барои бемориҳои банду буғум, бемориҳои аз ҷумлаи онҳо мебошад. Н/И
Навидҳо аз "Зумрад"
ба эътибор гирифта, ба мавсуф ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин намуд. ҒАНИЗОДА Комилҷон Тағой, судяи суди шаҳри Исфара.
ХИЁНАТИ ҲАМСИНФ Сокини 24-солаи кӯчаи ба номи Ибод Файзуллоеви шаҳри Исфара Бахтиёр Солиев ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш бо даъвати аъзои фаъоли ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» собиқ ҳамсинфаш Нусратулло Қодиров мунтазам бо ӯ вохӯрда, оиди ташкилоти мазкур, ки мақсадаш бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо кардани Хилофати ягонаи исломӣ мебошад, маълумот пайдо намудааст. Муддати солҳои 2014-2016 Бахтиёр бо таклифи Нусратулло аз саҳифаҳои интернетӣ истифода бурда, видеороликҳои ҷангҳои давлатҳои Ироқу Шомро тамошо карда, сурату аксҳои «Давлати исломӣ» ва ҷанговарони онро ба компутери худ нусхабардорӣ намуда, бо ин роҳ донишҳои ифротгароии хешро мустаҳкам кардааст. Дар оянда Бахтиёр Солиев дар назди Нусратулло савганди шомилшавӣ ба ташкилоти экстремистӣ-террористиро қабул карда, ғояҳои онро дастгирӣ ва дар ҳайати он иштирок намуда, ҳамчунин ба аъзои ин иттиҳоди ҷиноятӣ ба маблағи 8 ҳазор рубли русӣ узвиятҳаққӣ месупорад. Бахтиёр Солиев то рӯзи боздошт шудан дар ҳудуди Федератсияи Русия ва минбаъд дар шаҳри Исфара дар ҷамъомадҳои пинҳонии аъзои ин ташкилоти экстремистӣ ва террористиии фаъолияташ мамнӯъ эълоншуда ширкат карда, аз тарафи онҳо таълимоти махсуси динӣ омӯхта, усулҳои даъват ва ҷалби шаҳрвандонро ба сафи иттиҳоди ҷинояткор азхуд менамояд. Зимни мурофиаи судӣ ҷавони ба доми фитнаву хиёнати ҳамсинфаш афтида ба кирдору андешаҳои гумроҳонаю ифротгароёнаи худ иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуктар таъин кунад ва ӯ дар оянда ҳатман ислоҳ мешавад. Суди шаҳр тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 3072 қисми 2 ва 3073 қисми 2 ба Бахтиёр Солиев ҷазои 9 соли маҳрумӣ аз озодиро таъин карда, ӯро равонаи колоннияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр намуд. РАҲИМЗОДА Аъзамҷон Аюбҷонӣ, судяи суди шаҳр.
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
Шаҳодатномаи Т-ШТУ №0398904, ки литсейи № 1 дар соли 2011 ба Мамадҷонов Илҳомҷон Ҳаётҷонович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии А № 311265, ки соли таҳсили 1993-1994
НАСИМИ ИСФАРА
31. 05. 2017
Аз мукофоти амал ғофил машав,
№ 21
3
Иттилои прокуратура БАДАХЛОҚӢ ДАР КӮЧА Ташвишовар аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бадахлоқию бетартибии ҷавонону наврасон зиёд ба чашм мерасад, ки ин амалҳои номатлуб аҳли ҷомеаро нигарон кардааст. Дар мактаб ва дар оила ба шогирдону фарзандон маърифати кӯчагардӣ, муомилаю муносибати некро бо пиру барнои роҳгузар ба таври ҳамеша ва ҷиддӣ бояд омӯзонд, то ки онҳо сабабгори рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш ва қонуншиканиҳо нагарданд. Сокини деҳаи Чоркӯҳ Ризвонуллоҳ Сулаймонзода- соли таваллудаш 1994, ки қаблан суд шудааст, бо автомошинаи Меҳрубон Ваҳҳобов ҳамроҳ бо Неъматуллохон Ғаффоров дар кӯчаи Тоҷикистони деҳа рафта истода, ба ноболиғдухтарони пиёдагард О.С ва М.Я. гап мепартоянд. Ин рафтори нозеби онҳоро роҳгузар Зайниддин Раҳмонов дида, ба кирдори бади онҳо эрод мегирад. Ризвонуллоҳ Сулаймонзода бо маслиҳати пешакӣ бо шариконаш аз мошин фаромада, назди Зайниддин Раҳмонов меоянд ва аз ҳиссиёти авбошӣ ҳақорату дашномҳои қабеҳ карда, бо истифодаи зӯроварӣ ӯро латукӯб мекунанд, ки охирон ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ мегирад. Ҳаракатҳои бадахлоқонаи се нафар муддати 10-15 дақиқа давом меёбад, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву истироҳати сокинони кӯча дағалона халалдор мегардад. Дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди шаҳр бо ҳукми худ ба Ризвонуллоҳ Сулаймонзода ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 50 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.
АВФ ҲАМ САБАҚ НАШУД Ҳабибҷон Исоев пештар ду бор суд шуда, бори аввал соли 2014 ҷазои ҷарима ба маблағи 4 000 сомонӣ ва бори дигар соли 2016 ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муддати 3 сол гирифта, моҳи сентябри ҳамон сол бо қонуни авф ба озодӣ баромада буд. Аммо ин ҷавони муҷарраду бекори 23 сола аз кирдорҳои пешинааш хулосаи зарурӣ набаровард ва ё ба қавле ислоҳ нашуд. Охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ соатҳои тахминан 20:30 дақиқа баъди сайругашт ҳамроҳи модару ҳамсояҳояш ӯ дар кӯчаи Марказии шаҳр бо шаҳрвандон Диловар Ҷӯраев ва Муҳаммадалӣ Ҷабборов вохӯрда, бе ягон сабаб ва асоси кофӣ бо онҳо ҷангҷолу моҷаро мекунад. Нисбати онҳо хақорату дашномҳои қабеҳ намуда, корди бо худ доштаашро ба сифати яроқ истифода карда, як маротиба ба пушти панҷаи Диловар ва як маротиба ба қафаси синаи Муҳаммадалӣ зада, ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Вале дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи он шаб ҷинояткор дастгир карда мешавад. Ҳабибҷон Исоев маротибаи саввум ба курсии айбдорӣ нишаст ва чун дафъаҳои қаблӣ аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуд ва аз суд ҷазои сабуктарро хоҳиш кард. Суд бошад, ба ӯ ҷазои сазовор- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ таъин намуд. САЪДИЗОДА Абдуқаҳҳор, ёрдамчии калони прокурори шаҳр.
Маводҳои саҳифаро шореҳи ҳуқуқии «НИ» Субҳиддин САЙФИДДИНОВ таҳия ва омодаи чоп намудааст.
МТМУ № 30 ба Ҳусайнова Умедахон Музафаровна додааст. *** Шиносномаи техникии ҳавлӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак, кӯчаи Даҳанақул, пештара 95, ҳозира 64, ки аз тарафи КДФ БММҒ-и шаҳри Исфара таҳти рақами инвентарии 786 ба номи Бердиев Аваз ҳамчун истифодабар ба қайд гириф-
та шудааст. *** Шиносномаи техникии ҳавлӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак, кӯчаи Даҳанақул, пештара 102, ҳозира 172, ки аз тарафи КДФ БММҒ-и шаҳри Исфара таҳти рақами инвентарии 788 ба номи Валиев Акжул ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст.
Роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касабаи маркази саломатии шаҳр ба табибони осебшиноси марказ Сарватҷон Амонов нисбати даргузашти МОДАРАШ ва ба Шуҳратҷон Нозиров бинобар вафоти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба онҳо ва аҳли хонаводаашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.
Н/И
ОДИНА ШЕЪР МЕГУЯД
канд аст.
Одинахон Музаффарова толибаи синфи 6-и мактаби №33 дар деҳаи КӯлШавқи шеъ-
Айёми солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамаи мардон ба фронт рафтанду дар деҳа танҳо пирон, занон ва наврасону кӯдакон монда буданд. Онҳо баробар дар саҳро кор мекарданд ва ризқу рӯзӣ меёфтанд. Дар болотари деҳа, дар паҳлӯи кӯҳ замини бекорхобидае буд, ки ба он об намебаромад. Аҳли деҳа маслиҳат карданд, ки илоҷе карда, то саргаҳи замин ҷӯй мекананд ва обро ба замин расонида, обшору ҳосилхез мегардонанд. Бо ин ният хурду калон ба ҳашар баромаданд. Заминро аз ду Н/И
ПАДАР
Аз кӯлвори "Гулпарак"
рнависӣ дорад ва чанд намунаи ашъораш дар нашрияи раёсати маорифи шаҳр -«Хазинаи маърифат» рӯи чоп омадааст. Ба ин духтараки суханвар дар пайроҳаи эҷод илҳоми саршор ва каломи шаҳдбор орзу намуда, шеъри навашро ҳамчун армуғони идона ба ҳамсолонаш тақдим медорем.
ПИРИ КАХРАМОН
дод. Пагоҳӣ ҳамдеҳагон ба сари замин омада диданд, ки ба он об рафта истодааст. Аввал дар ҳайрат монданд, баъд фаҳмиданд, ки ин кори =Ҳикояи воқеӣ= Абдуҳамиди 14 сола будатараф канда омаданд, вале аст. Он солҳо писарбачаи дар як мавзеъ ба ҷои сахти бадилу гурда ва серғайзамин расиданду дигар им- ратро аҳли деҳа қаҳрамони кони кофтани замин нашуд ақибгоҳ эълон карданд. ва ҳама ниҳоят хастаю лаПодоши он амали хайру кот хона ба хона рафтанд. савоб ва дуои неки ҳамдеҳаБегоҳӣ писараке бо номи гонаш буд, ки Абдуҳамид ба Абдуҳамид аз нимкора мон- синни 90 даромадааст ва дани ҳашари ҷӯйканӣ афсӯс ҳоло бобои қаҳрамони тахӯрда, шабона хоб накард ва моми деҳа мебошад. то субҳи содиқ ҳамон ҷои Амрулло РАҶАБОВ, серсангу сахтии заминро хонандаи синфи 4, кофт ва обро ба ҷӯи нав сар литсейи №5.
Соли 2017-Соли ҷавонон
Раҳнаварди олами илм
Яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонони кишвари мо ин таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус ғамхориву дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар тӯли соҳибистиқлолиятии Тоҷикистони азиз Сарвари давлатамон шахсан рӯ ба рӯ чандин маротиба бо ҷавонони кишвар вохӯрию мулоқотҳои судманд доир намуда, аз масъалаҳои саводнокию донишандӯзӣ, омӯхтани касбу ҳунар то дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилию хориҷии Ватани маҳбубамон ба насли ояндасоз ибрози андеша кардаанд. Новобаста аз ҳама мушкилоти замони муосир Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медиҳанд. Борҳо аз минбарҳои баланд таъкид намуданд, ки ҷавонони мо ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи
Шахси бузурги хона, Муътабару фарзона. Меҳрубон баҳри моён, Дар садоқат намоён. Бо андарзу насиҳат, Ба мо диҳад маслиҳат. Фақат гӯяд гапи нағз, Суханҳояш пури мағз. Падарро дӯст медорем, Ҳурматаш ба ҷо орем. Падар ба мо ягона, Саробони ҳар хона.
Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон мебошанд. Ин аст, ки дар баробари тамоми меҳрубониҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони мо аз ҳарвақта дида масъулиятшиностар гардидаанд ва ҳар яке аз онҳо аз пайи ҷустуҷӯю кашфи асрори илм камари ҳиммат баста, аллакай ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҳам роҳ ёфтаанд. Яке аз ин гуна ҷавонони масъулиятшинос ва соҳибмаърифат Парвина Алиева мебошад, ки имрӯз бо дарки баланди масъулият вазифаи сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Парвина соли 1986 дар шаҳри Исфара дар оилаи иқтисодчӣ ба дунё омада, дастпарвари муассисаи таълимии №12 ва литсейи № 1 мебошад. Соли 2009 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 2009-2012 аспиранти шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2014 - 2015 дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Университети дӯстии халқҳои Русия таҷрибаомӯзӣ кардааст. Соли 2015
«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ
дар шӯрои диссертатсионии донишгоҳ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҷабрдида дар мурофиаи судии Тоҷикистон», таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор В.Н.Махов дар синни 29-солагӣ бомуваффақият дифоъ намуд. Худи ҳамон сол бо ҷоиза ва дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соҳаи илми ҷамъиятшиносӣ сазовор гардид. Минбаъд олимаи ҷавону умедбахши исфарагӣ фаъолияти кориашро ҳамчун сармутахассиси шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, моҳи сентябри соли 2015 муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин шуд. Роҳбарияти Марказ дониш, маҳорат, малакаю истеъдоди ин сиёсатмадори ҷавонро ба назар гирифта, моҳи апрели соли 2017 вазифаи сардории шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоиро ба Парвина Алиева бовар намуд. Гузашта аз ин Парвина Алиева дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурӣ ва муаллифи як китоби илмӣ, монография ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ аст. Аз соли 2006 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад Мо ба Парвина дар ҷодаи кору зиндагӣ роҳи сафед ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баланди илмиро орзумандем. Гулчеҳра РАҲИМОВА, сарвари осорхонаи шаҳрӣ.
Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.
НАСИМИ ИСФАРА
И м с о к и я и моҳи шарифи Рамазони 1438 ҳиҷрӣ-қамарӣ (2017 мелодӣ)
31. 05. 2017
1 июн -Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
№ 21
4
мувофиқ ба вақти Исфара бо пешниҳод масҷиди ҷомеи маркази шаҳр Рӯзҳои рӯзадорӣ
Рӯзҳои моҳҳои мелодӣ
Рӯзҳои ҳафта
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30
27 май 28 май 29 май 30 май 31 май 1 июн 2 июн 3 июн 4 июн 5 июн 6 июн 7 июн 8 июн 9 июн 10 июн 11 июн 12 июн 13 июн 14 июн 15 июн 16 июн 17 июн 18 июн 19 июн 20 июн 21 июн 22 июн 23 июн 24 июн 25 июн
Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе
Нияти даҳонбандӣ: Валисавми ғадин мин шаҳри рамазоналлази фаризантан навайту.
Субҳ, даҳонбандӣ 03:24 03:23 03:22 03:22 03:21 03:21 03:20 03:20 03:19 03:19 03:19 03:18 03:18 03:18 03:18 03:17 03:17 03:17 03:17 03:17 03:16 03:16 03:15 03:15 03:15 03:15 03:16 03:16 03:17 03:17
Шом, ифтор 19:45 19:46 19:46 19:47 19:48 19:49 19:50 19:51 19:52 19:53 19:54 19:55 19:55 19:56 19:57 19:57 19:57 19:58 19:58 19:59 20:00 20:01 20:02 20:02 20:03 20:03 20:03 20:03 20:03 20:02
Нияти ифтор: Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва ъалайка таваккалту ва ъало ризқика афтарту.
26 июн - Иди саиди фитр
МУРОҶИАТНОМАИ ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр вобаста ба оғози мавсими оббозӣ
Имрӯзҳо бо гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Албатта обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти руҳию ҷисмонии ӯ фоидаовар мебошад, вале бояд фаромӯш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз сабаби фалокат низ мешавад. Ҳодисаҳои нохуши солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андӯҳи якумра гузоштаанд. Мутаассифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби надонистани қоидаҳои оддитарини оббозӣ ғарқ шуданд. Барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо ба Шумо, шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр муроҷиат менамоем: Ҳангоми оббозӣ дар
ҳавзҳои ҳудуди шаҳр талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳо ва ё каналҳо ба даруни об надароед. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоед, ки бехатарии Шумо кафолат дода мешавад. Агар оббозӣ карда натавонед, кӯшиши ба об даромадан накунед. Ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои бароятон ношинос ҳатман аз воситаҳои эҳтиётӣ истифода баред. Зеро муддати ғарқ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимолияти ҳалок шудан имконпазир мебошад. Фаромӯш накунед, ки Шуморо дар хона волидайн, фарзандон ва ёру дӯстонатон интизоранд. Агар бо аҳли оила барои оббозӣ меравед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Агар шоҳиди
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст. Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 4700.
ҳолати ғарқшавӣ шудеду оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот додан кӯшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед. Инчунин он нафароне, ки бо мақсади худкушӣ худро ба ҳавзу дарё мепартоянд, андеша намоед, ақли солимро идора кунед, охир ин роҳи наҷот шуда наметавонад. Бо чунин рафтор наздикону пайвандонатонро яу умр ба мусибат гирифтор накунед. Нагузоред, ки волидайнатон пеши дигарон шармсору сархам шаванд. Зиндагӣ ҳамеша якранг нест ва он мушкилоти пешомада рӯзе ҳал мешаваду зиндагии хуш насибатон мегардад. Шаҳрвандон ва меҳмонони Исфара Аз ҳамаи Шумо даъват менамоем, ки агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақами 2-3961, 93 880 28 68 дар тамос шуда, то расидани наҷотдиҳандагон чораҳои иловагӣ андешед. Мо дар якҷоягӣ амал намуда, метавонем пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирем. СИТОД ОИД БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ШАҲР.
www.nasimisfara.info
Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru
Масъули шумора: С. САЙФИДДИНОВ. Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА. Иҷозат ба чоп: 30. 05. 2017.