Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
***
№ 19 (9154)
ИСФАРА
***
Чоршанбе,
18 майи соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
22 май раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
ҲАМА БА РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ! Дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» мусобиқа оид ба шоҳмот байни варзишгарони аз 12 то 35 сола баргузор гардид. Дар маҷмааи «Ҷаҳони нав»-и маркази шаҳр мувофиқ ба нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ҷинояткору ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-уми ҶТ дар шаҳр дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ» бо шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯйи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» мусобиқа оид ба шоҳмот байни варзишгарони аз 12 то 35 сола баргузор гардид. Зимни оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева бо баробари хайрамақдам ва таҳнияти ҳозирин аз дастовардҳои шоҳмотбозони Исфара ёдовар шуда, бо қаноатмандиву ифтихор иттилоъ дод, ки варзишгарони беҳтарини шаҳрамон, бародарон Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаевҳо моҳи сентябри соли равон дар олимпиадаи умумиҷаҳонӣ, ки дар шаҳри
Дави миллӣ баргузор гардид
Баҳри таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад, ширкат хоҳанд варзид. Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинии мазкур беш аз 4 ҳазор нафар наврасону ҷавонон ҳузур доштанд, ки 46 нафари онҳо бевосита дар қувваозмоиҳо ширкат намуданд. Аз ин 46 нафар 6 нафар номзади устоди варзиш ва 10 нафар варзишгарони дараҷаи 1-ум маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ корҳои тарғиботӣ ҷиҳати таъмини ширкати фаъолонаи ҷавонон дар
раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ва бо иқдоми шӯъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Исфара аксияҳо таҳти унвони «Парчам» ва «Яхмос» сурат гирифтанд. Дар ин радиф байни ширкатдорони чорабинӣ маводҳои тарғиботӣ оид ба раъйпурсӣ, 600 адад парчамҳои хурди давлатии ҶТ ва яхмосҳо тақсим карда шуда, барои кӯдакону наврасон тамоми атраксионҳои дилхушӣ ба таври ройгон хизмат расониданд.
Ба Чилгазӣ оби тоза меояд
ши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ ва аз ин тариқ Дар доираи чорабиМувофиқи лоиҳаи «Таъсолимии миллат изҳор ниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» таъмини миноти деҳот бо оби нӯдоштанд. таҳти унвони «ҶавоДави миллӣ дар Исфара аз шокӣ ва санитария, водии нон пайрави Пешвои назди маркази фарҳангии Ума- Фарғона, Тоҷикистон» миллат ва муҳофизи ри Хайём шурӯъ шуда, дар май- сохтмони хати оби тозаи дони Исмоили Сомонӣ анҷом дастовардҳои 25 соли нӯшокӣ дар деҳаи Чилгазӣ Истиқлолияти давлатии ёфт. оғоз гардид, ки он аз тарамутлақи дави милҶТ» бо шиори «Солимии лӣҒолиби тарбиятгирандаи мактаби фи ҶДММ «Муҳандис» то ҷавонон – солимии мил- варзишии наврасону ҷавонони охири сол ба сомон расолат» дави миллӣ сурат рақами 4 аз деҳаи Ворух Носир нида мешавад. Аҳмедов дониста шуд. гирифт. Ғолибону ширкатдорони Дар ин хусус моҳи июли соли Дар ҷараёни он беш аз 5 ҳа- фаъоли чорабинӣ бо Сипосно- 2015 аз тарафи мақомоти иҷроияи зор нафар сокинони синну соли маву тӯҳфаҳои хотиравӣ сар- ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мухталиф ширкат варзида, фароз гардонида шуданд. ва идораи обу ташноби шаҳр созишдастгирии худро аз ҷаҳду талонома ба имзо расида буд. Корҳои
Ҷавонон изҳор доштанд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, ки санаи 22-юми майи соли равон баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, дар таҳкими ҳокимияти давлатии ҶТ, мукаммалсозии заминаҳои ҳуқуқии ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва шукуфоии минбаъдаи Ватани азиз саҳм мегузоранд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунарманди шинохта аз пойтахти кишвар Баҳромшоҳ бо таронаҳои тараннумгари марҳилаи зебои умр – ҷавонӣ ва меҳани сарсабз табъи ҳозиринро шод гардониданд. Тавре сардовари мусобиқа Абдусаттор Шодиев иттилоъ дод, ҳини ҷамъбасти мусобиқа хонандаи синфи 4-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 Абдураҳмон Тошхӯҷаев сазовори мақоми якум, хонандаи синфи 10-уми ҳамин мактаб Муртазохӯҷа Тошхӯҷаев лоиқи ҷойи дуюм ва хонандаи литсейи рақами 5 Ҷаҳонгир Додобоев соҳиби зинаи сеюм дониста шуданд. Ба ғолибони мусобиқа раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва сардори ШВКД – 1 дар шаҳри Исфара Бахтиёр Назарзода дар вазъи тантанавӣ дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ-ро тақдим намуданд.
лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯиӣ-геологӣ ба анҷом расонида шуда, то ин дам 55000 метр қубурҳо бо таҷҳизотҳои ҳархела харидорӣ гардид. Баъди анҷоми лоиҳа наздик 14000 аҳолии деҳаи Чилгазӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд. Инчунин 5 муассисаи таълимӣ, 1 боғчаи бачагона, беморхонаи деҳа ва Маркази саломатӣ бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд. Дар маросими оғози сохтмон муовини аввали раиси шаҳр С. Қосимӣ, сармуҳандиси лоиҳа Друва Мани Поудел, сардори қитъаи идораи обу ташноб А. Мирҷаъфаров иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз номи сокинони деҳа раиси он Н. Каримов барои дастгирии ҳамаҷониба ба МИҲД-и шаҳр ва кормандони лоиҳа изҳори сипос намуд. Хоҷаи ИСФАРАНГӢ.
Н/И
Бо ифтихори бузург
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия амри табиист ва онро раванди таҳаввулоти ҷомеа тақозо дошта, баҳри таҳкиму тақвияти низоми сиёсии давлатдорӣ, устувории сулҳу субот, ширкати фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Азбаски аз нисф зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо назардошти таъмини ширкати фаъолонаи онҳо дар мақомоти роҳбарикунанда, қонунбарор ва судӣ ба ин қувваи муҳиму пешбаранда аҳамияти хоса дода шудааст. Ин боварии бузург мо, ҷавононро водор месозад, ки барои масъулияти азимро ба дӯш гирифтан, баҳри пешрафту шукуфоии минбаъдаи Ватани маҳбубамон азму талош намоем. Маро имрӯзҳо ифтихори бузург фаро гирифтааст, ки бори аввал дар чунин маъракаи бонуфузи сиёсӣ иштирок менамоям ва ба тарафдории тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Қонуни Асосии мамлакат райъи худро медиҳам. Замира УЗОҚОВА, донишҷӯйи соли дуюми коллеҷи тиббии шаҳр.
Аз шӯрои машваратӣ
Ҳадаф - афзоиши меваи хушк
Ҷаласаи навбатии шӯрои машваратии назди раиси шаҳр оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид.
Дар кори он намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд. Ҳолати воқеии корхонаҳои коркард ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, имкониятҳои ҳамкории байни сохтори давлатӣ ва бахши хусусӣ аз мавзӯъҳои баррасишавандаи шӯрои машваратӣ буданд. Шӯро таҳти сарварии муовини раиси шаҳр М.Олимов доир гардида, дар он ҳамкорӣ бо ноҳияҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли меваи хушк ва гузаронидани коркарди агротехникии боғот баррасӣ гашт.