Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 16 (9299) *** Чоршанбе, 01. 05. 2019
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Иштироки Пешвои миллат дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" 26 апрели соли 2019 дар Маркази ҳамоиши миллии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин бо ширкати сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» оғоз гардид.
Д
ар ин ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҷаҳони муосир ва башарият рӯ ба рӯи мушкилоти глобалӣ, аз қабили таъсири буҳронҳо ба иқтисоди кишварҳо, муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳо гардидааст. Барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” вокуниши саривақтию серталаб ба шумор меравад ва он манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро дар худ муттаҳид месозад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор
доштанд, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” метавонанд аз таҷриба, имкониятҳои технологӣ, инноватсионӣ - сармоягузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои ояндадори истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ истифода баранд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузург барои таҳияи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтор, коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва туризм мебошад. Зимни баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ояндадори Тоҷикистон бар нафъи минтақа, истифодаи имконоти кишвар оид ба канданиҳои фоиданок, дар ин замина рушд додани соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ андешаронӣ карданд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тамоми талошҳои худро баҳри расидан ба ҳадафҳои таҳкими муносиботи дӯстӣ ва боварию эътимоди байниҳамдигарӣ равона месозанд. Мухтасар аз АМИТ "ХОВАР".
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ
Дар Нурафшон
Мувофиқ ба нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара бо мақсади таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби бо кор таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар назди Қасри фарҳанги шаҳраки Нурафшон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.
Д
ар рафти ярмарка 52 адад корхонаву ташкилотҳои ширкатдор ба интихоби корҷӯяндагон 452 адад ҷойҳои холии кориро бо музди меҳнати аз 400 то 2000 сомонӣ пешниҳод карданд. Дар натиҷа 8 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ ва 9 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин ҷо ҳамчунин намоиши дастранҷи ҳунармандони халқӣ ва муҳассилини курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ороста шуд. Дар назди ҳозирин сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Нурулло Қурбонов, директори Филиали муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Исфара Икромиддин Ашӯров, раиси ҷамоати шаҳраки Нурафшон Одилхӯҷа Болтаев ва собиқадори ҷабҳаи меҳнат Аминҷон Олимов вобаста ба масъалаҳои касбомӯзӣ, бокортаъминкунӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ баромад намуданд. Аз тарафи намояндагони филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон", сардори Хадамоти муҳоҷират ва сармутахассиси раҳнамои касбомӯзӣ дар шаҳр оид ба масъалаҳои муҳоҷират, рушди ҳунармандӣ ва интихоби касб корҳои фаҳмонидадиҳӣ сурат гирифтанд.
Чанде қабл дар Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят даври вилоятии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.
Ф
естивали мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида ва бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида шуд ва дар даври вилоятӣ 132 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок доштанд. Ҳунармандон маҳсулоти худро аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин таоми миллӣ ва нону шириниҳо”, “Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз матоъ ва пашму пӯст”, “Беҳтарин дар бахши “Беҳтарин ҳунари супорида шуд. ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб мардумӣ бо истифода аз чӯб ва гилу Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи ва гилу гаҷ” ва “Беҳтарин ҳунари гаҷ” кулолгари Исфарагӣ Муҳиба фарҳангӣ манзури тамошобинон мардумӣ бо истифода аз санг ва Аҳмедова, дастпарвари устои соҳа гардид. оҳан” пешниҳоди ҳайати ҳакамон Исмоилхӯҷа Музаффаров ғолиби Маврид ба зикр аст, ки соли намуданд. озмун дониста шуд. Дар ин номгӯй сипаришуда бо роҳхати Раёсати Дар ин озмун шаҳри Исфараро ҷойҳои дигарро Алиҷон Мансуров Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4 нафар ҳунармандони мардумӣ аз ноҳияи Шаҳристон ва Раҳмат дар Филиали муассисаи давлатии - кулолгар Муҳиба Аҳмедова, Каримов аз ноҳияи Деваштич ишғол "Маркази таълими калонсолони гаҳворасоз Ӯрунбой Исмонов, дукчӣ намуданд. Тоҷикистон" дар шаҳри Исфара 12 Ҳайдарбой Аҳмедов ва гулдӯз Ба ғолибони Фестивали вилоятии нафар ба таври ройгон нозукиҳои Маъруфахон Шодиева муаррифӣ ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони касби кулолгариро аз худ намуда, намуданд. «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» соҳиби шаҳодатномаи кулолгари Боиси ифтихор ва сарбаландист, мутаносибан 3000 сомонӣ, 2000 касбӣ шудаанд. ки тибқи баҳогузориҳои ҳакамон сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ
Дастовард
Кулолгари мо - беҳтарин дар вилояти Суғд
Аз ҳаёти иттифоқҳои касаба
Интихоби раису вакилон
Д
ар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии шаҳр Конфронси ҳисоботӣ - интихоботии иттифоқи касабаи сохтори госпиталии шаҳри Исфара доир гашт. Сараввал маърузаи раиси кумитаи иттифоқи касабаи сохтори госпиталӣ Имомиддин Ҷамолов дар давраи солҳои 2012-2018 шунида шуд. Сипас раиси комиссияи тафтишотӣ Зарофат Қаландарова дар назди ҳозирин ҳисобот
Дар асоси қарори раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо мақсади омода намудани аҳолӣ ба амалҳои зарурӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара Рӯзи ягонаи «Мудофиаи шаҳрвандӣ» гузаронида шуд.
Д
ар ин радиф дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 низ чорабинии муфиде доир гардид, ки дар раванди он пас аз садо додани бонги хатар оид ба рух додани ҳодисаи
дод. Дар раванди конфронс сартабиби БМШ Т. Муҳаммедов, сартабии беморхонаи Чилгазӣ М.Тӯраев, сартабиби беморхонаи шаҳраки Шӯроб Н.Сангинов ва дигарон баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда изҳори назар карданд. Ҳамзамон вакилон ба конфронси ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии вилояти Суғд интихоб карда шуданд. Дар анҷом бо тариқи овоздиҳии кушода Ҷамолов Имомиддин раис, Анвар Шарифов муовин ва Абӯтолиб Воҳидов раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб гардиданд. Дар кори конфронс нозири ҳуқуқи Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии вилоят Раҳматуллоев М. иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳосил - 2019
Оғози кирмакпарварӣ Дар Исфара мавсими кирмакпарварӣ оғоз шуд.
Б
ино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзӣ М.Ҳамзаев то ин дам 860 қуттӣ кирмак ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Шаҳрак, Хонобод, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ ва Лаккон дода шудаасту бояд дар Исфара 1340 қуттӣ кирмак парвариш карда шавад. Нақшаи ҷамъоварии пилла бошад, 50 тоннаро дарбар мегирад.
Чорабинӣ
Доиргардии Рӯзи ягонаи мудофиаи шаҳрвандӣ фавқулодаи шартӣ омӯзгорон ва хонандагон мувофиқ ба тартиби муқарраргардида аз дохили биноҳо берун оварда шуданд. Дар қисмати муқаддимавии чорабинӣ хонандагони синфи 11 таҳти сарварии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Муҳаббатхон Исматова барномаи ҷолиби фарҳангиро таҳти унвони «Хизмат ба Ватан қарзи виҷдонии мост» манзури ҳозирин гардониданд. Сипас, иштирокдорони машқ – хонандагону омӯзгорон
омодагии худро ба вазъи сарзании заминларзаи шартӣ ба намоиш гузоштанд. Нахуст, омӯзгори фанни омодагии дифоъ Асрор Солиев оид ба сатҳи омодагии иштирокдорони ба чорабинӣ ба директори муассиса, сарвари Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи мактаб Ашӯрхон Ҳоҷиева гузориш дод. Баъдан гурӯҳҳои алоқа, кашф, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кумаки аввалияи тиббӣ ва сӯхторнишонӣ рисолати худро ба таври бояду шояд ба иҷро расониданд.
Меҳмонони фахрии чорабинӣ, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 02267 капитан Фаридун Раҷабзода, сержанти калон Нарзуллоев, сержант Афзалшоҳ Санаев ва корманди ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр лейтенант Хушбахт Самадов дар навбати худ роҷеъ ба даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Сарвари таълимгоҳ Ашӯрхон Ҳоҷиева зимни таҳлили сатҳу сифати амалҳои тақлидии анҷомдодаи гурӯҳҳо аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро таъкид дошт. Дар фарҷом ширкатдорони фаъоли чорабинӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.