2- 2016.qxp имруз_Layout 1 16.01.2016 6:28 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 2 (312)
аз 16 январи соли 2016
ФАРМОНИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин намудани Расулзода Д.Ҷ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Расулзода Дилшод Ҷабборӣ раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ш. Душанбе, 11 январи соли 2016, № 605.
МУАРРИФӢ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ 10 ноябри соли 1970 дар шаҳри Исфара, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 1 ба Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Қазони Федератсияи Русия дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси муҳандис – технологи кимиё хатм намудааст. Соли 2009 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом расонида, рисолаи номзади илмҳои техникиро бомуваффақият ҳимоя кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ба ҳайси лаборантустои заводи гидрометаллургии шаҳри Исфара (ҶСК “Тамохуш-ЗГМИ”) оғоз намудааст. Солҳои 1997-2000 дар иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнафтугаз”, солҳои 2000-2003 дар кумитаи иқтисод ва робитаҳои берунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва солҳои 2003-2006 дар вазифаи директори ҶСШК “Фарзона” фаъолият бурда, солҳои 2006-2012 дар вазифаҳои сардори шӯъба, муовин ва сардори Раёсати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи январи соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСК “Корхонаи кимиёвӣ”-и Исфара таъин гардид. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2002 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои кумитаи иҷроия ва раёсати ҲХДТ дар шаҳри Исфара мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Навобод”, № 12 ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Навобод”, № 9 мебошад.
email: gazeta-imruz@mail.ru Раиси вилояти Суғд шаҳрдори нави Исфараро муаррифӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар соли 2015 баррасӣ намуд. Таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи васеъи фаъолони шаҳри Исфара баргузор гардид, ки дар раванди он Раиси вилояти Суғд сароғоз аҳли ҷамъомадро бо фармонҳои марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати бинобар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод шудани Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин гардидани Расулзода Дилшод Ҷабборӣ шинос намуд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон бо зикри фаъолияти босамари хизматии Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва саҳми назарраси мавсуф дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонии шаҳр ба Даврон Зоҳидзода ба идомаи фаъолияти минбаъдааш дар мақомоти давлативу ҳукуматӣ бурду барор орзу кард. Раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳр Ҷамолиддин Нуриддинов, собиқадори маориф Ҳайдархӯҷа Туҳтаев, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Ёқубӣ Муҳиба Бобохон ва раиси ҷамоати деҳоти Чоркўҳ Бадриддин Шаропов дар раванди суханрониҳои худ чун шоҳиди азму ғайрат, кўшишу талошҳои пайгиронаю собитқадамона ва ҳадафрасу самаровари Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар вазифаи раиси шаҳри Исфара баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, густаришбахшии амалҳои созандаю бунёдкорона ва ободонии диёр, пешрафти Исфара ва ҳам беҳдошти сатҳи накӯаҳволии сокинони он изҳори назар ва нек
www:7imruz.wordpress.com
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
Баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр
сипосгузорӣ карданд. Ҳамзамон бо зикри шахсият ва фаъолияти назаррасу пурмаҳсули қаблан дар вазифаҳои масъулиятноки хизматию давлатӣ анҷомдода, алалхус иқдомоти созандаи ахиран ба ҳайси директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Корхонаи кимиёвӣ” амалинамудаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ки зодаи шаҳри Исфара аст, сарҷамъии худро дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори нави Исфара изҳор доштанд ва муваффақияту сарбаландиҳо орзу намуданд. Дар қисмати дигари ҷаласаи фаъолон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфараро дар соли 2015 мавриди баррасӣ ва ҳамзамон бо зикри мушаххаси дастоварду комёбиҳо бештари вақт камбудию норасоиҳои мавҷударо аз нигоҳи интиқодӣ таҳти таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор дод. Мавсуф аз роҳбарону масъулини соҳаҳои молияву андоз, иқтисоду саноат, кишоварзӣ, корхонаҳои коркард, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони
3280 маърака, 2094 ақди никоҳ, 25 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Дар Исфара давоми соли 2015 зиёда аз 3280 маъракаҳо доир карда шуданд, ки аз ин 2094 адад ақди никоҳ мебошад. Ин нуктаро мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Обидбой Аҳмедов дар ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъкид кард. Номбурда инчунин изҳор дошт, ки алҳол дар шаҳру деҳоти Исфара
Тел: 2-61-62
13 комиссияҳои доимӣ ва 294 комиссияҳои ҷамъиятии марбут ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият доранд. Ба ибораи дигар ҳоло наздик 3000 нафар масъули назорати риояи талаботи қонунҳои марбутаи танзими анъанаҳо дар шаҳру деҳоти Исфара мебошанд. Ба гуфтаи О. Аҳмадов давоми соли 2015 беш аз 500 мулоқоту сӯҳбатҳо бо мардум доир карда шуда, 620 гардишҳои муштарак, 254 санҷишҳои фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба сабабу омилҳои ба камбудиҳои ҷойдошта мусоидаткарда пурсиш ба амал оварда, ба ҳар яке аз онон бо муқаррар намудани муҳлати мушаххас баҳри ислоҳи норасоиҳо ва таъмини пешрафт дастуру супоришҳои чорасоз дод. Раиси вилояти Суғд зимнан зарурати вусъатбахшии амалу иқдомотро дар самти корҳои сохтмонӣ дар шаҳракҳои нави аҳолинишини мавзейи Моҳпарӣ таъкид дошта, омодагиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ҷиҳати маблағгузории инфрасохторҳои зарурӣ - шабакаҳои обу барқрасон ва бунёди роҳҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 нек изҳор дошт. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар интиҳои ҷаласаи фаъолон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд Расулзода Дилшод Ҷабборӣро ҷиҳати сазовор гардиданаш ба боварию эътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон муборакбод гуфта, баҳри пешбурди хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, таъмини пешрафт ва ободонии Исфарамарз комёбиву муваффақиятҳо орзу намуд. танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, 136 санҷишҳои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Илова бар ин борҳо машваратҳои бозомӯзии масъулини дахлдор дар деҳаҳои Ворух, Чоркӯҳ, Шаҳрак, Чилгазӣ ва Навгилем гузаронида шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки ҷаласаи мазкур дар шакли мизи мудаввар доир шуда, дар он ширкатдорон, ки беш аз 60 нафар буданд, фикру мулоҳизаҳои худро барои тақвияти кор иброз доштанд. Ҷаласа таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева шуда гузашт.