"Насими Исфара", № 19, от 18 мая 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 19 (9434) *** Чоршанбе, 18. 05. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Ҳифзи Ватан қарзи ҳар ҷавонмард аст! Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ин уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони кишвар мебошад. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

А

ммо мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо на ҳама ин масъулияти шаҳрвандии худро ба хубӣ дарк мекунанд. Нафароне низ то ҳол кам нестанд, ки бо ҳар баҳона аз адои хизмати Ватан - Модар саркашӣ мекунанд. Аз мушоҳидаи раванди ҳаёти ҳамарӯза дар атроф ва хабарҳои расонаҳои иттилоотӣ ҳамагӣ огаҳӣ дорем, ки дар содир намудани ин кирдори зишт ва нобахшиданӣ ба даъватшавандагони саркаш падару модар, хешу ақрабо ва ҳатто баъзан бархе аз масъулони таъмини иҷроиши нақшаи даъват низ кумак мерасонанд. Бино ба гуфти ҳуқуқшиноси тоҷик Беҳрӯз Султонов дар Тоҷикистон ҷавононеро, ки қасдан намехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хидмат кунанд, ҷаримаи калон ва ҳамчунин маҳрумият аз озодӣ интизор аст. Вақте ҷавони синни даъватӣ бо вуҷуди дастрас кардани даъватнома қасдан аз пайваст шудан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар саркашӣ мекунад, ӯро ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 32 то 64 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, интизор аст. Илова бар ин эҳтимоли аз озодӣ

Таҷлили Рӯзи ҳамширагони тиб Дар Беморхонаи марказии шаҳр бахшида ба Рӯзи ҳамширагони тиб ҷамъомади бошукуҳе баргузор гардид.

Д

ар каломи муқаддимавии сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Тайибиддин Муҳаммедов аз ҷумла гуфта шуд, ки ҳамасола бо шукуҳи хосса таҷлил шудани иди касбии ҳамширагони шафқат бесабаб нест. Зеро ҳамарӯза артиши бузурги ҳамширагони тиб дар беморхонаҳои марказиву деҳоту шаҳракҳо, касалиҳои пӯст, сил ва руҳӣ, Маркази саломативу хонаҳои саломатӣ, осоишгоҳи "Зумрад" ва дигар муассисаҳои тиббӣ дар хизмати мардуманд. Бо ифтихори хосса гуфтан мумкин аст, ки ҳамширагони соҳаи тандурустии Исфарамарз солҳои охир чанд дафъа имтиҳоноти сангинро дар мавриди адои рисолати касбӣ дар ҳолатҳои фавқулода бо сарбаландӣ паси сар намуданд. Далели дурустии ин гуфтаҳоро мо метавонистем дар лаҳзаҳои муноқишаҳои наздисарҳадиву давраи паҳншавии пандемияи коронавируси нави COVID - 19 ба хубӣ мушоҳида намоем. Дар ҳақиқат табибон ва ҳамширагони мо тавонистанд исбот

маҳрум шудани ҷавони аз адои хизмати аскарӣ саркашинамуда ба муҳлати ду сол вуҷуд дорад. Ҳаводиси ахир дар хоки ҳамсоякишвари ҷангзада Афғонистон ва дасисаҳои беохир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳар ҷавони бонангу ор тақозои онро дорад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба ҳифзи марзу буми кишвари хеш камари ҳиммат бандад. Аммо сад дареғ, ки солҳои охир ҳолатҳои маҳз барои аз аскарӣ гурезонидани фарзандон ба кишварҳои мухталифи хориҷӣ кӯч бастани бархе аз оилаҳо низ мушоҳида мегардад. Ҳамаи онҳо дар суҳбат вазъи ногувори иқтисодии рӯзгорашонро баҳона пеш меоранд. Аммо лаҳзае андеша намекунанд, ки дар пайи чунин кирдори зишт калонсолони оила дар ниҳоди фарзандону наберагонашон бемасъулиятӣ, тарсу ҳарос ва хиёнатпешагиро ҷой медиҳанд. Дар натиҷа ин гуна тоифа садди роҳи пешрафти кишвар гардида, қудрати мудофиавии кишварро то ҳадде заиф мегардонанд. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. намоянд, ки онҳо сарфи назар аз вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва эпидемиологӣ ба рисолати касбии худ мудом содиқ мемонанд ва устодони касби пурифтихори худ ҳастанд. Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён бо баробари сидқан шодбош гуфтани тамоми кормандони миёнасоҳаи тибби муассисаҳои ҳифзи сиҳатии омма, аз ҷаҳду талоши Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ёдовар шуда, нақши муҳимми ҳамширагонро дар ҳифзи сиҳатии омма тазаккур дод. Дар анҷом як қатор кормандони пешқадами миёнасоҳаи тибби муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Исфара ва 12 нафар собиқадорони кори ҳамширагӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, маъмуриятҳои Беморхонаи марказиву Маркази саломатӣ, осоишгоҳи "Зумрад", Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемилогӣ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ба 18 нафар ба осоишгоҳи "Зумрад" ва ба 7 нафар ба осоишгоҳи "Гули Бодом" барои истироҳат ва барқарор намудани саломатиашон роҳхат дода шуд.

Дар шаҳрамон Рӯзи дави миллӣ чун анъана дар сатҳи баланд, бо ширкати доираи васеи аҳли ҷомеа дар як фазои мутантан баргузор шуд.

Дави миллӣ баргузор шуд

Т

авре раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода изҳор дошт, рӯзи Дави миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар қаламрави кишвар баргузор мегардад ва мояи ифтихору сарфарозист, ки ин иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол дар диёри мо шукуҳи бештару байни пиру барнои диёр ҳаводорони зиёдтар пайдо мекунад. Дар Дави миллӣ дар Исфара роҳбарон ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳо ва ҷавонону наврасони зиёди дӯстдори варзиш ширкат варзиданд. Дар ин рӯз дар шаҳр ҳамчунин марафони велосипедронӣ бо ширкати беш аз 300 нафар доир гардид. Аз руҳия ва шавқу рағбати беандозаи ширкатдорони чорабинӣ равшан аён буд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли

2007 «Дар бораи Рўзи Дави миллӣ» чун дигар иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат созгори хоҳишу ормонҳо ва ба хотири саодатмандии бештари аҳли ҷомеа аст. Маврид ба зикр аст, ки алъон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара барои машғулияти мунтазам бо варзиш ва обутоби бадан 7 варзишгоҳи калон

ва 38 варзишгоҳҳои хурди муосир ба ихтиёри мардум вогузор шудаанд. Дар марраи мусобиқа ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол дар вазъи тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Гиромидошти санъати "Шашмақом" Дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи шашмақом чорабинии бошукуҳи идонаи иборат аз қисматҳои расмӣ ва консерти ансамбли давлатии «Шашмақом»-и назди бахши фарҳанги шаҳр баргузор гардид.

Р

аиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари муборакбодии ҳайати ансамбли «Шашмақом»-и назди бахши фарҳанги шаҳр ва ҳаводорони санъати мусиқии миллӣ, аз таърихи рушду равнақи санъати шашмақом ва заҳматҳои устодони номии ҳунари волои мазкур дар Исфара ёдовар шуд. Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади такмил ва рушди минбаъдаи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва мусиқии халқи тоҷик дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди минбаъдаи санъати мусиқии классикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола

12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдоми неки ҷавонмардона ва фарҳангсоз на танҳо боиси эҳё шудани ин шоҳасари мусиқӣ, балки барои такомули минбаъдаи он заминаи воқеӣ гузошт. Зеро мусиқии шашмақом дунёи бекарони савту навоҳост, ки аҷдодони мо дар тӯли садсолаҳо офаридаанд ва онро садҳо ҳунармандони асил бо илҳоми саршор сайқал додаанд Ҳавзаи ҳунарии Исфара ба шарофати ҳунари волои ворисони Борбади Марвазӣ - хунёгарони шӯҳратёр Зебопарию Умар Ҳофиз ва ромишгари мумтоз, ҳунарпешаи зиндаёд Мирзоқурбони Солеҳ ба пайдо шудани сабки тозае ноил гардидааст, ки кунун бо номи "Сабки Исфара" маъруф мебошад. Ансамбли халқии «Шашмақом»-и шаҳри Исфара ҳанӯз соли 1936 ташкил ёфта, дар ин муддат барои эҳё, густариш ва таблиғи ин шоҳкории мусиқии миллӣ нақши хосса гузоштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дастуру

супоришҳо ва дар пайгирӣ аз иқдомоти дар ин самт пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди санъати шашмақом пайваста тадбирҷӯиву мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки аз соли 2006 инҷониб бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ансамбли халқии «Шашмақом» расман ҳамчун ансамбли давлатӣ фаъолият дорад ва 22 нафар мутахассисони варзидаи мақомро ба ҳам овардааст. Роҳбари ансамбли халқии «Шашмақом» таъин гардидани Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов дар фаъолияти ансамбл тағйироти мусбӣ ва пешрафтҳои назарраси эҷодиро рӯйи кор овардааст. Дар ин рӯз як қатор санъаткорони ансамбли «Шашмақом»-и назди бахши фарҳанги шаҳр бо cипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Оқибатҳои сел бартараф шуда истодаанд Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни рафъи оқибатҳои омадани сел ва барқарорсозии хисороти расонидашуда дар якҷоягӣ бо роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои дахлдор аз ҷамоатҳои деҳоти Сурх ва Чоркӯҳ боздид ба амал овард.

Ш

аҳрдор аз ҳолати селроҳаҳо, қитъаҳои заминҳои кишоварзӣ ва кӯчаҳое, ки бар асари боридани борони зиёд қисман хароб шуда буданд, дидан намуда, ба роҳбарони сохторҳои марбута вобаста ба сари вақт барқарор кардани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
"Насими Исфара", № 19, от 18 мая 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu