"Насими Исфара", № 18, от 11 мая 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 18 (9433) *** Чоршанбе, 11. 05. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Сурх аз ҳолу аҳволи аъзои оилаи нафарони дар муноқишаҳои сарҳадӣ ба шаҳодатрасида Расоиддин Тешаев, Ҷалол Қароев, Сафоиддин Шаропов, Меҳрӯзиддин Болтаев, Ҳусейн Ҳакимов ва Обидчон Туйчиев хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.

Боздид аз қисмҳои низомӣ Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мухтори Абдулло ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Исфара ташриф оварда, бо вазъи хизмату истироҳати аскарону афсарон аз наздик шинос шуданд.

Т

аъкид карда шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода карда мешавад. Дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат барои хизмату истироҳати афсарону

аскарон тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода хизмат дар сафҳои Артиши миллиро қарзи муқаддаси фарзандӣ, мояи ифтихор, шарафи бузург, мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ арзёбӣ карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки афсарону сарбозони шуҷоъ рисолати фарзандиашонро бо садоқат ба савганди ҳарбӣ дар назди Ватан, миллат ва давлат ҷавонмардона адо карда, тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳораташонро баҳри ҳифзи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ сафарбар месозанд. Худи ҳамин рӯз беш аз 50 нафар модарон, аз ҷумлаи фаъолзанони шаҳр бо савғотиҳо, аз қабили нону кулча ва фатирҳои ширмол, самбӯса ва шириниҳои лазизу меваҷот ба қисмҳои низомӣ ташриф оварда, ба сарбозон барои хизмати содиқона миннатдории мардуми сипосгузорро арз карданд.

Мақомоти андоз - кафили рушди мамлакат

Дар робита ба Рӯзи кормандони мақомоти андози мамлакат дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ширкати роҳбарони воҳидҳои сохтории марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони нозироти андоз ва собиқадорони соҳа ҷамъомади хоссае баргузор гардид.

Р

аиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода кормандони нозироти андозро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, саҳми онҳоро дар ғановат бахшидани буҷаи давлатӣ тазаккур дод. Нозироти андоз дар шаҳри Исфара дар ғановат бахшидани хазинаи мамлакат, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва мусоидат ба рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба туфайли фаъолияти пурсамар ва иҷрои босифати рисолати касбӣ саҳми шоён мегузорад. Афзоиши ҳаҷми воридоти андозҳо ба буҷети шаҳр омили

асосии пешравии тамоми бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва кафили пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва нафақаву кумакпулиҳо маҳсуб мешавад. Натиҷаи маъракаи умури созандагиву бунёдкорие, ки солҳои охир бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара шуруъ шудааст аз бисёр ҷиҳат аз сатҳу сифати фаъолияти кормандони нозироти андоз вобастагӣ дорад. Дар се моҳи аввали соли равон

Шаҳрдор аз оилаҳои шаҳидон хабар гирифт

Ш

аҳрдор зимни дидорбинию суҳбати самимона бо аҳли байти бесаробонмондаи ҷавонмардони баору номуси миллат аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо ба Ватан ёдовар гашта, аз вазъи рӯзгор, раванди таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоташон пурсон шуд. Тавре таъкид гардид, тибқи ба туфайли хизмати пурсамари кормандони Нозироти андози шаҳри Исфара воридоти буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% ва воридоти буҷети маҳаллӣ бошад, 105,4%-ро ташкил дод. Мувофиқи таҳлилҳо дар 3 моҳи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба буҷети давлатӣ ба андозаи 3 милиону 76 ҳазору 270 сомонӣ ва ба буҷети маҳаллӣ ба андозаи 3 милиону 19 ҳазору 592 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардид. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронӣ аз ҷумла афзуд, ки кормандони мақомоти андози шаҳри Исфара нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро дар чор моҳи соли 2022 низ пурраю барзиёд ва сифатнок ба иҷро расонидаанд ва изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ онҳо дар иҷрои рисолати касбиашон кордониву фидокорӣ нишон медиҳанд ва нуфузи пешаи пуршарафи худро бо заҳмати шоён ва поксириштии худ болотар мебардоранд. Дар раванди ҷамъомад ба як қатор кормандони фаъоли Нозироти андоз дар шаҳри Исфара ва андозсупорандагони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамеша омода аст, ки баҳри ҳалли мусбати ҳамагуна мушкилоти

Кӯчае "Абдулатиф Шарипов" номгузорӣ мешавад Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз ҳолу аҳволи оилаи Абдулатиф Шарипов - ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ, ки дар муноқишаи марзии моҳи январ ба ҳалокат расидааст, хабар гирифт.

Шарипов ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо нахоҳад рафт ва оилаи бесаробонмондаи ӯ мудом таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории хосса қарор хоҳад дошт, - таъкид кард Баҳоваддин Баҳодурзода, - Ин аст, ки аз маркази шаҳр дар қатори дигар оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои наздисарҳадӣ барои оилаи Абдулатиф Шарипов низ қитъаи замини наздиҳавлигӣ аҳрдор зимни аёдат бори дода мешавад. дигар аз ҷоннисории ин Дар рафти дидорбинӣ шаҳрдор марди шуҷоъ ҳангоми иҷрои ҳамзамон изҳор дошт, ки баъди вазифа, диловарии ӯ дар ҷабҳаи гузаштани тартиби муайян, омода кумак ба эҳтиёҷмандон дар кардани ҳуҷҷатҳои лозима ва ҳолатҳои фавқулода, хосса баррасии он дар комиссияи ҳангоми рух додани низоъ номгузорӣ номи Абдулатиф дар сарҳад ёдоварӣ намуда, Шарипов ба яке аз кӯчаҳои шаҳр рафтори марҳумро намунаи олии гузошта хоҳад шуд. меҳанпарастӣ маънидод кард. -Хотираи неки фарзанди сарсупурдаи миллат Абдулатиф

Ш

Аёдати иштирокчиёни ҶБВ Дар арафаи таҷлили 77-солагии Ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ба 2 тан аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании дар ҳаётбудаи маскуни шаҳри Исфара туҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мукофотҳои пулии раисони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара супорида шуданд.

Б

о ҳамроҳии раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Саидов, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдувалӣ Қаюмов аз Ҷамоати деҳоти Хонобод ва Иосиф Зоҳидов аз Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ташриф оварда, падарони

шуҷову қаҳрамонро аз номи роҳбарияти давлат ва ҳукумат бо солгарди навбатии Рӯзи Ғалаба аз болои фашизми гитлерӣ сидқан шодбош гуфта, барои ҷонфидоиву диловариашон дар ҷабҳаи наҷоти инсоният аз қувваи аҳриманӣ арзи ташаккур намуданд. Баробари табрикоту таманниёти нек, аз ҷумла таъкид гардид, ки «Ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони Ҷанги Бузурги

иҷтимоии онҳо мусоидат намояд. Раиси шаҳр масъулин ва раисони ҷамоатҳоро вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии ин оилаҳоро таҳти назари доимии худ қарор дода, ҳамаҷиҳата кумаку дастгирӣ намоянд.

Ватанӣ ва шахсони дар имтиёз бо онҳо баробарбуда вазифаи ҷонии мақомотҳои давлатӣ ва инчунин қарзи инсонии ҳар фарди ҷомеа мебошад». Ҳамчунин гуфта шуд, ки мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат масъалаи дастрасии собиқадорони

ҷангу меҳнат ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳти таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дода шудааст. Ба аёдатшудагон иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Президенти мамлакат 15 ҳазор сомонигӣ, раиси вилояти Суғд 6 ҳазор сомонигӣ ва раиси шаҳри Исфара 3 ҳазор сомонигӣ туҳфа карда шуд. Имрӯзҳо ҳамчунин аёдату дидорбинӣ ва қадршиносии собиқадорони ҷанг ва меҳнаткашони арсаи оқибгоҳ аз тарафи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ сурат мегирад.

Номзадкунии бармаҳал сабаби ба миён омадани зӯроварӣ нисбати духтарон аст. Аз номзадкунии бармаҳал худдорӣ кунед!


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.