"Насими Исфара", № 18 от 19 мая 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 18 (9387) *** Чоршанбе, 19. 05. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Аёдати пирони кор

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар рўзи Иди саиди Фитр барои муборакбодӣ ва аёдат меҳмони чанде аз собиқадорони меҳнат ва чеҳраҳои саршиноси шаҳру деҳоти Исфара шуд.

З

имни суҳбати самимӣ раиси шаҳр аз саҳми шоиста ва назарраси собиқадорон дар пешрафт ва ободу зебо гардонидани Исфара ёдовар шуда, зикр дошт, ки Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибониро дар ҳаққи пирони хирад, собиқадорон ва дигар қишрҳои ниёзманди таваҷҷуҳ қарор додааст. Аёдатшудагон аз ташрифи раиси шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, барои эътибору таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр сипосгузорӣ намуданд.

Бахшида ба Рӯзи байналхалқии оила, бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифату одоби оиладорӣ ва устувории оилаҳои ҷавон дар Маркази фарҳангиву фароғатии “Шоҳон”– и шаҳри Исфара маҳфили адабиву мусиқии «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир» баргузор гардид.

Д

ар чорабинӣ намояндагон аз ҳамаи ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳр оилаҳои барўманд, ҷавонони навхонадор ва оилаҳои намунавӣ иштирок намуданд. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро аз номи раиси шаҳр бо Рӯзи байналмилалии оила сидқан шодбош гуфта, аз ҷумла тазаккур дод, ки ҳадафи асосии таҷлили Рӯзи оила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба проблемаҳои сершумори оила мебошад. Оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, ҳамкории иқтисодию маишӣ, эҳтироми якдигар ва тарбияи комили фарзандонро талаб менамояд. Мутобиқи маълумоти оморӣ шумораи умумии оилаҳо дар шаҳри Исфара айни замон беш аз 47 000 ададро ташкил медиҳад, ки онҳо куллан худро дар паноҳу ҳимояти давлату ҳукумат эҳсос менамоянд ва аз ҳуқуқҳои конститутсиониву қонунии худ ҳамарӯза баҳравар ҳастанд. Дар раванди маҳфил аъзои 12 оилаҳои барӯманди диёр ба ҳайси меҳмонони

Дастархонаи идона барои кӯдакон

сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Дар рӯзи Иди саиди миллат, Президенти мамлакат Фитр дар Хонаи бачаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроб ва ин рӯз чун ҳамешагӣ ҷомеаҳои мактаб-парваришгоҳи меҳнатии корхонаҳои сарпараст махсуси кӯдакони қувваи - ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии босираашон суст ва зарири Тоҷикистон ва Хитой» ва ҶСК шаҳри Исфара маҳфилҳои «Корхонаи кимиёвӣ» кӯшиш ба идона баргузор гардид. харҷ доданд, то бо густурдани

Д

ар раванди нишасти идона намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори палатаи савдои вилоят Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ва муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиëн устодон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои мазкурро бо Иди Рамазон муборакбод гуфта, барояшон фатҳи қуллаҳои нав ба нави азхудсозии илмҳои замонаро таманно карданд. Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони бепарастор ва имконияташон махдуд пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Қобили тазаккур аст, ки дар пайгирӣ аз даъвати Асосгузори

Таҷлили Рӯзи оила

дастархони пур аз нозу неъмати идона табъи кӯдаконро шод гардонанд. Тарбиятгирандагон дар ҷавоб ба таваҷҷуҳ ва меҳрубониҳои меҳмонон барномаи идонаи омодакардаи худро, ки аз дастагули шеъру тарона, саҳначаву рақсу бозиҳои ҷолиб иборат буд, намоиш доданд. Бояд қайд намуд, ки алъон дар Хонаи бачаҳо 30 нафар ва Мактаб -парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр аз гӯшаву канори мухталифи вилоят 80 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълиму тарбияи хуб ва муоинаи мунтазами тиббиву табобат фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар раванди маҳфил ба тарбиятгирандагони Мактабпарваришгоҳ ва Хонаи бачаҳо савғотиҳои идона тақдим карда шуд.

фахрӣ ширкат варзида, бо саҳифагардон намудани китоби хотирот ва нақли лаҳзаҳои ибратомӯзи оиладорӣ, бахусус зиндагии тифоқи бисёрсола ҳозиринро ба таҳкими оила ва идомаи анъанаҳои неки оиладории миллӣ ҳидоят намуданд. Ҳамзамон аз оилаҳои ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки босабру пуртаҳаммул бошанд. Маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаи қайди давлатии ақди никоҳи наварӯсон Эмил ва Малика Абдуллоевҳо ва супоридани шаҳодатномаи таваллуди 7 кӯдаки навзод бо шукуҳи хосса сурат гирифта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии

Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва даври сеюм дар пойтахт ҷамъбаст гардид. Ҳадафи баргузории Фестивал аз эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ иборат буд. Дар ҷараёни Фестивал ҳунармандони чирадаст зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди ширкатдорони чорабинӣ гардониданд. Сокини маҳаллаи Дукчии деҳаи Навгилем, ҳунарманди ҷавон Ҳайдарҷон Аҳмедов дар даври вилоятии озмун, дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии бандубастшуда ҷои аввалро соҳиб шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт. Дар даври ниҳоии Фестивал, ки дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпуси

раиси шаҳр тақдим карда шуд. Намоиши либосҳои идонаи миллӣ ва арӯсию домодӣ аз ҷониби ғолибони озмуни «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ» низ хушоянди ҳамагон буд. Дар интиҳои маҳфил оилаҳои беҳтарину намунавӣ ва меҳмонони фахрӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳру деҳоти Исфара бахшида ба Рӯзи оила ҳамчунин як қатор вохӯриву мулоқот ва озмунҳо муассирсозу хотирмон баргузор гардиданд.

Қадршиносии ҳунари устои дукчӣ Чанде пеш дар саросари мамлакат бо иқдоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

дипломатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҳунармандон аз гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонони сершумор баргузор гардид,

маҳсули дасти устои дукчии исфарагӣ Ҳайдарҷон Аҳмедов низ бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.