Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.
Ҷ
онибҳо мувофиқа кардаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ дар ин мавзеъ идома медиҳанд ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд. Мутобиқи мувофиқа дар доираи комиссияҳои байниҳукуматӣ, баъзе мавзеъҳои марзӣ ташреҳ карда шуданд. Бо ҳамин сабаб, ҳоло дастаи посбонони сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ мутобиқи хатти мувофиқашудаи убури сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон марзро муҳофизат мекунад. Яъне, мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст. Аз сӯи дигар, дар мавзеъи ағбаи Қарамиқ посгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори дахлдор таъсис ёфтааст. Тақаррури дастаи посбонӣ дар мавзеъи мазкур усули баробариро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасамиятдарории ҳуқуқии он таъмин мекунад. Бо ҳамин сабаб, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин мавзеъ, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии тарафҳо супориш дода шавад, ки корҳои вобаста ба ташреҳи хатти убури сарҳади давлатиро дар ин мавзеъ идома диҳанд.
Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Мулоқоти раиси шаҳр бо соҳибкорон
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва дастгирии бахши соҳибкорӣ ва ҷиҳати баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёт дар шаҳри Исфара мулоқоти раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид.
Маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ.
Ободонӣ мароми мост!
ҷумлаи туҳфаҳои сазовор ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Б
Ободу зебо намудани атрофи муассисаву корхонаҳо, таъмиру тармими намои берунаи биноҳо, кабудизоркунӣ ва гулзор намудани хиёбону кӯчаҳои Исфара дар қатори дастовардҳои истеҳсоливу саноатӣ аз
о зикри ин маънӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо раванди ободонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва иншоотҳои он бевосита, аз наздик ошноӣ пайдо намуд. Шаҳрдор аз даромадгоҳи Исфара то осоишгоҳи "Зумрад" ҳамаи кӯчаҳои асосиро давр зада, таъкид бар он дошт, ки мардуми Исфара аз азал зебопарасту меҳнатқаринанд ва ободии хонаву кӯчаҳо ҳаммароми зиндагонии онҳост. Аз ин рӯ бояд аз ин анъанаи наҷиб мунтазам пайгирӣ карда шавад. Дар осоишгоҳи "Зумрад" низ раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо раванди корҳои ободонӣ аз наздик ошно шуд.
"Базморо" ифтитоҳ ёфт Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Чилгазӣ яке аз иншоотҳои ҷашнӣ - Маркази фарҳангию фароғатии «Базморо» ба истифода дода шуд.
Бинокорони ҳунарманди маҳаллӣ тавонистанд, ки дар муҳлати кӯтоҳ бинои замонавии дуошёнаи «Базморо»-ро бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ бо тарҳу намуди муосир бунёд намоянд. Ба шарофати ифтитоҳёбии Маркази фарҳангию фароғатии «Базморо» 12 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд ва бино бар суханони соҳибмулконаш дар ояндаи аиси шаҳр Баҳоваддин наздик шумораи кормандони Баҳодурзода зимни он ба маротиб меафзояд. Шаҳрдори Исфара каломи муборакбодӣ бунёди ин Маркази зебову ёдоварӣ аз он намуд, ки иншооти мазкурро хушнамуди хизматрасониро соҳибкорон Абдунаим, натиҷаи ҳамкории судманди Абдуқаҳҳор ва Абдуғафур мақомоти иҷроияи ҳокимияти Эшоновҳо бо мусоидати давлатии шаҳр бо бахши роҳбарияти шаҳр, бо нияти хусусӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон дар раванди неки созандагӣ бунёд ҷамъомад дар иншооти намуданд. навбунёд ба 40 нафар
Р
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 20 (9389) *** Чоршанбе, 9. 06. 2021
Д
ар ҷараёни чорабинӣ кормандони масъули воҳидҳои сохтории марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон, намояндагони бонкҳо ҳузур доштанд. Сароғоз шаҳрдори Исфара ба соҳибкорон барои ширкат дар вохӯрӣ ва саҳмгузории фаъолона дар ҳамаи ҷабҳаҳои умури бунёдкориву созандагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, хислати орӣ аз унсурҳои расмӣ будани нишастро ёдовар шуд ва даъват ба амал овард, ки бештар аз мушкилоту муаммоҳо ва
кўдакон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон маҳфили идона ороста шуд. Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари шодбошгӯии самимонаи кӯдакон ба ҳар яке аз онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тибқи он бунёду азнавсозии беш аз 53 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки дар заминаи тадбирҳои андешида шуда, то ба имрўз дар ин ҷо 47 иншооти тозабунёд сохтаю ба истифода дода шудаанд.
нақшаҳои фаъолияти соҳибкории худ ҳарф зананд. Дар раванди чорабинӣ аз ҷумла зикр ёфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Айни замон дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни сабукиҳои андозӣ ва шаклҳои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст.
Кӯдакон ояндаи мо
Бахшида Рӯзи кӯдакон дар Маркази фарҳангии «Шоҳон»-и шаҳр бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ дар хонаи МИҲД-и шаҳри Исфара барои 150 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд, нафарони яккаву танҳо ва ниёзманду маъюб чорабинии пуршукӯҳи идона ороста шуд.
И
н иқдом бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд нигаронида шудааст, роҳандозӣ гардид. Дар маҳфили идона раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо каломи табрикӣ баромад намуда, фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон муборакбод гуфт ва барояшон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф, оромию
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар ҷараёни мулоқот саҳми муносиби соҳибкорон дар самти умури бунёдкориву созандагӣ, ободонии шаҳру деҳот ва дастгирии моддию маънавии шахсони ниёзманд ба таври хосса тазаккур дода шуд. Чанде аз соҳибкорон баромад намуда, дар ҳошияи зикри қадршиносӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз соҳибкорӣ ва азми самимии фароҳамории шароитҳои созгори вусъат бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ, бардошту андешаҳои худро вобаста ба вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рафъи баъзе аз монеаҳои мавҷуда арза доштанд. Минбаъд байни ширкатдорони нишаст вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна мубодилаи афкор сурат гирифта, соҳибкорон иброз доштанд, ки дар раванди маъракаи ободониву созандагӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегирад, саҳми шоиста худро мегузоранд.
осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно намуд. Таъкид гардид, ки ҳамасола 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари дигар мамлакатҳо Рӯзи байнамилалии муҳофизати кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба муаммоҳои ҳаёти кӯдакон, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, муҳайё намудани шароити созгори зист, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, таълим ва тарбияи ояндаи насли ҷавон аст. Дар раванди чорабинӣ ба 150 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд, нафарони яккаву танҳо ва ниёзманду маъюб туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Дар барномаи идона аҳли ҳунар бо суруду рақс ва таронаҳои дилошўб хотири ширкаткунандагони маҳфили идонаро болида гардониданд.