16-17 2015.qxp имруз_Layout 1 13.07.2015 11:14 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 16-17 (295-296)
аз 14 июли соли 2015
email: gazeta-imruz@mail.ru
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
Тел: 2-61-62
ШАҲРДОРИ ИСФАРА РӮ БА РӮ БО АҲЛИ ҚАЛАМ Нишасти матбуотии раиси шаҳри Исфараро, ки санаи 10 июли соли 2015 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, аҳли қалам ошкорову муассир арзёбӣ карданд. Сароғоз Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҳамзамон бо зикри нақшу мақоми бузурги матбуот ва ҳам саҳми хосаи журналистон дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавии шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 маълумоти мушаххас манзур намуд ва дар маҷмӯъ шаш моҳи сипаришудаи соли равонро барои мардуми Исфара марҳилаи барҳақ навини тақвиятбахшии дастовардҳо арзёбӣ кард. Тавре зикр гардид, дар ин муддат тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда баҳри татбиқи 205 лоиҳаҳои дар соли 2015 банақшагирифташудаи «Барномаи рушди рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ва дар ин замина вусъат додани раванди созандагию
бунёдкорӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи накӯаҳволии сокинон сафарбар карда шуд. Чуноне аз мониторинги Барнома бармеояд, лоиҳаҳои барномавӣ давоми солҳои 2013-2014 ба маблағи умумии 32,3 млн. сомонӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти умумӣ бошад дар ҳаҷми 66,4 млн. сомонӣ ба иҷро расидаанд. Бино бар маълумоти оморӣ, дар ин муддат ба маблағи 130,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124,6 фисадро медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан 25,9 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Давоми нимсолаи аввали соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 67,0 миллион сомониро ташкил дода, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони Исфара кишти баҳориро дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати умумии 5408 гек-
тар саривақт ба анҷом расонида, иҷрои дурнамои пешбинишудаи соли 2015 – ро, ки 3544 гектар буд, 152 фоиз таъмин намудаанд. Дар ин муддат дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои истеҳсолию иҷтимоӣ, тиҷоративу хизматрасонӣ роҳандозӣ гардида, ба маблағи умумии 11,6 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ ба иҷро расиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 1,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ нимсолаи аввали соли 2015 дар ҳудуди шаҳри Исфара 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа 18 млн. 435 ҳазор сомонӣ (2,92 млн. доллари ИМА) маблағҳои хориҷӣ азхуд намуда шуданд. Нишондоди мазкур наздики 21,4%-и ҳаҷми умумии буҷети шаҳри Исфараро барои соли 2015 ташкил мекунад. Тавре Дврон Зоҳидзода изҳор дошт, дар доираи тадбирҳои Соли рушди фарҳанг мутобиқи қарори марбутаи раиси шаҳр барои таъмиру азнавсозии Кохи фарҳанги маркази шаҳр аз тариқи ҷудо наму-
дани 150 ҳазор сомонӣ, ҳамчунон ободонию муҷаҳҳазнамоии 44 муассисаҳои фарҳангии дигари мавҷуда, фароҳамсохти шароити созгор баҳри фаъолияти самарабахши кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар доираи чорабинии Соли гулҳо иҷрои нақшаи гулзорнамоии кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву истироҳати 2,5 маротиба зиёд таъмин гардида, ба ҷойи 50 ҳазор метри мукааби банақша гирифташуда дар масоҳати зиёда аз 120 ҳазор метри мукааб гулзорҳо бунёд карда шудааст... Ҳамин зайл, дар раванди нишасти матбуотӣ, ки ошкорову дар фазои самимона ҷараён дошт, директори ҶДММ “Телевизиони Исфара” Саҳбон Қурбонов, роҳбари намояндагии МД “Телевизиони Сафина” дар шаҳри Исфара Наимҷон Юнусов, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” Абдумуталлиб Шарипов, сармуҳаррири МҒД “Ра-
ОБОДНАМОИИ РОҲҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАД Бо анҷомбахшии азнавсозии 1,2 км роҳи кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови маркази шаҳр, ки он бо харҷи беш аз 250 ҳазор сомонӣ– 175 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва худӣ, 75 ҳазор сомонӣ саҳмгузории соҳибкорон ва аҳолии маҳал амалӣ гардид, бо истифодаи маблағҳои буҷетӣ таъмири куллии роҳи Исфара – Боткон дар масофаи 1 километр, Гулистон-Кӯлканд -0,5 км, чорроҳа ва буриши кӯчаҳои Абдуллоев- Бобоҷон Ғафуров дар
масофаи 800 метр рӯйи кор омаданд. Дар ин радиф, бо иқдом ва мусоидати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр ва саҳмгузории аҳолӣ таъмиру азнавсозии роҳҳои дохили маҳаллаҳо шурӯъ гардид. Зимни баргузории як ҷамъомади бонуфуз бо ширкати сокинон раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода якчоя бо пирони рӯзгордидаи маҳал азнавсозӣ ва таъмири куллии 600 метр кӯчаи ба номи Сайфи Исфарангии
диои Исфара” Набиҷон Худойбердиев, сардабири маҷаллаи “Ганҷи Исфара” Нарзуллои Азизиён, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хазинаи маърифат” Исматҷон Пӯлодов, мухбири махсуси ҳафтаномаи “Саломат бошед” Субҳиддин Сайфиддинов ва дигар ширкатдорон ба суолу пурсишҳои дилхоҳи хеш посухҳои қонеъкунанда гирифтанд. Кормандони васоити ахбори умум ҳамзамон бо шиносоӣ бо бурду бохти фаъолият ҷиҳати таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ пиромуни масоили муҳиме чун вазъи воқеии ҷамъиятиву сиёсӣ, дурнамои саноати шаҳр, таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, идомаи иқдомоти ободонии роҳҳо, потенсиали кадрии Исфара, рафти омодагӣ ба ҷашни адиби маъруф Сайфи Исфарангӣ ва амсоли ин бо шаҳрдори Исфара гуфтугузор ва нек табодули назар доштанд. И. ТЕШАЕВ, котиби матбуотӣ. маркази шаҳрро оғоз бахшид. Дар пайгирӣ аз ин иқдоми ободкорона ҳамчунон таъмири куллии кӯчаи Себзор низ шурӯъ гардид. То ба имрӯз 3,5 км роҳҳои шаҳру деҳоти Исфара азнавсозию таъмири куллӣ ва 56 километр таъмири ҷорӣ карда шудаанд. Хушоянд он аст, ки иқдоми роҳбарияти шаҳр аз чониби кули мардум мавриди дастгирии амалӣ қарор ёфтаву бо дарки он, ки ободии макон аз ахли он вобастааст, шумораи сахмгузорони ободии роҳҳо пайваста меафзояд. И. ТЕШАЕВ, котиби матбуотӣ.
16-17 2015.qxp имруз_Layout 1 13.07.2015 11:14 Страница 2
“Имрeз”
№ 16-17 (295-296)
Сокинони Чилгазӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ бинои мактаб месозанд
Иқдомоти серҷабҳаву фарогири созандаю бунёдкоронаи ба пешрафти ҷомеа ва ободонии диёр нигаронидаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара аз ҷониби кулли мардум хушбинона ва амалан дастгирӣ меёбад. Далели рӯшани ин иддао – тасмими сокинони деҳоти Чилгазӣ - волидайни толибмон ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати бо саҳмгузории умум бунёд намудани бинои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55 аст, ки амалигашти онро раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оғоз бахшид. Даврон Зоҳидзода ташаббуси созандаи волидайни толибилмони мактабро иқдоми ояндабинона ва ғамхории арзишманд нисбати наслҳои ҷавони имрӯзаву оянда арзёбӣ намуда, ҳамзамон бо таҳсин гуфтан ба унвонии ташаббускорони хайрандеш омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ва саҳмгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ изҳор намуд. Муҳтавои пиндору гуфтори шаҳрдори Исфара, падару модарони хайрандеш ва ҳам омӯзгорон як буд: - «Ҳар кору амали неки созандае, ки имрӯз мо анҷом медиҳем, маҳз ба хотири наслҳои имрӯзу оянда ва пешрафти ҷомеаи навини мост!». Бояд тазаккур дод, ки муассисаи таълимии мазкур барҳақ яке аз боргоҳҳои асили илму маърифат дар деҳоти Чилгазӣ маҳсуб ёфта, бинои мавҷудаи таълимии он, ки барои 340 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, ҳанӯз соли 1975 сохта ба истифода дода шуда буд. Айни замон дар ин таълимгоҳ 40 нафар устодон ҳамарӯза дар ду баст ба таълиму тарбияи 433 нафар шогирдон машғул ҳастанд ва табиист, ки норасоии ҷойи нишасти таълимӣ пешорӯйи ҳайати омӯзгорӣ мушкилот пеш оварда буд. Лоиҳаи иншооти бинои нави таълимӣ, ки барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, аз ҷониби меъморони КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, онро бинокорони ҶДММ «Нури дурахшон» бунёд хоҳанд кард. Бо шарофати бунёд гардидани иншооти мазкур бешак сифати таълиму тадрис дар ин боргоҳи илму дониш, ки асосан фарзандони сокинони маҳаллаҳои Ҷавонон, Сомониён, Себзор ва Шаропови ҷамоати деҳоти Чилгазӣ таҳсил менамоянд, сифатан беҳтар хоҳад гашт. Ҳамин зайл, бо ташаббуси кумитаи падару модарон, бо азму нияти неку хайрхоҳонаи волидайни толибилмон, бо саҳмгузории соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони боз як кошонаи маърифат дар деҳоти Чилгазӣ оғоз ёфт, ки барҳақ баёнгари пиндори некбинона, амали шоиста ва сарҷамъии мардум дар атрофи ҳукумати маҳаллист. И. ТЕШАЕВ, котиби матбуотӣ.
аз 14 июли соли 2015
email: gazeta-imruz@mail.ru
Ca[ифаи 2.
Изҳороти Прокуратураи генералӣ оид ба муроҷиати ғайриқонунии ҲНИТ Вақтҳои охир дар васоити ахомма муроҷиатҳои бори роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хусуси мавриди таъқибу фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ҳизби мазкур ва аъзои он ба нашр расида истодаанд. Аз ҷумла, дар муроҷиати Шўрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2015 ва номаи роҳбарияти ҲНИТ ба Дабири Созмони Миллали кулли Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Аврупо ва роҳбарони як зумра давлатҳо аз 1 июли соли 2015 қайд шудааст, ки талабот ва меъёрҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол гардида истодааст. Вобаста ба ин бояд зикр кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст. Дар асоси Созишномаи мазкур намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ворид шуданд. Қисми онҳо бо расидан ба синни муайян ба нафақа рафта, қисми дигаре, ки дорои қобилияту касбияти зарурӣ мебошанд, то ҳоло дар мансабҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа менамоянд. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ манъ гардида буд, аз нав ба фаъолият шуруъ намуданд. Даҳҳо ҳазор гурезагони тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Танҳо дар давоми се соли баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳолӣ 8152 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ нигох дошташаванда гирифта шуд. Дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 августи соли 1997 5365 нафар аъзои Иттиҳоди неруҳои мухолифин, ки дар ин муқовиматҳо иштирок доштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Дар муроҷиатҳои худ Шўрои сиёсии ҲНИТ зикр намудааст, ки ҳизб солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд. Ин исрори роҳбарияти ҲНИТ ягон воқеият надошта, ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ дар мавриди зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гўё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти қарор гирифтаанд, давлатӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд. Аз натиҷаи санҷиш 25 майи соли 2015 ба муаллифи муроҷиат ҷавоби муфассали хаттӣ ирсол карда шуд. Дар муроҷиати Шўрои сиёсии ҲНИТ инчунин аз кашида гирифтан ва тахриб намудани моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзои он сухан равад ҳам, барои тасдиқи ин гуфтаҳо ягон ҳолати мушаххас ё худ далели аниқ оварда нашудааст. Дар баробари ин, муайян гардид, ки роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Раиси ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин мазкурро беморхонаи ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст. Бинобар ин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 апрели соли 2015 натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя беэътибор дониста шудаанд. Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, яке аз принсипҳои қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ногузирии ҷавобгарӣ мебошад. Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар шахси ҷиноят содиркарда, сарфи назар аз узвияти ҳизбиаш, чораҳои қонунӣ андешанд ва ҳуқуқ надоранд, ки танҳо ба хотири аъзои ин ё он ҳизб будани шахс, ўро аз ҷавобгарӣ дур намоянд. Маълумоти мавҷуда нишон медиҳанд, ки танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. Аз ин, нисбат ба 22 нафаре, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра 17 нафар аъзои ҲНИТ бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди
экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Масалан, тафтиши куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт соли 2010 аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии аъзои иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Аловуддин Давлатов бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Абдулло Раҳимов бо тахаллуси “Мулло Абдулло” нишон дод, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов ба ин иттиҳоди террористии бародараш Аловуддин Давлатов шомил гардида, ҳангоми ба гурӯҳи мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир шуда, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид. Ё худ, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил ва моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишони “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон дод. Бинобар ин, номбурда бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2013 дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зўроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндаи ҳокимият гунаҳкор дониста, ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расида, аз ў автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров” гирифта шуд. Ё ин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхуҷа, Шарипов Муссаямхуҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳонӣ нигоҳ дошта, бо ҷои хоб ва хўрокӣ таъмин намуда, худ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва Турсунов А. дастгир гардида, бо ҳукми суди вилояти Суғд маҳкум гардиданд. Дигар ҷиноятҳои содирнамудаи аъзои ҲНИТ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, оила ва ноболиғон, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ равона шуда, чунин ҷиноятҳоро ҳатто намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи ҲНИТ ба монанди узви Шўрои Раёсати Олӣ ва раиси шўъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Саид Иброҳими Назар ва дигарон содир намудаанд. Мушовири раиси ҲНИТ оид ба
масъалаҳои сиёсӣ ва дар як вақт аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳонидинович бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои таркишро ба миқдори калон солҳои тўлонӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст, ки онҳо 9 феврали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира гардида, номбурда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Гарчанде ҳолатҳои ба фисқу фуҷур ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ низ даст задани аъзо зиёд бошад ҳам, роҳбарияти ҲНИТ ягон нафари онҳоро барои ин аъмоли нанговар ва ҷиноятҳои дар боло номбурда аз сафи худ хориҷ ва расман маҳкум накардааст ва ягон маротиба оид ба нораво будани даст задан ба ифротгароӣ ва зарурати муқовимат ба терроризм, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, изҳороте пахш накарда, дар ин хусус байни аҳолӣ ва бахусус ягон чорабинии ҷавонон тарғиботию ташвиқотӣ доир накардааст. Ин беамалӣ аз ризояти хомӯшонаи роҳбарияти ҲНИТ ба амалҳои номатлуби аъзои ҳизб ва ҳамраъйӣ бо созмонҳои ифротгаро шаҳодат медиҳад. Табиист, ки ҳолатҳои номбурда, инчунин даст кашидан аз иштирок дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, тарбияи аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ба ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб даст задани худи роҳбарон боиси тадриҷан костани мақоми узвият дар ҲНИТ ва сафҳои онро ихтиёран тарк кардани аъзояш гардид. Ҳамаи ин боиси он гашт, ки дар интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015 ба ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз интихобкунандагон раъй додаанд, ки ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст. Бояд хотиррасон кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 санади таърихии миллат буда, ХНИТ ҳуқуқи таҳти суол қарор додани натиҷаҳои онро надорад, зеро Созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на бо Ҳизби наҳзати исломӣ, балки бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон, ки ғайр аз ҲНИТ ҳамчунин аз намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, созмони “Лаъли Бадахшон” ва намояндаи муҳочирони тоҷик иборат буд, ба имзо расонида шудааст. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд. 8 июли соли 2015
16-17 2015.qxp имруз_Layout 1 13.07.2015 11:14 Страница 3
“Имрeз”
№
№ 16-17 (295-296) аз 14 июли соли 2015
email: gazeta-imruz@mail.ru
ХУШДОМАН ҲАМ МОДАРУ КЕЛИН ҲАМ ДУХТАР Чанд сол пеш дар дилам орзуе мепарваридам,ки дар бораи оилаву оиладорӣ ва муносибатҳои келину хушдоман минбари озодро таъсис диҳам ва бо ҳамин васила аз зиндагиномаи инсонҳое,ки дар оиладорӣ ба қуллаҳои мурод расидаанду дар ҳолати дигар аз бетаҷрибагӣ бо оддитарин носозиҳои рӯзгор тоб наоварда, оилаи ба ҳазор орзуву умедҳои нек барпо намудаи худро ба гирдоби нестӣ бурдаанд, нақл намоям, то ин ки барои ҷавонон сабақ гашта, дар пойдории оилаи навхонадорон ҳиссае дошта бошам. Соли 2015 – ро”Соли оила” эълон намудани Сарвари давлат ба ман нерӯи тоза бахшид ва дар ин раванд тасмим гирифтам, ки аз саргузашти бобою бибикалон , падарону модарон ва панду андарзҳои гузаштагонамон қиссаҳои ҷолибу тарбиявиро бештар рӯйи саҳфа биёрам, то ин ки пойдевори ин давлати хурдакак ,ки номаш “Оила “мебошад пойбарҷову мустаҳкам бошад. Аслан оила макони муқаддас барои ҳар марду зан бояд бошад. Меҳру самимяти келину хушдоман ва ба дунё омадани фарзандони солиму солеҳ муҳити оиларо гарму мубарро месозад. Аммо нигоҳ доштани чунин муҳити солим на ба ҳар кас муяссар мегардад. Бо баҳонаи ночизе миёни навхонадорон хархаша бо гуфтани суханҳои носазо нисбати якдигар, баъдан занозаниву ҷанҷолҳои калон ба вайроншавии оила оварда мерасонад, ки дар аксарияти ҳолатҳо сарманшаи ин носозиҳо аз норозигии хушдоман аз келин, ё баракс норозигии келин аз хушдоман ибтидо мегирад. Биноан ҳикояте меорам,ки дар он чунин омада:
Оилае будааст,ки дар он хушдоману келин якдигарфаҳмӣ надоштанд. Хушдоман аз субҳ то шом аз ғур-ғур ва аз чумча ба лаби табақ заданҳои арӯси худписанд ҷонаш ба лаб омада, намедонист, ки бо ӯ чи гуна рафтор намояд. Ба хубӣ насиҳат намудани хушдоман ба гӯши келин намефориду аз андак эрод гирифтанаш ба аспи ҷаҳл савор мешуд. Бо пичингу талхгуфтанҳо рӯзи кампири бечораро ба шаби тор мубаддал месохт. Хушдомани бо ҳазорон орзуву нияти нек ба хона арӯс оварда дар хонаи худаш оромӣ надошт. Келин ҳам дар навбати худ аз хушдоман норизо буд -Хӯроки шомро андак барвақтар андозед ,ман одами пир шаб вазнинӣ мекунад, ё намаки хӯрокро дафъаи дигар камтар андозед, саҳарӣ барвақт хезед саҳархезӣ хосияти хуб дорад,- гуфтанҳои хушдоман ғазаби арӯсро бештар менамуд. На келин ва на хушдоман сухани якдигарро дуруст қабул намекарданд. Доимо аз маънии бардоштаи худ якдигарро муттаҳам менамуданд. -Шумо маро барои чи ин хел гуфтед? Шумо чи ҳақ доред,ки ба ман чунин рафтор намоед? - интиҳо надорад ҳамдигарро гунаҳгор намудану ба ҳамдигар талх гуфтанҳо...... Модар бегоҳӣ бо баробари аз кор омадани писараш дарди дил мекунад: -Писарам ба занат насиҳат кун , як даҳон гап мезанаму дар бало мемонам.Охир ман ҳам ба ҳукми модараш ҳастам, наход одам ба
хушдоман чунин муносибатро раво бинад. Шаб арӯс шикоят мекунад, ки модаратон маро ноӯҳдабаро гуфтанд, ба таомҳои пухтаам айб мемонанд, ба дилам зад ин хел зиндагӣ кардан. Ҳамин қадар кӯшиш мекунам лекин ягон корам ба он кас маъқул не! Келин мебинад,ки ба ҷойи таскин додан шавҳараш ӯро танбеҳ дода истодааст сарриштаи кори худро гум мекунад. Шаби дароз дар фикри чи тавр аз хушдомани ҷоҳилаш халос шуданро меҷӯяд. Саҳарӣ баъди наҳорӣ шавҳарашро ба кор гусел мекунаду аз пайи нақшаи кашидааш назди табиб меояд. Ба табиб аз мушкилоти зиндагияш шикваҳо менамояд: -Охир ман ҳам ба ҳукми духтарашон ҳастам, наход ба ман ҳамин қадар зулмро раво бинанд. Баъдан ба сари мақсад меояд.Аз табиб хоҳиш менамояд, ки ба ӯ заҳр тайёр карда диҳад. Ба хушдоман заҳрро мехӯронаду бо ҳамин аз балои ба сараш омада то охири умр халос мешавад.Табиб хеле фикр мекунад, арӯсакро ба инсоф даъват мекунад, ҷони як инсонро бе амри Худованд гирифтан гуноҳи азим аст, мегӯяд.Лекин келини якрав дар ақидаи худ устувор мемонад. -Майлаш духтарам, -мегӯяд табиб,ман ба ту заҳрро тайёр карда медиҳам, лекин як шарт дорам.Аз ҳамин рӯз сар карда, ба хушдоманат хушмуомила мешавӣ, ҳамаи фармудаҳояшро бечунучаро иҷро менамоӣ .Ин барои ба зери шубҳа намондани ту зарур аст.Баъдан ба дасти ҷавонзан як шишачаи пур аз
моеъро дода, хоҳиш мекунад,ки ҳангоми наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом ба косаи хушдоманаш як чумчагӣ аз ҳамин ҳамроҳ намояд. Оҳиста – оҳиста дар муддати на он қадар тӯлонӣ заҳр ба кампир таъсир мекунад ва ту ба мақсад мерасӣ. Аммо гуфтаҳои маро аз хотир набарор, бо хушдоманат ҳамеша дар муросо бош, агар сир ошкор шавад он гоҳ вой бар ҳоламон. Ҷавонзан аз ин таклиф хушнуд ба хона омада, дар тараддуди тайёр намудани хӯроки нисфирӯзӣ мешавад. -Модарҷон ба шумо хӯроки дӯстдоштаатонро пухтам, хезед дастонатонро шӯеду таоматонро мазза карда хӯред. Келини айёр ба даруни коса мувофиқи дастури табиб заҳрро андохта, ба дасти хушдоман медиҳад. -Модарҷон хӯрокатонро хӯрда шуда бошед, ба шумо дар сурфаи руйи ҳавли ҷой андохтам, андак истироҳат кунед,-меҳрубонӣ мекунад келин. Хушдоман аз якбора тағйир ёфтани келин дар ҳайрат афтода, бо овози базӯр ба худаш шунаво”Барака ёбӣ,рӯзи камиро набинӣ” гуфта монд. Чанд рӯз ба ҳамин минвол гузашт. Хушдоману келин ончунин ба якдигар меҳрубон, ки каси аз дурдида хаёл мекард, онҳо модару духтаранд. Бо як нигоҳ ҳамдигарро мефаҳмиданд. Хушдоман аз меҳрубониҳои келинаш меболиду шукри Худовандро мекард, ки келинаш ба сари инсоф омадаасту аз духтараш ҳам дида, ба ӯ бештар ғамхорӣ менамояд. Рӯзҳои гузаштаро ба ёд оварда, хиҷолат мекашид,ки бо чунин келини фариштахӯ дар муросо набудаанд. Арӯсакро дилсӯзиҳои модаронаи хушдоман ба аҳли оила ончунон пайванд намуда буд,ки дигар як лаҳза бе онҳо буда наметавонист. Саргарми хаёлҳои ширин чавонзан яке ба ёдаш мерасад, ки мувофиқи гуфтаҳои табиб ба умри кампири бечора чанд рӯзи дигар мондааст. Аз ёд овардани ин хаёлот вуҷудаш ба ларза даромад. Мисли девонагон ба”Ҳа ,духтарам ба ту чи шуд, о ба куҷо медавӣ” гуфтанҳои хушдоман ҷавобе нагуфта, ҷониби хонаи табиб давид. Ҳаросон дари хонаи табибро бо тамоми қувват кӯфт. Табиб ваҷоҳати ҷавонзанро дида, пурсид: -Ҳа, духтарам ба ту чӣ шуд, ин қадар ноором ҳастӣ? Дарро ончунон
Ca[ифаи
3.
мекӯбӣ ,ки қариб аст шиканад. -Амакҷон, коре кунед ,ки хушдоманам намиранд, он кас мисли модарам ба ман азиз ҳастанд. Ман бе он кас зиста наметавонам, бе модарам буда наметавонам... Арӯс беҳолона ба замин нишаст. Табиб, ки аз рафтору гуфтори ҷавонзан чизеро нафаҳмида ҳайрон меистод, нав сарфаҳм рафт, ки ӯ чӣ мехоҳад. Андаке табассум намуду ба ҷавонзан гуфт: -Пушаймон намешавӣ,охир ӯ барои ту хушдоман асту халос. Боз туро азоб медиҳад, зиндагиатро талх месозад. Беҳтар нест, ки ӯ бимираду..... Суханони табиб ба охир нарасида, ҷавонзан бо фиғон гуфт: -Нагӯед амакҷон, бе хушдоманам зиста наметавонам, коре кунед,ки он кас сиҳат шаванд. Ман аз гуфтаҳову кардаҳои худ сахт пушаймон ҳастам. Он кас маро мисли духтари худашон дӯст медоранд, ман бошам он касро мисли модарам. Модарамро наҷот диҳед,модарамро наҷот диҳед амакҷон, ман дар назди он кас гунаҳгорам, бе модарам наметавонам, бе модарам буда наметавонам... Табиб ҷавонзанро оҳиста аз ҷояш хезонида ором намуд ва бо меҳр гуфт: -Дидӣ духтарам, ту бо муносибати хубат ба дили хушдоманат роҳ ёфтӣ, фарзандвор хизмат намудӣ, дуояшро гирифтӣ. Ӯро аз худ ризо намудӣ. Дар камтарин вақт бо сухани неку муносибати хубат дар дили хешовандони шавҳарат ҷой гирифтӣ, дар оилаат соҳиби эҳтиром гаштӣ. Хушдоман ҳам мисли модар аст. Бо ниятҳои нек туро келин кард то дар пирӣ дар бараш бошӣ. Хушдоман ҳам модар асту келин ҳам духтар инро аз хотир набарор духтарам. Ҳоло бошад ман ба ту як чизи дигарро мегӯям, заҳре,ки ба ту тайёр карда дода будам дар асл он заҳр набуд,балки аз гиёҳҳо барои мустаҳкамсозии организми инсон дармон буд. Ин амалро барои он кардам,ки ту ҳамон рӯзи ба наздам омаданат хеле ҳам ошуфта будӣ, аламзада, дар болои қаҳру ғазаб коре мекардӣ, ки тамоми умр пушаймон ва русиёҳ мемондӣ. Гарчанде наздиконат ин амали нангини туро надонанд ҳам, худат то охири умр азоби виҷдон мекашидӣ, аз ин рӯ дар ҳаёт бояд сабуриро пеша намоӣ. Аз кӯтоҳандешӣ қариб буд оилаатро вайрон мекардӣ. Вақте бо амалу рафтору кирдорат дар дилу дидаи атрофиён ҷой мегирӣ, онҳо низ дар навбати худ ба ту чунин муомиларо раво мебинанд. Чунки бузургон фармудаанд: Ту некӣ мекунӣ бар Даҷла андоз, Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз. Акнун рав, духтарам аз пайи рӯзгору зиндагият шав! Келини хонадон бо шукргузорӣ аз ин ҳикмати чорасози табиб бо хушдоманаш мисли модару духтар зиндагии хушбахтона доштанду соҳиби оилаи солиму обод гаштанд. Ин ривоятро ин ҷо ба он хотир овардем,ки барои навхонадорон дарси ибрат гардаду дар ҳурмати хусуру хушдоман коҳилӣ накунанд. Онҳоро ҳурмату эҳтиром намоянду рӯзе худ ин мукофоти амалро сазовор бошанд. Ҳусни САБОҲ, Аълочии матбуоти ҶТ.
16-17 2015.qxp имруз_Layout 1 13.07.2015 11:14 Страница 4
Имрeз”
№ 16-17 (295-296) аз 14 июли соли 2015
email: gazeta-imruz@mail.ru
Муроҷиатномаи мардуми шарифи Исфара
НИСБАТИ ПИНДОРУ ГУФТОР ВА АМАЛҲОИ ЗИШТИ РАЁСАТИ ОЛИИ ҲНИТ БЕТАРАФӢ КАРДАН ШОИСТАИ МИЛЛАТИ ОЗОДАНДЕШУ НАКӮНОМИ МО НЕСТ! Мо мардуми Исфармарз бо арҷгузорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди насли имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол Муроҷиатномаи муғризона ва душмона эҷоднамудаи Раёсати Олии ҲНИТ- ро ба унвонии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон барои мудохила ба вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ дар Тоҷикистон комилан маҳкум менамоем. Зеро, халқи Тоҷикистон худ шоҳид аст, ки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 18 соли сипаригашта, аз рӯзи таърихии ба имзо раси-
дани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон то ба имрӯз ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои умумимилливу умумидавлатӣ, таъмини ваҳдати фарогир ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа тамоми уҳдадориҳои худро, ки аз Созишномаи мазкур бармеояд, комилан ва ҳатто барзиёд иҷро намудааст. Аз ин лиҳоз, Раёсати Олии ҲНИТ ба иншои чунин як муроҷиатнома ҳуқуқи қонуниву маънавие надошт ва ин амали ғаразноки онҳо, ки гузашта аз ҳадди инсофу адолат ва воқеият ба хотири манфиатҷӯйи навбатиашон рӯйи саҳфа омадааст, аз ношукриву носипосие беш нест. Аз ҳама муҳимаш, дар мавриди эҷоди сулҳи тоҷикон ҲНИТ ҳеҷ гоҳ ҷониби дуюми сулҳхоҳ набуд, балки як шохаи Иттиҳоди нерӯҳои опозисиони Тоҷикистон маҳсуб меёфт ва бино бар сарчашмаҳои мӯътамад ҳамагӣ 25%-и нуфузи ИНОТ ба ин ҳизб тааллуқ дошту халос. Эътирози роҳбарияти дигар
ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ ТАРҒИБОТЧИЁН Дар толори маҷлисгоҳи ширкати сохтмонии “Бинокор” тибки накшаи тасдикгардидаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара мулоқоти аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тахрибкор ва характери терористидошта раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Эгамзод Муртазо
МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛ Мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара перомуни бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ имруз дар хонаи маданияти маҳалли Тӯхтақули ҷамоати деҳоти Навгилем вохӯрии сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара”Абдумуталиб Шарифов ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Меҳрӣ Абдуллоева бо сокинони маҳал сурат гирифт. Сараввал сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” А.Шарифов оид ба пайдоиши ҳизбҳои террористии харакетери динидошта, мақсад ва ҳадафҳои онҳо, қатлу ғорат дуздиву кӯштор ба хотири расидан ба ниятҳои нопоки ин гуна гурӯҳҳо маълумот дод. Зикр кард, ки шомилгардии иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба ин гуна равияҳо номатлуб набояд ҳар яки моро бетараф гузорад. Барои ин зарур аст, ки назорат аз болои ҷавонон ва рафтори онҳо тақвият ёбаду ҷалбашон ба чорабиниҳову дигар
ҳизбу ҳаракатҳои он замон дар мухолифати ҳукумат қарордошта, ки айни замон тавассути васоити ахбори умум ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ садо медиҳанд, тақвиятбахшандаи ин иддао аст, ки Раёсати Олии ҲНИТ бо нуфузи 25%-и он замон дар Иттиҳоди опозисиони доштаи худ, ҳамзамон бо иншои ин муроҷиатнома 75 дар сади саҳми ҳазорон нафар аъзоёни нерӯҳои сулҳхоҳи дигарро низ муғулона азони худ карданист! Чаро Раёсати Олии ҲНИТ ба халқу миллати худ муроҷиат намекунанд? Чаро Раёсати Олии ҲНИТ хостгори он нест, ки ин масоил аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳаллу фасл карда шаванд? Зеро, хуб медонанд, ки эътимоду ихлоси халқи Тоҷикистон аз онҳову ҳизбашон коста гардидааст ва эҳсос мекунанд, ки ҲНИТ наметавонад минбаъд дар арсаи сиёсии мамлакат ҷойгоҳи муносиби худро дошта тавонад. Зеро, ниқоб аз симои аслии онҳо бардошта шудаву
Машрафӣ ва мудири бахши САҲШ –и шаҳр Ёқубова Мухиба Бобохоновна бо сокинони маҳаллаҳои атроф сурат гирифт. Сароғоз раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ М.Эгамзод оид ба чӣ гунагии ҳизбҳо тахрибкор, роҳҳои ҷалби ҷавонон ба онҳо, мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва амсоли он ҳарф зада, даъват ба амал овард, то мудом аз ҳоли фарзандон волидайн бохабар бошанду оид ба макони буду боши онҳо ва ҳамнишинонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҷӯё гарданд. -Яке аз сабабҳои ба ҳизбҳои экстремистӣ пайвастани беш аз 40 нафар ҷавонони Исфара, қайд кард номбурда, - ин пеш аз ҳама сатҳи пасти дониши диниву дунявӣ доштан ва бемаълумотии ҷавонон аст. Бинобар ин зарур аст, ки дар маърифатнок шудани ҷавонон волидайн
барномаҳои фароғативу таблиғӣ зиёдтар гардад. Гузашта аз ин зарур аст, ки ҳар як сокини маҳал аз ҳоли ҳамдигар пурсон бошанд, зеро зиёдгардии меҳру рафоқат боиси кам шудани хатарҳои паҳни ғояҳои нодуруст мешавад. Дар баромади худ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара М.Алиматова оид ба нақши рӯҳониҳо дар шаклгирии шуури ҷамъиятӣ, тарзи либоспӯшӣ ва ба тартибории намуди зоҳирӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ гуфта гузашт. Таъкид бар он дошт, ки бояд аз фазои имрӯзаи сулҳу салоҳ ва амалигашти ормонҳои аҷдодон шукргузор бошем. Нагузорем, ки иддае чанд ин арзишҳо ва оромии файзборро бо амалҳои номатлубашон хатчадор намоянд. Баъдан аз ҷамъомадагон як зумра ба сухан баромада, оид ба мушкилотҳои маҳал, роҳҳои пешгирии шомилгардии ҷавонон ба ҳаракатҳои тахрибкор изҳори назар карданд. Дар охир муовини раиси ҷамоати деҳоти Навгилем М.Ваҳҳобова ба самъи ҳозирин гузориши прокуратураро оиди баландбардории масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, қасди худкушӣ кардани ду нафар сокинони деҳа расонид. Даъват ба амал овард, ки набояд нисбат ба атрофиён бетараф буд ва аз ҳоли онҳо бехабар монд. “Имрӯз”.
амалҳои ғосибона ва ҷинояткоронаю тундгароёнаи роҳбарияту аъзоёнаш ошкор гашта, дар назди аҳли ҷомеа рӯ задааст. Сартосарӣ аз узвияти ин ҳизби хатарзо даст кашидани аъзоёнаш ва ибтидо аз 19 июни соли 2015 расман қатъи фаъолият Бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Исфара шаҳодатгари вазъи воқеӣ ва далели ин гуфтаҳост. Чунин раванд дар аксари шаҳру навоҳии мамлакат низ амалан эҳсос мегардад. Табиист, ки ҳар як шахси босаводу ҳушманд ва солимақл ҳамзамон бо хондани ин муроҷиатнома, ки дар асл баёнгари ғаразмандиҳои ҳизбии роҳбарияти воломақоми ҲНИТ аст, бори дигар боварии комил ҳосил хоҳад кард, ки барои роҳбарони ин ҳизб манфиати халқ, оромиву суботи кишвар ва минтақа арзише надорад. Ин пиндору гуфтор ва навиштаи лидер- наҳзатиён баёнгари сиёсати иштибоҳии онҳо буда, ҳамзамон заминасози пайдоиши нафрати умум дар кишвар ва минтақа хоҳад
бештар эътибор диҳанд. Дар Тоҷикистони мо ҳамаи имкониятҳо барои фарогири бо таҳсил муҳайёст ва тариқи Маркази миллии тестӣ қабули хонандагон ба макотиби олӣ яке аз ин гуна шароитҳои мусоид мебошад. Сипас мудири бахши САҲШ М.Ёқубова оид ба масъалаҳои марбут ба муносибатҳои ҷавонон ба ҳамдигар, сатҳи маърифатнокии онҳо, имконияту шароит ва нигоҳашон ба оиладорӣ ҳарф зад. Аз ҳозирин даъват кард, то ҷавононро ҳамаҷиҳата омода намоянд, то дар гирдоби зиндагӣ раҳгум назананд. Дар фарҷом байни аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва ҳозирин мубодилаи афкор ба миён омад. Суолкунандагон ба посухҳои худ пурсишҳои мукаммал гирифтанд. “Имрӯз”.
ТӮҲФАИ АЗ ҲАМА ПУРАРЗИШ (ЛАВҲА) Падарам одати аҷибе доштанд. Ҳар бор аз мактаб оянд, дасти холӣ набуданд. Рӯзе бо халтаи гулдори селофанӣ, ки андарунаш гӯё чизе набуд, табассумкунон вориди хона шуданд. Модарам чун одати ҳамешагӣ "вай чист?" -гуфтанд. -Як чизи аз ҳама қиматбаҳо!,-чавоб доданд падарам. Модарам ҳарисона халтаро аз дасти падарам гирифта, ба кофтуков даромаданд. Падарам "эҳтиёт кун, чизи нозук",- гӯён аз дасти модарам халтаро гирифтанд ва як даста иншоҳои талабагонашонро ба рӯйи миз гузоштанд. Модарам лаб бурма карда, гуфтанд: -Чизи қимат ҳамин аст? Падарам чизе нагуфта чун нотиқони телевизион ба хондани иншое сар карданд: Иншои озод "Дар ситоиши модар" Эпиграф: -Тифлию домони модар хуш бихиште будаст, Чун ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем. Баъд бо садои мутантн гуфтанд: -Мирзо Абулкодири Бедил! Магар беҳтар аз ин сухан ганҷе ҳаст? Боз худашон чавоб доданд: -Валлоҳ, ки нест! Муҳаммадхолис АШӮРОВ, хонандаи МТМУ №47.
Cа[ифаи. 4. буд! Аз ин лиҳоз, кулли мардуми Тоҷикистони азиз, ки барояшон озодиву истиқлолият, арзишҳои умумимилливу умумидавлатӣ, ваҳдати фарогири миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва фардои ободи тоҷикистониён арзишманд аст, бояд, ки дар муқобили чунин як амали зишт бояд сарҷамъона садо баланд кунанд. Мо, мардуми шарафманди Исфара, ки куллан мусулмон ва аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ, аз озодиҳои диниву эътиқодии худ комилан бархӯрдор ҳастем, аз роҳбарияти мамлакат ва аз Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш ва талаб дорем, ки масъалаи қатъ намудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ намоянд. Қуръони азимушшаън чароғи рӯшан ва роҳнамои имондорӣ ва эътиқодмандии мост ва ҳеҷ гуна заруратеро барои мавҷудияти ҳизби ҳукуматхоҳе бо номи ҲНИТ намебинем. Итминони комил дорем, ки дар ин маврид шумо ҳамватанони азиз, пиру барнои солимфикри ин сарзамин бо мо ҳамназару ҳамақида ҳастед ва нисбати пиндору гуфтор ва амалҳои зишти Раёсати Олии ҲНИТ бетараф нестед! Номаи тақдири миллатро мову шумо бо дасти худ навишта кунем, на бо хосту дархости Раёсати Олии ҲНИТ ва дахолати кишварҳои дигар! www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru №16-17 (294-295) аз 14.07.2015 ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Машрафxон Эгамов. ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Зафар Амакxонов. Фирeза Мадаминxонова. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод. {АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62 (904) 66-22-44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Н.Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад. Адади нашр: 1000.