Иди Ғалаба муборак! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
***
№ 17 (9152)
ИСФАРА
***
Панҷшанбе,
5 майи соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Қадршиносӣ
2000 сомонигӣ ба собиқадорон Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида ба 71-солагии Ғалаба аз болои Германияи фашистӣ кӯмакҳои яквақтаи пулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд. Дар чорабиние, ки ба ин мақсад доир гардид, сардори раёсати дин ва маърифати дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Сайфулло Давлатзода ва раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, бо баробари таҳниятгӯйии собиқадорон аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз саҳми эшон дар таъмини истиқлолияти милливу давлатӣ ва наҷоти инсоният аз фашизми гитлерӣ ёдовар шуданд. Дар ин руз ба ҳамаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Президенти мамлакат ба миқдори 2000 сомонигӣ тақдим гардид.
Замоне, ки алайҳи фашистони гитлерӣ меҷангидему ҳамарӯза бо марг даст ба гиребон будему даҳҳову садҳо рафиқонамон дар назди чашмонамон ҷоннисорӣ мекарданд, фикр надоштем, ки оё пас аз 50-70 сол насли оянда ин ҷонбозиҳои моро қадр менамуда бошад ё не? Тамоми фикру зикри мо ба саркӯбсозии душмани бетараҳҳум ва поксозии хоки Ватан аз ин олудагӣ банд буд. Лекин имрӯзҳо дар баъзе мамолики Аврупо муносибати ҷавононро нисбат ба таърихи ҶБВ ва собиқадорони он шунида, кас гиребони тааҷҷуб медорад. Наход Гитлер ва сарбозонаш бо конслагеру одамсӯзиҳояшон аз мо беҳтар буданд. Дар ҳар сурат шукри онро дорам,
Собиқадорони гиромӣ. Ҳамдиёрони азиз! Нуҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «Ин санаи таърихӣ барои мо низ гиромиву муқаддас аст, зеро он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мост». Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан ҳам яке аз мудҳиштарин ҷангҳои фоҷиабори башарият дар асри ХХ буд, ки дар раванди он, чун дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо низ бо маҳрумияту машаққатҳои зиёд рӯбарӯ гардида, талафоти гарон додааст. Дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 7389 нафар родмардони Исфара низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 1049 нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд. Аз 5440 нафар фарзандони зафарманди бо пирӯзиву сарбаландӣ ба Ватан баргаштаи Исфара, ки минбаъд барои пешрафти ҷомеа ва фароҳамсохти рӯзгори ободу осудаи имрӯзаи мо заҳмат кашидаанд, 5421 нафари онҳо захмҳои ҷанг дар дилу тан тайи 71-соли гузашта фавтидаанд. Имрӯз мо шукргузору фараҳманд ҳастем, ки 19 тан аз фарзандони зафарёри Исфара - иштирокчиёну собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буда, ҷашни 71-умин солгарди Ғалабаи Бузурги Н/И
Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳр:
Корнамоиҳои онҳо ҷовидонист!
худро якҷоя бо мо бо фараҳмандӣ истиқболу таҷлил менамоянд. Собиқадорони ҷанг барҳақ нигаҳдоранда ва таҷассумкунандаи анъанаҳои пуршарафи наслҳои гузашта ва намунаи олии устуворӣ, тимсоли мардонагӣ ва меҳанпарастӣ ҳастанд. Ҳар лаҳза дуогӯйи онанд, ки башарият дигар рӯйи наҳси чунин як ҷангро набинад. Мо ба хизмату ҷонбозиҳо ва ҳар лаҳзаи талошу пайкори диловарони майдонҳои набард ва меҳнат ҳамеша арҷ мегузорем ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Дар баробари ин мехоҳам хотирнишон созам, ки ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус,
соҳибкорону тоҷирон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва умуман аҳли ҷомеаи қадршиноси мо бояд бошад. Бино бар таъкидоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад». Аз ин рў, дар баробари дигар сокинони сулҳхоҳи сайёра, мо - наслҳои имрўзи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу осудагӣ ва суботу ваҳдати миллӣ бирасем, барои ҳифзу пойдории онҳо ҳамеша кўшишу талош кунем, насли ҷавонро дар рўҳияи
Арзи сипоси собиқадор
Н/И
ватанпарастиву башардўстӣ тарбия намоем. Дӯстони азиз. Фарорасии ҷашни фархундаи 71-умин солгарди Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ҳамаи шумо ҳамдиёрони арҷманд, алалхусус ба падарони азиз - собиқадорони ҷангу меҳнат сидқан муборакбод мегӯям. Бароятон тансиҳатӣ, осоиши рӯзгор, хонаи обод ва саодати ҷовидон таманно дорам. Орзуманди он ҳастам, ки сулҳу амонӣ ва осоишу оромӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамеша ҳукмфармо бошад. Ҷашни Зафар муборак, дӯстони азиз!
Роҳпаймоӣ
Аз дастгириҳоятон миннатпазирем "Марши
ки дар Тоҷикистони азиз ба туфайли хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти м а м л а к а т, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибату муомила бо собиқадорони ҶБВ бағоят ғамхорона ва меҳрубонона мебошад. Кӯмакҳои доимии давлату ҳукумат, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, мардуми оддӣ, хуллас хурду бузург сари моро ба осмон мерасонад. Дар ин радиф мо, собиқадорон би-
нобар иллати пирӣ бештар бо пизишкон кордор мешавем, ки ин фурсат қобили зикр аст. Дар арафаи иди Ғалаба мехоҳам барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва дилсӯзиҳои самимӣ ба кормандони Маркази саломатии шаҳр таҳти сарварии Сайфуллохон Атохонов ва беморхонаи марказӣ таҳти сарварии Тайибиддин Муҳаммедов, хоса ба шифокорон Изатулло Саидов, Кароматулло Файзуллоев, Ҷамолиддин Тӯраев, бонувони мӯҳтарам Мамадова, Саидова ва Миралиева миннатдории беохири худро баён намоям. Умуман, ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки иззату эҳтироми мо, пирон – собиқадорони ҷангро ба ҷо меоранд. Бигзор ҳамаи шумоён низ ба пирӣ раседу лоиқи чунин таваҷҷӯҳу меҳрубониҳо гардед! Абдуғаффор БОҚИЕВ, собиқадори ҶБВ, маъюби гурӯҳи якум.
Ғалаба"
Гурўҳи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки то Кӯлобу Душанбе роҳпаймоӣ мекунанд, ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Роҳпаймоии онҳо таҳти номи «Марши Ғалаба» сурат гирифта истодаасту гӯруҳи 15 нафараи кормандони идораву сохторҳои гуногуни ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шиорҳои «Иди Ғалаба муборак!», «Қаҳрамонии Шумо ҷо-
видонист!» зери садои суруди «Катюша» то мучассамаи шаҳидони ҶБВ роҳпаймоӣ анҷом доданд. Роҳпаймоии мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳандозӣ мешавад ва иштирокчиёни он ният доранд ба 15 шаҳру ноҳия, аз ҷумла ба 9 минтақаҳои вилояти Суғд ва 7 шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишвар сафар намоянд. Абдуқодир Тошматов, яке аз пешсафони ин роҳпаймоӣ табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзодаро ба кулли собиқадорони ҷанг ва сокинони Исфара расонид. Иштирокчиёни роҳпаймоӣ тасмим гирифтаанд, ки беш аз 3 ҳазор километр роҳро тай намуда, барномаи фарҳангии худро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст кунанд.