Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 21 (9390) *** Чоршанбе, 16. 06. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон Ҳ
амчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд. Зимни мулоқоти хоссае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо мусоидат хоҳад кард. *** Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. *** Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Зимни музокироти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосса дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи
корҳои дарпешистода ҷиҳати таъмиқ ва васеъ намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян карда шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди устувори рушди ҳамкории ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар бахши амниятӣ махсус таъкид карда, бори дигар ба Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар шакли доруворӣ ва таҷҳизот, инчунин беморхонаи сайёр дар давраи душвори пандемияи нави коронавирус, изҳори миннатдорӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вилояти Хатлон баргузор гардид, баҳои баланд доданд. Пешвои миллат қайд карданд, ки натиҷаҳои гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз мавҷудияти имконоти бузург барои тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва
сармоягузорӣ шаҳодат медиҳанд. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии маблағҳои созишномаҳо, лоиҳаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии байниҳукуматӣ, ки ба имзо расидаанд ва дар чорчӯбаи сафар имзо мешаванд, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Зимни муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар нигаронида шудаанд, табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи лоиҳаи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тахминии 320 мегаватт ва таъсиси як ширкати муштараки сармоягузорӣ андешаронӣ карданд. Ҷонибҳо масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ карданд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии тарафайн дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои соҳаи кишоварзии ду кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба мувофиқа расиданд. Дар рафти мулоқот ба доираи васеи ҳамкориҳои ҷонибҳо дар
соҳаи фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони аҳолии Ӯзбекистон изҳори миннатдории махсус карданд. Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳанг ба хотири таҳкими дӯстии асил ва самимии мардумони ду кишвар, ки таърихи қадима дорад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши нобиғаҳои адабиёту фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ як филми пурмазмуни таърихӣ таҳия намоянд. Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои минтақавӣ ба масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ диққати зарурӣ дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи вазъи низомиву сиёсии Афғонистони барои ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла бо дарназардошти хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави он мубодилаи афкор карданд. Зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷонибҳо барои барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон қайд карда шуд. Зимни муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ Пешвои миллат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи захираҳои оби минтақа таъсир мерасонад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар ин росто, ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи эълони
“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва муайян кардани санаи солонаи “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора гардид. Ба ҳамкории фаъоли минбаъдаи ду кишвар дар пешбурди ин ташаббусҳо изҳори умед карда шуд. *** Дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳимми соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Ин даргоҳи илму маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст. Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад. Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани (Давомаш дар саҳ.2).