"Насими Исфара", № 17 от 12 мая 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 17 (9386) *** Чоршанбе, 12. 05. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Мулоқот дар Ӯш Б Тибқи тавофуқи тарафҳо 5-9 майи соли 2021 дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Д

ар фарҷоми ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоянд. Ҷаласа дар фазои дӯстона ва дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

а ин муносибат субҳи санаи 9-уми май дар майдони Ғалабаи шаҳр бо иштироки роҳбарияти МИҲД, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр чорабинии идона сурат гирифт. Нахуст собиқадорони ҶБВ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ бо рамзи гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг дар назди лавҳаи ёдгории госпитали ҳарбӣ, қабристони бародарӣ ва пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. Баъди садо додани суруди миллӣ дар назди собиқадорони ҶБВ, набардҳо дар Афғонистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аскарону афсарони

Таҷлили иди Ғалаба Дар шаҳру деҳоти Исфара 76-солагии пирўзии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро аз болои фашизми гитлерӣ бо гиромидошти қаҳрамонии падару бобоёни фидокор ва меҳнаткашони мушкилнописанди ақибгоҳ дар солҳои 1941-1945, ҳамчунин бо шукргузории бепоён ба соҳибдавлативу ҳаёти осудаву ором таҷлил намуданд.

деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳоро тоза намуда истодаанд. Илова бар ин аз тарафи соҳибкорони шаҳри Исфара ба оилаҳои зарардида авре маълум аст, бар асари даргириҳои охири моҳи апрел мунтазам ёриҳои моддӣ дастрас чанде аз хонаҳои сокинон хароб мешаванд. Соҳибкорони дигар минтақаҳо гардида, як қисми дигар осеб дида буд. Бо дастуру Асосгузори сулҳу ваҳдати низ дасти ёрии худро дароз карда, миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ба сокинон кумак мерасонанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ин амали онҳо гувоҳи ҳамдиливу Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву ҳамбастагӣ мебошад. Аз ҷумла, то ин осебдида давоми як моҳ пурра бунёду лаҳзаҳо аз номи соҳибкорони шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом кумакҳои барқарор карда мешавад. моддӣ дастраси сокинони деҳаҳои Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масолеҳи Хоҷаи Аъло ва Сомониён гардонида зарурии сохтмонӣ дастрас шуда, корҳои шудаанд. сохтмонӣ оғоз шудааст. Мардуми шаҳру

Харобаҳо барқарор мешаванд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои бунёду барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён шинос гардида, ба сокинон маҷмӯи сару либос ва пойафзолу дигар лавозимоти заруриро супорида, барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои истиқоматӣ супоришҳо дод.

А

з қисмати шарқии иншооти обтақсимкунӣ ба сару рӯи сарҳадбонони тоҷик тири ҷониби Қирғизистон мисли борон мерехт. Аз қисмати пеши муноқиша чанд нафар тез худро ба таҳхонаи бинои истиқоматии дар наздикибуда гирифтанд. Онҳо се нафар сарбоз, як афсари баландрутба ва ду нафар мардуми мулкӣ буданд. Дере нагузашта як нафар сарбоз аз сараш сахт захмӣ гашт. Баъди ин ҳодиса ҳамагӣ таҳхонаро тарк намуда, дар берун камин гирифтанд. Якеи онҳо-Хушрӯз гаваккашон як миқдор масофаро тай намуда, ба ҷойи ҳодиса ёрии аввалияи тиббӣ ва лавозимоти муҳофизавиро дастрас кард. Дар ин рӯзи мусибат гурӯҳи худмуҳофизатӣ дар ҳайати Каримбой, Ҷалолиддин, Бобонодир, Муқимҷон ва Бобохону Исломиддин панҷунимсоат истодагарӣ намуданд. Аксари онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта бошанд ҳам, ҷойи исташонро тарк накарданд. *** Исломиддин Бобоевро “Кулибини тоҷик” мегӯянд. Устои ҳамакор аст. Зиндагии хоксорона дорад. Дар рӯзи муноқишаҳо дар сангар қарор дошт. Тири ҷониби дигар сарбози дар паҳлуяшбударо поёнтар аз китфаш сурох намуд. Исломиддин сарбози ярадорро ба пушт гирифта, сӯи мошини ёрии таъҷилӣ гаввак кашид. Вақте ӯ назди мошин расид, дид, ки ронанда аз зарби мавҷи гулула инону ихтиёрашро аз даст додаву беҳуш аст. Ин лаҳза ду тир аз ҷониби Қирғизистон ба мошин бархурд. Яке ба қулфи

Т

Қаҳрамонони даврони мо Воқеаҳои санаи 29 апрели соли равон дар мавзеи “Обтақсимкунак”-и деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ рухдода (Обтақсимкунак”-и мазкур барои бо об таъмин намудани Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сохта шудааст) бори дигар шуҷоату матонати мардуми мулкиву ҳарбиёнро нишон дод. Ин ҷо мехоҳам чанд лаҳзае аз ин гирудорҳоро ёдовар шавам.

дар ва дигаре ба шишаи он расид. Дари мошин гӯё кафшер шуда бошад, кушода нашуд. Исломиддин худро аз тирезаи шикаста дохили мошин гирифт. Бо зарбаи ҳарду пояш дарро кушода, ҷисми сарбози маҷрӯҳро дохили он кашид. Бо як ҳаракати дигар калидро, ки дар ҷояш овезон буд тоб дода, мошинро ба кор даровард. Ёрии таъҷилӣ сӯи беморхонаи марказии шаҳр роҳ пеш гирифт. Зери борони тир бо суръати фавқулодда маҷрӯҳро ба шуъбаи ҷарроҳӣ расонид. Дар бозгашт мошини ёрии таъҷилӣ, ки ронандааш Исломиддини “ғайрикасбӣ” буд, дорувориҳои зиёдеро барои маҷрӯҳон овард. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос суханони Расулҷон Ҳоҷиев – сардухтури Хонаи саломатии деҳаи Хоҷаи Аъло “Таваккал ба Худо” ба ӯ нерӯ мебахшиданд.

Имрӯзҳо кӯчаҳои деҳа сокиту ором аст. Кампири ҳаштодсола Бибиназира, ки гармиву сардии зиёдеро дидааст, аз меҳрубониҳои мардуми Исфарамарз, сокинони Навгилем, Кӯлканд, Нефтобод, Сурх, Хонобод, шаҳри Хуҷанд, Рашту Бадахшон ва ғайра хеле миннатдор аст. Зеро дар ин рӯзҳои тақдирсоз ҳама дар паҳлуи ӯву мардуми манотиқи наздисарҳадӣ буданд. Фоҷеаҳои охири апрел рухдода бори дигар собит сохт, ки мо мардуми озодазода ҳамчун ангуштони як мушт тавоно ва муттаҳид ҳастем ва зери парчами Ватан бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат барои ободии кишвар ва осудагии мардуми он ҷони худро дареғ намедорем. Муҳаммадҷавод ШАРИФЗОДА.

қисмҳои низомӣ ва омўзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар номаи шодбошии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қироат намуд. Зимни суханронӣ муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархўҷа Ҳайдарзода аз ҷумла таъкид дошт, ки дар қатори миллионҳо муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 7389 нафар родмардони Исфара низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 1049 нафарашон ба хотири наҷоти инсоният аз қувваи аҳриманӣ ҷони худро қурбон кардаанд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ суруду таронаҳои машҳури давраи ҶБВ ва васфкунандаи Ватану мардуми матиниродаи сарзамин садо доданд.

Меҳрубонии ҳамсояшаҳр Корвони иборат аз 28 мошини пурбор бо кумаки моддии сокинони ҳамсояшаҳри Конибодом ба аҳолии дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида вориди Исфара гардид.

К

онибодомиҳо дар пайгирӣ аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух, ки аз низои мусаллаҳона зарар дидаанд, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи санаи 29 апрел рухдода дасти мадад дароз намуданд. Намояндагони ҳамсояшаҳр таҳти сарварии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Акмал Ализода аз номи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода омодагии хешро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ иброз дошта, таъкид намуданд, ки онҳо ҳамеша дар канори ҳамватанони хеш ҳастанд. Ҳамзамон бо иқдоми ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Конибодом барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмон, аз ҷумла зиёда аз панҷ ҳазор дона хишт, 4 тонна семент, 2200 дона сементблок, сарулибос, пойафзол, қолину рахти хоб, дигар маводи рўзгор, ашёи хониш ва маводи хўрока дастрас карда шуд. Зимни тақсимоти кумаки воридгардида, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён бо баробари изҳори сипос ба мардуми Конибодом барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ таъкид доштанд, ки руҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат ва ҳамватанони соҳибдил соҳиби сарпаноҳ мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд. Айни замон бошад, дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар муноқишаҳои марзии санаҳои 29-30 апрел дар минтақаҳои наздисарҳадии Исфара 17 манзили истиқоматӣ ба пуррагӣ харобгардида, 38 ҳавлии дигар қисман зарар дидааст.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
"Насими Исфара", № 17 от 12 мая 2021 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu