Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 20 (9202) *** Чоршанбе 24. 05. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Ҷавонони Суғд дар Исфара
Дар Исфара ҳамоиши ҷавонони узви ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» баргузор гардид. Сароғоз ширкатдорони чорабинӣ аз боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ дидан намуда, дар пояи муҷассамаи шоири классики тоҷик гулчанбар гузоштанд. Баъди боздид аз осорхонаи тибби тоҷик дар осоишгоҳи «Зумрад» ҷавонони ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҳфилҳои фарҳангию адабӣ, ки дар МТМУ №12-и маркази шаҳр,
Cоли 2017 - Соли ҷавонон Тақдими идрорпулиҳои раиси шаҳр Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ маросими супоридани идрорпулиҳои раиси шаҳр ба 20 нафар аълохонҳои муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Пас аз каломи муқаддимавии мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Субҳиддин Шарофов раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, бо баробари зикри дастовардҳои шоёни ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиёту фарҳанг, аз ҷониби Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон карда шудани соли 2017-ро нишони эътимоду боварӣ ва умедҳои калони Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи созандаи ҷавонон арзёбӣ намуд. Зимнан аз насли ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки тавассути андӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, дӯстдории Ватани маҳбубу ширкати фаъолона дар раванди маъракаи муҳими бунёдкорӣ дар мамлакат ба ҳамагуна саъю кӯшишҳои душманони сохти демократии давлат, фазои осудаву ороми кишвар ва рушди бемайлони ҳамаҷонибаи он ҷавоби сазовор диҳанд. Минбаъд ба муҳассилини пешқадами муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот бо таманниёти нек дар вазъи тантанавӣ ба миқдори 600 сомонигӣ идрорпулиҳои раиси шаҳр супорида шуд. Дар анҷом ҷавонон бовар кунониданд, ки дар оянда сарфи назар аз макони таҳсил, фаъолияту будубош баҳри болобардории шаъну эътибори зодгоҳу Меҳан ва муаррифии мусбии мардуми Тоҷикистон ҷаҳду талош ба харҷ хоҳанд дод.
Шариф Назарзода: ҳамкории аҳолӣ бо милитсия бояд тақвият ёбад
Лаҳзае аз дави миллӣ . Суратгир: З.Шомадов.
20 май Рӯзи дави миллӣ буд.
Вандами Гурӯҳҳои корӣ: аз баргардонӣ то пешгирӣ ихтироъкор Озмуни вилоятии «Техникони наврас» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 –и шаҳр гузаронида шуд.
Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ - 16 дастаҳо аз Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Ашт, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен, Бӯстон, Гулистон ва Мастчоҳ мусобиқа намуданд. Озмун аз рӯи ҳафт бахш - «Радиоконструкторӣ», «Авиамоделӣ», «Мошинаҳои ояндаи коинот», «Киштии ояндаи обӣ», «Автомоделӣ», «Шаҳри оянда» ва «Ихтироъкорон» дар ду намуд: назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд. Аз дастаи шаҳри Исфара хонандаи синфи 10-уми МТМУ № 36 Вандам Абдукабирзода дар бахши «Ихтироъкорӣ» сазовори ҷои якум, хонандаи синфи 9 Абулқосим Расулов дар бахши «Радиоконструкторӣ» ҷои дуюм ва Саидхӯҷа Ӯлмасов дар бахши «Шаҳри оянда» ба гирифтани Ифтихорномаи раёсати маорифи вилоят мушарраф гардиданд. Дар ҷамъбаст дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи якум, дастаи Истаравшан сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Панҷакент сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати кормандони блоки мафкуравии мақомоти иҷроия ва ниҳодҳои қудратии шаҳр оид ба баргардонидан аз таҳсили ғайрирасмии динӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ идома дорад. Яке аз ин гуна мулоқотҳо таҳти сарварии раиси шаҳр Расулзода Диилшод Ҷабборӣ бо сокинон ва фаъолони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ доир шуд. Дар ҷараёни он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар хусуси вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, вазифаҳои иҷрояшон аввалиндараҷаи масъулину фаъолон дар шароити кунунӣ ва шунида шудани арзу дархостҳои сокинон вобаста ба роҳҳои ҳал-
лу фасли муаммову мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву маишӣ, муовини прокурори шаҳр Саминҷон Шарифзода, сардори бахши кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳаи Чоркӯҳ Ҳасан Бедилов, муовини сардори шуъбаи 2-юми Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара Мирзо Шарифхӯҷаев ва судяи суди шаҳр Номвар Бобоҷонзода вобаста ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳо дар самти муқовимат бо
терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо тамоюли тақлидкорӣ ба фарҳанги либоспӯшии ба халқи тоҷик бегона ва аз хориҷи кишвар баргардонидани ҷавононе, ки ба таври ғайрирасмӣ дар мактабҳои динӣ таҳсил мекунанд изҳори назар намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи фазои осудаву ороми кишвар, ширкат дар раванди маъракаи бунёдкориву созандагӣ ва тарбияи насли навраси дӯстдори Ватан саҳми шоёни худро гузоранд. Б. ТӮЙЧИЕВ, деҳаи Хоҷаи Аъло.
ба таври тестӣ ва шифоҳӣ, малакаи таҷрибавӣ, маҳорати кадбонугӣ ва қироати шеър, иҷрои рақсу суруд иборат буданд. Дар марҳилаи ниҳоии озмун 6 нафар Бахшида ба Соли ҷавонон ва ҳамшираҳои тиб ширкат варзида, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз рӯи баҳогузории доварон ҳамдар беморхонаи марказии шаҳр шираи тибби шуъбаи навзодон озмун барои муайян кардани ҳам- Розия Абдураҳмонова (дар сурат) шираи беҳтарини тибби бемо- «Беҳтарин ҳамшираи тиб» дониста шуд. ристон гузаронида шуд. С.АНӮШЕРВОН. Шартҳои озмун аз саволу ҷавоб
Беҳтарин ҳамшираи тиб
Дар шаҳри Гулистон чемпионати Осиё оид ба каратеи анъанавӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки дар он 13 нафар ҷавонону наврасони Исфара дар ҳайати дастаи Тоҷикистон баромад карданд.
ҷамоатҳои деҳоти Навгилему Кӯлканд ва деҳаи Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ баргузор гардид, ширкат варзида, мулоқот оростанд. Ҳамчунин меҳмонон дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳ дар деҳаи Чоркӯҳ иштирок доштанд. Ҳамоиши ҷамъбастӣ дар маҷмааи таърихию фароғатии Лангари моҳиён бо иштироки беш аз 5000 нафар ҷавонон барпо шуд. Дар раванди он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Қаҳрамон аз деҳаи Сароб
Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, аз деҳаи Сароб Аҳмадхон Ҳафизов бо ишғол намудани ҷойи аввал сазовори унвони қаҳрамони Осиё дониста шуд. Баҳрулло Ҷаъфаров аз литсейи рақами 5, Илҳом Сангинов хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии рақами 5 ва Маҳмудхӯҷа Маҳмудов аз муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 2 мақомҳои дуюмро ишғол намуданд. Абдураҳмон Тӯхтаев ва Абдуваққос Валиев аз МТМУ рақами 5, Аъзамбой Аъзамов аз МТМУ № 1, Наҷибулло Ҳотамов аз МТМУ № 65, Маъруф Назиров аз МТМУ №
Роҳбарияти раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги «Кимиёгарон» бо иштироки раисони ҷамоатҳо, директорони мактабҳо, имомхатибони масҷидҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва чавонони фаъол вохӯрӣ доир кард. Дар оғози мулоқот муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ оиди тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ҳарф зада, ташаббуси мақомоти корҳои дохилиро баҳри тарбияи ҳуқуқии сокинони Исфара, ҳамкории ду қувваи бузург - милитсия ва аҳолиро дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мувофиқи мақсад ҳисобид. Дар маърузаи худ сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода дар баробари тафсилоти вазъи кунунии криминогении минтақа ба самъи ҳозирин аз тадбирҷӯиҳои мақомоти милитсия ва ҳолатҳои мақомотро ба ташвишоваранда, вазъи ҷинояткорӣ дар давраи солҳои 20112016 ва се моҳи соли ҷорӣ, хатарҳои терроризму экстремизм, рафти баргузории амалиёти профилактикию маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ», иҷроиши нокифояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ҷинояткорӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавиро мавриди таҳлил қарор дод. Дар идома чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ - намояндагони касбу кори гуногун таъкид доштанд, ки воқеан хам ҷинояткорӣ ва дигар ангезаҳои халалдоркунандаи амнияту тартибот ташвишоваранд ва дар ин ҷода ҳамкории бештари сокинон ва ниҳодҳои ҳифзи тартиботро судманд донистанд. Дар мулоқот инчунин филми мустанади «Ворисони Аҳриман», ки аз ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда ва тақдири минбаъдаи онҳо қисса менамояд, ба намоиш гузошта шуд. 19, Шукрулло Босиров аз МТМУ № 12 Наим Аъзамов аз МТМУ № 57, Акмал Ғаффоров аз литсейи № 5 ва Насруллои Исмоил аз МТМУ № 37 соҳиби зинаи сеюм шуданд. Дар ҷараёни мусобиқаи Осиё варзишгарони тоҷик аз рӯйи ҷамъбаст пас аз дастаҳои Русияву Ӯзбекистон ҷойи сеюмро ишғол карданд.