"Насими Исфара", № 2 от 12 января 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №2 (9417) *** Чоршанбе, 12. 01. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Баҳоваддин БАҲОДУРЗОДА тимсоли одамият, шуҷоат ва меҳанпарастӣ Дар бораи корномаи одамони одӣ, қаҳрамониҳои шахсони алоҳида ва чеҳраҳои шинохташуда дар рӯзномаҳо бисёр хондаем. Зиндагиномаи онҳо моро ба ҳайрат меорад ва мо ба онҳо эҳтирому эътиқод пайдо намуда, гоҳо худро ҷойи онҳо тасаввур карда, мехоҳем, ки дар ин дунёи пуршарушӯр кори неке анҷом дода бошем. Ин кори хуб аст. Аммо сиёсатмадорон, мансабдорон ҳам, дар давоми фаъолияти кориашон корномаҳое мекунанд, ки он ба вазифаи ишғолкардаашон чандон вобастагӣ надорад, яъне онҳо рисолати инсонии худро иҷро мекунанд. Дар ин маврид онҳо чун мо одами одӣ ҳастанд ва рафторашон ҳам одист. Мо ин ҷо дар бораи як нафар мансабдори дар сиёсат обутобёфта, марди шуҷоъ, раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ҳарф заданӣ ҳастем. Ҳарчанд ки ӯ дар вазифаҳои гуногун кор кардаасту фаъолияти густурда дорад ва ҳатто то мақоми муовини раиси вилояти Суғд расидааст, аммо маҳз раиси шаҳри Исфара шудан ӯро шинохтаю маъруф кард. Зеро ин шаҳри овозадор аз як тараф Ватани одамони нек, ободкор ва заҳматкаш бошад ҳам, аз ҷониби дигар шаҳри дорои муаммову масъалаҳои хос ва мушкилоти марз. Бале, қазияи марз нисбат ба тамоми дигар масъалаҳо нозуктар ва душвортар аст, ба хусус бо чунин ҳамсояи мураккаб. Дар ин ҷо кор кардан аз шахс сабру тамкин, мулоҳизаи дуруст, таҷрибаи сиёсӣ, донишу қобилияти баландро талаб мекунад. Дар давоми фаъолияташ Баҳодурзода Баҳоваддин собит намуд, ки дорои чунин сифатҳост ва ба як чеҳраи шинохтаи сиёсӣ табдил ёфт. Ӯро ҳама - хосу ом мешиносанд, эҳтиромашро ба ҷо меоранд ва ғоибона сифаташ мекунанд. Ҳанӯз вақти муовини раиси вилоят буданаш ба Исфара омада буд, дар Ворух ҳамроҳи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миёни сангборони ҳамсояҳо монд, вале чеҳрааш тағйир наёфт, наҳаросид. Дарди мардуми минтақаи марзиро эҳсос кард ва номуси миллиаш ба ҷунбиш омад. Шояд каси дигар мебуд, ҳини ба раисии ин минтақаи доғ пешниҳод шудан, он ҳодисаҳоро ба ёд оварда, аз ин вазифа даст мекашид. Лекин ӯ чунин накард, ғурури миллиаш иҷозат надод. Баъди ҳамон сангборон ӯ ба Исфараю Ворух ҳар моҳ ва ҳар ҳафта меомадагӣ шуд, мардумро медид ва аз зиндагиашон хабар мегирифт. Ӯ ворухӣ шуд, ба сони шаҳрванди ифтихорӣ. Ободкориҳои бесобиқаи Ворух ба ӯ рабт дорад, ҳар ҳафта не, рӯздармиён ва сонитар ҳар рӯз ин ҷо буд. Бо сари баланд Пешвои муаззами миллатро қабул кард ва гумон дошт, зиндагии мардуми Исфара акнун ранги дигар мегирад ва мо ҳама минбаъд боз ҳам осудатару бидуни ҳеҷ як парешонӣ зиндагӣ хоҳем кард. Аммо, воқеаи нангини рӯзҳои 29 - 30-уми апрели соли гузашта ӯро сари андеша оварда, ҳушёртар сохт. Ӯ ҳамон рӯз бо нияти нек ҷои муноқиша омад

Озмуни мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва ғолибон бо дарназардошти фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии деҳот, пешбурди назарраси корҳои ободонию бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таъриху тамаддуни тоҷикон қадршиносӣ гардиданд. Зимни супоридани диплому мукофотҳо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо баробари таҳнияти ғолибони озмун афзуд, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар вилояти Суғд низ

ва мехост бо ҳамсояҳо масъаларо бо гуфтушунид, мусолиҳатомез ҳаллу фасл кунад, вале душмани заиф сари синаи ӯро нишон гирифт. Ҳеҷ гоҳ гумон намекард, ки чунин мешавад, зеро то ҳол дар сари аксари мушкилот бо ҳамтояш забон меёфт ва масъалаҳоро мусбӣ ҳал менамуд. Ӯ аввалин раисе буд, ки барояш муяссар шуд, бо вуҷуди монеасозии бисёрсолаи ҳамсоягон, роҳи Говсувори Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳро ҳамвор ва шағалпӯш кунад. Мусофирон вақти мошинсавор аз ин роҳ гузаштан дар ҳаққаш бо дуои нек даст мебардоранд ва шояд маҳз ҳамин дуои неки мардум буд, ки ҳаёту саломатии ӯро аз тири номардон ҳифз кард. Бале, «некӣ куну ба Даҷла андоз» гуфтаанд, ҳар некиро дар зиндагӣ подоше ҳаст. Пас аз ин воқеа муҳаббати мардум нисбати ӯ қавитар шуду меҳри ӯ ба Исфара афзунтар. Вақте ки ба аёдаташ рафтем, дар чеҳрааш ягон осори хастагӣ надидем, худашро бардам ҳис мекард ва аввалин суолаш «Мардуми Исфара хубанд? Аҳволашон чӣ хел?» буд. Вақти хайрухуш таъкид кард, ки «Саломи маро ба мардум расонед, рӯҳафтода набошанд. Давлат ҳаст, Пешвои меҳрубон дорем, ҳеҷ гоҳ шуморо танҳо намегузоранд». Баъди бозгашт аз беморхона аввалин коре, ки ӯ анҷом дод, ба Чоркӯҳу Ворух омада, ба оилаҳои ҳалокшудагони набард ҳамдардӣ изҳор намуд ва кумаки моддӣ расонид. Барои хондани фарзандонашон дар мактабҳои миёна, дар оянда барои қабул шудан ба мактабҳои олӣ ва таҳсили ройгони онҳо шароит фароҳам сохт. Ба гумонам, барои дар қолаби одаму одамгарӣ будану зистан чунин муносибат муҳимму аввалиндараҷа аст. Муҳтарам Баҳодурзода Баҳоваддин имрӯз ҳам, паҳлуи мост, бо ҳамон хоксориву ҳамон некӯкорӣ ва ҳамон самимият. Мартабаро аз фурӯтанӣ ёфтааст. Ҳар субҳ мехезад ва аввалин коре, ки анҷом медиҳад, ба Ворух, Чоркӯҳ ва Сурх занг мезанад, аз вазъият ва аҳволи мардум пурсон мешавад, сипас, наҳорӣ мекунад. Ин ба ӯ одат шудааст, аммо пас аз муддате мебинӣ, ки ӯ ё дар Ворух, ё Чоркӯҳ ё деҳаи дигаре аст. Мехоҳад воқеияти вазъро бо чашмони худ бинад. Агар оромӣ бошад, ӯ хотирҷамъ мешавад ва баъд ба корҳои дигар даст мезанад. Ӯро ҳамон байти устод Лоҳутӣ ба таҳрик меораду онро шиори худ кардааст: Ҳар шаб зи худ бипурс, агар ту мардӣ, К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ. Ӯро раиси сол гуфтан кам аст, ӯ раиси солҳост ва ҳамеша бо мост. Мардуми Исфара хизматҳои ӯро, некиҳояшро, мардонагию ҷасораташро аз ёд намебароранд, ба фарзандон қисса мекунанд. Куҷое наравад, дар кадом вазифае ва дар кадом сатҳе кор накунад, эҳтиромашро ба ҷо меоранд ва раиси худ медонанд. Маҳмудҷон НИЁЗОВ, директори Қасри фарҳанги Ворух

Аз маҷлиси фаъолони шаҳр Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи васеи фаъолон баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми соли сипаригаштаи 2021 мавриди баррасӣ қарор дод ва вазифаҳоро барои соли 2022 муайян намуд.

Д

ар кори он муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, вакилони шаҳрӣ, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд. Нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми соли 2021 муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода гузориш пеш овард. Номбурда дар гузориши худ ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла саноату хизматрасонӣ, сектори хусусиву вазъи таъминот бо қувваи барқ ва пардохти маблағи он, ҳолати соҳаи кишоварзӣ, чорводориву парандапарварӣ, кишти зироатҳо, вазъи соҳаи маорифу тандурустӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳоливу раванди ваксинагирӣ дар Исфара дахл намуд. Зикр карда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, кулли сокинони шаҳри Исфара фаъолияти минбаъадаи худро дар асоси Паёми навбатии Президенти мамлакат пеш мебаранд. Дар соли ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷет 105 фоиз иҷро гардида, аз 11 намуди сарчашмаҳои андозбандӣ 2 намуди он - андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ, иҷро нашуд. Дар давраи ҳисоботӣ рушди истеҳсоли саноатӣ 101 фоизро ташкил дода бошад ҳам, 7 корхона фаъолият накардааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар умум 1812 нафар бо кори доимӣ таъмин карда шудаанду дар соҳаҳои тандурустиву маориф нарасидани мутахассисон эҳсос карда мешавад. Баъди шунидани гузориш муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба баъзе паҳлуҳои он изҳори назар кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки вобаста ба гирифтани ваксина Исфара дар ҷойи охир қарор дорад ва он ҳамагӣ 47 фоизро дар бар мегирад. Дар соҳаи тандурустӣ нарасидани кадрҳо эҳсос мешавад ва танҳо табибони оилавӣ 31 нафар намерасанд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бошад, дар ҳошияи гузориш эродҳои худро вобаста ба фаъолияти

Натиҷагирӣ аз соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 сохторҳои дахлдори блоки мафкуравӣ баён дошт. Аз ҷумла қайд намуд, ки дар соҳаи маориф новобаста аз пешравиҳо як қатор камбудиҳо дида мешаванд. Аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои Сурх ва Лаккон сатҳи ҷалби хонандагони ба зинаи сеюми таҳсил нигаронкунанда буда, бояд дар ин самт корбариҳо сурат гиранд. Ё худ идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли ҳисоботӣ нисбат ба соли 2020 273 нафар кам шудааст. Ҳарчанд оид ба нарасидани омӯзгорон зиёд гуфта шавад ҳам, ин масъала таҳлили бештару амиқтарро мехоҳад. Зеро кам нестанд нафароне, ки ғайриихтисос ба тарбияи хонандагон машғуланд. Ҳамзамон шаҳрдори Исфара бобати тақвияти корҳои мафкуравӣ, гардиши хона ба хона, диққат додан ба пешгирии ҷинояткорӣ байни занону ноболиғон, 471 адад бекор шудани ақди никоҳ, ки асосан аз ҳисоби оилаҳои ҷавон мебошад, вазъи обуна ба нашрияҳои даврӣ, ҳолати шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо омодагӣ ба даъвати баҳоронаи ҳарбӣ, пешгирии таҳсилоти ғайрирасмии динӣ изҳор назар кард. Дар ҷараёни маҷлиси ҷамъбастӣ аз муовинони сарпараст вобаста ба камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳо ва ислоҳи саривақтии онҳо вазифагузорӣ сурат гирифт. Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар маҷлиси фаъолони Исфара суханронӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуда, баҳри ободиву пешрафти Ҷумҳурии азизамон саҳми босазо мегузоранд. Дар фарҷом раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар назди ҳозирин вазифаҳоро барои соли 2022 муайян ва иҷрои саривақтии онҳоро дархост кард. Дар раванди маҷлиси ҷамъбастӣ раиси Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Нуриддин Каримов бинобар расидан ба синни нафақа ва фаъолияти пурсамар дар хизмати давлатӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардид.

Ҷамоатҳои Ворух ва Шӯроб ҷамоатҳои беҳтарини вилояти Суғд Озмуни вилоятии "Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин" ҷамъбаст ва Ҷамоати деҳоти Ворух "Деҳоти беҳтарин"-и соли 2021 дар вилояти Суғд дониста шуда, бо диплом, вимпел, калиди рамзӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Ҷамоати шаҳраки Шӯроб бошад, байни шаҳракҳои вилоят мақоми дуюмро ишғол кард ва бо Диплому мукофоти пулӣ қадршиносӣ карда шуд. бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтанд. Обод гардидани даҳҳо километр роҳҳо, бунёди

корхонаҳои нави саноатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тиб ва фарҳанг аз дастовардҳои муҳимми солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд Ин комёбиҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву меҳанпарварона барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем. Баҳри ояндаи дурахшон минбаъд низ пайваста талош хоҳем кард


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.