"Насими Исфара", № 19, от 22 мая 2019 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 19 (9302) *** Чоршанбе, 22. 05. 2019

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Дави миллӣ ва велосипедронӣ Дар шаҳри Исфара Рӯзи дави миллӣ чун анъана дар сатҳи баланд бо ширкати доираи васеи аҳли ҷомеа дар як фазои мутантан баргузор шуд.

Д

ави миллии имсола, ки таҳти шиори «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» доир гардид, аз назди варзишгоҳи марказии шаҳр шурӯъ шуда, дар майдони ба номи Исмоили Сомонии маркази шаҳр ба анҷом расид. Дар ин маъракаи муҳимми варзишӣ зиёда аз 9 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва ҷомеаҳои меҳнатӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин рӯз ҳамчунин дар ин ҷо марафони велосипедронӣ бо ширкати беш аз 300 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш доир гардид. Аз руҳия ва шавқу рағбати беандозаи ширкатдорони чорабинӣ равшан аён буд, ки Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рўзи Дави

миллӣ» чун дигар тасмимҳои Пешвои муаззами миллат созгори хоҳишу ормонҳо ва ба хотири саодатмандии бештари аҳли ҷомеа аст. Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара маҳз ба шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маҷмаа ва 9 майдонҳои калони варзишӣ, 36 майдончаҳои муосир ва 51 толорҳои варзишӣ, ҳамчунин 3 ҳавзи шиноварӣ дар ихтиёри дӯстдорони варзиш вогузор шудаанд. Дар 4 мактаби варзишӣ бошад, 62 мураббиҳои соҳибтаҷриба ба 1538 нафар шогирдон сабақ меомӯзанд. Дави миллӣ дар Исфара бозгӯяндаи зиндагии орому осуда, азми қавии таҳкимбахшии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва амалигардонии нақшаву ниятҳои нек дар ҷабҳаи корҳои ободониву созандагӣ буд. Дар марраи мусобиқаҳо ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол дар вазъи тантанавӣ туҳфаҳои кумитаи тадорукот супорида шуданд.

Забони давлатиро гиромӣ бояд дошт

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимиву омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг доир гардид.

Н

ахуст муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён бобати ҳадаф ва мақсади мулоқот ҳарф зада, зикр кард, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ диққати хоссаро ба ҷойгоҳи забони тоҷикӣ додааст. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро дорад ва бояд ҳуҷҷатгузориҳо тавассути ин забон сурат гирад. Минбаъд раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода оид ба паҳлуҳои ҷаззобияти забони тоҷикӣ, таърихи тайнамудаи он, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, диққати хосса додан ба масъалаи номгузорӣ, ивази номи маҳаллаҳо ва кӯчаҳо ба номҳои тоҷикона, даст кашидан аз корбасти вожаву калимаҳои ба забони тоҷикӣ бегона ҳарф зад. Аз ҷумла қайд кард, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон беш аз 7000 забон мавриди корбаст қарор дорад ва аз ин миқдор танҳо 100 забон мавқеи давлатӣ касб кардааст. Дар байни 7000 забонҳои дунё забони тоҷикӣ дар мавқеи 26 қарор гирифтааст, ки бояд мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих яке аз забонҳои ангуштшумор мебошад, ки бо гузашти ҳазорҳо сол асолати

худро гум накардааст ва навиштаҳое, ки даҳҳо аср пештар саромадони илму адаби халқи тоҷик навиштаанд, барои имрӯзиён фаҳмост. Ҳамзамон дар рафти мулоқот Гавҳар Шарофзода ба масъалаи номгузории тоҷиконаи фарзандон дахл намуда, қайд кард, ки гузоштани номи хуб вазифаи волидайн мебошад. Дар баробари ин ном бояд бозгӯйи фарҳанг ва тамаддуни миллат бошад. Ҳангоми интихоби ном ба фарзандон ва ё ивази ному насабу номгузории тоҷикона диққати хосса ба мазмун, равонӣ ва ҷаззобияту хушоҳангии он диққат дода шавад. Дар номгузории маҳаллаву кӯчаҳо, ё ивази онҳо бояд ба паҳлуҳои таърихии калима эътибор дода шавад. Зеро дар Тоҷикистон кам нестанд, калимаҳое, ки асли худро аз забонҳои суғдиву бохтарӣ мегиранд ва нишонаи қадимияти миллат ҳастанд. Дар раванди мулоқот аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Мавлониддин Пӯлодов, Обидбой Аҳмадов, Муҷиба Ҷавҳарова, Исматҷон Пӯлодов, Абдуманнон Рауфов ва Субҳон Ёдгорӣ фикру андешаҳояшонро оид ба имлои забони тоҷикӣ, ҳифзи калимаҳои таърихӣ, номгузории тоҷикона, рӯшанӣ андохтан ба саҳифаҳои таърихи миллат дар мисоли катибаи Тангии Ворух, ивази номи маҳаллаву кӯчаҳо баён доштанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби варзишии вилоят дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят барои дарёфти Ҷомираиси вилояти Суғд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардиданд.

Д

ар ин радиф таи ду рӯз, мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ дар намудҳои камонварӣ ва дастхобонӣ ҳудуди беш аз 100 варзишгар ва мураббиҳоро аз давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Исфара гирди ҳам овард. Барои Исфара ва исфарагиён ташкил ва баргузории ҳамагуна мусобиқаҳои варзишӣ шабеҳи ид аст. Ин буд, ки дар даромадгоҳи шаҳр хурду бузург бо нишоту сарафрозӣ ҳайати дастаҳои варзишгарони кишвар ва Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистонро таҳти сарварии мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони ҷаҳон ва дорандаи медали Бозиҳои олимпӣ Зебуниссо Рустамова бо самимияти хосса ва меҳмоннавозии тоҷикона, бо гулу гулдаста, нону намак ва иҷрои рақсу таронаҳои хоси мардуми маҳал гарм истиқбол гирифтанд. Фазои пазироии хуб ва шавқмандии ҳазорҳо нафар мухлисони дар варзишгоҳ гирдомада ба руҳияи варзишгарон ва ҷараёни мусобиқаҳо

Дар мавсими имсола масъулин бо хулосабарорӣ аз душворӣ ва муаммоҳои соҳаи кирмакпарварӣ ва дар пайи тадбирандешиҳои мушаххас ҷиҳати ҳавасмандсозии кирмакпарварон тухми кирмаки навъи босифати хитоиро аз корхонаи муштараки «ВТ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд дастрас намуданд, ки харҷи барги тутро то андозае кам мекунаду ҳосилнокии онро ба маротиб зиёд.

Б

ино бар суханони сардори Корхонаи «Пиллаи Исфара» Мираббос Ҳамзаев, мавсими соли равон мувофиқи дурнамои тасдиқгардида парвариши ҳазору 300 қуттии кирмак ва истеҳсоли 50 тонна пилла ба нақша гирифта

Қувваозмоии варзишгарони чор кишвар дар Исфара

бетаъсир намонд.

Камонварӣ

Қ

увваозмоӣ оид ба намуди камонварӣ бо ширкати 40 нафар варзишгарони вилоят ва кишварҳои дӯсту ҳамсоя басо тезутунд ва шавқовар сурат гирифт. Дар натиҷа дар тирандозӣ ба масофаи 30 метр байни писарон варзишгари тоҷик Илҳом Эҳсонзода ва байни духтарон варзишгари қазоқ Меҳре Равшанова, ба масофаи 60 метр байни писарон Мирҷалол Қароров аз Ӯзбекистон ва байни духтарон Анна Полякова аз Қазоқистон, ба масофаи 70 метр байни писарон Юлдош Ҳаитов ва байни духтарон Зулхумор Тоҷалиева, ҳарду аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастхобонӣ

Д

варзишгарони беҳтарини кишвар ва Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон байни ҳам дар 6 вазн, аз 55 то 80 килограмм сабқат оростанд. Дар ин намуди варзиш Амир Сангинов дар вазни аз 80 кг боло, Аббос Одинаматов дар вазни 75 кг, Фаррух Комилов дар вазни 70 кг, Хуршед Ҷӯраев дар вазни 65 кг, Хуршед Исматов дар вазни 60 кг. ва Мирзоҳалим Ҳамзаев дар вазни 55 кг. аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолиб дониста шуданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаҳо муовини раиси вилояти Суғд Баҳодурзода Баҳоваддин, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ширкат варзида, ба ғолибон Ҷоми раиси вилоят ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.

ар мусобиқаи дастхобонӣ бошад, 46 нафар

Ҳосил -2019

Нақшаи пилла таъмин мешавад? шудааст. Ин миқдори кирмак байни 1200 нафар кирмакпарварони шаҳру деҳоти Исфара тақсим карда шуда, маблағи пиллаи истеҳсолшуда пас аз супоридани ҳосил пардохта мешавад. Дар ҷамъомади ба ифтихори оғози мавсими пилласупорӣ доир гардида, ки дар раванди он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин масъулини пиллаи вилоят ҳузур доштанд, аз ҷумла гуфта шуд, ки аз килограммҳои аввалини пиллаи ба хирман рехташуда маълум мегардад, ки сарфи назар аз душвориҳо кирмакпарварон баҳри ба даст овардани ҳосилнокии баланд ва иҷрои нақшаи муқарраргардида хуб заҳмат кашидаанд. Кирмакпарварони ҷамоатҳои

деҳоти Хонобод ва Шаҳрак аввалин шуда, ҳосили ғундоштаи худро ба хирман рехтанд. Пешқадамон аз ҷамоати деҳоти Хонобод Шарофат Зоҳидова аз як қуттӣ 72 килограмм, Баширхон Ҳайдаров 57,4 кг, аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак Ислом Ёрматов аз 1 қуттӣ 92,3 кг, Ином Маҳкамов аз 0,75 қуттӣ 45,2 кг пиллаи хушсифат ба даст овардаанд. Пешсафони маъракаи пиллачинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Аз руҳияи кирмакпарварон возеҳ аён буд, ки азми онҳо барои таъмини иҷрои нақшаи солонаи пилласупорӣ, ки 50 тоннаро ташкил медиҳад, беш аз ҳарвақта қавист.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.