Skip to main content

"Насими Исфара", № 2 от 18 января 2023 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №2 (9464) *** Чоршанбе, 18. 01. 2023

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Қабули шаҳрвандон Аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Р

аиси шаҳр дар суҳбат бо сокинони шаҳри Исфара иброз дошт, ки роҳбарияти шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии

муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва арзу шикояти сокинон сари вақт омӯхта шуда, мушкилоти иҷтимоӣ бартараф карда мешавад. Бояд гуфт, ки Рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо баргузор карда мешавад.

Аёдат дар шаҳраку деҳоти Исфара Бо дастури бевоситаи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар ин рӯзҳои сарди зимистон дар ҳамаи шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр аёдату дидорбинии собиқадорони меҳнат, куҳансолон, ниёзмандон ва оилаҳои осебпазир ҷараён дорад.

Ифтитоҳи Маркази зеҳни сунъӣ И

Нозирова Хадичахолаи 90 сола, Толибов Сангинбойи 75 сола ва Болтаев Муҳаммадҷони 50 сола ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуд. Раиси ҷамоати деҳоти Лаккон Абдусамад Фозилов зимни аёдат таъкид намуд, ки масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон, оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда ва ятимон дар саргаҳи сиёсати хирадмандонаи Пешвои унин дидорбинӣ дар деҳоти миллат ва кору фаъолияти раиси Лаккон дар асоси сиёсати шаҳри Исфара қарор дорад. Аёдатшудагон ва пайвандони хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, онҳо дар навбати худ дар фасли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармо ва хунукиҳои рӯзҳои охир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории нафаре чанд тан аз куҳансолон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беморон ва шахсони имконияташон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маҳдуд сурат гирифт. Зимни аёдату дидорбинии миннатдорӣ баён намуданд.

Ч

Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки сардори шуъбаи муассисаҳои илмӣтаълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзизода Акрам Ҳамроқул, сардори дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд Ҷамила Мирсаидова ва муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён маркази зеҳни сунъӣ ифтитоҳ гардид.

ттилоъ дода шуд, ки ин марказ бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 178000 сомонӣ бунёд ва бо

12 феврали соли равон дар ҳавзаи вилоятии интихоботии “Навгилем”, № 13 ва ҳавзаи шаҳрии интихоботии “Лангар”, № 20 интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрии вакилони халқ ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мешавад.

С

анаи 11 январ номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои вилоятӣ ба шаҳрӣ дар ҳавзаҳои мазкур ба қайд гирифта шуда, ба онҳо ва шахсони боваринокашон

таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст ва барои пешбурди фаъолияти таълим ва амалисозии стратегияи давлатии рушди зеҳни сунъӣ дар таълимгоҳ мусоидат

Бақайдгирии номзадҳо шаҳодатномаҳои номзад ба мувоини раиси Ҷамоати деҳоти вакилӣ ва шаҳодатномаҳои Навгилем Бурҳон Баҳромзода шахсони боэътимоди номзад ба қайд гирифта шуданд. супорида шуданд. Мутобиқ ба Дар ҳавзаи интихоботии қарори дахлдор дар ҳавзаи “Лангар”, № 20 ба Маҷлиси интихоботии “Навгилем” № вакилони халқи шаҳр, даъвати 13 ба Маҷлиси вакилони шашум ба ивази вакили халқи вилояти Суғд, даъвати хориҷшуда бошад, номзадии шашум ба ивази вакили номзад аз ҲХДТ – Лайсиддин хориҷшуда номзад аз ҲХДТ Юсупов, раиси Ҷамоати деҳоти - роҳбари бадеии ансамбли Чоркӯҳ ва номзад аз ҲКТ “Шашмақом”-и шаҳри Исфара Раҷабов Ёсин ба қайд гирифта Исроилҷон Файзиддинов ва шуданд. бо роҳи худпешбарӣ номзадии

пайвастаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти болобарии сатҳу сифати зиндагӣ дар кишвар ҳар шаҳрванд вазифадор аст баҳри ободиву пешрафти Ватани маҳбуб дар доираи имкону тавон ҳисса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо заҳмати шабонарӯзии гузорад. Ба қонунҳои амалкунанда таҳти сарварии Асосгузори сулҳу кишоварзони мамлакат амнияти эҳтиром дошта бошад. Неруи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, озуқаворӣ ва фаровонии бозори барқу об ва дигар неъматҳои Президенти мамлакат муҳтарам дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ моддиро сарфаю сариштакорона корбаст намояд. Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам таъмин гардид. Ҳангоми баргузории тӯю сохтани зиндагии шоиста ба Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли инсон нигаронида шудааст. ғалладонагиҳо ба 1 миллиону маъракаҳо аз талаботи Қонуни Аммо бо таъбири Пешвои 600 ҳазор тонна, картошка ба Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муаззами миллат вазъи ҳассоси 1 миллион ва меваю сабзавот танзими анъана ва ҷашну маросим ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" берун пой наниҳад. танқисии шадиди озуқаворӣ дучор расонида шуд. Масъулияти падару модарии гардидани чоряки кишварҳои Дар натиҷа тайи панҷ соли дунё моро водор месозад, ки охир суръати рушди солонаи худро дар таълиму тарбияи ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ фарзанд, дар умури ба камол стратегиамон – ҳифзи амнияти ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз расонидани насли созандаву озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар ободкор ба таври бояду шояд иҷро кунад. андешем. афзоиш ёфт. Шукрулло НАСРИЗОДА, Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири Истеҳсоли гӯшти паранда дар мудири бахши дин, танзими манфии омилҳои берунӣ, пайи ин давра 8 баробар зиёд шуда, анъана ва ҷашну маросими ҳам омадани хушксолӣ ва ҳаҷми воридоти он 11 баробар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳдудсозии содироти озуқаворӣ кам гардид. давлатии шаҳр. аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, Ҷавобан ба ғамхориҳои

Дар патрави Паёми Пешвои миллат

Баҳри зиндагии шоиста

ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани Дар Паёми Пешвои миллат, вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар Президенти мамлакат муҳтарам мусоидат намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла гуфта шуд, ки дар панҷ 9,1 миллиард сомонии соли 2018 соли охир сатҳи некуаҳволии то 14,7 миллиард сомонӣ дар мардум тадриҷан баланд шуда, соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 Ҳамаи ин арқом шаҳодат аз он миллиард сомонии соли 2018 медиҳанд, ки тамоми фаъолияти

намуда, дар он машғулиятҳои назариявӣ, озмоишӣ аз фанҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ гузаронида мешаванд.


2

Ривоят

"Насими ИСФАРА"

Шоҳ амр кард ба надими хирадманди худ, то аз ҷаннат кафе хок биорад. Мард ба андеша фурў рафт: «Имтиҳони шоҳро, ки иҷронопазир аст, чӣ ҳикмате нуҳуфта бошад? Чӣ бояд кард? Бояд омода шуд, ба гирифтани ҷазо». Сархаму ғамзада омад назди модари садсолааш, ки қомати камон ба асо такя дода, меистод ва ҳоли ў тамошо дошт. Модар саволомез нигарист, ки чаро ба чунин ҳол афтода? Писар арзи матлаб кард. Модарро дар лабҳо табассум шукуфт, хам шуд, аз пеши пояш кафе хок гирифту ба писар бигуфт, ки пешкаши подшоҳ кун ба сифати хоки биҳишт. Шоҳ он кафи хок гирифта, наздик ба чашмон овард, бўид ва бо тааҷҷубу таассуф сар ҷунбонду гуфт, ки ин хок муқаррарист, на хоки ҷаннат. Надим иҷозати суханкунӣ пурсид ва баён кард: -Ба назар хоки муқаррарӣ метобад, аммо хоки биҳишт аст. -Исбот намо! -Аз зери қадамҳои модар бигрифтам. Шоҳ моту мабҳут шуд, пас ба худ омада, хокро бўид, бўсид ва ба чашмон молиду фармудаи Паёмбар ёдаш омад. *** Ин ривоят бо ҳама муболиғаҳояш ҳақиқат ҳам дорад ва аз бузургии модар дарак медиҳаду талқин мекунад, ки пеши қадамҳояш сари таъзим фуруд орем, хоки пояшро азизу табаррук шуморем. Хоки зери пои модар хоки Ватан аст, ки онро аз тахти Сулаймон хуштару қиматтар шуморидаанд ва дар васфу ситоиши ин инсони муътабару мукаррам аз ибтидои ҳаёт то ба кунун бузургони ҷаҳон хазинаи шойгони дурдонаҳои сухан офаридаанд, ки он ҳама дар назди чордарду бедорхобиҳо, дунёи пурорзу ва рангини олиҳаи зиндагӣ боз ҳам кам буда, бегумон, то олам боқиву одам зинда аст, ситоиши ин шахсияти табаррук давом мекунад. Аз он ҳама суханон мисоле оварда, нисбаташ андеша рондан ҳам як дунё маънӣ дорад. Гуфтаанд, ки модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад. Оре, ҳамин тавр аст. Фарзандони модар сайёраро борҳо таккон додаанд ва таккон дода истодаанд ба маънои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ. Агар яке аз сари одамон манора сохта бошад, дигараш ҳазорон пирону кўдакони бегунаҳро аз зиндагии ширин маҳрум гардонида, ки дар ин маврид сайёраи нозанини Замин ларзида, гиря карда, нолида аз бадкирдориҳои фарзандони модар. Баробари ин зода ва тарбиякардаҳои модар бо афкору

18 январи соли 2023

№ 2 (9464)

Мепарастам ман туро, то зиндаам, Аз ту мепурсам дуои зиндагӣ.

Нуқтаи назари хонанда

Мустаҷобдуоӣ, модари тоҷик

осор ва амалҳои худ шабҳои тори инсониятро мунаввар сохта, ба ташнагони ҳаёт сулҳу амонӣ ва саодатмандӣ оварда, бо ободкорию созандагиҳо рўйи заминро сабзу хурраму шукуфон гардонида, гўё ба биҳишт табдил додаанд. Дар ин хусус мисолҳо зиёданд ва лозим медонем, ки мушаххас дар бораи модари тоҷик ҳарф занем. Ҳамду сано бод ба модар, ба модари тоҷик, ки соҳиби дили пурмеҳру бузург аст. Маъбади ҳусну ҷамол, зиннати дашту саҳроҳо, қаҳрамони арсаи меҳнату шарафи атрофу акноф аст. Дастонаш фораму дилнавоз. Аз дастакони кӯдакони маъсум дошта, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Забони модари тоҷик ба дараҷае пурмеҳру муҳаббат ва ширину гуворост, ки ҳар сухан аз он мисли қатраҳои оби ҳаёт пош хӯрда, дилҳои ташнаро шодоб месозад. Модари тоҷик бо ин забон сари гаҳвораи фарзандонаш суруди ҷовидонаи «Алла» хондааст ва онҳо ба камол расида, дурри маънӣ суфта, онро чун анвори офтоб сартосари замини паҳно парокандаанд ва бо осори илмию адабӣ, бо амалҳои қаҳрамонона ба ҷаҳониён хизмат расонида ва хизмат карда истодаанд. Суханваронаш модарро ситоиш намуда, дар васфи олиҳаи ҳаёт садҳо китоби оламшумул офаридаанд ва нишон додаанд, ки модари тоҷик фарзанддўстдору фарзандпарвар асту фарзандонаш меҳрубону қадрдони модаранд. Дар бораи модар китобҳои зиёде хонда, ба хулоса омадам, ки шоири дигаре мисли шоири тоҷик дар

ситоиши инсони барои аксарияти бани одам азизу муътабар бо сўзу гудоз ва меҳру муҳаббат сухан нагуфта. Суханвари тоҷик гуфта, ки чашмони модари тоҷик ба оламу одам бо меҳру муҳаббат менигаранд, модари тоҷик сару рӯйи фарзандро бо меҳрубонӣ ба қафаси сина зер мекунад ва фарзанд нарму ширин тапидани дили модарро эҳсос намуда, аз бӯйи хушу гуворо ва беназир ҳаловат мебарад ва ба қадри неъматҳои оламу қимати одам мерасидагӣ мешавад. Дар ғамхорию меҳрубонӣ, дар фарзандтарбиякунӣ, одамгарӣ, инсонпарварӣ, ватандўстӣ, садоқатмандию вафодорӣ ба дигарон намуна шуда метавонад. Бисёр шунидаему хондаем, дидаем аз наворҳо дар бораи ғамхорию меҳрубониҳои модар ва қадрдониҳои фарзандони тоҷик. Модари тоҷик бузургу беҳамтост. Бинобар ин, биҳишт зери қадамҳои модарон, зери қадамҳои модари тоҷик аст. Чунки модари тоҷик ба Худо наздик, худоназаркарда, ҷонфидо ва қаҳрамон аст, ки Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемурро ба дунё оварда, тарбия кард ва онҳо барои миллату Ватан ҷонашонро дареғ надошта, мубориза бурданд, зафар ёфтанд. Заҳматҳои онон буд, ки насли кунунӣ саодатмандона умр ба сар бурда истодааст. Дар замони нав, дар даврони ба қавли Умари Хайём пурфитнаву пуршӯр модари тоҷик ба арсаи сиёсатмадорӣ ва давлатдорӣ Эмомалӣ Раҳмонро туҳфа намуд ва тарбия кард. Ин фарзанди

фарзона якҷоя бо миллати ҷафокашида ба ивази ҷонбозиҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати навинеро бунёд сохтанд, ки зери осмони софаш мардум ҳаёти оромонаю осудаҳолона ва саодатмандона дорад. Баробари ҳамин қадар хизматҳои бузург муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали шоистатарин - ба қадри инсон, ба қадри модар расиданро ба аҳли ҷомеа талқин намуданд ва мақому манзалати зан, модарро ба авҷи аъло бардоштанд, ки барои мо тоҷикон ва тоҷикистониён боиси ифтихор ва сарфарозист. Фарзанди инсондўсту адолатпарвару қадрдонаш муқаддас будани ҳуқуқи занро дар амал нишон доданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши пои модар сари таъзим фуруд оварда, ҳамроҳашон рўи кат нишаста, дуо гирифтанд. Модар-Бибимарям -таҷассумгари зоҳиру ботини кулли модарони тоҷиканд. Пероҳане остиндароз ба тан, рўймол ба сар ва дорои чеҳраи гарму нуронӣ. Бо чашмони меҳрпош нисбати фарзанд бо муҳаббат сухан гуфтанд. Дар суханонашон ягон оҳанги сохта, худситоӣ, манманӣ ва таърифу тавсифро нашунидам. Даст ба дуо бардошта, аз Худованд талаб карданд, ки ба фарзандам тани сиҳату хотири ҷамъ ато фармо, то ба халқ софдилона ва сарбаландона хизмат кунад. Оре, дуои модари тоҷик маҳз ҳамин аст. Ва он ниёишро шунида, ба ёд овардам, ки Худованд, дар қатори дигар инсонҳои мустаҷобуддуо модарро ҳам ҷой додааст ва дуойи модари тоҷик иҷобат хоҳад шуд, чунки вай ба Худо наздик аст, зеро фарзанди накўкораш амалҳои савобовари бузург - хомўш кардани оташи ҷанг, фароҳаморӣ ва устуворгардонии сулҳу ваҳдат, обод кардани сарзамин ва осудаҳолу саодатманд гардонидани инсонҳо, баланд намудани обрўю эътибори миллат ва дини ислом дар миқёси ҷаҳонро - амалҳои ба Халлоқи бузургу беҳамтои оламу одам писандро, ба иҷро расонидаанд. Боз кадоме аз накўкориҳои бешумори фарзанди фарзонаи модари тоҷикро мисол орам? Пеши роҳи мавҷҳои хурўшони дарёи саркашу итоатнопазирро баста, бунёд кардани кохи нур бо номи «Роғун» андар оғўши сангзорону шахистон, дар сари қуллаҳои барфпўш ва дили кўҳсорон кушодани шоҳроҳҳо ва нақбҳо, наздик кардани дилҳо ва манзилҳои ҳамватанон, қомат афрохтани садҳо корхонаю мактабу донишгоҳу марказҳои

Дар патрави Паёми Пешвои миллат

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки вақтҳои охир байни гурӯҳҳои ҷинояткори худро дилсӯзи ягонаи халқи тоҷик эълом доштаву аз тарси ҷавобгарӣ ба кирдорҳои зишти зиддидавлативу зиддимардумии худ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо паноҳбурда, ихтилоф афтодааст. Онҳо бо истифода аз ҳар фурсати қулай ҳамдигарро

сиёҳ ва бо алфози қабеҳтарин таҳқир мекунанд. Аз мавқеъ ва тариқи баёни андешаи онҳо дарёфтан душвор нест, ки ҳамаашон чандрӯя ҳастанду аз меъёрҳои оддитарини одобу ахлоқ фарсахҳо дуранд. Имрӯзҳо аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи ҳизби наҳзат, гурӯҳи

24 ва паймони миллӣ бо рафтору кирдор ва мубоҳисаву муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори навбатӣ собит месозанд, ки дар сурати сари ҳокимият омадан онҳо Тоҷикистон ва мардуми онро ба мусибату бадбахтӣ мувоҷеҳ мегардонанд. Зеро ҳар ҳарфашон таҷассумгари он аст, ки онҳо то кадом андоза худхоҳ ҳастанду баднафс. Ба хубӣ эҳсос

мешавад, ки ин тоифаи лаънатӣ барои расидан ба мақсадҳои ифлоси худ кайҳо ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ - душманони осудагиву оромии Тоҷикистон шудаанду дар ивази чор тангаи сиёҳ омодаанд бори дигар рӯзи мардуми Тоҷикистонро сиёҳ кунанд. Тавре мегӯянд "Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад"!

илмӣ, фарҳангӣ ва биноҳои маъмурӣ, сари ятимону бепарасторонро навозиш кардан, ба эҳтиёҷмандону дармондагон меҳрубонӣ намудан… Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри мақаддаси Макка ба хонаи Худо - Каъба ворид гардида, даст ба дуо бардошта, аз Худованд талаб карданд, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша тинҷу амон ва сабзу хурраму шукуфон бошаду ҳамватанон хотирҷамъона ва осудаҳол умр ба сар баранд. Ду маротиба китоби азимушшаъни «Қуръон»-ро бо ҳуруф ва забони тоҷикӣ нашр кунонида, ба ташнагони каломи Аллоҳ пешниҳод намуданд, ки ин ҳам амалест - подошаш савоби бузург. Шоҳасари «Тоҷикон» аз тарафи фарзанди фарзонаи модар бо таври ройгон ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ тақдим шуд, ки дар таҳкими худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандўстии хурду калони миллат нақши арзанда дорад. Ин ҳама амалҳо, иншоаллоҳ, мақбули Худованд ва бандагонаш гардида, савоби бузург меоранд. Худованд накўкорон, савобкоронро дўст медорад. Модари накўкореро, ки чунин фарзанди накўкорро ба дунё оварда, тарбия кардаанд, дўст медорад ва дуояшонро мустаҷоб мегардонад. Ин ҳама бузургиҳои фарзанд аз тарбияи модаранду дарак аз он медиҳанд, ки модар Бибимарям устоду омўзгори беҳтарин буданд, ки фарзандашон ба фарзанди вафодори миллат табдил ёфта, мақому манзалати модару миллат ва забону Ватани худро баланд бардоштанд ва ба пояи Пайкараи модар сари таъзим фуруд оварда, гулчанбар гузошта, гуфтанд: «То даме, ки бонувон дар сари гаҳвораи тоҷик ҳастанд, ин миллат озод, ин кишвар обод ва ин давлат пойдор хоҳад буд». Оре, модарони тоҷик буданду ҳастанд, ки миллат озод, кишвар обод ва давлат пойдору устувор гардида, сўйи қуллаҳои тараққиёт қадам мениҳад ва фарзанди арҷманди модар нишон доданд ба ҷаҳониён, ки тоҷикон дўстдори модаранду модар дўстдори фарзандон ва пайваста дуогўсту дуояш мустаҷоб мегардад. Модари тоҷик дуо мекунад, то осмони сарзаминамон ҳамеша соф бошад, Ватани ҷоноҷон дар фазои орому амонӣ тараққӣ кунад, боз ҳам сабзу хурраму шукуфонтар гардад, мардумаш сарбаланд ва саодатмандона умр ба сар барад. Дуои модари тоҷик мустаҷоб мегардад, чунки модари тоҷик мустаҷобдуост. Субҳон ЁДГОРӢ, омўзгори мактаби №18-и шаҳри Исфара.

Кунун мардуми кишвар шабеҳии мардуми ибтидои солҳои 90-ум содаву зудбовар нест ва ба хубӣ сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад ва дигар фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин тоифаи хоину ватанфурӯш нахоҳад шуд! Алъон тамоми мардуми кишвар ба хубӣ медонанд, ки кафили ягонаи сулҳу оромӣ ва пешрафти Ватани мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд! М.АҲМЕДОВ, мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара.


3

"Насими ИСФАРА"

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях вуҷуд дорад, ки масоҳати умумии онҳо ба 8476 км2 баробар мебошад. Ҳаҷми онҳо 567 км3-ро ташкил медиҳад. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як даҳ ҳиссаи масоҳати Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад, лекин беш аз 60 фоизи обҳои Осиёи Миёна аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Пиряхҳои мо ҳар сол беш аз 13 км3 ба дарёҳо об медиҳад, ки беш аз 25 фоизи обҳои ба дарёҳо ҷоришавандаро ташкил медиҳад. Пиряхҳо намнокии ҳаво ва сарфи оби дарёҳоро ба танзим медароранд. Дар давлати ҳамсояи Ӯзбекистон пиряхҳо хеле каманд, оби пиряхҳои Қирғизистон бошад асосан ба Ҷумҳурии Чин ҷорӣ мешавад. Тақсимшавии пиряхҳо дар кӯҳсор асосан аз сатҳи баҳр ва нишебии кӯҳ вобаста мебошад. Нишебии шимолии кӯҳ, ки радиатсияи офтобро кам қабул мекунад барои пайдоиш ва нигоҳдории пирях шароити хубтар дорад нисбат ба дигар нишебиҳо. Мисол пиряхҳои дар нишебиҳои самти шимолдошта (шимол, шимолу шарқ, шимолу ғарб) тақрибан 65-70%-и пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар нишебиҳои самти ҷануб бошад 15-20% пиряхҳои Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Навъи морфологии пиряхҳо гуногуншакл буда, аз релеф ва орография, омилҳои иқлимӣ ва ҳоказо вобастагӣ дорад. Пиряхҳои водигӣ аз ҳама пиряхҳои калонҳаҷм ба шумор рафта, 1/3 ҳиссаи пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чунин намуди пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Обихинг, Муқсу, Ванҷ, Язғулом, Бартанг, Маркансу ва дар минтақаи кӯли Қарокул

18 январи соли 2023

№ 2 (9464)

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ, Аз ҳастии оби файзбор аст.

Соли 2025 - Соли ҳифзи пиряхҳо

Пиряхҳои Тоҷикистон ва мушкили таъмини об дар Осиёи Марказӣ

ҷойгир шудаанд.. Пиряхҳои дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб ва Кофарниҳон ҷойгиргашта 40-50%и пиряхҳоро ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии пиряҳҳои Тоҷикистон, чӣ хеле дар боло гуфтем, 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Баъзе пиряхҳо 50-60 м ғафсӣ доранд ва дар ҳолати гармшавии иқлим ҳамин пиряхҳо аввал об мешаванд. Пиряхҳои аз ҳама калон дар қисми шимолу ғарбии Помир, ки дар он ҷо қуллаҳои Академияи Фанҳо, Дарвоз, Пётри Кабир, Ванҷ ва Язғулом мебошанд, мавҷуданд.

Инчунин ин пиряхҳо дар қуллаҳои баландтарин И. Сомонӣ (7495 м) ва қуллаи Е. Корженевский (7105 м) ҷойгир гаштаанд. Дар ҳамин мавзеъ яке аз пиряхҳои калонтарини ҷаҳон пирях – Федченко ва шабакаҳои он беш аз 100 пирях ҷойгир ҷойгир шудааст. Дар ҳамин мавзеъ пиряхи Грумм - Гржимайло бо масоҳати 142,9 км2 ва пиряхи Гармо бо масоҳати 114,6 км2 ва боз садҳо пиряҳо ҷойгир шудаанд. Аз ҳамин ҷо дарёҳои Ванҷ, Язғулом, Бартанг, ки ба саршавии дарёи Панҷ замина мегузоранд, оғоз мешавад. Дар мавзеи дигар бошад, пиряхи Октябр (88,2 км2) мавҷуд буда, сарчашмаи

муҳимми оби кӯли Қарокӯл аст. Пиряхи Саукдараи калон (53,0 км2) сарчашмаи Муқсу ва пиряхи Уйсу (49,9 км2) сарчашмаи дарёи Маркансу мебошанд. Масоҳати умумии ҳарду ҳавзаи пиряхҳо 5 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад Гурӯҳи дигари пиряхҳо дар сароби дарёи Зарафшон ҷойгир гаштааст. Аз ҷиҳати масоҳат нисбат ба дигар ҳавзаҳои номбаршуда хеле кам мебошад. Дар қисми пайвастшавии қаторкӯҳи Туркистон ва Зарафшон пиряхи водигии Зарафшон ҷойгир гаштааст, ки дарозии он 27,8 км, масоҳаташ 132,6 км2, ҳаҷмаш 15,85 км3 баробар мебошад. Мисол дарозиии пиряхи Рама 8,9 км, масоҳаташ 22,8 км2 , ҳаҷмаш 1,58 км3 аст. Аз сабаби тағйирёбии экологӣ дар асри XX масоҳати пиряхҳо кам шуда истодааст. Мисол масоҳати пиряхҳои Кавказ 1/3 ҳиссашон нобуд шуда, ҳаҷмаш бошад, ду маротиба кам шудааст. Дар Ӯзбекистан дарозии пиряхи Абрамов (қаторкӯҳи Олой) дар 31 сол, аз 1967 то 1999 ба 500 метр кӯтоҳ гашта, 18% -и вазни худро гум кардааст. Аз рӯи пешгӯиҳо то соли 2020 ин пиряхи азим (масоҳаташ 22,5 км3) боз 17%-и вазни худро гум кардааст. Новобаста аз он, ки пиряхҳои Тоҷикистон нисбат ба пиряхҳои Кавказ як километр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, аммо

М.АБДУЛЛОЕВ.

ЭЪЛОН

Аз кулвори "Шифо"

Остеохондроз чӣ тавр бояд муолиҷа карда шавад? Остеохондроз ин тағйироти синну солӣ буда, аз сабаби сустшавии мубодилаи моддаҳо ва пайдоиши равандҳои дегенеративӣ дар сутунмуҳра пайдо мешавад. Чӣ тавре, ки медонем, сутунмуҳра аз устухончаҳои сутунмӯҳра, диски байни сутунмӯҳраҳо ва буғумҳо иборат аст. Саршавии бемории остеохондроз аз мавзеи оғозаш тадриҷан бо дардҳои шадид ба узвҳои гуногуни бадан, хусусан қисми поёни миён ва гардан мегузарад. Аз рӯи сохт мо медонем, ки дар байни ҳамаи сутунмӯҳраҳо канали ҳаромағз мегузарад. Дар он худи ҳароммағз ҷойгир аст ва аз он решаҳои асаб мегузаранд ва дар навбати худ ҳама узвҳо ва системаҳои баданро идора мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки остеохондроз ба ҳамаи организм таъсири худро мерасонад. Қариб ҳама бемориҳои узвҳои дарунӣ аз ҳолати сутунмӯҳра вобаста мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: сарчашмаи ҳамаи бемориҳо, асаб аст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми табобат ва беҳтар шудани ҳолати сутунмӯҳра ҳолати тамоми бунияи инсон хубтар мешавад. Аксаран дар вақти табобати остеохондроз маризон аз бемориҳои гастрит, колит, захми меъда, астмаи бронхиалӣ, санги гурда, бемориҳои гуногуни пӯст, инчунин аз илтиҳоби занона ва мардона раҳо меёбанд. Дар баробари пиршавӣ ва беҳолшавии сутунмӯҳра мушакҳои

аз сабаби иқлими Тоҷикистон хушк ва гарм буданаш бошиддат нобуд гашта истодаанд ва суръати кӯтоҳшавии забонаи пирях аз 4,0 то 9,0 м/солро ташкил медиҳад. Аз рӯи пешгӯиҳо то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхҳои майда пурра аз байн меравад. Нестшавии пиряхҳо ба пуробии дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон, Обихинг таъсири худро мерасонад. Масоҳати пиряхҳо то 20%, ҳаҷми ях дар онҳо то 25% кам мегардад, илова бар ин пиряхҳои калон мавқеи худро нигоҳ медоранд. Пуробии дарёи Панҷ қариб, ки тағйир намеёбад, лекин пуробии дарёи Вахш бошад, аз ҳисобии камшавии оби дарёи Обихинг то 7-10% эҳтимол кам мешавад. Гармшавии иқлим дар рӯи Замин, ифлосшавии пиряхҳо ба камшавии масоҳати пиряхҳои Антарктида ва Осиёи Миёна оварда расониданаш мумкин аст. Аз рӯи пешгӯиҳои мутахассисон дар Ӯзбекистан ва Қирғизистон, пас аз ним аср ҳамаи пиряхҳои Тияншон эҳтимол об мешаванд. Ҳоло ягон роҳи нигоҳ доштани пиряхҳо аз обшавӣ вуҷуд надорад ва чораҳо андешида нашуда истодаанд. Бинобар ин ба фикри мо якчанд роҳи ба танзимдарории обшавии пиряхҳо вуҷуд дорад: 1.Зиёд кардани боришот дар минтақаи пиряхҳо. 2. Ба минтақаи пирях бо роҳи сунъӣ ҷамъоварии барф ва фуровардани тарма. 3. Бо роҳи пӯшидани пиряхҳо бо маводҳои теплоизолятсионии фолгадор. 4. Истифода бурдани дастгоҳҳои сардкунанда ва барфҳосилкун.

он ҳам пир ва беҳол мешавад, ки ин ба вайроншавии ғизо ва ҷамъшавии моддаҳои дар пайи метаболизм ба вуҷудоянда меоварад. Дар натиҷа мушакҳо хусусияти оромиро аз даст медиҳанд ва ҳамавақт зери фишор қарор мегиранд. Ин боис мегардад, ки мубодилаи моддаҳо дар пайвандҳо ва рагҳо вайрон шавад. Сутунмӯҳра аз 33 мӯҳраҳои бо ҳам пайваст иборат аст, ки дар он чорбанд ва копчик асоси сохтор (склет) маҳсуб мешаванд. Склети одам зиёда аз 200 устухон ва 700 мушаки ба онҳо пайваст таркиб ёфтааст. Табобати сутунмӯҳраро аз мушакҳо, пайвандҳо, рагҳо, ки онро иҳота кардаанд, ҷудо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Табобатро бояд пурра бо фарогирии тамоми организм ва хуб кардани ҳолати сутунмӯҳра ба роҳ монд. Шахсе, ки мехоҳад бемории остеохондрозро табобат кунад ва онро аз байн барад, бояд ин қоидаро донад: Ҳолати сутунмӯҳра – ҳолати организм! Чуноне ки медонем, ба бемороне, ки бо дарди миён ба дармонгоҳ муроҷиат мекунанд, табибон варақаи беморӣ ё аналгетикҳо тавсия медиҳанд ва дар ҳолати беҳбудӣ бемор ба кор шуруъ мекунад, хусусан, агар бемор ба синни нафақавӣ нарасидаву ҳанӯз ҷавон аст. Дар сурате, ки бемор саривақт табобат нагирад ва фикр кунад, ки дард худ аз худ, оҳиста – оҳиста гум

мешавад, раванди беморӣ марҳила ба марҳила дар бадани бемор зиёд шуда, дарди миён шиддат мегирад ва то ба дараҷае мерасад, ки дасту пой карахт шуда, бемор аз роҳгардӣ мемонад ва оқибат қобилияти кориашро ҳам аз даст медиҳад. Аз тарафи дигар, бемор дар марҳилаи римисия қарор дораду аммо метарсад, ки қоматашро рост дошта бигардад. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари табобати ин беморӣ муолиҷаи мануалӣ бо машқҳои бозкунандаи бандҳо, таҳкимбахши мушакҳо ва масҳ барои тезтар ва беҳтар гардидани моддаҳо дар бофтаҳо зарур аст. Мушакҳо ва бандҳо бо сутунмӯҳра алоқаи зич доранд ва баргардонидани сутунмӯҳра ба ҳолати муқаррарӣ бидуни мулоим кардани мушаку бандҳо ва ба ҳолати эластикӣ овардани онҳо ғайриимкон аст. Аз қадимулайём ба ҳама маълум аст, ки ҳаракат асоси солимии организми инсон аст. Олимон тасдиқ кардаанд, ки машқҳои ҷисмонӣ воситаи ягонаи бартараф намудани бемориҳост. Аз ин хотир, агар хоҳед, ки мудом солим бошед, бештар роҳ гардед, бо варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шавед. Г. НЕГМАТУЛЛОЕВА, табиб - омӯзгори МДТ Коллеҷи тиббӣ.

Ба ширкати телевизионии "АНТ" дар шаҳри Исфара барои насб ва таъмири таҷҳизоти телевизионӣ усто лозим аст. Таҷрибаи корӣ қадр карда мешавад. Агар шумо ҳавасманд бошед, пас имконияти хубе доред, ки дар ширкати телевизионии мо маҳорати худро муаррифӣ кунед. Резюмеи худро метавонед ба суроғаи электронии hr@ant.tj фиристонед ё тавассути рақамҳои (92) 755-69-26 ва (92) 999- 11- 88 бо мо тамос бигиред.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №204163, ки МТМУ №32 солҳои таҳсили 1989-1990 ба Рустамова Сайрамхон Ҷумабоевна додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи ШМА № 876658, ки МТМУ №24 солҳои таҳсили 19811982 ба Сафарова Нодира Бобоевна додааст. *** Аттестти хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи ШМА № 744850, ки МТМУ № 24 солҳои таҳсили 19801981 ба Ҳакимов Раҳмат Собитович додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи ШМА № 0006522, ки МТМУ №24 солҳои таҳсили 20032004 ба Бурҳонова Дилафрӯз Маҳмудовна додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи БР №105582, ки МТМУ №29 солҳои таҳсили 1983-1984 ба Аҳмедҷонова Раҳнамо Маҳмудовна додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи Б №744531, ки МТМУ № 18 соли хониши 1981 ба Умаров Довуд Ҷӯраевич додааст. Ташкилоти ҷамъиятии "Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон" аз вафоти собиқадори ҷанги Афғонистон АБДУЛЛОЕВ ҶУНАЙДУЛЛО андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои мусибатбор ба пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳон аст.


4

"Насими ИСФАРА"

18 января 2023 года

Человек и его дело

Гордость предприятия лучшие качества – скромность, тактичность, эффективное и своевременное выполнение всех указаний вышестоящих руководителей. Каждый её трудовой день начинается с заполнения официальных документов, распределения по отделам и должностным лицам соответствующих приказов и распоряжений. Кроме того, при приёме на работу молодых рабочих и специалистов , а также во время прохождения испытательного срока работы, Хуршеда Шариповна, Хуршеда Шариповна Косимова как наставница, объясняет им (на снимке) родилась и выросла тонкости профессий, отдельные в семье интеллигентов. Мать части и главы Трудового Кодекса – учительница истории, отец – Республики Таджикистан. Это тоже преподаватель химии и биологии в немалой степени способствует долгие годы проработали в повышению дисциплины, образовательных учреждениях выполнению внутреннего трудового посёлка Нефтеабад и вышли на распорядка предприятия. заслуженный отдых. Прилежная Х.Ш. Косимова сама постоянно и добросовестная ученица повышает уровень своего Хуршеда окончила на «хорошо» и профессионального мастерства «отлично» среднюю школу №4 в по делопроизводству, регулярно 1988 году и поступила на факультет знакомится с новыми изменениями «Педагогика» Худжандского и дополнениями в Правила о государственного университета Государственном языке. имени академика Бободжона - Но самое главное, - говорит Гафурова. Хуршеда, - это изучение опыта Трудовая деятельность наставницы, Ветерана труда Хуршеды Шариповны началась Тамары Петровны Вьюгиной. в родной школе в качестве Ныне Х. Косимова работает в учительницы начальных классов. должности начальника отдела Однако, из-за нехватки кадров предприятия. В коллективе в ы с о к о к в а л и ф и ц и р о в а н н ы х завоевала почёт и уважение педагогических и воспитательских работников СООО «Петролеум – кадров, Х. Косимова была Сугд». За образцовое выполнение приглашена в 2008 году сначала функциональных обязанностей воспитательницей, затем была и трудолюбие она неоднократно назначена заведующей детским поощрялась Почётными грамотами садом-яслями «Солнышко» администрации и ценными посёлка Нефтеабад. подарками. За время работы она приложила В текущие дни трудящиеся немало усилий в улучшении республики, претворяя в педагогической и воспитательной жизнь Указ Основателя мира и работы, в благоустройстве и национального единства – Лидера внешнем соответствующем нации, Президента Республики оформлении этого дошкольного Таджикистан, Председателя учреждения. Сама была образцом Правительства страны уважаемого трудолюбия и инициативности. Эмомали Рахмона об объявлении Учитывая способности, чувство 2022-2026 годов «Годами развития личной ответственности за промышленности», трудятся выполнение порученного дела достойно, стремятся с новыми со стороны администрации Х.Ш. трудовыми успехами встретить Косимова в 2016 году была 35-летие Независимости переведена на ответственную Республики Таджикистан. Среди должность – инженера отдела них есть и доля труда скромной кадров совместного общества с работницы нефтегазовой ограниченной ответственностью промышленности Хуршеды «Петролеум-Сугд». Шариповны Косимовой. В большом многонациональном М. ЁСИНЖАНОВ, коллективе Хуршеда показала свои обществ. корр.

Шаҳрванд Эгамов М., бархилофи талаботи моддаи 13 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 27 ноябри соли 2022 дар тӯйи арӯсию домодии ҳамсинфаш, ки дар тарабхонаи “Шоҳон”-и шаҳри Исфара баргузор гардидааст, ба домод маблағи пулӣ часпонидааст. Мувофиқи талаботи моддаи 13 қисми 3-и Қонуни мазкур пошидан ва часпонидани пул дар ҷашну маросим манъ карда шудааст. Бо ин ҳаракатҳои худ, шаҳрванд Эгамов М. ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

№ 2 (9464)

Говорят, что в древности один правитель спросил известного математика, о наличии более лёгких путей изучения точных наук, чем тот, что традиционно используется в обществе. На этот вопрос он получил ответ, что в науке царских дорог не существует и путь обучения тернист и сложен. Данная проблема актуальна и сегодня и является предметом изучения методики преподавания современных учебных дисциплин. Булевая алгебра дисциплина молодая и быстро развивающаяся. Из разряда чисто умозрительных предметов в эпохи Вильгельма Готфрида Лейбница и Джорджа Буля она превратилась в науку, широко используемую в современном информационном обществе. Двоичный принцип восприятия и обработки информации революционизировал все процессы производства и информационных технологий, став фундаментом сегодняшней цифровой экономики. По словам логика и педагога Игошина: «Логика образует такой пласт общечеловеческой культуры, без освоения которого в настоящее время не может состояться ни одна мыслящая личность». Логические законы, лежащие в основе двоичных принципов, превратились в серьёзный предмет изучения современных учёных. Методы булевой алгебры широко используются в программировании, электротехнике, в компьютерной графике и архитектуре, в технологиях искусственного интеллекта. Они нашли своё применение практически во всех сферах человеческой жизнедеятельности, до которых дотянулась длинная рука информационных технологий. Успешность изучения многих школьных предметов также связана с логическими возможностями школьников. Мыслить логично значит мыслить точно и последовательно, не допускать противоречий в своих рассуждениях и уметь вскрывать логические ошибки; эти качества мышления имеют большое значение для успешности освоения всех без исключения учебных дисциплин. Поэтому

Иттилои прокуратура

Талаботи қонунро нодида гирифтанд Аз рӯйи ин ҳодиса 12 декабри соли 2022 нисбати сокини шаҳри Исфара Эгамов М. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд равон карда шуд. Ё ин, ки Савриддинов Ҳ. бархилофи талаботи моддаи

"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №321/РЗ-97

10, қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъракаи тӯйи домодию арӯсии фарзандаш Н. Савридиновро ба ғайр аз маъракаи оши никоҳ бегоҳӣ, як рӯз пеш аз тӯйи домодию арӯсӣ дар хонаи истиқоматиаш дастархон ороста, барои муборакбодии тӯйи

Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.

«Только человек, у которого ум хорош и сердце хорошо, вполне хороший и надёжный человек». К.Д. УШИНСКИЙ.

Актуальная проблема

Необходимость изучения булевой алгебры для логического развития современного школьника изучение булевой алгебры, как одной из логических основ современных компьютерных технологий, является неотъемлемой частью учебного процесса в современных школах. В современных учебниках информатики булевая алгебра подаётся либо как часть изучения адаптированной под требования школ математической логики, либо как часть логических основ компьютерных технологий, либо как вспомогательная часть в программировании и электронных таблицах. Если взять отечественное образование, то можно сказать, что в целом – эта часть логики описана и предлагается на достаточно хорошем уровне и заметна тенденция к улучшению и углублению изучаемого материала. Однако проблемой современной школы является отсутствие или малодоступность достаточного числа дидактических материалов по широкому спектру изучаемых тем, в частности по булевой алгебре. И, к сожалению, Интернет не всегда может помочь в этом. В глобальной сети можно найти практически всё, но качественный контент либо стоит хороших денег, либо недостаточно разрекламирован, либо подаётся на языке, являющимся чужим для потребителя. Решением проблемы могут стать специальные сайты, поддерживающие образовательный контент и финансируемые государством. Это нужно, чтобы избежать назойливой рекламы и спама, финансовых затрат со стороны обучающихся, диктата модераторов и плохого качества

предлагаемого материала. Финансирование со стороны государства является наличием обязательного контроля за контентом, что, несомненно, должно сказаться на его качестве. Необходимо организовать публичные образовательные библиотеки, обеспеченные достаточным количеством качественной учебнометодической литературы. Нужно организовать курсы с ежегодно сменяемой повесткой, включающей все последние достижения науки и технологий. Заметную роль в изучении булевой алгебры могли бы сыграть кружки и факультативы в области физики, математики и информационных технологий. К сожалению, сегодня терминами конъюнкция, дизъюнкция и инверсия пугают современного учащегося. Образовательный процесс надо поставить таким образом, чтобы данные категории из пугала превратились в надёжный и полезный инструмент будущих граждан и специалистов двадцать первого века. Ведь, как говорит известный логик Александр Архипович Ивин: «Понимание принципов мыслительной деятельности, без сомнения, одно из самых ценных наших знаний. Оно делает ум максимально точным и ювелирно тонким в своем анализе, беспощадным к любой фальши и нелогичности, неизменно последовательным в своих выводах. Все это, так или иначе, сказывается на всех сторонах и теоретического, и практического приложения мышления». Ф.Дж. САЛИМОВ, ст. преподаватель, Б.МАЛИКОВ, студент.

фарзандаш, бидуни хабардор намудани мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ хешу табор, ҳамсояҳо, ҳамсинфон ва рафиқонаш, дар маҷмуъ 29 нафарро ба зиёфат даъват намудааст. Тибқи талаботи моддаи 10, қисми 2-и ҳамин Қонун ташкили муборакбодӣ манъ аст. Ба ғайр аз ин, дар асоси моддаи 14, иловаи 1, қисми 1-и ҳамин Қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

Бо ин ҳаракатҳои худ, шаҳрванд Савриддинов Ҳ. ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса 19 декабри соли 2022 нисбати шаҳрванд Савриддинов Ҳ. бо моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд равон карда шуд.

Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 17. 1. 2023. Адади нашр 3800. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.

А.Ҳ. МИРСАЙЗОД, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Насими Исфара", № 2 от 18 января 2023 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu