19 2017 17 май

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Пешвои миллат дар иншооти бузург

Оғози нашр 24/04/1932 *** № 19 (9201) *** Чоршанбе 17. 05. 2017

ИСФАРА

Расм аз сомонаи www. president.tj

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Суратгир З.Шомадов.

Дар Рӯзи байналмилалии оила, ки дар Исфара шуда гузашт, оилаҳои беҳтарин ва масъулини ниҳодҳои марбутаи тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат доштанд. Чорабинӣ бо гузоштани гулдаста дар пояи муҷассамаи шоири маъруф Сайфуддини Исфарангӣ оғоз шуд.

Оиладорони вилоят дар Исфара Дар саҳни ҳавлии маркази фарҳангиву фароғатии «Абдуворис» бошад, намоиши дастранҷи ҳунармандони халқӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳр Расулзода

Тасдиқи нақшаи муқовимат бо коррупсия Ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ва он масъалаи рафти таъмини иҷроиши нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 – 2020» аз ҷониби раёсатҳои маориф ва молияи шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дод. Сардорони раёсатҳои маориф Бобохон Саидзода ва молия Башорат Лазизова вобаста ба корҳои дар ниҳодҳояшон анҷомдодашуда гузориш пеш оварданд. Дар музокирот сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Нурилло Қурбонов ва узви ММ МО ҶТ Абдураҳмон Шораҳматов баромад намуда, татбиқи босифати Стратегияи мазкурро дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тазаккур доданд. Пас аз шунидани баромади раиси комиссия Таборак Умарзода нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ тасдиқ карда шуд.

Дилшод Ҷабборӣ ҳозиринро бо Рӯзи оила муборакбод гуфтанд. Зимнан гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таҳкими оилаҳо тадбирандешӣ менамоянд. Дар рафти чорабинӣ оилаҳои Аъзои гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва сокинони шаҳри Исфара мулоқот доир намуданд.. Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон - ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ Гулафзо Савриддинова, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода ва сардори шуъбаи Маркази исломшиносӣ Нурулҳақов Қамар дар радифи зикри ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҶТ дар самти хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, қабули ҳуҷҷату санадҳои муҳиму тақдирсози давлати соҳибистиқлолу танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ, роҳандозӣ намудани умури бунёдкориву созандагӣ, тадбиқи нақшаҳо дар боби расидан ба истиқлолияти озуқавориву энергетикӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳангу маданият ва анъанаҳои ба миллати тоҷик бегона изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҳозирин ва дар симои онҳо аз тамоми падару модарон, омӯзгорон, фаъолон ва умуман нафарони солимақли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон

намунавӣ бо навбат аз таҷрибаи ҳаётии худ дар самти идомаи анъанаҳои неки миллии оиладорӣ ва таҳкими оила изҳори андеша намуданд. Вобаста ба баъзе масъалаҳои оиладорӣ байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт. Санъаткорон бо сурудҳои ҷолиб ва гӯшнавоз ба нишасти идона шукӯҳу шаҳомати тоза зам намуданд.

Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон

таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар ниҳоди онҳо аз айёми кӯдакӣ меҳру муҳаббат ба Ватану миллат ва нангу номуси меҳандориро ба хубӣ ҷой диҳанд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва манфиатҳои он дар паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар, дидани чораҳои муассир нисбат ба қонуншиканиҳо дар ин самт, мавқею нақши танзим ва сарфаю сариштакорӣ Н/И

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон-Неругоҳи барқи обии Роғун аз наздик ошно шуданд. Тавре ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати Салини Импреҷило бештар аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонида шудааст.

Дар Исфара ҷарроҳии лазериро ба роҳ монданд Дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳр дастгоҳи муосири тиббии эндовидеоҷарроҳӣ гузошта шуд. Бино ба иттилои сардори хадамоти госпиталии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов амалигардонии ин орзуи деринтизори сокинон ва табибони шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкории зич бо мутахассисони беморхонаи клиникавии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе имконпазир гардидааст. Дастгоҳи мазкур аз кишвари Олмон аз ҳисоби маблағҳои суратҳиибрози назар карда шуд. Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки 10 сол муқаддам бо ташаббуси Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷомеаи шаҳрвандӣ расму оин ва маъракаҳои мардумӣ ба низом дароварда шуданд. Дар ҷамъбаст раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ изҳори боварӣ намуд, ки сокинони Исфара дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату миллат инчунин пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва паҳншавии фарҳанги бегонаву хурофот ҷидду ҷаҳд ба харҷ хоҳанд дод.

Дар арзҳои маориф

Радиои мактабӣ фаъол шуд Дар МТМУ № 47-и деҳаи Чоркӯҳ радиои мактабӣ бо номи «Садои наврасон” ба фаъолият шурӯъ кард. Барандагони радио хонандагони мактаб Абдураҳмон Авезов ва Баҳодур Юлдошев буда, он баҳри болидахотирии хонандагон барномаҳои “Ахбори си-

Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад. Лоиҳа ва технологияи сохтмони пешдарғот талаб мекунад, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шавад. Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисмқисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар мавод ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад. www. khovar.tj

ёсӣ”, “Варзиш”, “Табассум”, “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” ва амсоли инро пахш месозад. Бояд гуфт, ки радиоузели мактабӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии АЗИТ туҳфа карда шудааст. А. АВЕЗОВ, хонандаи МТМУ № 47.

соби махсуси беморхона харидорӣ шудааст. Барои корбасти дастгоҳи муосири ҷарроҳӣ як соли охир шаш нафар табибони беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар клиникаҳои маъруфи хориҷи кишвар таҷриба андӯхтаанду аллакай дар ҳафтаи аввалини мавриди истифода қарор гирифтани ин таҷҳизоти муосири тиббӣ 10 адад ҷарроҳӣ муваффақона анҷом дода шудааст. Ҷиҳати таҳният бо ин пешрафти кор раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз беморхона дидан кард.

Эмгузаронӣ: аз 1 то 9 сола Бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 15 май то 26 майи соли 2017 дар Исфара "Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад. Эмгузаронӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда ва фоидабахши он, аз ҷумла сурхча ва гулафшон равона карда шудааст. Мақсади чорабинӣ фарогирии эмгузаронии кӯдакони аз 1 то 9 сола ва муҳофизати онҳо аз бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Эмгузаронӣ дар ҳамаи марказҳои саломатӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Аз падару модарон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки баҳри баргузории чорабинӣ фаъол бошанд. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲР.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
19 2017 17 май by Абдумуталиб Шарипов - Issuu