Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 ***
ИСФАРА
№ 2 (9185) ***
Чоршанбе,
11 январи соли 2017
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
2016: хатнатӯйи хайриявии 247 кӯдак доир шуд Давоми соли 2016 дар шаҳру деҳоти Исфара зиёда аз 2737 маърака ба қайд гирифта шуда, нисбати 35 нафар сокинони шаҳру деҳот парвандаҳои маъмурӣ ба суд барои баррасӣ пешниҳод гардиданд.
гардид, садо дод. Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт, раисони ҷамоатҳо, аъзои комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳраку Ин нукта дар ҷаласаи ҷамбастии бахш деҳот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва раисони тӯйхонаҳо ва масъулини мақоҷашну маросимҳо, ки дар толори маҷмамоти иҷроия ширкат намуданд. Мудири аи фарҳангии «Ориён»-и шаҳр баргузор Н/И
Ҳамовозӣ ба Паём
Тарбияи ҷавонони масъулиятшинос
Паёми имсолаи Пешвои миллатамон аз ташаббускориву ғамхориҳои Президенти кишвар нисбат ба соҳаҳои гуногуни зиндагии ҷомеа дарак медиҳад. Эълони даҳсолаи нави амал "Об барои рушди устувор", ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфт, далели равшани ин гуфтаҳост. Ё худ "Соли 2017- Соли ҷавонон" эълон намудани Асосгузори сулҳу ваҳдат аз ҳикмат холӣ нест. Ин ташаббус бори дигар диққати махсус додан ба насли ҷавон, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавононро бозгӯӣ намуда, аз насли ояндасози миллат масъулияти баланд ва эҷодкориву навовариҳоро тақозо дорад. Гузашта аз ин дар замири ҳар як ҷавони ватанхоҳу миллатдӯст ҳисси ифтихор аз ин давлату миллатро бедор намуда, ба онҳо муқаддас будани ин марзу бум ва Ватани аҷдодиро мефаҳмонад. Барои камари ҳиммат бастан дар ҳифзи нангу ном ва сарзамини тоҷикон таккон мебахшад. Гумон дорам, дар радифи Паёми имсола масъулиятшиносии ҷавонон дучанд ва хизмати Модар - Ватан барояшон волотарин арзиш мегардад. Муҳсинҷон ЁСИНҶОНОВ, старшинаи милитсия.
бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Обидбой Аҳмедов доири фаъолияти солона маълумот дод. Аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда оид ба танзим, иттиҳодияҳои динӣ, пешгирии мафкура ва ҳаракатҳои ифротгаро, такмили донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва маҳалҳои зист 282 мулоқоту вохўриҳои саривақтӣ ва судманд баргузор карда шудааст. Ҳамзамон 22 машваратҳои корӣ, 796 гардишҳои муштарак, 146 санҷишҳои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, 218 санҷишҳои фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гузаронида шуданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати идҳои давлатӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои нав, корхонаву муассисаҳо бошад, аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон дар 14 чорабинӣ хатнатӯйи хайриявии 247 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил ва гузаронида шудааст. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа С. Рустамов, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ М. Ёқубӣ, раиси ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Н. Каримов, имомхатиби масҷиди ҷомеи Умари Одил Ҷ. Шаҳобиддинов ва дигарон фикру андешаҳои хешро дар ҳошияи масъалаи баррасишаванда иброз доштанд. Раиси шаҳр бо натиҷабардорӣ аз ҷаласа бо пеш овардани далелҳо ва таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти бахш назди масъулини соҳа вазифагузорӣ намуд.
Дар беморхонаи марказии шаҳр маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар раванди он муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Б. Аминҷонов оид ба фаъолият дар соли 2016 ҳисобот пеш овард ва узви раёсат, духтури шуъбаи сирояти хурдсолон И.Нодиров ба музокира баромад. Бинобар беш аз 700 нафар аъзоро муттаҳид намудани ташкилоти ибтидоӣ мутобиқи муқаррароти Оинномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳр кумитаи иҷроияи ибтидоӣ таъсис дода шуда, аъзои раёсату кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва бо пешниҳоди кумитаи иҷроияи шаҳрӣ менеҷери сохтори госпиталии шаҳр Т. Муҳаммедов раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардид. Ҳамзамон 20 нафар кормандони фаъол ба сафи ҳизб қабул шуданд. Дар маҷлис муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ М. Алиматова иштирок ва дар хусуси моҳияту муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
Н/И
Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ
Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар беморхона
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастовардҳову норасоиҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи марказии шаҳр суханронӣ намуд. Бояд қайд кард, ки дар кумитаи иҷроияи шаҳрӣ алҳол 8 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ фаъолият мебарад ва таъсиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар корхона таҷрибаи нахустин аст. Маркази иттилоотию таҳлилӣ ва зеҳнии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр.
Н/И
Минбари сармуҳаррир
Марг дар баҳои шаҳрвандии Русия
А
нҷоми соли 2016 ва оғози соли 2017 барои мардуми Исфара хотирмон буд. Рӯйдодҳое дар фосилаи 15 рӯзи ахир рӯй доданд, ки давоми сол ба гӯшаи хотири касе намеомаданд. Мондагортарини он албатта гуфтугӯи мустақими раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо шунавандагони радиои Исфара ва дар пахши мустақим посухдоданҳои раис ба суолҳост. Қоил бояд шуд, ки на ҳар кас ба чунин иқдоми шоёни таҳсин даст мезанад ва ба қавли мардум “юрак” мекунад. Ин бори нахуст мебошад, ки раиси шаҳр барои сокинон чунин имкониятро фароҳам овард. Имконияте, ки дар фазои сиёсии минтақа собиқа надорад ва усули корбарӣ бо сокинон шеваи мудерн аст. Бархе аз суолу ҷавобҳоро дар саҳифаҳои 2 ва 3 овардаем, ки мутолиа хоҳед кард. Дар радифи лаҳзаҳои хурсандиовар дар ин фосила ташвиш ва ҳодисаҳое буданд, ки дилхарош ва риққатовар мебошанд. Масалан, бино ба иттилои хабаргузории "Озодагон" 5 январ дар шоҳроҳи Ярославли шаҳри Маскав дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ду нафар зодагони Исфара Абдумалик Юлдошеви 41 сола ва духтари 19 солаи ӯ ба ҳалокат расиданд. (Худованд раҳматашон карда бошад) Дар натиҷаи ин садама тифли ширхора, ки якмоҳа ҳам набуд, аз навозиши модар ва меҳрубониҳои бобо маҳрум гардид. Шояд ин ҳодиса аз дигар ҳодисаҳои ҳамсон, ки дар ҷаҳони муосир мудом рух медиҳанд, тафовуте надошта бошад, ба шарте, ки мо якчанд сабабҳоро ба инобат нагирем. Фавтидагон ба хотири гирифтани шиносномаи хориҷии Тоҷикистон (аниқтараш барои духтар) аз як гӯшаи Русия ба шаҳри Маскав рафтаанд. Шиносномаи хориҷӣ гирифтан ба хотири дар оянда гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия. Ҳангоми тавассути самолёт ба Маскав паридан ба парвоз тифли ширхораро роҳ надодаанд, зеро шаҳодатномаи таваллуд надоштааст. Тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд надоштааст, зеро падару модараш ақди никоҳ надоштаанд. Албатта ба гуфти мӯйсафедон “қисмати бутун” асту “тақдиру насиб”. Вале ҳамаи ин шаҳрвандии давлати дигареро хостану аз қонун чашмпӯшиданҳо дар назди умри инсон ҲЕҶ аст! Оё меарзад умри худро дар баҳои чунин хоҳишоти ночиз ва носаҳеҳ аз даст диҳем? Аз ақди никоҳи қонунӣ бастан канораҷӯйӣ намоем? Имрӯзҳо низ ҳодисаҳои ақди никоҳи қонунӣ набаста, бо ҳам зиндагӣ кардан ба чашм мерасад. Теъдоди нафарони дар ҳавои шаҳрвандии Федератсияи Русия афтода кам нест. Шумораи дар орзуи ақди никоҳи хешутабории наздикафтода лак-лак. Агар ҳамаи ин орзуву ҳавасҳоро дар як паллаи тарозу монему дар паллаи дигараш хотири ҷамъ ва дили беғами наздиконро гузорем, паллаи дуввум вазнинтар аст. Пас ба хотири ҳамин вазнинӣ сазовори шаҳрвандии кишвари худ бошем ва барои ободии ин Ватан талош намоем. Зеро: Амири беватан хору ҳақир аст, Гадо чун дар Ватан мирад, амир аст. Абдумуталиб ШАРИФОВ.