16 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

***

№ 16 (9151) ***

Панҷшанбе,

28 апрели соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ

Н/И

"Заминларза" дар мтму № 1

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъвати панҷум бо ширкати муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат баргузор гардид. Дар иҷлосия вакилон ҳашт масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Рафти иҷрои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Сухан аз вазифаҳои иҷроияшон ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар Исфара, иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 11.04.2015 "Дар бораи эълон намудани 500 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ аз масъалаҳои калидии рӯзномаи маҷлис буданд. Вобаста ба масъалаи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар Исфара муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева гузориш дода, аз ҷумла қайд намуд, ки дар доираи барномаи мазкур дар шаҳру деҳоти Исфара бо маблағгузории дохиливу ташкилотҳои байналхалқӣ бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаҳо таъмиру тармим шуда истодаанду дастрасии аҳолӣ ба табобат беҳтар гаштааст. Бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Навгилем ва шӯъбаи ҷарроҳӣ Н/И

Рӯзи мудофиаи намунавии гражданӣ

дар деҳаи Ворух аз ҳамин қабил мебошанд. Инчунин дар доираи ҳамин барнома бурдани корҳои мафкуравӣ ба зинаи нав баромада, ҳазорҳо буклету варақаҳо ва шиору овезаҳои тарғибкунандаи тарзи ҳаёти солим паҳну насб карда шудаанд. -Барои дар сатҳи зурурӣ амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезишуда дар доираи ин барнома ва “Соли 2016-Соли фарди солим» аз ҳамаи имкониятҳо истифода шуда истодаанд, - изҳор дошт дар баромади худ Т.Файзуллоева. Вобаста ба корҳои дар шаҳру деҳоти Исфара анҷомдода дар доираи “500 рӯзи меҳнати зарбдор” муовини раиси шаҳр Маҳмудзода Ҳаким Собит гузориш дод. Дар гузориши худ номбурда бо ёдоварӣ аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара перомуни раванди ободониву кабудизоркунӣ ва бунёди иншоотҳо сухан кард. Раванди амалигашти Амри Президенти кишвар “Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25 солагии Истиқло-

Набзи мақомоти иҷроия

Мусобиқа байни шаҳраку деҳот, маҳаллаву хона Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара, вусъати раванди ободониву бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон қарори раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ «Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ байни шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ» ба имзо расид. Ҳайати комиссияи шаҳрии мусобиқа аллакай иборат аз 22 нафар муайян гардидаву раиси он муовини раиси шаҳр Ҳакимхон Маҳмудзода, муовинони раиси комиссия муовинони раиси шаҳр Муртазо Олимов ва Таборакхон Файзуллоева ва котиби комиссия мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Собирҷон Рустамов таъин карда шудаанд.

лияти давлатии ҶТ байни шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ” паҳлӯи дигари баромади Ҳ. Маҳмудзода буд. Дар баррасии ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис муовини раиси вилоят З.Файзуллозода аз масъулин пурсишҳо ба амал овард. Таҳлили воқеии сатҳи сиҳатии омма, рушди саноат, таъмири роҳҳо, фарогирии телевизионҳои давлатӣ дар Исфара, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқу андоз аз ҷумлаи он эродҳое буданд, ки аз ҷониби муовини раиси вилоят гирифта шуд. Баъди қабули қарорҳои дахлдор ба масъалаҳои баррасишавандаи иҷлосия раиси шаҳр Дилшод Расулзода дар назди масъулини соҳа ва муовинони сарпараст вазифаҳои иҷрояшон ҳатмӣ, аз ҷумла афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, беш аз 14 000 адад омода кардани сару либосҳои мактабӣ, кишти такрории зироатҳову васеъ кардани майдони помидор ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи дар пешистодаи райъпурсии умумихалқиро гузошт.

Чандест, ки корхонаи «Маркази хизматрасонии техникии Ворух» фаъолият мебарад ва мушкилоти деҳқононро дар мавриди коркарди замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳи кишоварзӣ осон мегардонад. Н/И

Дар роҳи таҷдид

Барои осон кардани кори деҳқон Корхонаи мазкур аз ҳисоби саҳми амволи саҳмдорони собиқ кооперативи истеҳсолии «Ворух» таъсис дода шудаву алъон дар ин ҷо 16 нафар мутахассисон ва механизаторон бо кори доимӣ таъмин мебошанд ва онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ба туфайли роҳан-

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ ба амалҳои зарурӣ дар вақти сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенидошта ва баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонону наврасон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳр Рӯзи мудофиаи намунавии гражданӣ гузаронида шуд. Ҳадафи умдаи баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама фаҳмонидани вазифаҳои асосии системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, баланд бардоштани малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар насли наврас ташаккул додани хислатҳои ҷасорату далерӣ, омӯзонидани онҳо оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ, худнаҷотдиҳӣ ва омода будан ба наҷот додани атрофиён маҳсуб мешавад. Дар чорабинӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаро чун яке аз омилҳои асосии кам кардани зарар аз офатҳои табиӣ таъкид дошт. Хонандагону омўзгорони таълимгоҳ ба муносибати баргузории Рўзи мудофиаи намунавии гражданӣ барномаи рангини адабиву мусиқиро иборат аз шеъру таронаҳои саршори шукрона аз Ватани ободу соҳибистиқлол ва

дозии фаъолияти марказ коргарон тамоми фасли сол бо кори доимӣ таъминанд. Маркази хизматрасонии техникии Ворух дорои 12 адад мошинҳои кишоварзӣ ва 15 адад ядаку агрегатҳо буда, мувофиқ ба натиҷаи муоинаи техникӣ дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта, комилан ба кор омодаанд. Ҳамчунин дар маркази мазкур коргоҳҳои хурди харротӣ, оҳангарӣ ва кафшергарӣ мавҷуд мебошанд, ки барои деҳаи дурдаст ва аз маркази маъмурӣ даҳҳо километр дур аҳамияти бағоят калон дорад. Умуман деҳаи Ворух дорои 1200 гектар замини кишоварзӣ буда, аз ин майдон 900 гектар ба боғот ва 300 гектар ба заминҳои кушоди зироаткорӣ рост меояд. Бино ба гуфти мутахассисон имрӯзҳо маркази хизматрасонии техникии Ворух қудрати кофӣ дорад, ки тамоми ҷӯю каналҳои дохилихоҷагиро тоза карда, заминҳои мавҷударо шудгор намояд ва корҳои вобаста ба коркарди байни қаторҳоро бо сифат анҷом диҳад.

даврони зебову афсонавии бачагӣ манзури ҳозирин намуданд. Дар чорабинии намунавӣ ҳамаи сохторҳои марбут ба мудофиаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Ҳамчунин директорони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара ва дигар меҳмонон дар дарсҳои намунавии омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок карда, оид ба қоидаҳои рафтори хонандагон ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда ва истифодаи ниқоби зиддигазӣ, роҳҳои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва бехатарии зиддисӯхтор маълумоти кофӣ гирифтанд. Баъдан бонги хатар зада шуд ва устодону хонандагон аз мактаб берун омада, директори таълимгоҳ аз ҳолати баамаломада, яъне заминларзаи эҳтимолӣ дар шаҳри Исфара ба сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр Умматуло Файзуллоев гузориш дод. Сипас намоиши амалҳои тақлидии гурӯҳҳои ғайринизомӣ ва Ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милитсия таваҷҷуҳи бештари иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ машқҳои ҳарбӣ ва бозиҳои варзишӣ байни гурӯҳҳо хеле ҷолиб буд. Дар ҷамъбасти Рӯзи мудофиаи намунавии гражданӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва сардори раёсати маорифи шаҳр Қаноатхон Абророва ба иштирокчиёни фаъол, намояндагони сохторҳои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милитсия ва устодону хонандагон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Н/И

Таъиноти кадрӣ

Сарвари нави бахши "Тоҷикстандарт"

Сарвари Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Исфара иваз шуд. Сарвари пешини ин марказ Абдумавлон Раҳимов директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд таъин гардид. Дар мувофиқа бо раиси шаҳр сарвари Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Исфара бошад, Акрамхон Маҷидов таъин шуд. Онҳоро барои ба вазифаҳои пурмасъул таъин шуданашон муборакбод намуда, барояшон муваффақият хоҳонем.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.