Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 17 (9248) *** Чоршанбе, 02. 05. 2018
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Таҳти сарварии Прокурори шаҳри Исфара мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Раҳмонзода Анвар Хол ва бо ҳузури муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар раванди он ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ҳамчунин вазъи иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ дар миқёси шаҳри Исфара дар давраи соли 2017 ва 3 моҳи аввали соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Саломзода Сиҷоуддин: "Донишҷӯёнро сарпарастӣ кунед" Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишҷӯёни зодаи Исфарамуҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои пойтахти мамлакат мулоқот орост.
Т
адбири мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара рӯйи кор омад. Мулоқоти шаҳрдор ва донишҷӯён озодона сурат гирифта, дар он масъалаҳои марбут ба таҳсилу донишандӯзӣ ва шароити зисти донишҷӯён, эҳтиёҷмандии ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр ба мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун ва таъмини хатмкунандагони муасисаҳои таҳсилоти олӣ бо ҷойи кор, дастгирии моддию маънавии донишҷӯён мавриди гуфтугузор қарор ёфтанд. Зимнан, иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Осоишгоҳи Зумрад», ки сарпарастии 8
нафар донишҷӯёни исфарагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро ба зимма гирифтааст, инчунин ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бобати ҷудо намудани 3 грант барои донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ шоистаи пайравӣ ва ибратомӯз арзёбӣ гардида, муовинони раиси шаҳр Умарзода Собит Идрис ва Бобоиён Мадина Абдуяқинзода вазифадор гардиданд, ки бо ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти ба сарпарастӣ гирифтани донишҷӯёни оянда корбарӣ намоянд. Дар раванди мулоқот аз ҷониби Саломзода Сиҷоуддин ба ҳар яке аз ширкатдорони мулоқот идрорпулии яквақтаи раиси шаҳри Исфара тақдим гардид. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони маъруфи зодаи Исфарамарз Бахтиёр Иброҳимов якҷоя бо ҳайати ансамбли «Гулшан» ва овозхони ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон Зоиршо Ҳайдаров маҳфилороӣ намуданд. Мувофиқ ба маълумотҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе зиёда аз 1700 нафар ҷавонони исфарагӣ таҳсил доранд.
Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара рӯзи дарҳои кушод ва ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид. Дар ярмарка аз тарафи 44 корхонаву ташкилот ва муассисаҳои кордиҳанда ба интихоби корҷӯяндагон 323 ҷойҳои холии корӣ бо музди меҳнати аз 400 то 2000 сомонӣ
Семинари сайёри китобдорон
Тибқи нақшаи кории раёсати маорифи шаҳр дар муассисаи таълимии давлатии литсейи рақами 5 (сарвараш Маърифатхон Шарофиддинова) семинари сайёри китобдорон баргузор гардид.
К
ормандони масъули раёсати маориф, китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 21, 31, 50 ва литсейи рақами 2-ро хонандагони синфи 1-ум таҳти роҳбарии омӯзгор Зулхумор Сангинова, бо дастагули шеъру таронаҳои тараннумгари Ватан, Пешвои миллат, устод ва китоб гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Меҳмонон нахуст бо фаъолияти
Н/И
Аз хушунати хонаводагӣ то оилавайронӣ
Д
ар баромади прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол тамоми ҷанбаҳои масъалаи баррасишаванда ба таври амиқу ҳамаҷониба бо далелҳои раднопазиру мисолҳои мушаххас таҳлилу тавзеҳ ёфта, аз фаъолияти нокифояи мақомотҳои дахлдори шаҳр дар самти таъмини талаботи қонуну қарорҳои марбута изҳори нигаронӣ карда шуд. Минбаъд, дар робита бо масъалаҳои баррасишаванда аз мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавҷудахон Назирова, мудири шуъбаи сабти асноди шаҳрвандӣ Муҳиба Ёқубӣ, сардори раёсати маориф Бобохон Саидзода, раиси ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Нуриддин Каримов ва имомхатиби масҷиди ҷомеи "Умари Одил"- и маркази шаҳр
Бозори шуғл
Соҳиби ҷойи кор шуданд пешниход карда шуда, 17 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва 13 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ роҳхат гирифтанд. Чунин Рӯзи дарҳои кушод ва ярмаркаи
китобхонаи литсей, шароити дар он барои хонандагон фароҳамовардашуда, тариқи ҳуҷҷатгузорӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии муҳассилин аз наздик ошно шуда, аз сатҳу сифати кори китобдори муассисаи таълимӣ Лутфияхон Рӯзиева қаноатмандии худро изҳор доштанд. Сипас, дар утоқи дарсии хонандагони синфҳои 4-и таълимот бо забони русӣ ва 5-и тоҷикӣ аз ҷониби омӯзгорон Санавбар Бозорова ва Абдураҳим Воҳидов дар мавзӯи "Китоб дӯсти беғарази инсон" соатҳои тарбиявӣ доир карда шуд. Зимнан хонандагон дар хусуси пайдоиши китоб, аҳамияти китоб дар такомули инсон ва ташаккули ҷамъият, зарурати гиромидошти китоб ҳамчун маъхази илму дониш порчаҳои насриву назмӣ қироат намуда, саҳначаҳои ибратомӯзи "Китоб тӯҳфаи қиматбаҳо" ва "Об сарвати бебаҳо дар ҳаёти инсон"ро манзури ҳозирин гардониданд. Озмуни қироати шеър низ басо шавқовар сурат гирифт. Дар ҷамъбаст меҳмонон ба кори китобхонаи литсейи рақами 5 баҳои баланд доданд.
Ҷамолиддин Шаҳобиддинов бозпурсӣ ба амал оварда шуд. Чанде аз ширкатдорон бошанд, ҷиҳати пешрафти кор дар боби пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳо таклифу пешниҳодоти худро арз доштанд. Прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол бо зикри мушаххаси вазифаи мақомотҳои марбута дар самти таъмини иҷрои Қонуни ҶТ "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва вазъи иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ ва тақозои ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ҷаласаро ҷамъбаст намуд. (Фишурдаи маърӯзаи прокурори шаҳр дар саҳифаи 3).
ҷойҳои холии корӣ дар литсейи касбӣ техникии нафту гази шаҳраки Нефтобод низ баргузор гардид. Дар он ба интихоби корҷӯяндагон 315 ҷойҳои холии корӣ бо музди меҳнати аз 400 то 2000 сомонӣ пешниҳод карда шуда, 14 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва 10 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ роҳхат гирифтанд.
ҶДММ "АНТ" якумин ширкати телевизионии мавҷию кабелии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти ҷамъият дар асоси иҷозатномаи махсуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба амал бароварда мешавад. Ширкат бори аввал ба эфир соли 2004 баромадааст. Аз ҷониби ширкат 116 шабакаҳои телевизионӣ, аз он ҷумла 100 адад ҷаҳонӣ, 9 адад давлатӣ, 4 адад маҳаллӣ ва 3 адад хусусӣ пахш карда мешаванд. Пахши шабакаҳо тариқи формати рақамӣ ба амал бароварда мешавад. Аз онҳо 16 адад шабакаҳои телевизионӣ бо формати FuIIHD пахш мегарданд. Шабакаҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва хусусӣ ройгон бидуни рамзгузорӣ (кодировка) пахш мешаванд. Мавҷи ширкат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Мастчоҳ дастрас аст. Суроғаи намояндагӣ дар шаҳри Исфара: кӯчаи Марказӣ, бинои 18 (дар меҳмонхонаи Исфара, рӯ ба рӯи филиали ҶСК "Бонк Эсхата"). Телефон: 92 999-11-88.
Ёдоварӣ аз садамаи Чернобил Бахшида ба 32-солагии ба вуқуъ омадани садама дар Неругоҳи барқии атомии Чернобил ҷамъомад баргузор гардид.
Д
ар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ибромҷон Икромов зимни суханронӣ изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати нафароне, ки барои наҷоти ҳазорҳо одамон ҷону саломатии худро дареғ надоштанд, ҳамешагӣ буда, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии барқароркунандагони ин садамаи мудҳиш тадбирҳои назаррас андешида мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки барои бартараф намудани паёмадҳои садамаи Неругоҳи атомии барқии Чернобил наздик 600 ҳазор нафар сокинони кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар гашта буданд. Аз он ҷумла 80 нафар сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар корҳои бартараф намудани ин садама ширкат доштанд. Соли равон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара баҳри кумак ба бартарафкунандагони садамаи Чернобил 212 ҳазору 308 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин назар ба маблағи соли гузашта ҷудошуда, ба ҳар нафар 600 сомонигӣ бештар аст.