Skip to main content

20 21 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Нашри махсус

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 20-21 (299-300)

аз 28 сентябри соли 2015

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Тел: 2-61-62

Ибод Файзулло - 80 сол email: gazeta-imruz@mail.ru

www.tojinfo.ru

КӮҲИ ПАНҶУМ (Эҳдо ба Ибодулло Файзулло)

Исфара гар бо фари худ, Файзу ҳусни тоза дорад. Дар ҷаҳон бо Чоркӯҳаш, Шӯҳрату овоза дорад. Чоркӯҳаш чор девор, Осмон боми диёр аст. Шаб ба мисли чилчароғаш, Моҳу ахтар шӯълабор аст. Зодааш шуд кӯҳи панҷум, Дар шумори чор кӯҳаш. Исфара бо кӯҳи дигар, Мекунад афзун шукӯҳаш. Чор кӯҳи рангаи он, Ганҷҳо дар сина дорад. “Кӯҳи панҷум” дар замираш, Аз сухан ганҷина дорад. Чоркӯҳ гар рӯд дорад, Монад аз туғён замоне. Рӯдбори Кӯҳи панҷум, Ҷӯш дорад ҷовидонӣ. Моҳиёни лангарашро, Дидаам бо дидаи сар. Шуд ба чашми дил намудор, Рӯди дигар, пур зи гавҳар. Чоркӯҳо, бар канорат, Омадам баҳри зиёрат. Баъд аз ин бар Кӯҳи панҷум, Меравам баҳри ибодат. Саидалӣ МАЪМУР. Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркӯҳ, дар оилаи инсони бомаърифату бофарҳанг ва яке аз шахсони барӯманди Исфара ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи далватии Тоҷикистон соли 1959 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси корманди рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” оғоз намудааст. Дар вазифаҳои мудири шӯъба

ва котиби масъули он кор кардааст. Соли 1963 бошад, муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва соли 1965 котиби КМ Комсомоли Тоҷикистон интихоб мешавад. Соли 1969 фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун муовини мудири шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон идома ёфта, соли 1977 дар мактаби олии партиявии Маскав таҳсил кард. Солҳои 1977-1979 сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони

Советӣ” шуда кор кард. Солҳои 1979-1981 мудири шӯъбаи маданияти КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, cолҳои 1981-1991 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1991 то охири умр сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Душанбе” буд. Китобҳои “Ба сӯи нур”, “Рӯ ба офтоб”, Садоқат”, Роҳҳои зиндагӣ”, Гулхани дӯстӣ”, “Падарон ва фарзандон”, “Дур аз фронт”, Ошёни баланд”, Қиссаи

бешаи сабз”, “Борони баҳорон”, “Савганд”, “Қарзи фарзандӣ”, “Аскари қаторӣ”, “Лаҳзаҳои дидор” ва “Кӯҳи панҷум” ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ибод Файзулло Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон буда, дорандаи ҷоизаи Лоҳутӣ мебошад. Борҳо депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Нафақахӯри аҳамияти Ҷумҳуриявӣ барои хизматҳои махсус буд.


20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 2

“Имрeз”

№ 20-21 (299-300)

аз 28 сентябри соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

ЛАҲЗАҲОИ ДИДОР

Ca[ифаи 2.

Рӯзноманигор ва нависандаи номдори мо Ибод Файзулло аз олам гузаштааст. Ӯ, ки солҳои сол сармуҳарририи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон, “Тоҷикистони советӣ” ва “Паёми Душанбе”ро ба ӯҳда дошт, дар рушду камоли соҳаи рӯзноманигории тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Ибод Файзулло дар мансабҳои баланди ҳизбӣ кор кардааст, солҳои тӯлонӣ котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Қиссаву повестҳо, очерку лавҳаҳои саршори муҳаббати ӯ дар дили хонандагон мақоми шоиста доранд. Чанд лавҳае, ки ба хонандагони гиромӣ пешниҳод мешаванд, фурсате пештар аз марги нобаҳангомаш иншо шудаанд ва ҳатто ӯ маҷол наёфт, ки мошиннависи офаридаи худро хонад. Рӯҳаш шод ва ҷояш ҷаннат бод! 1.МУҲАММАД ...Ниҳоят, аз азобу шиканҷа ва истинтоқи полис, гумрук ва марзбон раҳоӣ ёфта, худро дар саҳни ҳавлии фурӯдгоҳи Внуково дидам. Ба истиқболам ҷавони хушсимо, хушқадду қомат, хушрӯ ва дилҷӯе мехчагул ба даст, ханда ба лаб меомад. -Расидан бахайр! – гуфт худро дартоз ба бағали пиронаам писарвор андохта, -Маскав пешкаш! Ҳа ҳамин тавр гуфт ӯ, гӯиё, ки хӯҷаин, ё мири ин шаҳри азим бошад ва бағочамро аз даст гирифта, сӯи мошини кироя роҳнамун гашт. Гузаштам, шистам, оҳи сабуке аз сина кашидам. Хушҳол, зиндадил, меҳрубон ва ҳамоно хандабалаб буд. Сар ба китфонам ниҳод, дастам гирифт, фишурд. –Бӯи Тоҷикистон, накҳати кишварам меояд аз шумо, - ҳамин тавр гуфт ва ашк сари мижгонҳои дарозу базебаш ҳалқа зад ва ӯ дар ҳамин ҳолат дар назарам боз ҳам зеботар тофт. Сабукрав вориди роҳи ҷангалзори пуршукӯҳ гашт, анбӯҳи дарахтони сарв, ки ба тан пироҳани испед кашида, аз навозиши насими шӯх нозукадоёна сар ба китфони ҳам мениҳоданд, дар ин нимарӯзии пурсафо ба наварӯсон монандӣ доштанд. Шукӯҳу шаҳомати роҳи ҳамвору васеъ ва пурмошин беназир буд. Эълону реклам ва чароғони чашмрабо фаровон буд. Ва банда, ростӣ, Москваи пешинро нашинохтам. Солиёни зиёд наомада будам. Омаду рафт ҳам душвор шудааст... -Кам не, ғам не, дар Маскав тоҷикон бисёранд, - бо кадом як андешае гуфт ҷавони хушодобу хушсалиқа, -кӯшиши зиёде ба харҷ дода мешавад, ки ҳама сарҷамъ, муттаҳид, ҳамдаму ҳамнафас бошем ва ризқу рӯзиямонро бо заҳмати хеш пайдо кунем. Мулоқот, шабнишинӣ, дидорбиниҳо барпо мешаванд. Иду айёмро якҷоя мегузаронем. Ва дар ин кори хайр Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Иттиҳоди байналмиллалии нависандагон, тоҷирон ва корчаллонҳои баору номус, ҳайати эҷодии ҳафтавори “Чархи гардун”, ки барои ҳамватанонамон дар Маскав интишор мешавад, саҳмгиранд. Рафтаравон самимӣ, дилпазир, айни муддао ҳарф мезад мусоҳибам. Ва банда эҳсос кардам, ки таи чанд соли дар Маскав хондану зистану кор карданаш ӯ дониши зиёде андӯхта, оламу одам дида, сабзида хеле камол ёфтааст. Ифтихор кардам аз тоҷикписари арзанда ва зебандаи миллату меҳани хеш. *** Мошин дар кӯчаи Яртсевскаяи Маскав, рӯ ба рӯи мағозаи мӯҳташами “Рамстор” қарор гирифт. -Меҳмони ман мешавед, - гуфт ҷавон кӯлбори маро ба даст гирифта, - дам ғанимат, одам ғанимат гуфтаанд. Читу шуда омадед. Завҷаам Гулнорабону ба палавпазӣ усто. Сӯҳбате то субҳ

барпо хоҳем кард. Ҷиянчаҳоятон Мероҷу Монигул ва Ромиш ҳам хурсанд мешаванд. Воқеан ин хурдиамон зодаи Маскав аст. Канӣ, пеш гузаред, марҳамат... ...Аҷаб гуворо буд лаҳзаи дидорбинӣ бо шогирди деринаамсобиқ корманди як қатор рӯзномаҳои Ҷумҳурӣ, барандаи гуфторҳои телевизиони “Субҳ”, нависанда ва рӯзноманигор, дастпарвари Академияи дипломатии Русия Муҳаммади Эгамзод. Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!

2.ҶАМШЕД Рӯ ба рӯи Музеи таърихӣ муҷассамаи Маршали овозадор Жуковро, ки аспсавор буд, дар майдони машҳури Манежная тарабхона, растаи мағозаҳо, гулгашту фаввораҳоро дида, ҳайратам афзуд. -Аҷаб давре, аҷоиб замоне, гуфтам ба худ ва ҳамин лаҳза чашмам ба пештоқи меҳмонхонаи “Маскав” бархӯрд, ки он ҷо акнун ба ҷои номи пешинааш “Балтика” сабт шудааст. -Оё ман саҳв мекунам? – пурсон мешавам аз раҳгузаре, - номи меҳмонхона дигар шудааст? -Не, не ин ҳамон “Москва”... -Пас чаро “Балтика” навиштаанд? Ҷавоне, чеҳракушоде аз кунҷкобиам огаҳӣ ёфта, наздам меояд. -Аз Тоҷикистонед аз афташ? -Шукри Худо. -Ассалому алайкум. -Ваалейкум ассалом. Ташаккур барои одобатон. -Салому алейк як чизи меросист. -Маъқул. Шумо кистед? -Ман? Як тоҷикписаре. Номам Ҷамшед. Рӯзгор маҷбурам кард, ки дар ин ҷоҳо мардикорӣ кунам... Аммо шумо аз номи меҳмонхона пурсон шудед? -Бале, ин ҷо замоне “Москва” навиштагӣ буд... -Ҳозир номи пивои машҳур “Балтика”-ро навиштагӣ. Як навъ реклом. Оё майли нӯшидан надоред? -Не, не писар, биёед беҳтараш сӯи Майдони Сурх қадам занем. Сайру гашт, мубодилаи афкор ва сӯҳбатҳо бо тоҷикписаре дар Маскав хуш буд маро. Адабиётдӯст, шеъргӯ ҷавоне будааст. Чанд байти ба русӣ навиштаашро мутантан қироат кард. Аз ишқу ихлосу муҳаббати ноком, аз дарди ғарибӣ, аз пазмониҳои кишвар ва падару модар буд ашъораш. Хуш ҳарф мезад, тозабаён буд. -Ба Ватан кай баргаштанӣ Шумо? – суолаш додам ҳангоме, ки аз паҳлӯи ҳардуямон зебосанаме, тозалибосе, танноз ва маҳҷабине хиромон гузашта рафт. Арӯси ҳақиқиро мемонд, олиҳаи ҳусну ҷамол буд. Хаёл кардам, ки ҷавон сӯи вай дидаи ҳавас медӯзад. Не, бепарво буд. Ба дилаш оташе ҷо карданӣ шуда, аз Ҳофиз ёд кардам: Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш,

Буте сангиндилу симинбаногӯш. Нигоре, чобуке шӯхе, париваш, Ҳарифе, маҳваше, сарви қабопӯш. Не, вай риштаи суханро сӯи дигар кашид: -Зеботар аз инҳо дар диёри худамон бисёр. Андаки дигар пул кор кунам, домодзеб шавам, иншооллоҳ, бармегардам. Париваше он ҷо тӯйро бесаброна интизор аст... Гирди лабонам ханда гул кард. *** Сонӣ... ҳо, ҳангоми шаббахайр фаҳмидам, ки ин ҷавони хушмуомила, суханшинос, шеърдӯст Ҷамшед яке аз фарзандони шиноси деринаам – собиқадори кони ангишти Шӯроби Исфарамарз Сахиюллохӯҷаи Файзулло будааст. Чун дар истгоҳи “Ҷавонӣ” аз қатораи метро фаромад, ба дил гуфтам: -Ризқу рӯзиятро ёб, ба дилдодаат пайванд шав, домоди базеб!

буссавор сӯи Пахра равон шудем. -Чун автобус бозистод, ӯ ҷониби бинои панҷошёнае ишора карда гуфт: -Ҳо, ҳамон бино-ошёнаи чорум. Ва бо ман гарм хайрбод карда, вориди дарахтзорони зиёд рафтагор шуд. Бардам, паҳлавонона қадам мезад ва аз ҳамин қарибиҳо суруди форами Соловей –Седой ба гӯш мерасид: Неслышны в саду даже шорохи, Все здесь замерло до утра. Если бы вы знали, Как мне дороги Подмосковные вечера. Эҳтимол афсарро маъшуқааш ба истиқбол меомад… *** Людмила Николаевна Волкова – собиқ корманди телевизиони тоҷик, баъдан мутахассиси Кумитаи касбию техникии Тоҷикистон бо шавҳараш Юрий Серафимович дар Подолск дар Пахра маро бо шодмониҳои зиёде истиқбол карданд. Аҷаб, аҷоиб, ҳамсояҳое доштам замоне.

3. ЛЮДМИЛА

4. ШАВҚАТ-АКО

-Ба Подолск чӣ хел равам? Дур аст магар ин маҳал? Дар куҷост, дар кадом самт? -Он ҷо чӣ мехоҳед? Хеш, ақрабо, дӯсте доред? –дар ҷавоби пурсишҳоям чанд суоле пеш овард марде, ҷомадонбадасте. -Людмиларо дидан мехоҳам. Волкова Замоне… -Ошиқаш будед? -Не-не бародар. Вай пеш аз тӯфонҳои Ҷумҳурӣ дар ҳамсоягиам мезист, шавҳараш Юрий шикори моҳиро дӯст медошт. Андаке саросема шуданд. Ва ин тарафҳо кӯч бастанд. Афсар будааст он мард. Зодаи Подолск. Ҳамсафар шудем. Тамоми роҳ қиссаҳо мекард. Гӯшаш додам. -Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Подолск пуштибони Маскав буд,нақлашро идома дод ӯ аз тирезаи қатораи байнишаҳрӣ ба берун нигариста. –Ҳа-а бисёр ҷавонмардони ин сарзамин хони муқаддасашонро дифоъ карда, намонданд, ки фашисти хунхор сар ба Маскав халонад. Ҳо, нигоҳ кунед, ана он муҷассама ба ёди шаҳидон аст. Ана ваяш ибодатхона. Кӯлоҳи Мономах мегӯянд. Диққат диҳед. Бино ба шакли кӯлоҳ бунёд шуда, ки дар бобаш ривоят бисёр аст. Вай баъди ин шарҳу баён рӯ ба ҷониби ман гардонд. -Ҳо, воқиан шумо аз Людмила пурсон шудед. Ин ҷо Людмилаҳо бисёр. Нею агар Людмила Николаевна бошад, медонам. Шавҳараш Пётр-а? -Бале-бале. -Паҳлӯи рӯди Пахра зиндагӣ доранд. Людмила сарвари бензоколонка. Шавҳараш устои мошин. Як-ду бор ҳамроҳ моҳидорӣ рафтем. Ҳамин, ки сайдаш барор гирад, «Ёр чедалӣ» гуфта суруда мехонад. Хаёлам дар вақташ дар биёбонҳои Туркманистон будагӣ. Аҷаб марде! Мо аз қатора фаромада, авто-

Мӯи сари испедаш қуллаҳои пурбарфи кӯҳсорони тоҷикро мемонд. Ҳангоме вориди утоқи кориаш шудам, ки гуфтугӯи телефонӣ дошт. Аз ҷой нимхез шуда, ишораи нишастан кард. Гапаш идома ёфт: -Аз корҳои идора хавотир нашавед. Супоришҳои дирӯзаатон иҷро шуданд, ғами саломатиатонро хӯред. Ҳа воқеан анҷумани нависандагони Тоҷикистон ба сатҳи баланд гузашт. Меҳмон Бахтӣ раис интихоб шуд. Шумо ӯро мешиносед. Шоир, драмманависи хубест. Вакилон табрикоти шумо-пири адабиётро хуш пазируфтанд, салому паёми зиёде тақдим дошта гуфтанд, ки 90 кам аст, 100 сола шавед! -Бо Сергей Владимирович, бо Михалков гуфтугӯ доштам, гӯшакро ба ҷояш монда бо табассуми базебаш сӯям омад, оғӯш кашид, ба бағал зер кард.«О қадаш, о бараш занад. Биёед, биёед. Кадом шамол паронд, кай омадед». Ибораи «Қадду бар» як лутф, як ишораи нозуке ба сӯҳбати хосаи ҳардуямон дар хонаи истироҳатии нависандагони Умумииттифоқ – «Переделкино» буд. Баъди субҳона ҳарду дар ҷангалзорон рӯ-рӯи баргҳои тиллоранг қадам мезадем, ки нохост ҷавондухтаре гӯиё аз ғайб пайдо гашт, ки бо қадду бараш парии афсонавиро мемонд. Салом дода гузашта рафт. Моту маҳбут шудем. Ё гули боғи Ирам. Ё сарви бӯстон хонамат! Ҳамин тавр гуфтам яке ба худ омада ва бо шӯхӣ илова кардам,-акаатон устод Фотеҳ Ниёзӣ беҳуда романи худро «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» ном наниҳода буданд… -О қадаш, о бараш занаде!-

нохост нидо карданд Шавқатако. Рост-рост. Беша аз хубрӯён холӣ набудааст. Файзи саҳархезӣ ҳамин аст. Хаёлам акнун илҳом ҷӯш мезанад. Таззодҳо, навгониҳо он субҳ бисёр буданд. Андаке пештар қадам задем, ки яке дар пайроҳа шоираи машҳури украинӣ Светлана Йовенко дучор омад. Ин ҳамон шоираест, ки ба Тоҷикистон омада, сари тобути устод Турсунзода ашки ҳасрат рехт ва марсияи аз ҳама аламовар гуфт. Ва ин субҳ ӯ бар лаб боз шеъри нобе дошт. Дар бораи Тоҷикистон. Ва яке аз дуродур садои наи тоҷикӣ ба гӯш расид. Ва мо сӯи ин садо, ин наво равон гаштем. Найнавоз дар теппаи сабзпӯш, зери дарахти азими кастона ғел зада, роҳат карда, рӯ ба фазо, рӯ ба само менавохт. Шоири тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ буд ӯ. Аҷаб субҳи пурфайзе, аҷоиб дидорбиниҳое! …Минбаъд маро пайроҳаҳои адабиёт ба ин марди шариф – Шавқат-ако дар гӯшаю канорҳои мухталифи ҷаҳон бисёр сайру гашт дод. Дар анҷуманҳо, даҳаҳо, ҷашнвораҳо, дар Душанбею Маскав, Киеву Минск, Тошканду Бухоро, Хатлону Хуҷанд якҷоя ширкат варзидем. Аммо Самарқанд рафтан ӯро бештар хуш буд. Ин ҷо зодгоҳи ӯ ва бародари бузургмардаш Фотеҳ Ниёзӣ аст. Меомад, устод Раҳим Ҳошимро ҳатман ба худ мегирифт. Худро ба оғӯши қаламкашҳои инҷоӣ-Болта Ортиқов, Муқимов, Қамаров меандохт, ҳатман хона-музеи устод Айнӣ мерафт, болои қабри Пайрав Сулаймонӣ гулдаста мегузошт, ба мардум китобҳои тоҷикӣ медод…

ВАТАН Бардошти хубе доштам аз сафари Маскав. Чеҳраҳо, нигоҳҳо, дидорбиниҳо, лаҳзаҳои гуворо ба ёдам монданд шабу рӯзҳои дар Русия дар Маскав буданам. Беҳуда «сафар кардан – ҷаҳон дидан» нагуфта будаанд… Тайёра ба замин нишаст, ғуррид, шӯрид, ба ларза омад. Ба марзу буми худам нишаст. Ба хокам, ба заминам, кушода шуд баҳри дилам, аз солун ба зинапоя, ба ин марз, ба ин бумқадам ниҳодам. Рақсидан, сурудан, арғушт рафтан мехостам. Нидои дилам дар ҳамин ҳолат шеъри Мирзои Турсунзода шуд. Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан, Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан. Муддате будам агарчӣ дур, аммо бӯи он, Мевазонидам бар сар боди фараҳноки Ватан! Хам шудам. Бӯидам, хоки Тоҷикистонамро. Баҳ, баҳ! Аҷаб бӯе, нагҳате, Сурмаи чашм кардам ин хокро.


20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 3

“Имрeз”

№

№ 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

Ca[ифаи

3.

Аз рӯзгори нависандаи зиндаёд...


20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 4

Имрeз”

№ 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015

Муҳаммади ЭГАМЗОД, аз китоби “Ҳадяи меҳр”. Хаёли нависанда Ибод Файзулло ба худ хос ангеза дорад. Ангезаи хаёли баландпарвози ӯ ин садои қалби пурмеҳр, дили шайдои Ватан, муҳаббати саршор ба халқ, ба ёру диёр аст. Ва ҳамаи инро адиб тавонистааст, ки ҳамчунон ширин ва бо тобиши рангин, ошиқона, бо лутфу марҳамати дилпазир дар асарҳояш “Садоқат”, “Рӯ ба фотоб”, “Роҳҳои зиндагӣ”, “Падарон ва писарон”, “Борони баҳорон”, “Қиссаи бешаи сабз”, “Савганд”, “Қарзи фарзандӣ”, “Аскари қаторӣ” ва дар маҷмӯаҳои дастҷамъии “Фаввора”, “Ёдбуд”, “Самимият”, “Суруди одамони наҷиб”, “Ҷони худу ҷони ҷаҳон”, “Дӯсти мо, бародари мо”, “Дар оташ” ва “Дӯстон тоҷи сар” баён созад. Агар эҷодиёти адиб ва рӯзноманигори шинохта Ибод Файзуллоро чуқуртар файсала кунем, пас як нуқтаи ниҳоят муҳимро дар меёбем: яъне, ба қавли академик Муҳаммадҷон Шукуров, навиштаҳои нависанда Ибод Файзулло хусусияти публисистӣ дошта, таъсири ҷамъиятии ин асарҳо бузург аст. Дар асарҳои бадеии Ибод Файзулло ҷанбаи воқеънигорӣ хеле хуб ва нотакрор ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Ибод Файзулло нависандаест, ки зина ба зина аз ҷабҳаи рӯзноманигорӣ гузашт ва маҳз бо таъсир ва такони матбуот ба олами зебо, рангин ва пуршукӯҳу пурифтихор, ба боғи сарсабзу хуррами адабиёт ворид гардид. Ва бешубҳа, матбуот дар нумӯъ, ташаккул ва ба ҳайси як нависандаи хушкалому соҳибдил ба майдони адабиёт омадани адиб ва рӯзноманигори маҳбуб Ибод Файзулло мақоми хоса дорад. Ман аз сарнавишт розиям, ки рӯзноманигориро пешаи худ интихоб кардаам, мегӯяд устод Ибод Файзулло. – Ва дар ин ҷода раҳнамун ва дастгири беназирам устод Аминҷон Шукӯҳӣ буданд. Ҳоло ёдам меояд, тирамоҳи соли 1958 мо – донишҷӯёни соли чоруми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонба ноҳияи Шаҳритус ба пахтачинӣ бурданд. Ҳамон ҷо мурғи илҳомам ба парвоз омаду аз ҳаёти ҳамкурсонам репортаже навиштам ва онро ба идораи рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ (ҳоло “Ҷумҳурият”) фиристодам. Боварам набуд, ки онро чоп мекунанд. Вале ғайричашмдошти банда, баъди чанд рӯз он дар саҳифаи аввали рӯзнома бо номи “Мусобиқаи ҳамкурсон” ба табъ расид. Шодию хурсандии ман поён надошт. Охир, ин аввалин навиштаи ман буд, ки рӯи чопро дид! Пас аз ба поён расидани мавсими пахтачинӣ ман аз номи рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” даъватнома гирифтам. Рафтам. Ва мулоқоти нахустин

email: gazeta-imruz@mail.ru

Устоди устодон

ва фаромӯшнопазири банда бо устоди азиз Аминҷон Шукӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Ман сухани самимӣ, чеҳраи гарму ошно ва маслиҳатҳои падаронаи ин марди некномро ҳанӯз ёд дорам. Ёд дорам, ки маҳз бо даъват ва кӯшиши устод Аминҷон Шукӯҳӣ тақдири ман бо рӯзномаи ниҳоят машҳур ва маҳбуби халқи тоҷик “Тоҷикистони Советӣ” сахт дар пайванд шуд. Аввалҳо ба ҳайси ходими шӯъбаи хоҷагии қишлоқ кор кардам. Пас маро ба котиботи редаксия гузарониданд. Баъдан мухбири махсус ва мудири шӯъбаи маданияту маишат таъин гардидам. ...Ибод Файзулло аз устод Аминҷон Шукӯҳӣ ба некӣ ёд мекунад, дар бораи ин марди меҳрубон бо меҳру муҳаббат ҳарф мезанад. Кор дар матбуот Ибод Файзуллоро ба худ бишносонд, ӯ ҷавҳари зиндагиро, ки дар лаҳзаҳои мухталиф ба ҳар ранг тобиш мехӯрад, дарёфт. Омӯхт. Ҳини адои вазифаи рӯзноманигорӣ ба гӯшаву канорҳои мамлакат ва берун аз он сафар кард, бо одамони касбу кори гуногун вохӯрда, аз ҳаёту фаъолияти онҳо хабару мақола, очерку лавҳа ва дигар навиштаҷоти хонданбоб ба табъ расонд. Дар баробари ин бо бисёр рӯзноманигорону адибони маъруфитоҷик, аз қабили Шафқат Саидов, Мутеъулло Наҷмиддинов, Юлдош Зиёев, Абдумалик Баҳорӣ, Шодӣ Саидов, Ашӯр Ҳалимов ва дигарон як ҷо кору эҷод намуд, махфиёти матбуот ва рӯзноманигориро аз бар кард. Устод Ибодулло Файзулло аз соли 1963 то соли 1965 сардабири рӯзномаи ҷавонони ҷумҳурӣ – “Комсомоли Тоҷикистон” буд. Солҳои 1965 – 1969 бошад ӯ вазифаи котиби кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ ва солҳои 1965–1975 ҷонишини мудири шӯъбаи маданияти кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Аз соли 1975 то 1977 дар мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскав таҳсил намуда, пасон солҳои 1977-1979 вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи ҷумҳуриявии “Тоҷикистони Советӣ” –ро ба ӯҳда дошт. Нависанда Ибод Файзулло солҳои 1979 -1981, ҳини мудири шӯъбаи маданияти КМ ҲК Тоҷикистон буданаш, кӯшиш кард, ки аз шоирону нависандагон ва дигар аҳли эҷод пуштибонӣ кунад, масъалаву мушкилоти эшон дар сатҳи боло ҳаллу фасл шаванд. Соли 1981 нависанда Ибод Файзуллоро котиби правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб намуданд ва ӯ 10 сол дар ин вазифа кор кард. . “...Ибод Файзулло ошиқи Ватан буду ҳаст” – чунин ақида дорад сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, рӯзноманигори номӣ Мазҳабшои Муҳаббатшо. Ибод Файзулло аз ҷумлаи он қаламкашоне ҳастанд, ки маъмулан бо номи “ҷавонони солҳои шастум”, ё “солҳои нафаси гарм” ба майдони матбуот даромадаанд, гуфт дар оғози сӯҳбат ба ман муаллими мӯҳтарам Мазҳабшо Муҳаббатшо. Ва ба суханаш идома дод: “... Хонандагони рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” дар солҳои 1959 – 1963 хуб дар хотир доранд, ки чӣ тавр одамон ҳар рӯзи якшанбе мунтазири

фелетонҳои обдори Ибод Файзулло мешуданд. Журналисти ҷавон ин жанри публисистиро ба ҳадди аъло расонд ва мухлисони зиёдеро барои рӯзномаи онвақтаи мо ҷамъ овард. Дар байни аҳли ҳунар одат шудааст, ки мегӯянд: фалон театр театри як актёр ё як коргардон аст. Ин албатта муболиға нест. Ҳамон як режиссёр ва ё актёри боҳунар метавонад тамоми театрро аз паси худ бубарад. Дар матбуот ҳам як сардабир, ё як журналисти боистеъдод метавонад хусусияти рӯзномаро бо қалам ва истеъдоди роҳбарии худ дигаргун созад ва аз паси худ бибарад. Журналисти қаторӣ Ибод Файзулло, ки баъдан ба вазифаи сардабирӣ расиданд, Ғоиб Назарович Қаландаров, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саид, Самад Ғанӣ. Қосим Дайламӣ, Нур Табаров маҳз ҳамин хел муҳаррирон буданд. Онҳо симои рӯзномаи моро дар солҳои гуногун эҷод намудаанд. Албатта қалами бурро ва завқи баланди адабӣ аз қаламкаш ҷасорату нотарсиро тақозо мекунад, ба шарте ки ин ҷасорату нотарсӣ мутакко ва пуштибон дошта бошад. Баъди интишори фелетонҳои Ибод Файзулло, ки одатан дар саҳифаҳои рӯзи истироҳат чоп мешуданд, ҳам дӯстон ва ҳам душманони нависанда то рафт меафзуд. Ниҳоят Ибодулло Файзуллои ҷавон барои “тӯҳмат” ба суд кашида шуд ва даъвогарон ҳам шахсони оддӣ набуданд. Қаҳрамони фелетоне, ки журналистро ба суд кашида буд, яке аз роҳбарони мафияи партократӣ ба ҳисоб мерафт. Сардабири ҳамонвақтаи рӯзнома, шоире, ки дар он солҳо ашъораш вирди забони ҳама буд, яъне устод Аминҷон Шукӯҳӣпуштибони журналисти боистеъдод ва ояндадор шуд ва ба қавли ҳолдонҳо Ибод Файзуллоро аз даҳони аждаҳо кашида гирифт... Фелетони устод Аминджон Шукӯҳӣ “Ҳукм”, ки дар маҷаллаи “Хорпуштак” бар алайҳи дасисаҳои судкунии Ибод Файзулло нигаронида шуда буд, ба ҳалли ҳамагуна даъвоҳо нуқтаи таммат гузошта, қаламкаши ҷавонро аз тӯҳмату таъқиб раҳо намуд. Ин ҳодиса як сабақи хеле омӯзандае барои Ибод Файзуллои ҷавон шуда буд. Баъди чанде, вақте ки худашро сардабири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъин намуданд, Ибод Файзулло ҷавонмардии сардабири пештарааш устод Аминҷон Шукӯҳиро фаромӯш накарда, дар нисбаи ходимони адабии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба кор мебурд. Дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” сардабири пештараи он ва дӯсти ҳамақидава ҳамтақдири Ибод Файзулло Мутеъулло Наҷмиддинов як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳро ба кор даъват карда буд ва ҳама аз он хурсанду дилгарм буданд, ки сардабирони онвақта Мутеъулло Наҷмиддинов ва Ибод Файзулло барои ҳамкорӣ ҳамшаҳрию шиносу хешутабори худро намекофтанд. Онҳо суннатҳои

ватандӯстонаи устодон Айниву Турсунзода, Шукӯҳиву Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Раҳим Ҷалилу ва дигару дигаронро идома дода, қаламкашони боистеъдодро кофтаву ёфта, ба кор даъват мекарданд. Дар шуури равшанфикрони он солҳо манфиати Тоҷикистон, забону фарҳанги он болотар аз ҳама гуна манфиатҳои маҳаллию хусусию хешу таборӣ буд. Воқеан, мубориза барои аз лаҳҷаи кӯчаю бозор пок кардани забони адабии мо, эҳёи иди Наврӯз, бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихи Ватанамон ва дигар суннатҳои фарҳангӣ маҳз ҳамон солҳо шурӯъ шуда, ба муқобилияти сахти мақомоти ҳизбӣ ва чекистони ҳамеша хушёри режими тоталитарӣ рӯ ба рӯ мегашт. Баъдтар Ибод Файзуллоро ба корҳои созмони ҷавонон ва ҳизбӣ кашиданд. Дар ин мақомот, ки кори ӯ бо рушду пешбурди корҳои фарҳангӣ вобаста буд, Ибод Файзулло то он ҷое, ки дар чаҳорчӯбаи талаботи мақомоти ҳизбӣ имконият меёфт, амалдоронро барои эҳтиром гузоштан ба хидмати аҳли қалам ва ҳунар даъват менамуд. Фаъолияти Ибод Файзулло дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, дар ду марҳила сурат гирифтааст, Давраи аввал, чуноне, ки зикр шуд, вай ба ҳайси журналисти қаторӣ ба ин рӯзнома даъват шуда буд ва сазовори он гардид, ки “Тоҷикистони Совети” –ро рӯзномаи журналист Ибод Файзулло мегуфтанд. Марҳилаи дуюми ба ин даргоҳи муқаддаси сухан омадани нависанда Ибод Файзулло соли 1977 ба вуқӯъ пайваст. Ӯро баъди хатми Академияи улуми ҷомеашиносии Маскав сардабири рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” таъин намуданд. Сардабири феълии рӯзномаи “Ҷумҳурият” (“Тоҷикистони Советӣ”– и собиқ) Мазҳабшои муҳаббатшо, ки бо нависандаи маҳбуби мо, устод Ибод Файзулло собиқаи беш аз сисолаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад, мегӯяд: Ибод Файзулло марди ҳалим, покиза, одамдӯст, меҳрубон ва бо раҳму шавқат аст. Вале ӯ ҳеҷ вақт либерали таваккалӣ набудаасту нест. Дар масъалаҳои асосӣ, ки аз манфиатҳои Ватан, илму фарҳанги аҷдодии мо бармеоянд, дар масъалаҳои эҳтироми қонун ва эҳтироми шахсият Ибод Файзулло одами қатъӣ, устутвор ва бегузашт аст ва шояд барои ҳамин ҳам коллективе, ки ӯ сарвараш таъин мешавад, ҳамеша иттифоқ, якдил ва ба иҷрои ҳама корҳои душвор омода аст. Имрӯзҳо устоди журналистони тоҷик, нависандаи ҳассос,ватандӯст ва башардӯсти ҳақиқӣ ба нашрияи шаҳрии пойтахти мо –“Паёми Душанбе” роҳбарӣ мекунад. “Ман зиёда аз 30 сол аст, ки муаллим Ибод Файзуллоро мешиносам, яъне ҳанӯз дар вақти дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” котиби масъул шуда кор карданам. Ҳоло низ хушбахтона бо ӯ кор карда истодаам, - мегӯяд котиби масъули рӯзномаи “Паёми Душанбе” Бобо Расулзода. - Ӯ инсони комил аст, дорои дили бузург.

Cа[ифаи. 4. Медонам, хуб медонам, ки касе аз ӯ наранҷидааст. Хислати хуб дорад муаллим Ибод Файзуллоев, дардошност ва дар ҳама ҳолат дастгири дигарон аст...” Дар хусуси устод Ибод Файзулло ҳар қадар сухани нек гӯем, боз ҳамон қадар кам аст, илова мекунад муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Душанбе” Отамуроди Бекмурод. – Зеро ман ки бо ӯ якҷоя кор мекунам, инро дар фаъолияти ҳамарӯза бараъло мушоҳида месозам. Ӯ сахтгиру серталаб ва дар айни замон шахси мушфиқу дилсӯз аст. Ба касе фармон намедиҳад, танҳо эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ин ё он корро ба ҷо оварад. Мо аз устод Ибод Файзулло бисёр омӯхтаем ва меомӯзем...” Бале, аз устоди мӯҳтарам, нависанда ва публисисти номӣ Ибод Файзулло бисёре аз рӯзноманигорон сабақ гирифтаанд... ...Агар ҳаёту эҷодиёти устоди гиромӣ Ибод Файзуллоро дар маҷмӯъ бингарем ва файсала кунем, пас мебинем, ки он басо рангин, пурсамар ва оқилонову орифона сурат гирифтааст. Шояд дар Тоҷикистон хонае набошад, ки аз остонаи дари он устод Ибод Файзулло убур накарда бошад, шояд ҳамватане набошад, ки дар сӯҳбати гарму самимии ӯ ҳаловат набурда бошад. Зеро тӯли ин қадар солиёни сол муаллими мӯҳтарам, нависанда ва рӯзноманигори писандидаи халқ Ибод Файзулло тавассути рӯзномаҳо бо мардум ҳар субҳи солеҳон бо забони безабони қиссаҳояш, хабару мақолаву фелетонҳои ҷолиб, ёддоштҳову сафарномаҳои хонданбобаш дар гуфтугӯ буд. Магар аз ин дида бузургтар бахт ва толеи худодӣ ҳаст?

www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru № 20-21 (299-300) аз 28.09.2015 ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Машрафxон Эгамов. ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Зафар Амакxонов. Фирeза Мадаминxонова. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод. {АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62 (904) 66-22-44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Н.Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад. Адади нашр: 1000.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
20 21 2015 qxp имруз layout 1 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu