Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 20 (9435) *** Чоршанбе, 25. 05. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Таҷлили Рӯзи ҷавонон Дар маркази шаҳр Рӯзи ҷавонон дар фазои идона, бо орзуву ниятҳои неки созанда ва дар сатҳи баланду шоиста таҷлил гардид.
Н
ахуст, ҳазорҳо нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара бо шиорҳои ватандӯстонаву Парчами давлатӣ бо шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» дар хиёбони марказии шаҳр раҳпаймоӣ намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара беш аз 91 ҳазор ҷавонони то 30 сола умр
ба сар мебаранд, ки дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳму нақши назаррас доранд. Дар чорабинии идона, ки дар майдони Парчами давлатӣ доир гардид, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳозирин ва дар симои онҳо ба кулли ҷавонони Исфарамарз самимона муборакбод гуфт. Мавсуф ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани ин санаи фархундаро далели равшани таваҷҷуҳ ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд. Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр минбаъд низ омӯхтани илму дониш,
касбу ҳунар ва ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ободонии сарзамини аҷдодӣ саҳми арзанда мегузоранд. Минбаъд Баҳоваддин Баҳодурзода ба як катор чавонони фаъол, донишҷӯён ва муҳассилини аълохони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ идрорпулиҳои раиси шаҳр ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро супорид. Дар анҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари Ватан, ҷавонӣ ва соҳибихтиёрии милливу давлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. *** Дар деҳаи баландкӯҳи Ворух низ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо раҳпаймоӣ, ҳамоиш ва намоиши барномаи фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Қабули сайёри Вазири маориф дар Исфара 21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид.
З
имни қабул беш аз 20 нафар иштирок намуда, истиқоматкунандагон, асосан, доир ба пешниҳод ба мукофотҳои соҳавию давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омодасозии кадрҳои ҷавон, дар ҳолатҳои истисноӣ пеш аз муҳлат ба роҳ мондани аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар доираи маблағҳои ҷудошуда харидорӣ намудани компютерҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷониби муаллифони китобҳои дарсӣ таҳия гардидани дафтарҳои корӣ, пешгирӣ аз санҷишҳои бемавриду ғайринақшавӣ аз ҷониби идораву сохторҳои ғайрисоҳавӣ, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, аз тавозуни як сохтор ба сохтори дигар гузаронидани биноҳои муассисаҳои таълимӣ, таҳияи барномаи алоҳида дар самти таҷрибаивазкунии омӯзгорони ҷавон дар дохили кишвар, табдили мақоми муассисаи таълимӣ, барои истифодаи умум ба муассисаҳои таълимӣ вобаста
намудани китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, бо барномаҳои таълимӣ мувофиқа намудани китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, омода намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию дақиқ бо забони русӣ, ҷудо намудани квотаҳои иловагӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба имтиёзҳои муқарраршуда ва чанде дигар дархост ва таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд. Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Р. Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини саривақтии дархосту пешниҳодоти шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, мусоидат намоянд.
Рӯ ба рӯям зане нишастааст, ки соли наваду сеюми умрашро сипарӣ мекунад. Бо рӯи ожангзада, ҷуссаи лоғар, чашмони камнур, лек пур аз муҳаббати модарона, саропо бо иффат ва дили лабрез аз ҳасрат.
О
Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..."
Дар китобхонаи марказии ба номи А. Лоҳутӣ даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуд, ки дар он 230 нафар довталабон иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия баргузор гардид.
Б
ояд гуфт, ки нахуст даври минтақавии озмуни мазкур баргузор шуда, ғолибони он ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Аз 18 то 21-уми майи соли равон бошад, тибқи Низомномаи озмун дар китобхонаи марказии ба номи А.Лоҳутӣ даври шаҳрӣ шуда гузашт, ки дар он зиёда 230 нафар иштирок карданд. Синну соли иштирокчиён аз 6 то 61-соларо дар бар мегирифт. Бино ба гуфти мудири китобхонаи
марказии шаҳр С. Амонуллоев озмуни имсола нисбат ба солҳои пешина хубу хотирмон ташкил ва баргузор шуд. Зеро миёни иштирокчиён шумораи занҳои нафақахӯр бештар дида мешуд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида шуд: -адабиёти кӯдакону наврасон ва шифоҳии халқи тоҷик; -адабиёти классикии тоҷик; -адабиёти мусоири тоҷик; -адибони ҷаҳон; -эҷоди назму наср. Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ғолибон дар давраи вилоятӣ муаррифгари Исфара хоҳанд буд.
Модаре, ки саропо ибрат аст милитсия ва Толибҷон - омӯзгори беҳтарини фанни физикаи мактаби деҳа, барвақт зиндагиро падруд гуфтанд. Орзуи дар рӯи қолини хонаи онҳо роҳат нишастанро дошт, аммо мутаассифона тақдир насибаш накард. Ба қатори ордену медалҳои бари ҷомааш дида духтам, Очаи Анбарбону гӯё аз нигоҳам суоламро пешакӣ пайхас бурд: - Гумон мекунед, ки акнун ман дигар рисолате надорам? Иштибоҳ мекунед! Вазифаи мани пирсол ба ҷавонон шукргузориро омӯхтан аст: "Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад, В-ар нагӯӣ, аз кафат берун шавад". Ба пирон бошад, саъй мекунам, то дар ҳама маҳфилҳо фазои идонаро ташкил намоям. Дар маъракаҳо бархе аз куҳансолон ва масъулон аз мушкилот ҳарф мезананд, аз рӯзгор, давру замон норозигӣ мекунанд. Иштирокдорони маърака дар пайи ҳарфҳои ҳузновари онҳо бо дили ғамгин, афсурдахотир ва ноумед ба хонаашон мераванд, ки ин гуноҳ аст. Ман як моҳи Рамазон дар ҳама маъракаҳои мардум будам, дастархони обод, пурбор, рангин, зебо! Магар ин тавр нест? Барои ҳамин мудом мегӯям, ки Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ, Дар банди такаллуф машав озод бизӣ. Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр, Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!
чаи Анбарбонуро дар ҳама маҳфилҳои деҳа дучор омадан мумкин аст. Дар деҳа шахси бузургсолтарин маҳсуб мешавад ва ҳама умри бобаракати тай намудааш шоистаи таҳсин, офарин ва моломоли ибрату пайравист. Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вақте, ки ҳамагӣ дувоздаҳ сол дошт, домони модарашро дошта, сӯи саҳро мерафт. Ба модараш дар парвариши ғалла кумак менамуд. Раиси колхоз Бобоқурбон Ашӯров, ки марди серталаб ва аз ҳад ҷиддӣ буд дар ибтидо хост ин духтараки бо модараш омадаро аз саҳро ронад: - Саҳро ҷои кӯдакон нест! - мегуфт ӯ. Лек талошу ғайрати Анбарбону монеи хосташ шуд. Ӯ набалки аз саҳро ронда нашуд, балки ҳамчун як узви комилҳуқуқи даста соҳиби Исфара дар ҷамъомади мутантани поёк (ҳисса)-и нонӣ гашт. Дар қатори ноҳиявӣ ба Анбарбону Очилова ва калонсолон якто нони гандумии Очашарифа Шерматова медали тунукро, ки он замон арзиши бемисл "Ғалаба аз болои Германияи фашистӣ дошт, соҳибӣ мекард. дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои Аз соли 1943, вақте ки чордаҳсола 1941-1945"-ро супорид. Ҳамин тавр, шуд, узви комилҳуқуқи дастаи пас аз ин қадршиносӣ Анбарбону бо колхоз гардид. Шабонгоҳҳо ғалла неруи дучанд ба сохтани давлати пас медаравиданду рӯзона пахта каланд аз ҷангии тоҷикон заҳмат мекашид. мекарданд. Ҳама чиз барои Фронт, Бо иштирокчии Ҷанги Бузурги ҳама чиз барои Ғалаба буд. Ватанӣ Деҳқонбой Солиев издивоҷ Чандин нафар занҳои дигари кард. Солҳои дароз дар фермаи - Орзу доред? деҳа ба мисли Саврубону (яке аз ширию молӣ заҳмат кашид, аз хонаву - Магар зиндагӣ бе орзу мешавад?! аввалин тракторчизанҳо дар Исфара), дар дур, дар ҷое, ки ягон лаҳза роҳат Орзуи ман саодатманд дидани кулли Бибинозира, Бибиазиза, Очашарифа, надошт. Лекин ҷаҳди расидан ба Хайриниссо ва Саломатбону низ орзуҳои ширини зиндагӣ, боварӣ ба ҳамватанон аст. Барои ин бояд мо хаста нашуда, шабонарӯзӣ заҳмат ояндаи нек, таваллуди кӯдакон маънои дар атрофи Пешвои миллат ҳамеша мекашиданд. Чодарашон бастаҳои зиндагии ӯ гаштанд. Панҷоҳ сол дар муттаҳид бошем. Ба давлату миллат ғалла, бистарашон коҳҳои саҳро, колхоз ҳамчун деҳқони асил фаъолият арҷ гузошта тавонем. Худованд фазои таксариашон турбати алафҳои хушки намуд. Зиндагӣ, ки пастиву баландиҳо Тоҷикистонро ҳамеша дар амн нигоҳ дорад! ёлаҳо гашта буд. дорад, рӯзҳои сиёҳро ҳам ба сараш Ҷанг ба итмом расид, моҳи майи оварданд. Фарзандонаш Бобошокир Ҷавоҳирлаъл ШАРИФЗОДА, соли 1945 комиссари ҳарбии шаҳри ронандаи хоҷагӣ, Зоҳирҷон - корманди сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.
Номзадкунии бармаҳал сабаби ба миён омадани зӯроварӣ нисбати духтарон аст. Аз номзадкунии бармаҳал худдорӣ кунед!