Skip to main content

21 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

***

№ 21 (9156)

ИСФАРА

***

Чоршанбе,

1 июни соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Вазири кишоварзӣ дар Исфара Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ дар роҳбаладии муовини раиси вилояти Суғд Хоҷизода Ориф Ашӯрӣ ва сардори сарраёсати кишоварзии вилоят Абдузафар Инъомов ба Исфара ташриф овард.

Вазири кишоварзӣ дар баробари баррасии масоили вобаста ба рушди соҳа бо раиси шаҳр Расулзода

Дар Исфара баъзе аз падару модарон барои ҷилавгирӣ аз оворагардиву бо корҳои беҳуда машғул шудани фарзандон мавсими кирмакпарвариро пурмаҳсул корбаст намуданд. Масалан, сокини деҳаи Гумбазӣ Абдуқодир Ӯрунов дар ин мавсим дар якҷоягӣ бо фарзандон 67 килограмм пиллаи хушсифат ҷамъоварӣ кардааст. Дар мавсими соли ҷорӣ ба шаҳри Исфара тавассути корхонаи муштараки «ВТ Силк» ва КВД «Пилла»-и

Дар дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-и қисми низомии 2199-и сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ҷамъомади идона баргузор гардид.

гандуму помидор ва маккаи дон, ҳамчунин вазъи чорводорӣ мароқ зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур дар майдони 40 гектар маккаи дони навъи «Синзян» бо мақсади гирифтани тухмии баландсифат кишт Раиси шаҳр Расулзода карда шудаву алъон дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ корҳои селекси- Дилшод Ҷабборӣ расман онӣ бурда мешавад. ва дар сатҳи шоиста таҷлил Дар фермаи ширию молии хоҷагӣ гардидани Рӯзи таъсисёбии бошад, 350 сар чорвои калони шох- қӯшунҳои сарҳадиро чун дадори зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш лели мақом ва ҷойгоҳи хосаи карда мешавад, ки 120 сари онро онҳо дар байни сохторҳои говҳои ҷӯшоӣ ташкил медиҳанд ва низомию қудратии мамлакат дар як сол аз ҳар сар чорво аз 3,5 то арзёбӣ намуд. 4 тоннагӣ шир ҷӯшида мешавад. Тавре зикр гардид, дар доЗимни боздиди вазири кишоварзӣ ираи ислоҳот ва навсозии Изатулло Сатторӣ ва ҳамроҳонаш қӯшунҳои сарҳадӣ сохтмони аз ҶДММ «Субҳи Ватан» бошад, ит- иншоотҳои нави сарҳадӣ ва тилоъ дода шуд, ки ҷомеаи меҳнатӣ таъмиру таҷдиди инфрасо46 нафара тасмим гирифтааст соли хтори мавҷуда дар Исфарҷорӣ якуним миллион қуттии шартӣ марз низ вусъати тоза ёфта, беш аз 30 номгӯи консерваҳои мева- дар ин радиф мақомоти гию сабзавотӣ истеҳсол намояд. иҷроияи ҳокимияти давлаВазири кишоварзӣ дар интиҳои са- тии шаҳри Исфара айни зафари худ ба Исфара аз боғҳои си- мон барои ҳарчи зудтар ва ёҳолу, ки дар майдони 2 гектар бунёд бо сатҳу сифати хуб бунёд Дилшод Ҷабборӣ аз кооперативи ис- шудааст, дидан намуд. намудани боз як иншооти теҳсолии «Кишоварзони Навгилем» аҳамияти амниятиву страдидан карда, ба вазъи парвариши тегидошта – дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» тадН/И Маъракаи пилласупорӣ бирҷӯйӣ ва мусоидат менамояд. Шаҳрдори Исфара ҳамзамон бо муборакбодии самимонаи сипарони боэътимоди ҷумҳурӣ тухмии навъи хитойии кир- ро қабул намудаанд. мак ворид карда шуд, ки ба шароити Соли равон байни хоҷагиҳои ки- Ватан, муҳофизони тамомииқлими мавзеъ хеле мувофиқ буда, макпарварии шаҳру деҳоти Исфа- яти арзии кишвар, амнияти миллат ва давлат барояшон бо баробари ба ғизо нисбатан камтар ра 1870 қуттӣ тухми кирмак тақсим саломативу бардамӣ, рӯҳи ниёз доштан ба касалиҳо тобовар ва карда дода шудаву интизор мераматину иродаи қавӣ, дар ҷомаҳсулнокиаш бештар мебошад. вад, ки дар сурати аз ҳар қуттӣ ба даи адои қарзи муқаддас ва Дар корхонаи фаръии «Пилла»-и ҳисоби миёна истеҳсол намудани иҷрои вазифаҳои пуршаҳр ба мо иттилоъ доданд, ки 45 килограммӣ пилла миқдори масъулу бошарафона бароимрӯзҳо маъракаи пилласупорӣ дар умумии хирмани ин навъи маҳсулоҳудуди шаҳру деҳоти Исфара идома ти муҳими саноатӣ 85 тоннаро таш- ру пирӯзиҳо таманно намуд. Раиси шаҳри Исфара бо дошта, то кунун ин ҷо беш аз 12 тон- кил медиҳад. истифода аз фурсати мунона пиллаи хоҷагиҳои кирмакпарвар-

Арзи сипос ба сарҳадбонон

67 килограмм аз як қуттӣ

Дар ҶС "Корхонаи кимиёвӣ" иди касби худро таҷлил намуданд.

ни сатҳи зиндагии мардуми кишвар назаррас мебошад. Инчунин паёми табрикотии раиси вилояДар ҷамъомад раиси шаҳр Расулзода ти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба кормандоДилшод Ҷабборӣ зимни суханронии хеш ни соҳа қироат гардида, ба гурўҳи пешқанақши корхонаи кимиёвиро дар иқтисодиёт, дамони истеҳсолот ва собиқадорони соҳа ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва рушИфтихорномаву тўҳфаҳои хотиравии раиси ду нумўи шаҳру деҳоти Исфара назаррасу соҳаҳои ниҳоят муҳими хоҷагии халқи мам- вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти муҳим ҳисобид. Зеро соҳаи кимиё яке аз лакат буда, нақши он дар баланд бардошта- давлатии шаҳр ва корхона супорида шуд.

Бо ташаббуси кумитаи падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38-и деҳаи Боғистон майдончаи тамрини низомӣ сохта ба истифода дода шуд.

Н/И

Таҷлил

Қадршиносии кимиёгарон

Директори муассисаи таълимӣ Азизахон Наҷмиддинова мегӯяд, ки солҳои дароз сатҳу сифати таълиму тарбия дар самти ташкили дурусти дарсҳо аз фанҳои омодагии дифоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба талабот ба таври бояду шояд ҷавобгӯй набуд. Таҳти сарварии Мирвайдулло Обидов тавонистанд дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди мактаб ҳуҷраи посбониҳои низомӣ бунёд ва Он дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25 барои 7 намуд машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, ҷиҳати дар рӯҳияи мардонагиву шуҷоатмандӣ ва расу ҷавон ва омода намудани онҳо ба хиз- лавозимоти заруриро насб намоянд. меҳанпарастӣ тарбия намудани насли нав- мати ҳарбӣ бунёд гардид. Н/И

Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Майдончаи тамрини низомӣ

Н/И

сиб барои хизмати шоистаю садоқатмандона ба сарҳадбонони шуҷоатманд сидқан арзи сипос ва гурӯҳе аз афсарону аскаронро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ кард. Ҳамчунон раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо нишони «Аълочии қушунҳои сарҳадӣ» сарфароз гардонида шуд. Аъзои Шўрои собиқадорони ҷанги Афғонистони шаҳр Нурилло Қурбонов ва ширкатдори набардҳо баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ Ислом Азимов хизматчиёни ҳарбии қисми сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан муборакбод гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва барори кор орзу намуданд. Қумандони қисми ҳарбӣ полковник Баҳодур Тимуров барои таваҷҷӯҳ ва қадршиносӣ ба Роҳбари давлат, Ҳукумати ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори миннатдорӣ кард. Барномаи ҷолиби идонаи фарҳангие, ки саршори меҳру муҳаббати беандоза ба меҳани маҳбуб, шукронаи фазои осудаву ором буд, манзури ширкатдорони тантана гардид.

Рамазон - 2016

06.06. - оғози рӯзадорӣ Маркази исломии Тоҷикистон аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро эълон кард.

Нахустин санаи доштани рӯза барои мусулмонони кишвар мувофиқи ҳисоби илмӣ душанбеи 6 июн муайян гардидааст. Инчунин мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17400 сомонӣ муқаррар шуда, аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.


Ҳар як кӯдак сазовори меҳру муҳаббат аст Мафҳуми кӯдак ва мақоми ӯ дар ҷомеа

Кӯдакӣ давраи ташаккули инсон, тайёрӣ ба ҳаёти мустақилона аст. Он давраи зиндагиест, ки амалан қариб ҳамаи талаботи инсонӣ татбиқ мегардад, вале худи истеъмолгар ҳанӯз қудрат надорад, ки онҳоро мустақилона қонеъ гардонад. Татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ин ҷо гӯё дар сатҳи дигари маҳз ба ин синну сол хос ва дар ченаки андаке дигар мегузарад. Кӯдак, чун қоида, танҳо якҷоя бо калонсолон, волидон, парасторон, педагогҳо, ҷомеа ва давлат чун субъекти ҳуқуқ баромад мекунад. Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “шахсе кӯдак эътироф мегардад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (балоғат) нарасидааст”. Ҳамчунин мувофиқи моддаи 1-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак "Ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад"... Кӯдакон инсонҳои аз ҳама хурдсоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳамеша ба навозиш, таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои шахсони калонсол, махсусан падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда ниёз доранд. Ҳифзи саломатии кӯдакон ин ҳифзи саломатии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Кӯдак ҳамчун ҳар як инсон ҳуқуқи меҳнат, истироҳат, манзил, таҳсил, ҳуқуқи гирифтани иттилоот ва ғайраро соҳиб аст. Хусусияти асосии фарқкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак ба синну соли ӯ ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониаш асос меёбад. Озодиҳои кӯдак ба манфиати амнияти ӯ маҳдуданд. Бинобар ин баъзан мегӯянд, ки вазифаи аз ҳама асосии ҳуқуқҳои кӯдак муҳофизатӣ аст, чунки кӯдак категорияи иҷтимоии нозуки аҳолӣ мебошад. Амнияту бехатарии кӯдак зери хавфи махсус қарор дорад, зеро кӯдак ба сабаби имкониятҳои ҷисмонию равонии худ наметавонад, ки мустақилона ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад, дар вазъиятҳои гуногуни номусоид ҳифз намояд. Кӯдак таҷрибаи ҳаётӣ надорад, аз ин рӯ, амалҳои худро ба андозаи пурра эҳсос намекунад ва барои кирдорҳои худ масъулият ба дӯш надорад. Категорияи иҷтимоии ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ гурӯҳи одамонест, ки аз гурӯҳҳои дигар аз рӯи синну сол, ҷинсият, махсусиятҳои Ба ман ҳамчун рӯзноманигори мустақил дӯстону рафиқон, шахсони алоҳида ва бахусус ронандагони мусофиркаши самти Исфара -Чоркӯҳ оиди ҳолати истгоҳи назди беморхонаи марказии шаҳр муроҷиат намуданд. Аз ин хотир тасмим гирифтам маводи мазкурро омода намуда, пешкаши умум гардонам. Шаҳри Исфара дар байни ноҳияҳои кишвар аз нигоҳи аҳолӣ сернуфузтарин буда, шумораи сокинонаш аз 250 ҳазор мегузарад. Шумораи мошинҳо бошад, аз рӯи баъзе маълумотҳо ба ҳар 3 нафар як ададӣ рост меояд. Аз ин рӯ беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингард, ба хусус ҳолати истгоҳҳо

биологию ҷисмонӣ, вазъи мавҷуда фарқ мекунанд, зери таҳдиди табъиз (зӯроварӣ) қарор доранд ва ба ҳифзу ғамхории махсус ниёзманданд. Ба гурӯҳи аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори занон ашхоси пиронсол, шахсони имконияташон маҳдуд, гурезаҳо, муҳоҷирон ва дигар шахсон кӯдакон низ дохил мешаванд. Байни кӯдакон боз чанд категорияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки дар шароитҳои махсусан вазнин қарор доранд; кӯдакони ятим; кӯдакони аз парастории волидон маҳруммонда; кӯдакони қонунро вайронкарда; кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон); кӯдакон-гурезаҳо; кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирин; кӯдакон аз оилаҳои бекорон ё кӯдаконе, ки маҷбуранд меҳнат кунанд, кӯдакон-ҷабрдидагони низоъҳои мусаллаҳона ва байналмилалӣ; кӯдакон-ҷабрдидагони фалокатҳои экологӣ; кӯдакони беназорат, бепарастор ва ғайра.

Заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурӣ Соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр бо мақсади ҳарчи бештар ҳифз гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дод. Баъдан дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ барои фаъолияти пурсамар комиссия оид ба корҳои ноболиғон таъсис ёфтанд. Минбаъд санаи 1 августи соли 2008 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" ба имзо расида, Низомномаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия гардид. Аз соли 2008 инҷониб дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун мақомоти салоҳиятноки давлатӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон фаъолият мебарад. Ҳамчунин барои ҳарчи бештар ҳифз гардидани ҳуқуқҳои кӯдак қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», таҳти №762 аз 02.08.2011 сол ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» таҳти №1196 аз 18 марти соли 2015 заминаи боэътимод гузошт.

Н/И

Кӯдаконро шод кардан...

Аз таърихи ҷашни Рӯзи байналмилалии кӯдакон

Рӯзи байналмилалии кӯдакон таърихи дуру дароз дошта, мақоми байналмилалии он соли 1925 дар конфронси Женева маъмул гардидааст. Аввалин маротиба дар кори ин конфронс доир ба беҳдошти кӯдакон суханронӣ карда шуда буд. Минбаъд баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон масъалаи ҳифзи сиҳатӣ ва зиндагии кӯдакон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи актуалӣ гардид. Баъди 4 соли ҷанги дуюми ҷаҳон дар конгресси занон, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, бо иродаи қавӣ баён гардид, ки минбаъд ба хотири хушбахтии кӯдакон ба хунрезиҳо хотима бахшида мешавад. Баъди гузашти солҳо 1 июни соли 1960 аввалин маротиба Рӯзи байналмилалии хифзи кӯдакон ба таври расмӣ таҷлил карда шуда, аз ҳамон сол ин ҷашн хусусияти ҳарсоларо гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, дар қатори дигар давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосаи худро дорад. Баъди ба даст омадани истиқлолияти комил аввалин ҳуҷҷати байналмилалие, ки Тоҷикистон соли 1993 қабул ва тасдиқ намуд, ин Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Дар заминаи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус дар шаҳри Исфара Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд аёдат карда шуда, барномаҳои ҷолиби диққати фарҳангӣ ташкилу баргузор карда мешаванд. Истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи кӯдакони шаҳру деҳоти Исфараро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният намуда, осмони софу беғубор ва дили беолоишро таманно мекунем. Бигузор ҳар як кӯдак дар зиндагии мо бидонад, ки ӯ сазовори меҳру муҳаббат аст. Мӯсо ТОШХӮҶАЕВ, сармутахассис, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак.

Хонанда масъала мегузорад:

Истгоҳ куҷо шуд? масъалаи мубрами рӯз мебошад. Вақте шахс ба истгоҳҳои "Баҳор", Кохи фарҳанг, рӯ ба рӯи боғи истироҳатию фароғатӣ, назди литсейи 1 ва маҳаллаи Навобод дида медӯзад, ҳаловати тоза мегирад. Зеро ин истгоҳҳо мувофиқи талаб буда, мусофирон ба ҳузур интизори нақлиёт мешаванд. Аммо вақте ба истгоҳи назди беморхонаи марказӣ аз ҷониби Чоркӯҳ-Исфара назар меафка-

НАСИМИ ИСФАРА

01. 06. 2016

1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи бачаҳо

№ 21

2

нед, фазои риққатовару ҳузнангез қалби касро харош медиҳад. Ҷои нишаст нест ва умуман ба истгоҳ монандӣ надорад. Солҳои 70-80 дар ин ҷо як истгоҳи барҳавою замонавӣ мавҷуд буд. Сарварони дастаи ронандагони мусофиркашони Чоркӯҳ Илҳомҷон Шодибеков ва Лутфуллохон Олимов иброз намуданд, ки аз набудани истгоҳ ва ҷойи ни-

Бо иқдоми ташкилоти ғайридавлатии «Оперейшн – Мерсӣ» ва ҳамдастии шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи кӯдакон дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии «Шоҳона» дар сари дастархони пур аз нозу неъмат ҷамъомади зебову хотирмоне баргузор гардид. Ба нишасти идонаи мазкур 43 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо модаронашон даъват шуда буданд. Муовини раиси шаҳр Муртазо Олимов ва намояндагони ташкилоти «Оперейшн – Мерсӣ» Синди Хиберт ва Кристина Ёхан – мая кӯдаконро бо идашон сидқан муборакбод гуфта, ба ҳар нафари онҳо тӯҳфаҳои маҳз ба ҳамин рӯз омодагардидаро тақдим намуданд. Мудири шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона Р. Сангинов дар навбати худ ба ташкилоти ғайридавлатии «Оперейшн – Мерсӣ» барои кӯмакҳои доимӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳру деҳоти Исфара изҳори миннатдорӣ кард. *** Дар мактаб-парваришгоҳи махсуси бачаҳои қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр бахшида ба Рӯзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1-уми июн таҷлил карда мешавад, бо иқдоми корхонаҳои сарпараст ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» ва ҶСК «Ориёнбонк» бо густурдани дастархони пур аз нозу неъмат чорабинии идона баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева тарбиягирандагонро бо ҷашни фархунда сидқан шодбош гуфта, ба онҳо дар таҳсил ва оламшиносӣ муваффақияту пирӯзиҳо таманно намуд.

Дар раванди чорабинӣ барномаи фарҳангии муҳассилини таълимгоҳ бо номи «Ман кӯдаки хушбахтам!» манзури ҳозирин гардонида шуд. Лозим ба зикр аст, ки дар ин рӯз аз ҷониби ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» барои таъмири ҷории биноҳои муассиса ба маблағи умумии 5 ҳазору 500 сомонӣ масолеҳӣ зарурӣ харидорӣ гардидаву бахши «Ориёнбонк» бошад, ба маблағи беш аз 8 ҳазор сомонӣ ба бачаҳо лавозимоти хонишу маводи хӯрока ҳадя намуд. ***

Дар яке аз мавзеъҳои хушобу ҳаво ва зебои соҳили дарё, дар наздикии осоишгоҳи «Зумрад» ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Эшонов меҳмонхонаи тозабунёди замонавӣ ва чойхонаи миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба ифтихори ифтитоҳи иншооти мазкур соҳибкори бунёдкор бо пайгирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ва бахшида ба Рӯзи кӯдакон барои беш аз 70 нафар тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси бачаҳои қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр дастархона идона густурда, ба ҳар нафари онҳо яхмосҳои лазиз ва лавозимоти хониш ҳадя намуд. Меҳмонхонаи мазкур бо назардошти дар мавсими гармо сермеҳмон шудани шаҳр ва норасоии меҳмонхонаҳо бунёд шудаву аз 31 ҳуҷраи бо лавозимоти маишии талаботи аввали рӯзгор муҷаҳҳазгардида иборат буда, барои 64 нафар пешбинӣ шудааст.

Макони орзуҳо

тирмон паси сар мекунанд. Гузаронидани машғулиятҳои расмкашиву шеъразхудкунӣ, Кӯдакистон-ширхоргоҳи № хониши ифоданоки пораҳои 4-ро, ки дар назди литсейи № шеъриву нақли қиссаву саргу6-и шаҳр ҷойгир аст, метавон заштҳо аз ҷониби кормандони чунин ном бурд. кӯдакистон Ҳабибахон СалимоЗеро дар ин ҷо олами рангини ва, Мубинахон Почоева, Маҳбукӯдакӣ бо навозишҳои мураб- ба Собитова, Моҳира Бобоева биёни дилсӯзу мудири кушода- дар кӯдакон завқи зебоипарачеҳра Мунирахон Шарофова стиро ташаккул дода, маърифаҷаззобияти дигаре дорад. 85 ти онҳоро васеъ мегардонад ва нафар тарбиятгирандагони ин дар онҳо нигоҳи мусбат ба зинкӯдакистон дар се гурӯҳ-хурд, дагиро инкишоф медиҳад. миёна ва омодагӣ ба мактаб М.САТТОРОВ. давраи маъсумиятро басо хо-

Масалан, соли гузашта нақлиёти ронандаи мусофиркашон барои он ки нафари дар қади роҳбуда зарар набинад, бо як мошини тамғаи "Жигули" бархӯрд. Чунин ҳолат борҳо рух додааст. Оиди масъалаи мазкур нозири калони амали маъмурии шуъбаи ШБДА ШВКД-1 Учқунбой Тӯраев тасдиқ мекунад, ки аз набудани истгоҳ ҳолатҳои садамавӣ бисёр рух медиҳад. Биёед барои ҳалли масъалаи дар боло зикршуда, яъне барқарор намудани истгоҳи аз байн шаст мардум дар қади роҳ инти- рафта якҷоя камари ҳиммат банзори мошин мешаванду дар бисёр дем. Қ.ҚАЛАНДАРОВ, ҳолатҳо ин кор ҳолатҳои садамарӯзноманигори мустақил. виро ба миён меорад.


Н/И

5 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Тозаву озода зистанро омӯзем Ҳамасола 5-уми июн дар миқёси олам рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад. Аз соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сана бо баргузорнамоии чорабиниҳои гуногун ва бо шукӯҳу ҳашамати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ид аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату бахшҳои маҳаллӣ семинару озмунҳо, вохўриву дигар тадбирҳое, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли равона карда шудааст, гузаронида, ғолибону иштирокчиёни фаъол бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад. Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара барои дар амал тадбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ аз ҷумла «Бар-

Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи генералии СММ соли 1972 таъсис додааст. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол 5 июн барои таҷлили ин санаи экологӣ, одатан, яке аз кишварҳои дунё интихоб мегардад ва вобаста ба он шиори идона пешниҳод мешавад. Шиори имсола ҳифзи ҳайвоноти ёбоӣ мебошад, ки таваҷҷўҳи ҷаҳониёнро ба муаммои нобудшавии табиати ёбоӣ ҷалб мекунад. Савдову тиҷорати пуравҷи ғайриқонунии маҳсулоти табиати ёбоӣ гуногунии биологии Заминро аз байн бурда, аз мероси гаронбаҳои табиӣ маҳрум ва намудҳои алоҳидаро ба нестӣ мебарад. Куштор ва қочоқ дар низоми табиӣ боиси костагии иқтисодиёт, моҷарои ҷинояткорӣ ва коррупсия шуда, нобовариро миёни аҳли сайёра пайдо менамояд. Ҷиноятҳои зидди табиати ёбоӣ филҳо, бабру горилла, каркадан ва сангпуштҳои баҳриро зери хатари нестшавӣ гузоштааст. Соли 2011 зернамуди явагии каркадан маҳв гардид, ҳол он ки охирин каркаданҳои сиёҳи шарқӣ ҳамон сол дар Камерун нобуд шуданд. Маймунҳои одамшакл, ки дар Гамбия, Буркина-Фасо, Бенина ва Того ва дигар мамлакатҳо маҳв гаштанд, мумкин буд зуд мавриди таҳқиқот қарор гирифта шавад. Қурбониёни камтар маъруф фарогири калтакалосҳову зиреҳпӯшҳо, паррандаҳо-каркадан, инчунин дарахтони арғувонӣ, чун палисандр-гулҳо ва ҷангал низ табиати ёбоист! Кӯшишҳои зиёд оид ба мубориза зидди савдои ғайриқонунӣ-бо ҷалби сиёсатмадорон, ширкатҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳамзистӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – ба чанде аз муваффақиятҳо ноил гардиданд. Бо вуҷуди ин ҳама бисёре аз намудҳо зери хатари маҳвгардӣ қарор доранд ва агар ҳар кадоми мо дар ин самт қадамҳои устувор нагузорем, вазъият рӯ ба беҳбудӣ намеорад. Мо чӣ гуна ба ин ноил мегардем? Бояд кулли аҳолӣ донанд, ки тиҷорати ғайриқонунӣ барои муҳити зист, васоити мавҷудият, ҷомеа ва бехатарӣ чӣ оқибатҳое дорад.Мо бояд рафтор ва одатҳои худро тағйир диҳем, он гоҳ талабот ба маҳсулоти ғайриқонунии табиати ёбоӣ коҳиш меёбад. Огоҳӣ ва амалиёти бештар ҳукумат ва ташкилотҳои байналхалқиро водор месозад қонунҳои қатъиро дар амал татбиқ намуда, нисбати нафароне ки мисли пештара омодаанд даст ба ҷиноят зананд,

номаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва «Барномаи комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2020» яқ қатор корҳоро ба сомон расонида, дар ҳамаи субъектони хоҷагидор, аз ҷумла муассисаҳои буҷетиву ғайрибуҷетӣ ва дигар корхонаҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корбарӣ намуда истодааст. Мутаассифона, имрўз маърифати экологии аҳолии шаҳрамон касро қаноатманд карда наметавонад, зеро солҳои охир дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара партовҳои бесоҳиб ҷамъ шуда, тозагии муҳити атрофро коста гардонида истодааст. Масалан, дар кўчаи ба номи Абдуллоев ва дигар нуқтаҳои

сераҳолии шаҳр ба миқдори зиёд партовҳои рӯзгор ғун мешаванд, ки ин маърифати пасти сокинонро нишон медиҳад. Инчунин аз тарафи сокинон худсарона буридани дарахтон, кашондани ғайриқонунии сангу шағал ва рег аз дарёи Исфара моро нигарон кардааст. Бояд зикр намуд, ки дар маъракаи кабудизоркунии соли ҷорӣ барои ободу зебо гардонидани гулгаштҳои шаҳр аз тарафи бахш ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои ҳамешасабз шинонида шуда, 2 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» дар мавзеи Моҳпарӣ ва «Тозагии соҳил» дар қади дарёи Исфара гузаронида шуд. Аз сокинони шаҳри азизамон даъват ба амал меоварем, ки барои аз лиҳози экологӣ тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри нозанинамон ва ба насли оянда мерос гузоштани диёри сабзу хуррам кўшиш намоянд. Лоиқҷон МАҲКАМОВ, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр.

Ангола - маркази таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

мубориза баранд. Мавзӯи имсолаи Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист – ҳифзи ёбоиҳо буда, водор месозад тамоми намудҳои зери хатари маҳвшавӣ бударо барои наслҳои оянда боқӣ монданашон чораҳо андешем. Ин мумкин аст растанӣ ва ё ҳайвоноти ваҳшии минтақаи зисти шумо бошад ва ё дар сатҳи милливу глобалӣ – маҳви маҳаллӣ ниҳоят боиси аз рӯи замин нест шудани навъ ё намуд мешавад. Касе ва дар ҳар куҷое ки набошед, бояд нисбати тиҷорати ғайриқонунии ҳайвонот ва набототи ёбоӣ муросокор нашуда, дар сухан ва амал як ва тафриқаашро бидонед! Кишвари Ангола, ки ҷиҳати муҳофизати табиати бойи гуногуни биологии табиати ёбоиаш кӯшиш дорад, ин навбат Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ва ҳукумати Ангола дар конфронси COP21 эълон доштанд, ки Рузи умумҷаҳонии муҳити зистро соли 2016 дар ин мамлакат таҷлил намоянд. Зеро масъалаи ҳифзи табиати ёбоӣ барои Ангола, ки давоми солҳои зиёди ҷанги шаҳрвандӣ кӯшиши барқарор намудани филҳои қиршавандаро дорад, басо муҳим аст. -Ангола бо хушнудӣ таҷлили Рузи умуиҷаҳонии муҳити зистро дар кишвараш истиқбол мегирад, -гуфт вазири муҳити зисти Ангола Мария де Фатима Ҷардин. “Савдои ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла устухони фил ва шохи каркадан, муаммои ҷиддиест, ки аз минтақаи мо убур дорад. Ин санаро қайд намуда, мо мекӯшем, ҳушдор диҳем, ки ин тамоюл ба қарибӣ хотима меёбад”.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Исфара» ва созмони шаҳрии ИЖТ ба сардори раёсати ташкилии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва сармуҳаррири рӯзномаи "Хазинаи маърифат", узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исматҷон Пӯлодов нисбати даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯву пайвандонаш аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.

Миқдори боқимондаи филҳои Ангола, ки таърихан дар ҷанубу шарқӣ, инчунин дар минтақаҳои ҳамсоякишвар мезистанд, номаълум буда, барои амиқтар донистани вазъи ҳол дар минтақаи Каза бақайдгирӣ ва тариқи ҳавопаймо ба навор гирифтани филҳо бори нахуст ба роҳ монда шудааст. Маълумоти ҷамъоваришуда барои ба қайд гирифтани давлатии филҳо ва муҳофизати макони зисти онҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Окаванго-Замбези ва ҳифзи онҳо дар минтақаи Кубанго доир карда мешавад. Қаблан соли равон Ангола ӯҳдадор шуд Кодекси ҷиноиашро нисбати қочоқбарӣ аз нав дида, ҷазоҳои қатъитарро нисбати онҳо ҷорӣ намояд. Директори иҷроияи ЮНЕП Ахим Штайнер бар он аст, ки “Имсол аллакай қадамҳои устуворро дар мубориза бо савдои ҳайвоноти ёбоӣ шоҳид гаштем, ки ин ҳам резолютсияи нахустини СММ дар мубориза бо савдогарони вуҳуш, ки дар он ин амалро ҳам дар сатҳи миллӣ ва фаромарзӣ ҳамчун ҷинояти ҷиддӣ қабул намудан даъват карда мешавад. “ Шумори филҳои қиршуда дар қораи Африқо давоми сол беш аз 2000 мебошад, яъне аз 420 ҳазор то 650 000 расидааст. Аз соли 2010 то 2012 на кам аз 100 000 филҳо қир гаштаанд. Ҳисоботи оморӣ гувоҳӣ медиҳад, ки бар як 8 соат як каркадан кушта мешавад. Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист чун дигар санаҳои экологӣ боз як имкониятест барои гузаронидани чорабиниҳои экологӣ: доир намудани семинару тренингҳо, консерту намоишгоҳҳои бадеӣ, озмуну вохўриҳо, тоза кардани кўчаву маҳаллаҳо, ҷӯю заҳкашҳо ва ғайраҳо мебошад. Дар ин рўзи ба ҳама мардуми дунё муҳим мо ҳамаи дўстдорони муҳити зистро табрик мегўем ва даъват менамоем, ки барои тозаву озода ва солим гардонидани кишварамон саҳмгузор бошанд, ва кўшиш намоянд, ки табиати Тоҷикистони биҳиштосои мо боз ҳам зеботару дилҷўтар гардад. Нозирҷон ҲОМИДОВ, мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зист.

Ҷомеаи меҳнатии бахши фарҳанг аз даргузашти корманди бахш Мӯъминов Аббосхон андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабру тасаллият металабад.

Н/И

НАСИМИ ИСФАРА

01. 06. 2016

«Потребность образования лежит в каждом человеке;народ любит и ищет образования, как любит и ищет воздуха для дыхания». Л.Н.ТОЛСТОЙ.

№ 21

3

Школьная жизнь

Уроки для ... родителей Идёт урок математики в IV «А» классе. Учащиеся хором и выразительно приветствуют родителей и гостей. Да, этот урок был подготовлен для родителей. Ведь каждый из них должен был оценить знания своих детей за истекший период с начала текущего учебного года. …Раздаются карточки с заданиями каждому из двадцати четырёх учащихся, причём, типа «лотереи». Тем временем, учительница Замира Абдуалиевна Солиева (на снимке) вывешивает на доске таблицу с задачками на сложение и вычитание, макеты автоматических таблиц для опроса и повторения. Уже тянутся руки детей о готовности решать у доски. На двух больших классных досках одновременно работают по 5-6 учащихся. А тут и дополнительные вопросы, головоломки одноклассников для своих товарищей. Теперь вопросы из области математики переносятся к филологии и этимологии отдельных понятий и математических терминов. Дети не знают усталости , они рады. А родители следят за каждым ответом «своих» и сравнивают с другими. Вот и физкультпауза. Напоминается, что текущий год в области объявлен Годом здорового человека… Вот так, интересно, содержательно и творчески проводит Замира Абдуалиевна свои уроки в четвёртом классе. Её педагогический стаж превысил двадцать лет. Набрав опыта в с/ш № 12 г. Исфары, она в 2011 году переехала в пос. Нефтеабад. Выпускница педагогического колледжа г. Худжанда З.А. Солиева ныне без отрыва от производства обучается на IV курсе ХГУ имени академика Б. Гафурова. Её ученики не раз участвовали в зональных и городских олимпиадах. А Шукрулло Шодиев и Алишер Эмомадов, окончив ВУЗ, работают врачами в городах Душанбе и Москве. Успешно работают в начальных классах под девизом: «25-летию Независимости – достойный подарок!» учителя З. Кахорова, З. Узокова, Ш.Бободжанова, О.Мирзохолова, Ш. Каюмова и другие. Их опыт обобщён и распространен в педколлективе СОУ № 4 посёлка Нефтеабад. М. ЁСИНЖАНОВ. Н/И

Реплика

Информатика: семинары посещать необходимо

Среди всех предметов в школьной программе самый «молодой» предмет - это «Информатика». Проблема заключается не только в том, что не хватает квалифицированных преподавателей этого предмета, но еще и в том, что учителю этого предмета необходимо постоянно следить за нововведениями в области компьютерных технологий, дабы не отстать и «нести» знания сегодняшнего дня, а не то, что уже ушло в историю. В помощь учителям этого предмета, в Компьютерном центре организованы семинары. На этих семинарах учителя делятся и обмениваются знаниями, учатся и узнают новое. Однако, хочется отметить, что посещают эти семинары далеко не все преподаватели. В чем причина? Возможно, у тех преподавателей, которые не соизволяют посещать семинары, настолько велики знания в области компьютерных технологий, что они считают ниже своего достоинства посещать подобные занятия? Могли бы, в таком случае, поделиться своими знаниями и опытом с другими преподавателями-коллегами. Напоминаем: первую среду каждого месяца в Компьютерном центре в 9.00 будет проходить семинар для преподавателей предмета «Информатика». Дополнительную информацию можно получить на сайте (bagservas.weebly.com) . С. В. БАГАУТДИНОВ , специалист по компьютерам сектора информационной технологии и коммуникаций при управлении образования г. Исфары, педагог, программист.


Н/И

нофарӣ зарур аст, 18-20 мг-ро ташкил медиҳад. Барои ҷаббиши хуби оҳани хӯрокӣ бояд дар меъда тезоби намакини озод вуҷуд дошта бошад. Дар рӯдаи дувоздаҳангушта ва рӯдаи борик оҳани дар зери таъсири тезоб дигар шуда, ба сафеда апоферритин пайваст шуда, ба ферритин мубаддал мешавад. Ферритин ба хун гузашта, бо В-1 глобулин якҷоя шуда, дар намуди трансфферин, ба мағзи устухон ва дигар органҳои хунофарӣ меравад. ТАБОБАТИ БЕМОРӢ Воридкунии зиёди доруҳои оҳандор, дар охир багемосидероз, яъне ба ҷамъ шудани оҳан дар узвҳои дарунӣ оварда мерасонад. Массаи эритроситарӣ, танҳо дар ҳолатҳои вазнин, камхунии бениҳоят вазнин, ки ба саломатии бемор зарар мерасонад, гузаронида мешавад. Инчунин доруҳои оҳандори зеринро истифода мебаранд: 1. Ферумлек 1 тб 2 маротиба д/в 2. Ферсинол 1 тб 3 маротиба. 3. Феркайл 3,0мл д/м. 4. Тотема 1 амп.2 мар. Fафурҷон БУТАЕВ, пизишки бачагонаи беморхонаи № 3, деҳаи Чилгазӣ.

2016-Соли фарди солим

Камхунии камоҳан

Камхунии камоҳан (КК)-камхунии ҳипохромии микроҳуҷайравиест, ки дар натиҷаи кам шудани оҳан дар организм равнақ меёбад. Норасогии оҳан ба халалёбии ҳемоглабин ва камшавии миқдори он дар эритроситҳо оварда мерасонад. ПАЙДОИШИ БЕМОРӢ: Бештар дар занҳои қобили зоиш, яъне дар синну соли наслдиҳӣ вомехӯрад. Норасоии оҳан сабабҳои зерин дорад: 1. Камшавии воридшавии оҳан ба организми инсон дар пояи халалёбии таркиби ғизо, истеъмоли сабзавот. 2. Халалёбии ҷаббиши оҳан дар узвҳои ҳозима ҳангоми ахлоргидрия, бемориҳои рӯдаи борик ва ё бурида гирифтани он. 3. Талафоти оҳан ҳангоми хунравӣ: а) аз бачадон (дисфунксияи тухмдонҳо), фибромиомаи бачадон, саратони гарданаки бачадон, эндометриоз ва ғайра. б) хунравӣ аз меъдаю рӯда

№ 21

Ҳар, ки кард обод як саҳрои ноободро, Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгоре мешавад.

(бемориҳои захмӣ, бавосил, саратон, грижаи диафрагмалӣ, колити захмии ғайримахсус, полипоз). в) шушӣ (саратон, бронхоэктазҳо, гемосидерози шушии маҳдуд). Инчунин ҳангоми баъзе ҳолатҳои физиологӣ (ҳомиладорӣ, ширмаконӣ, давраи рушди фаъол) ва патологӣ (норасоии) музмини гурда, бемориҳои сироятии музмин (саратонҳо), норасогии ирсии оҳан низ дида мешавад. Оҳан ба таркиби миоглобин, ситохромҳо, каталазҳо, пероксидазаҳо дохил мешавад, бинобар ин норасогии оҳан ба як қатор дигаргуниҳо ва ба вайроншавии мембранаи ҳуҷайраҳо оварда мерасонад. Оҳан элементи заруртарини организм буда, дар транспорти кислород, реаксияҳои иммунобиологӣ ва ҳимоякунӣ иштирок менамояд. Нақши оҳан дар гемопооз хеле баланд аст. Миқдори истифодабарии шабонарӯзии оҳан, ки барои ху-

давлатии ба қайдгирӣ, бо рақамҳои давлатии бегона ва мӯҳлати истифодаашон гузашта, таҷҳизоти равшанидиҳанда ва садодиҳандаи ғайристандартӣ, истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, вайрон намуШӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилии дани меъёри суръати ҳаракат, қайди сабқат ва шӯъбаи 1 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри ҷойивазкунӣ, гузаштани чорроҳа ва ғайраҳо аз Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақ- 25.05.2016 то 05.06.2016 дар минтақаи хизматӣ садноки «Назорат», ки аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии бо ҷалб намудани қувваю воcитаҳои дигар хадТоҷикистон аз 30.08.2000 сол, 22/5-202 тасдиқ мотҳои милитсия, намояндагони ташкилотҳои шудааст, бо мақсади ба танзим даровардани ҷамъиятӣ, маориф, намояндагони кумитаҳои интизоми нақлиётӣ дар роҳҳо ва ошкор наму- маҳалу гузар ва воситаҳои ахбори умум амалидани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ, ёти «Тартибот»-ро ба нақша гирифта, як қатор аз ҷумла идораи воситаи нақӯлмиёт бо оинаҳои чорабиниҳоро ташкил ва мегузаронад. ШБДА ШӮЪБАИ 1 ВКД. сиёҳшиша ва гирдогирд пардапӯш, бе рақами Н/И

БДА хабар медиҳад

Амалиёти "Тартибот"

Комиссияи муштараки озмуни хариди МИҲД, воқеъ дар ш. Исфара, кӯчаи Марказӣ, 20, телефон 2-66-01 ва ташкилоти "Харидор" довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни хариди номгӯйи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. Довталабон метавонанд барои

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД

гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ ба суроғаи мақоми ваколатдор муроҷиат намоянд. Лифофаҳо бо пешниҳоди довталабон аз ҷониби комиссияи

муштарак тибқи тартиби муқаррарӣ кушода мешавад. Лифофаҳо то вақти "сана ва вақти кушодани лифофаҳо" қабул карда мешаванд.

Ташкилоти харидор

Телефон

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

Беморхонаи марказии шаҳри Исфара

2-66-01

Хариди ангиштсанг

Тонна

Маҷмӯъ

16.06.2016, соати 10-00

Беморхонаи марказии шаҳри Исфара

2-66-01

Таҷҳизоти тиббии "Калкаскоп"

Адад

1

22.06.2016, соати 10-00

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД

ФУРӮХТА МЕШАВАД

Дипломи ДТК № 0012613, ки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом 5 июли соли 2006 таҳти рақами бақайдгирии 2340 ба Мамадқулова Ашӯрхон Хусеновна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи АБ № 285052, ки МТМУ № 12 соли хониши 2001 ба Абдулазизов Шероз Абдусадиевич додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи № 357810, ки МТМУ № 27 соли хониши 1991 ба Эгамова Мастона додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи АБ № 2146102, ки соли хониши 1994 МТМУ № 4 ба Назиров Носир Акбарович додааст.

«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ

Бошишгоҳи № 4-и хоҷагии ҷомеавии «Боғистон» бинобар аз андоз қарздор буданаш фурӯхта мешавад. Маълумоти иловагиро тариқи телефони 927247001 гирифта метавонед.

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфродӣ Саидов Файзулло Лутфиевич, ки бо шаҳодатномаи таҳти рақами 0005250 аз 22 июли соли 2009 дар нозироти андози шаҳр ба қайд гирифта шудааст, кор мекард, фаъолияташро қатъ менамояд.

Н/И

НАСИМИ ИСФАРА

01. 06. 2016

4

Баёни меҳр

"Меҳмонкӯб"

Банда ашъори пуробу ранг, мақолаву очеркҳои судӣ, лавҳа, репортажу ҳазлҳои солинавӣ ва дигар чакидаҳои килки буррои ӯро дар рӯзномаҳои дӯстдоштаи «Насими Исфара», «Ҳақиқати Суғд» ва дигар маҷаллаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ муттасил мутолиа менамоям. Вале шиносоии ман, аз наздик бо ин марди шариф, хоксору донишманд бо таври ғайриоддӣ ба вуқӯъ пайваста буд… Камина дар канори деҳа, дар доманаи кӯҳ, ки онро мо Хоҷааълоиён «Қаптал» меномем ва фаромадгоҳи он хеле чуқур ва ҳавзаи ботлоқзореро мемонд ва фарози он хористону янтоқзоре буд, бо меҳнату сарфи зиёде боғи дилкушое бунёд намуда будам. Қисми поёнии он мавзеъро ҳамвор намуда, шолӣ кишт карда будам. Моҳи октябри соли 2006. Шолӣ пурра пухта расида, ҷавлон мезад. Дарахтони себу хурмо, чӣ хеле ки мегӯянд «шохшикан» бор оварда буданд. Одатан ҳар рӯз хабаргирӣ мерафтаму натиҷаи меҳнати худро дида, як ҷаҳон лаззат мебурдам. Он рӯз ман дар хона. Касе хабар расонд, ки дар боғчасароятон як тӯда гову гӯсолаҳо "ҷавлон" доранд. Банда чӣ хел масофаи якунимкилометраро пиёда тай намуда, худро ба он ҷо расонидам, худ тасаввур кунед… Қисме аз гову гӯсолаҳоро бо як азоб аз боғ ронда берун кардам, вале як гови ниҳоят чарс думашро боло карда, ин тарафу он тараф «қаталоқ» мезад ва хавфи ба даруни шолизор даромадан дошт. Касе набуд, ки ба ман ёрӣ расонад. Дар ҳамин лаҳза, хушбахтона, марде роҳгузар-баландқомату лоғарандоме аз дур намоён шуд. Фарёд задам: -Ҳой бародар! Давед, он тарафро доред, он говро гардонед, ба даруни шолӣ надарояд!... «Раҳгузар» сухани маро рад накард, ба ёрӣ шитофт. Он ҳайвон ҳамоно намехост аз боғ берун барояд. Хуллас, ду кас ним соат зиёд даву тоз карда, ба обу арақ ғӯтида, бо як азоб он ҷонвари бешохбандро аз даричаи «Қаптал» берун кардем. -Акнун бародар, Шумо як оши палав аз биринҷи ҳамин шолитон ба ман қарздор,-гуфт шӯхиомез, шахси роҳгузар? -Як ош не, даҳ ош садқаи Шумо! Агар Шуморо ин лаҳза Худо намерасонд, кӣ медонад, ин ҳосили пухтарасидаро ин ҷонвар дар ҷояш «кӯфта» медод, - гуфтам хиҷолатомез, ки ин меҳмонро бе пӯшт-пӯшт ба говгардонӣ фармуда будам. Мо дар зери дарахти хурмо, ки шохҳояш аз пурборӣ ба замин ҳамоил шуда буд, андак нафасро рост, арақҳои пешониро пок карда, дами хуш задем. Аз сӯҳбат маълумам гашт, ки ин марди накӯ Субҳиддин Сайфиддинов будааст. Ҳамон Субҳиддине, ки ном ва сифати ӯро аз сӯҳбати мӯйсафедони шаҳр дар чойхонаи соҳили дарё шунида будам, ки яъне мегуфт: -Субҳиддин Сайфиддинуф кӣ бошад? Бар падараш раҳмат! Дар газета як мақолаашро бо номи «Об дар кӯчаву мо ташналабон мегардем» мутолиа карда будам. Дере нагузашта аз таъсири ин мақола ба хонаҳои мо-шаҳриён об ҷорӣ шуд. -Ҳа, ӯро мо нағз мешиносем,-ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд дигаре,-вай бо кормандони суду прокуратураву милитсия ҳам дар алоқамандӣ бисёр мақолаҳо навишта, сирру асрори авбошону ҳаромхӯрҳову рибохорону ҷинояткоронро фош мекунад. -Якеро сухан, якеро қадаму якеро қалам гуфтаанд. Ин хел мухбирҳо бо нӯги қаламашон ба халқу давлат манфиати зиёде мерасонанд, ки аз ҳисобу китоб берун аст,-илова намуд сеюмӣ. Инак, имрӯз ин меҳмони мо бо супориши Судуриддин Маҳкамов оиди ҳафтодсолагӣ ва кору фаъолияти банда баҳри навиштани маводе ба хона омада буда-

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муллифон вогузор аст.

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

Дар ҶДММ "Вектор-Канд" чоп шудааст. Супориши № ____________

аст. Дар хона мегӯянд, ки муаллим дар «Қапталобод», меҳмон ҳайрон мешавад, ки боз ин Қапталободаш дар куҷо бошад? Хулоса, бо суроғ он «маконро» ёфта, чӣ хеле ки дар боло гуфта гузаштам, дучори говгардонӣ шудааст. Субҳиддин аз таърихи бунёд карда шудани ин мавзеъ пурсон шуд. -Ин ҷо гап бисёру ман ба Шумо як лаҳзаи дигари ҷолиби диққатро нақл мекунам,-гуфтам ба ӯ. Боре дӯсту бародарам марҳум, нависандаи ҳаҷвнигор Бурҳон Fанӣ ба меҳмонӣ омаду гилагузорӣ кард, ки дар вақтҳои охир ба маҷаллаи мо - «Хорпуштак» чизе наменависед. Дар ҷавоб гуфтам, ки ман ҳозир, дар айни ҳол ба навиштани роман машғулам. Номаш «Қапталобод». Ӯ рост бовар кард ва хост дастнависи онро бинад. -Хуб шудааст,-гуфтам,-ҳозир ман Шуморо бо дастнавис шинос мекунам ва бе гап ба мошин савор карда, ба ҳамин мавзеъ овардам. Боғу роғ ва зироатҳоро нишон додам ва гуфтам: -ана ҳамин аст... -Дастнависи Шумо аз ҳар гуна повесту романҳои пучу бемаънӣ садҳо маротиба беҳтар аст, - гуфт Бурҳон Ғанӣ. Субҳиддин гуфт: -Ман фикри Бурҳон Fаниро пурра тарафгирӣ мекунам. Ҳар, ки кард обод як саҳрои ноободро, Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгоре мешавад. Мо бо Субҳиддин як халта аз хурмову себҳои пухтарасидаи арғувонӣ чида, ба хона баргаштем. Офтоб ғуруб карда буд. Сӯҳбати мо то дер давом кард. Янгамуллоятон аз воқеа бохабар шуда гуфт: -Кори нағз накардед мардак, меҳмонро ҳам «меҳмонкӯб» кардаед-дия… Он сол дар шумораи навбатии рӯзномаи «Насими Исфара» очерки ӯ бо номи «Паи сабз» ба нашр расонид, ки аз хотирам ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Чӣ қадар суханҳои гарму нарм ва самимӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба каминаи камтарин аз аҳли байти банда! Имрӯз ана он вохӯриву сӯҳбатҳои самимӣ риштаи дӯстиву бародарии моро ногусастанӣ кардааст. Ҳар боре, ки ба идораи рӯзномаи дӯстдоштаам меравам, маро бо ҳамроҳии Судуриддин аз зинаҳо фароварда то берун самимона мегуселонанд. Субҳиддин-дӯсту бародари гиромиқадрам ба синни мубораки шаст даромадааст. Ӯ барандаи ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, Аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон, ғолиби озмуни "Рӯзноманигори соли вилояти Суғд", муаллиф ва тартибдиҳандаи 15 (китоб) асарҳо, сазовори чандин «Раҳматнома»-ву «Сипоснома»-ҳо. Муборак мегӯям! Саломатӣ, умри бардавом, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва давлати пирии бешикаст насибат бод Субҳиддин!... Ба шаст омадӣ, ҳеҷ гоҳ нагардад шастат! Ба сад расию қалам наафтад аз дастат! Ҳоҷӣ Бобоҷон ТӯЙЧИЗОДА, собиқадори маориф.

www.nasimisfara.com

Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru

Масъули шумора: Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ. Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА. Иҷозат ба чоп: 31. 05. 2016. Адади нашр: 4700.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook