"Насими Исфара", № 19 от 2 июня 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 19 (9388) *** Чоршанбе, 2. 06. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Тақдими мошинҳои хизматӣ ба Чоркӯҳу Ворух 30 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух автомашинаҳои тамғаи «Нива» туҳфа карда шуд.

Р

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи миёни маҳаллаҳои Чашмасор ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оғоз ёфт.

Оғози мумфаршкунии роҳ

Р

аиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳо ва суҳбат бо сокинони ҷамоат таъкид кард, ки имрӯзҳо бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари вилоят бунёдкориҳо ҷараён дошта, мардум баҳри истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Чуноне зикр гардид, барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар

аиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода калиди мошинҳои хизматиро ба раисони ҷамоатҳо супорида, аз онҳо даъват кард, ки фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз пеш талош намоянд. Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву роҳнамоиҳои Сарвари давлат солҳои охир дар шаҳру деҳоти Исфара силсилаи иншооти таъиноташон гуногун бунёд шуда, шароити зисту зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар гардидааст.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар ҳудуди шаҳр боз садҳо иншоот ба истифода дода шуд, ки ба некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Ҳамзамон барои идораи хоҷагиву манзилию коммуналии Исфара се адад мошини тамғаи «Porter» туҳфа гардид, ки барои таъмини тозагӣ истифода хоҳад шуд.

Шиносоӣ бо рафти бунёди хонаҳо

сарбаландона ба ҷо меоранд. Дар мавзеи наздисарҳадӣ ҷойгир будани шаҳру деҳоти Исфара бар дӯши ҳар яке аз сарҳадбонон масъулияти калонро вогузор менамояд. Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ҷомеаҳои меҳнатӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии моддию маънавии сарҳадбонон, фароҳамсохти шароитҳои созгори хизматӣ ба онҳо ҳамаҷиҳата мусоидат менамоянд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода изҳори боварӣ намуд, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди давлат ва миллат сарбаландона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ аъкид гардид, ки сол ба таври кофӣ обутоб сафарбар месозанд. Худи ҳамин рӯз гурӯҳи сарҳади давлатӣ хатти ва сифатан такомул ёфта, муайянкунандаи қаламрави имрўз ба сохтори мустаҳкам, модарон ба таҳниятгӯйии шахсии қисми ҳар мамлакат, нишонаи муташаккил ва муназзам ҳайати низомӣ омада, ба сарбозон аввалини мустақилияти табдил ёфтаанд. давлат ва тамомияти арзии Дар раванди ташаккулёбии савғотиҳои идона, аз қабили он аст ва сарҳадбонон сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ нону кулча, фатири ширмол, сипари асосии сарҳади дар шаҳру деҳоти Исфара самбӯса ва шириниҳои меваҷот ҳадя давлатӣ ва муҳофизони низ қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла лазизу кишвар мебошанд. қисми сарҳадии Кумитаи намуданд. Барномаи рангини Қушунҳои сарҳадӣ, давлатии амнияти миллии анҷомбахши ки зодаи даврони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳангӣ соҳибистиқлолии давлатии мустақару мустаҳкам чорабинии идона гардид. Тоҷикистон мебошанд, шуда, имрӯзҳо ин ҷо садҳо дар роҳи ташаккулёбии нафар ҷавонписарон аз худ мушкилоти ҷиддиро гўшаю канори мамлакат сипарӣ намуда, тайи 27 вазифаи муқаддаси худро

Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён сохтмони хонаҳои нав барои сокиноне, ки манзилашон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд, бомаром идома дорад.

Р

аиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист ба масъулини дахлдор супоришҳо дод. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари хонаҳои истиқоматӣ айни замон корҳои бомпӯшкунӣ ҷараён дошта, интизор меравад, ки сохтмон рӯзҳои наздик ба охир расонида шавад. Боиси таъкид аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ҷараёни бунёди хонаҳо зери назорати роҳбарияти вилоят қарор дошта, сокинон дар хонаҳои нав зиндагии худро идома хоҳанд дод.

Ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо ҳамроҳии роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қисми низомии марзбонон ташриф оварда, онҳоро сидқан муборакбод гуфт.

Аҷргузорӣ ба марзбонони шуҷоъ

Т

шаҳру деҳоти Исфара бунёду азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 457 иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз 420 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо бунёду таъмири иншооти гуногуни хоҷагии халқ симои деҳоту шаҳракҳо ва

маркази шаҳр дигаргун шуда, барои сокинон ҷойҳои иловагии корӣ таъсис ёфта истодааст. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ ҷараён дошта, дар назар аст, ки соли равон 30 км роҳи ҳудуди шаҳр мумфарш карда шавад.

Аёдати кӯдакон Раиси вилоят кӯдакони бемор​ Ғолибҷон Сатторов ва Оишахон Соҳибоваро аёдат кард ​

Р

аиси вилояти Суғд дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, ки​ ҳар сол рўзи якуми июн​ ҷашн гирифта мешавад, ду нафар аз кӯдакони маъюбро аёдат кард. Раҷаббой Аҳмадзода​ Ғолибҷон​ Сатторови 7 сола​ ва Оишахон Соҳибоваи 13​ соларо аёдат карда, ба хурдсолон туҳфаҳои идонаи худро супорид. Зимни аёдат таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои тарбияи​ насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, кӯдакони маъюбу ятим ва дигар ниёзмандонро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Зикр гардид, ки​ ​ ба ғамхорӣ фаро гирифтани​​ кўдакону наврасон ифодагари он аст, ки насли ояндасоз таҳти таваҷҷуҳи​ калонсолон ва масъулони соҳа қарор доранд. Раиси вилоят ба дӯстрӯякон ва аҳли оилаи онҳо тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Ҳуҷҷатҳо барқарор шуданд Аз ҷониби кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Исфара ҳуҷҷатҳои дар асари муноқишаҳои сарҳадӣ нестгардидаи сокинон барқарор ва ба соҳибонашон супорида шуд.

Б

ояд гуфт, ки бар асари муноқишаҳои сарҳадии охири моҳи апрели соли ҷорӣ рухдода ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои шаҳрвандии як зумра сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ нобуд шуда буданд. Бино ба гуфти корманди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ У. Бобоев ин ҳуҷҷатҳо дар фурсати кӯтоҳтарин барқарор ва дастраси соҳибонаш гаштаву минбаъд низ баҳри ҳалли мушкилоти аҳолӣ ва сари вақт баррасии муроҷиатҳо оид ба ҳуҷҷатгузорӣ чораҷӯйиҳо сурат хоҳанд гирифт.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.