Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 16 (9385) *** Чоршанбе, 5. 05. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Муноқиша аз чӣ сар зад? 28-уми апрели соли 2021, соати соати 16: 00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
И
ншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст. Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон истифода мешуд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд.
Субҳи рӯзи 30 апрел бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара машварати кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Машварати кории раиси вилоят вобаста ба вазъи сарҳад
Д
ар машварат таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфт. Ҷонибҳо оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карданд ва тибқи мувофиқа даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуд. Айни замон гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия таъсис ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мувофиқ ва ташкили музокироти судманд корбарӣ карда истодаанд. Иттилоъ дода шуд, ки оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд. -Мо барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти
вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд,-илова кард Раҷаббой Аҳмадзода. Роҳбари вилоят ҳамзамон аз сокинони
Аёдати ҷароҳатдидагон
*** 29 апрели соли 2021, соати 10:45, зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КокТоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон-Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.
Ҳ
амчунин худи ҳамин рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.
*** 29-уми апрели соли 2021, соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.
Ҳ
одисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной»-ро ба роҳ мондааст. Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд. МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ.
Арзёбии аввалини зарари расида Дар муқовимати низомии рӯзҳои охир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 14 хона дар ноҳияи Исфара пурра тахриб шудааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад, мегӯяд ду хона ва як иншооти ёрирасон ҳам дар ин ноҳия қисман зарар дидаанд.
Б
о мақсади муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар натиҷаи зиддиятҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарияти Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷо бо Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои
фавқулоддаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хонаҳои харобшудаи се ҷамоати шаҳри Исфара: Сурх, Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Овчиқалъачаи Бобоҷони ноҳияи Ғафурови вилояти Суғдро баррасӣ мекунанд. Бино ба маълумоти пешакии Комиссия маълум шудааст, ки рӯзҳои муқовиматҳои низомӣ дар қаламрави се ҷамоати деҳоти ноҳияи Исфара 14 хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб шудаанд. 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон низ қисман тахриб шудаанд. Ҳамчунин, бинои як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як хонаи истиқоматӣ дар қаламрави деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ қисман зарар дидаанд. Комиссияи эвакуатсионии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Спитамен якҷо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ мондаву ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард, ба ҷойҳои бехатар кӯчонданд. Дар айни замон, ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.
наздимарзӣ даъват кард, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиёро аз даст надиҳанд.
Саймумин Ятимов ва Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷароҳатдидагон рафтанд.
Н
имаи дуюми рӯзи 30 апрел Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи марказии Исфара сокинони бар асари даргириҳо захмбардоштаро аёдат намуданд. Аёдати мазкур тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҷароҳатёфтагон таҳти назорати табибон қарор доранд. Барои барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардидаанд. Саймумин Ятимов ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз ҳоли раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки рӯзи гузашта ҷароҳат гирифта буд, хабар гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки вазъи шаҳрдори Исфара пас аз гузаронидани ҷарроҳӣ муътадил буда, рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.
Ба хабарҳои фейкӣ бовар накунед Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-ро аз ҷониби гурӯҳи низомиёни Қирғизистон ғайри қобили эътимод хонд ва шаҳрвандонро даъват кард, ки ба иғвоҳо дода нашаванд.
Д
ар матни ҳуҷҷат, ки онро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» иқтибос меорад, гуфта мешавад, ки «хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таъйиноти махсуси «Бору»-и хадамоти марзбонии Қирғизистон боз як маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки хусусияти иғвоангезона дорад».