18 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 18 (9153) ***

Чоршанбе,

11 майи соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Таҷлил

Ёде аз 7389 нафар ҷанговарон Дар Исфара 71 - солагии Ғалабаро ботантана ҷашн гирифтанд.

Субҳи барвақт собиқадорони ҶБВ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ дар пояи Лавҳаи ёдгории собиқ госпитали ҳарбӣ ва қабристони бародарӣ бо нишони арҷгузорӣ ба фидокории аскарону афсарони шаҳидгаштаи Артиши шуҷои шӯравӣ гулчанбарҳои тару тоза гузоштанд. Чорабинии идона дар майдони Ғалабаи маркази шаҳр сурат гирифт. Ин ҷо низ бо рамзи арҷгуН/И

Гиромидошт

Лавҳаи ёдгорӣ ба Мирзо Олимов Дар мтму №18 - и ҷамоати деҳоти Шаҳрак Лавҳаи ёдгории Мирзо Олимов гузошта шуд. Дар маросими гузоштани он бевосита раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ширкат ва баромад дошт. Номбурда дар баромади худ аз ҷумла оид ба зиндагии ибратомӯзи Мирзо Олимов, ҷаҳду талоши ӯ дар ободонии диёр, ба хусус осоишгоҳи "Зумрад" ҳарф зад. Минбаъд дар назди ҳозирин шогирди Мирзо Олимов, муовини сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев, собиқадори соҳаи тандурустӣ Иброҳимҷон Баҳодуров, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 Меҳрихон Иброҳимова ва хонандаи фаъоли таълимгоҳ Озода Ёрматова баромад намуда, аз икдоми насби Лавҳаи ёдгорӣ дар даромадгоҳи таълимгоҳ ва ба ифтихори Мирзо Олимов номгузорӣ шудани муассисаи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Фарзанди шодравон Мирзо Олимов – сарвари имрӯзаи осоишгоҳи «Зумрад» Зафарҷон Олимов ба сохторҳои давлатӣ ва ба аҳли деҳа барои қадршиносии заҳматҳои падари бузургвор арзи сипос кард. Мухтадил ҶӮРАЕВ.

зорӣ ба қаҳрамониву диловарии сарбозони артиши собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар пояи муҷассамаи сарбози наҷотбахш гулчанбарҳо гузошта шуданд. Дар назди собиқадорони ҶБВ, набардҳо дар Афғонистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аскарону афсарони қисмҳои низомӣ ва омўзгорону муҳассилини муасси-

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад. То имрўз дар ин озмун 8 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунари худро нишон додаанд. Ин навбат дар Кохи фарҳанги шаҳр санъаткорони шаҳри Исфара дар фестивал-озмун ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки фарогири дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, манзури тамошобинон гардонида шуд. Барномаи омоданамудаи исфарагиён аз намоиши сару либоси миллӣ, навозиши умумӣ, рақси якка, суруди якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, дар маҷмӯъ аз 12 бахшҳои гуногуни ҳунарӣ иборат буд. Тавре, ки мудири бахши фарҳанги шаҳр Сабурхон Амонуллоев Н/И

Резаахбор

Омӯзиши раисони кумитаҳои маҳаллаҳо

Дар ҷамоати деҳоти Хонобод дар доираи Барномаи маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод семинари навбатии омӯзишӣ барои раисони

саҳои таълимӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, бо баробари муборакбодии мардуми шарифи Исфара аз аҳамияти пирўзии 71 сол қабл ба дастоварда ёдрас шуд. Дар баромади раиси шаҳр аз ҷумла зикр гардид: «Дар қатори намояндагони дигар халқу миллатҳо 7389 нафар родмардони Исфара низ дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсўз қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 1049 нафарашон ба хотири осудагии инсоният ҷони худро қурбон кардаанд». Минбаъд ширкатдорони ҷамъомад бо дақиқаи хомўшӣ хотираи неки қурбониёни ҷангро ёд ва рўҳашонро шод гардониданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ суруду таронаҳои маълуму машҳури давраи ҶБВ ва васфкунандаи Ватану мардуми матиниродаи сарзамин садо доданд. Сўҳбати гарми собиқадорони арсаҳои ҷангу меҳнат сари мизи идона дар маҷмааи «Васл» анҷомбахши чорабинӣ гардид. Бояд қайд кард, ки дар арафаи ин иди бошукӯҳ раиси шаҳр аёдати собиқадоронро анҷом дода, ба онҳо кӯмакпӯлиҳои яквақта расонид.

Н/И

"Андалеб-2016"

Аҳли ҳунари Исфара дар мақоми аввал

зикр намуд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фестивал-озмун ҷараён дошта, беҳтарин ҳунармандон ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд ва то имрӯз аз миёни санъаткорони шаҳру ноҳияи вилоят барномаи аҳли ҳунари Исфара бо дарёфти 113 хол дар ҷойи аввал мебошад. Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар асоси қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ва он байни аҳли ҳунари шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гашта истодааст. кумитаи маҳаллаҳо доир гашт. Дар ҷараёни он ба масоили марбут ба ободии маҳал, тозагӣ ва вазъи санитариву гигиении он диққати хоса дода шуда, таъмини сокинони маҳал бо ҷойи кор бо кушодани марказҳои ҳунарҳои дастӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Бино ба гуфти раиси маҳаллаи Зархок Аъзамҷон Ғиёсиддинов ташкили ин гуна семинарҳои

Н/И

22 май -Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо Дар иртибот бо шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар бо иштироки раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, судяи Суди Олии ҶТ Бобокалон Мирзозода, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Саидбой Зокиров, раиси комиссияи ҳавзаи раъйпурсии «Исфара №27» Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев ва прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол бо фаъолон мулоқот доир гашт.

Зимнан тазаккур дода шуд, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд ва ҳадафи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Дар фарҷом раиси шаҳр дар радифи таъкиди зарурияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ доштани воридсозии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ҳадафи меҳварии он маҳсуб

шудани таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дарки масъулияти амиқ баҳри бо омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ барои фаъолияти босамари комиссияи ҳавзаи раъйпурсии «Исфара №27» ва 79 участкаҳои раъйдиҳӣ шароити зарурию мусоидро фароҳам овардааст.

Мушоҳидони миллӣ аз ҲХДТ Дар маҷлисгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов машварати омӯзишии мушоҳидони миллӣ аз ҲХДТ дар участкаҳои раъйпурсӣ баргузор гардид. Дар раванди он сардори раёсати ташкилии КИШ ҲХДТ И. Пӯлодов қайд кард, ки таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ҲХДТ дар панҷ соли оянда ба шумор мераванд ва баргузории раъйпурсии умумхалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад. Баъдан раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Б. Асадуллоев мушоҳидони миллиро бо

омӯзишӣ барои амалигашти Амри Президенти кишвар ва Барномаҳои вилоятиву шаҳрӣ оид ба маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод таккони ҷиддӣ мебошад.

Ҷойи кор ёфтанд

Дар деҳаи Чилгазӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардид, ки дар он аз тарафи 7 корхонаву таш-

Дастурамал доир ба тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ дар участкаҳои раъйдиҳӣ ошно сохта, бобати сабти фикру мулоҳизаҳо ва эродҳо ба рӯзномаи мушоҳиди миллӣ маслиҳатҳо дод. Муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд А. Ҷалилов доир ба аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, назди намояндагони ҳизб бобати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани раъйпурсӣ ва ҷонибдорӣ ёфтани масъалаҳои дар раъйпурсии умумихалқӣ гузошташуда вазифаҳои мушаххас гузошт. Мушоҳидони миллӣ бо рӯзномаи мушоҳиди миллӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин гардиданд. Ба чанде аз иштирокдорони машварат шаҳодатномаи мушоҳиди миллӣ ботантана супорида шуд. Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва зеҳнии КИШ ҲХДТ.

килот ба корҷӯяндагон 200 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардид. Дар маҷмӯъ дар раванди ярмарка 310 нафар иштирок намуда, 7 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин ва 18 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар шуданд. М.САТТОРОВ, мухбири ҷамоатӣ.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
18 2016 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu