18 19 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

18-19 2015.qxp имруз_Layout 1 03.09.2015 10:55 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 18-19 (297-298)

аз 3 сентябри соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

www.tojinfo.ru

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон

ОГОХИНОМА

оид ба катъ намудани фаъолияти гайриконуни

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ӯҳдадор аст, ки талаботи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст. 1. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд, ки нусхаи аслии он ба Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аъзоёни ҳизб бо хоҳиши худ аъзогии хешро дар Ҳизби наҳзати исломи

Тоҷикистон қатъ кардаанд. Дар маҷмӯъ ба вазорат 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои зерини Ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти онҳо дастрас гардидааст: 1. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, шаҳри Хуҷанд. 2. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, ш. Хуҷанд. 3. Протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончӣ аз 06 апрели соли 2015, шаҳраки Ғончӣ. 4. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, шаҳри Панҷакент. 5. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Ис-

фара аз 19 июни соли 2015, д. Чоркуҳ. 6. Қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, д. Чоркуҳ. 7. Протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз 11 июни соли 2015, шаҳраки Бӯстон. 8. Протоколи ҷаласаи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, шаҳраки Меҳрон. 9. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани бахши ҳизби номбурда дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз 07 майи соли 2015, шаҳраки Пролетар. 10. Протокол аз натиҷаи баргузор гардидани ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳристон аз 28 майи соли 2015, ноҳияи Шаҳристон. 11. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ҳизб дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз 06 марти соли 2015, шаҳраки Нов. 12. Протокол аз натиҷаи баргузор гардидани ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Айнӣ аз 20 апрели соли 2015, ноҳияи Айнӣ. 13. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Ашт аз 29 майи соли 2015, шаҳраки Шайдон. 14. Суратҷаласаи маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар шаҳри Истаравшан аз 15 майи соли 2015, шаҳри Истаравшан.

15. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Зафаробод аз 18 апрели соли 2015, шаҳраки Ҳ.Алиев. 16. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 18 апрели соли 2015, шаҳраки Ғафуров. 17. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Конибодом аз 14 апрели соли 2015, шаҳри Конибодом. 18. Қарори ташкилоти ибтидоии Ҳавзи баланд аз 20 январи соли 2015, шаҳри Конибодом. 19. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Чкалов аз 15 майи соли 2015, шаҳри Чкалов. 20. Протоколи маҷлиси баҳши ҲНИТ дар шаҳри Қурғонтеппа аз 11 июни соли 2015, шаҳри Қурғонтеппа. 21.Протоколи конфронси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 10 июни соли 2015, шаҳраки С. Исоев. 22. Протоколи ҷаласаи аъзоёни бахши ҲНИТ-и ноҳияи Шаҳритуз аз 10 июни соли 2015, ноҳияи Шаҳритуз. 23. Протоколи маҷлиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд аз 04 июни соли 2015, ш.Сарбанд. 24. Протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар аз 05 июни соли 2015, ҷ/д Меҳнатобод. 25. Протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул аз 20 апрели соли 2015 ҷ/д Ҷиликул. 26. Протоколи маҷлиси

Тел: 2-61-62

умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ аз 25 майи соли 2015, шаҳраки А. Ҷомӣ. 27. Протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ аз 28 майи соли 2015, шаҳраки А. Ҷомӣ. 28. Санад аз 08 июни соли 2015, ноҳияи А. Ҷомӣ. 29. Санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул аз 08.06.2015, ҷ/д Ҷиликул, н. Ҷиликул. 30. Протоколи ҷаласаи моҳонаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз 15 майи соли 2015, ш. Дустӣ. 31. Санад аз 08 июни соли 2015, шаҳраки Дустӣ н. Қумсангир. 32. Санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон аз 21 майи соли 2015, ш. Ёвон. 33. Протоколи маҷлиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Панҷ, аз 20 майи соли 2015 н.Панҷ. 34. Санад дар бораи гирифтани аризаи аъзоёни ҲНИТ дарноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2015, шаҳраки Панҷ. 35. Санад дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015, д. Уялӣ. 36. Суратҷаласаи ҷамъбастии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015, ноҳияи Хуросон. 37. Протоколи ҷаласаи аъзоёни раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён аз 10 апрели соли 2015, ноҳияи Қубодиён. 38. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2015, ш. Хоруғ. 39. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рушон аз 10 июни соли 2015, д. Рушон. 40. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015, д. Ишкошим. (Давомаш дар саҳ.2).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.