Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 15 (9430) *** Чоршанбе, 20. 04. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Боздид аз ҶСК "Тамохуш" Санаи 17 апрел сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд идома ёфт.
“Тамохуш”-и шаҳри Исфара аз иқтидорҳои калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ буда, давоми беш аз 70 сол инҷониб ба истеҳсоли металҳои камёфт ва нодир махсус гардонида шудааст. Чунин корхона дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ камшумор, танҳо ду адад буд. Тайи ар рузи чоруми сафар Сарвари солҳои тӯлонӣ иқтидорҳои корхона давлат мухтарам Эмомалӣ пурра истифода карда намешуданд. Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии Тибқи маълумот масоҳати корхона кушодаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара 23 гектар буда, айни ҳол 100 нафар бо ҷараёни корҳои мутобиқгардонии коргарону мутахассисон фаъолият техникии қисми иншооту коргоҳҳои доранд. Дар корхонаи “Тамохуш”-и корхона шинос шуданд. шаҳри Исфара оғоз аз соли 2021 Тибқи нақша дар заминаи коргоҳҳои дар натиҷаи азнавсозии техникӣ, механикии корхонаи мазкур ва ҷорӣ намудани усулу технологияҳои таъмиру сохтмонӣ иншооти нави пешрафта ва иқтидорҳои мавҷуда самти таъмирӣ-механикӣ таъсис ҳаҷми истеҳсол афзун ва суръати дода, дар он таъмири техникаҳои афзоиш баланд бардошта мешавад. кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона дар семоҳаи аввали Дар коргоҳи нав 15 ҷойи корӣ соли равон ба маблағи 3,1 миллион таъсис ёфтааст. Корҳои иҷрошуда сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, аз тадбирҳои муҳим дар самти ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истифодаи иқтидорҳои мавҷуда - 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. маҳсуб меёбад. Суръати афзоиши истеҳсоли Ҷамъияти саҳомии кушодаи маҳсулот ба маротиб зиёд карда
Д
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ намуданд.
саноатӣ-тадқиқотии маъдани кӯҳии дорои сурб имкон медиҳад, ки дар корхона 5 намуди маҳсулоти нави металӣ истеҳсол карда шавад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба содирот нигаронида шуда, металлҳои истеҳсолшуда дар “Ширкати куҳӣсаноатии Тоҷикистону Чин” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анзоб” барои бойгардонии консентрати сурма истифода мегарданд. Хокаи купороси мис ва купороси руҳ қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбанд. Дар асоси шартномаи коркард бо ширкати “Евраз холдинг” аз шлаки металургӣ махсулоти панҷоксиди ванадий истеҳсол карда мешавад. Партови истеҳсолии панҷоксиди ванадий, ки дар таркиби худ металли оксиди оҳан дорад, дар корхонаҳои истеҳсоли семент пурра истифода мегарданд ва дар дохили кишвар ба маҷмӯӣ маҳсулоти саноатӣ равона шудааст. ин маҳсулот талабот зиёд аст. Яъне, Президенти мамлакат муҳтарам карда мешаванд. дар корхона истеҳсолоти бепартов Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии ба роҳ монда мешавад. Нақшаҳои Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба корхона ҳамкориро корхона барои рушди оянда тарҳрезӣ роҳбарияти корхона, масъулони Тоҷикистон соҳа ва мутахассисон дастуру бо ширкати “Евраз-Холдинг” ва гардидаанд. супоришҳои мушаххас доданд, ки ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи Дар натиҷаи чунин тадбирҳои баҳри истифодаи пурраи иқтидорҳои металлургии Олмалиқ”-и Ҷумҳурии истифодаи иқтидорҳои мавҷуда мавҷуда, баланд бардоштани Ӯзбекистон барои харидорӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ-техникӣ, коркарди маъдани дорои металл ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи барқарору зиёд кардани ҷойҳои нави шлакҳои металлургӣ ба роҳ мондааст. “Тамохуш”-и шаҳри Исфара афзун Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ корӣ чораҷӯӣ намуда, тадбирҳои карда мешавад, ки ин ба иқтисоди бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи миллӣ манфиати калон дорад. навро амалӣ намоянд. Барқарор намудани самти “Корхонаи металлургии Олмалиқ”-и Ӯзбекистон коркарди фаъолият баҳри афзун намудани Ҷумҳурии
Ифтитоҳи коргоҳи қаннодии ҶДММ “БаракатИсфара” ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона
И
ншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар масоҳати 300 метри муррабаъ мутобиқ ба талаботи замон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмону навсозии бино ва насбу васли таҷҳизотро сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти иншооти саноатӣ коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои хуштамъи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти баландсифати шоколадӣ ва хушкмева соҳибкор иқдом гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе дар муддати як сол корхонаи коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо технологияи муосир аз ширкатҳои бонуфузи Италия ва Туркия сохта, ба истифода диҳад. Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки дар як моҳ беш аз 50 тонна маҳсулот истеҳсол карда шавад. Пас аз ифтитоҳи иншоот барои 40 нафар сокини маҳаллӣ шароити хуби корӣ муҳайё карда шуд. Тибқи нақша маҳсулоти истеҳсолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар
пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад. Имрӯзҳо маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ “Баракат-Исфара” дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад. Бо ин васила маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ
тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҶДММ “Баракат-Исфара” соли 2008 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар майдони 2,4 гектар замин таъсис дода шудааст. Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли
маҳсулоти корхона беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 се маротиба зиёд мебошад. Айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Барои таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон
меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад. Баҳри истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ба саломатии инсон фоидаовар, рақобатпазир ва ҳифзу нигоҳдошти маҳсулот дар корхона озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 корхона, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ташкил медиҳад, фаъоланд. Дар соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 17,4 ҳазор тонна, соли 2021 32,4 ҳазор тонна ва дар моҳҳои январфеврали соли 2022 3,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон иқдоми наҷибонаи соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки бо бунёд ва ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар низ афзун мегардад, ки ҳамаи ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат замина мегузорад.
2
"Насими ИСФАРА"
20 апрели соли 2022
№ 15 (9430)
"Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварии мардуми шарифи шаҳри бостонии Исфара эътимоди комил дорам". Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН.
Кӯдакистони хусусии "Шаҳноз" Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҷӯи Болои шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии “Шаҳноз”-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
М
асоҳати умумии иншоот 0,15 гектар заминро ташкил намуда, аз ҷониби сокини маҳаллӣ, омӯзгор Яҳёева Рисолат сохта шудааст. Кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дорои таҳхона ва се ошёна буда, имкон фароҳам оварда шудааст то 120 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассисаи томактабӣ омӯзиш ба забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, оянда
17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб”-ро ба истифода доданд.
илму маърифат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Дар саҳни бино 4 айвонча ва ҳамзамон баҳри омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузаронидани машғулияту бозии кӯдакон заминаи созгор фароҳам оварда шудааст. Дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳо ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳри Исфара дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи томактабӣ бунёд карда шудааст, ки дар онҳо 3077 нафар кӯдак ба омӯзиш машғуланд. Бо ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои кӯдакистони навбунёд аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳри омӯзиши дигар забонҳо низ рушди соҳаи маориф, зина ба зина тадбирҳои мушаххас амалӣ карда беҳтар намудани инфрасохтори мешавад. соҳа, дар руҳияи худшиносию Бо мақсади ба талаботи замон худогоҳӣ тарбия намудани насли ба роҳ мондани таълиму тарбия ояндасози ватан ва омӯзиши илмҳои дар кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” муосир ёдрас шуда, дар замони мураббиёни дорои малакаи баланди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо касбӣ ҷалб шуда, тибқи нақша ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолу муосири илмомӯзӣ онҳо пайваста аз ваҳдати миллӣ ва талошҳо ба хотири курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузаранд. дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар доираи ифтитоҳи иншоот ба таълимгирандагони ин боргоҳи
Коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ "Базеб"
К
оргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда, васлу насб карда шудааст. Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” бештар аз 20 нафар саноатикунонии босуръати мамлакат сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ҳидоят намуданд. Бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои ва маоши хуб таъмин гардиданд. Роҳбарияти коргоҳи нав нақша пойафзолбарорӣ рӯз то рӯз ҳаҷми доранд, ки дар оянда истеҳсолотро истеҳсолот зиёд мегардад. Иттилоъ афзун ва шумораи ҷойҳои кориро дода шуд, ки дар мамлакат давоми моҳҳои январ ва феврали соли равон зиёд намоянд. 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойафзол истеҳсол карданд, ки дар маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 махсус зоҳир карда, роҳбарият ва қариб 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад. Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли мутахассисони коргоҳро барои пойафзол дар ду моҳи аввали соли афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ равон 46 ҳазор ҷуфтро ташкил гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Зебо” оғоз бахшиданд.
К
оргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдунабӣ Қуддӯсов бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки дар коргоҳи нав бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, бо истифода аз ашёи хоми дохилӣ асосан барои бонувони шаҳр сару либоси миллӣ медӯзанд. Дар вақти омода кардани либосҳои миллӣ ҳунари гулдӯзӣ васеъ истифода мешавад. Дар коргоҳи нав дӯхти либоси ягонаи
мактабӣ ва корӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти масъулон дар як сол коргоҳ имкон дорад, ки бештар аз 10 ҳазор маҷмуи либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва барои бонувон номгуи зиёди либоси миллиро бо сатҳу сифати баланд дӯхта, пешниҳод намояд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ барои дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ ва корӣ аллакай бо якчанд муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳр шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва шурӯъ аз имрӯз коргарон ба иҷрои фармоиш оғоз мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.
Ифтитоҳи коргоҳи пойафзоли ҶДММ "Саманд" 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи академик А. Ҷӯраеви шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ "Исфара Саманд"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ коргоҳу корхонаҳои нав таъсис диҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи мамлакат коҳиш ёбад.
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» ва тақдими туҳфа ба 50 нафар ятими кулл 17 апрел Асосгузори И сулҳу ваҳдати миллӣншоотро соҳибкори маҳаллӣ Сорбон Савриддинов дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд намудааст. Бинои асосии маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино ду ҳаммом таъсис дода шудааст, ки замонавӣ мебошад ва барои қабули 24 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Коргоҳи дӯзандагии "Зебо"
Ҳаммом аз ҳуҷраи қабул, хонаҳои либосивазкунӣ, истироҳатӣ, буғхона ва ҳавз иборат аст. Дар ошёни якуми маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» мағозаи техника ва таҷҳизоти рӯзгор таъсис дода шудааст. (Давомаш дар саҳ.3).
М
асоҳати умумии иншоот 0,8 гектарро ташкил медиҳад. Коргоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунëд карда шудааст ва аз як хатти истеҳсолӣ иборат мебошад. Маблағи сарфгардида барои харидории технологияи муосир як миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия ва Олмон аст. ҶДММ «Исфара Саманд» дар бинои бекорхобида, ки қаблан мағозаи хӯрокворӣ буд, таъсис ёфтааст. Бино пурра таъмир шуда, ба талабот мутобиқ мебошад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Дар ҶДММ "Исфара Саманд" 50 нафар
сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши аз 800 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд. Дар коргоҳ пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеҳсол карда мешавад. Пойафзоли истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. 80 фисади пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содирот шуда, боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пойафзол диққати махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар шароити ҳозира танҳо бо роҳи сифатнок истеҳсол намудани маҳсулот дар бозор мавқеъ пайдо намудан имконпазир аст.
3
"Насими ИСФАРА"
20 апрели соли 2022
№ 15 (9430)
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» ва тақдими туҳфа ба 50 нафар ятими кулл
(Аввалаш дар саҳ.2). Дар мағоза таҷҳизоти зарурии истеҳсоли ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз қабили радио ва телевизор, телефонҳои мобилӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шудааст. Акнун бо таъсиси чунин мағозаи замонавӣ сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти он ба дигар шаҳру ноҳияҳо нарафта, аз ин ҷо техникаву таҷҳизоти лозимаро ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ метавонанд харидорӣ намоянд. Ошёнаи дуюми бино дорои 7 ҳуҷраи барҳаво аст, ки барои дафтари кории ширкатҳои тиҷоратии шаҳр пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо замонавӣ буда, дар ҳар кадоми он шароити муосири фаъолият барои соҳибкорону дигар ширкатҳои тиҷоратӣ мавҷуд мебошад. Дар ин ошёна ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Меҳмонхонаи марказ, ки бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шудааст дар ошёнаҳои сеюм ва чорум ҷойгир мебошад. Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи
дунафара, аз ҷумла 2 ҳуҷраи олӣ, 5 ҳуҷраи люкс ва 8 ҳуҷраи нимлюкс иборат аст. Ҳуҷраҳо бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандартҳои хизматрасонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имкон аст дар меҳмонхона ба 30 нафар хизмат расонида шавад. Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар шаҳри Исфара рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин менамояд. Зебоии атрофи бинои маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз, ки бо тарҳи хос шинонида шудааст, ҷилои дигар мебахшанд. Корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои дигар сокинони
Ифтитоҳи бинои ҲХДТ дар Исфара
Дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони шаҳр дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ ба маблағи умумии 610 миллион сомонӣ 501 иншоот бунёду азнавсозӣ гардида, дар онҳо беш аз 1800 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.
мамлакат маънидод карданд. Дар маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл, ки дар мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таълиму тарбия мегиранд, суҳбати самимӣ анҷом дода, ба 50 нафар ҷавонону наврасони бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз маҷмуи сару либоси мактабӣ, аз ҷумла шиму кастюм, пойафзол ва шириниҳои зиёд иборат аст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раъиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадя карда шуд. Тақдими туҳфа ва суҳбати самимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл боиси хушҳолиашон гардид. Таъкид карда шуд, ки ятимон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат бенасиб намемонанд ва онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Ятимони кулли шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо аз чунин ғамхорӣ пайваста баҳравар ҳастанд. Ҷавонону наврасони ятим Президенти мамлакатро бовар куниданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманд ба воя мерасанд ва бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби байналмилалии “Контакт”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи майдони "Парчами давлатӣ" дар шаҳри Исфара Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони “Парчами давлатӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.
М
айдони Парчами давлатӣ дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, парчам дар баландии 50 метр парафшон карда шуд. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, дар ниҳоди хурду бузург ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро зиёд мегардонад. Илова бар ин, бо бунёди майдони Парчами давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар ду тарафи пояи Парчами давлатӣ фаввораҳо бунёд гардида, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинони шаҳр корҳои сабзу хуррамгардонӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ бо сифати баланд ба иҷро расонида шудааст. Дар доираи лоиҳа намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмир карда шуд. Шабона ин мавзеъ зебову назаррабо гардида, ба макони сайру гашти сокинон табдил ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Исфара бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ба симои шаҳр ҳусни дигар зам карда шуд. Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Исфара бештар аз 500 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Ифтитоҳи Мактаби байналмилалии "Контакт"
Б
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
К
орҳои сохтмонии бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби созандаву бунёдкор бунёд гардидааст. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 1152 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ба монанди рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани либоси миллӣ, косибӣ, толори ороишӣ ва зебогӣ ташкил гардидааст. Илова бар ин, барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳо ташкил ва дар се баст 120 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Бо бунёди бинои наву замонавӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар шаҳри Исфара аъзоёни Ҳизб 15 ҳазору 698 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузошта, барои пешрафту шукуфоии Ватан фаъолияти пурсамар доранд.
аъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар ин бинои бошукуҳи таълимӣ шинос шуданд. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Исроил ва Нарзулло Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ барои 800 хонанда дар як баст бунёд шудааст. Дар мактаби байналмилалӣ барои 50 нафар омӯзгор аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷойи корӣ муҳайё гардид. Иншоот тибқи лоиҳа сеошёна ва бинои қисми марказии он чорошёна мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини мактаб наздики 1 гектар ва масоҳати зери биноҳо бошад, 9000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мактаб дорои 40 синфхона ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст ва тамоми шароити муосири таълим мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум ҳамчунин 12 синфхонаи маҳфили шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, 2 кабинети информатика, химия, биология, физика, омодагии дифоии ҳарбӣ, китобхона бо адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст. Мактаби нав ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷой, иншооти варзишии кушодаву болопӯшида ва майдончаи футбол мебошад. Иншооти замонавии соҳаи маориф
дар партави дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст. Дар синфхонаҳои таълимии муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ бо хонандагон машғулият мегузаронанд. Дар муассисаи таълимии байналмилалӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хосса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки дар бинои собиқи муассисаи таълимӣ, ки барои 150
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Аттестати маълумоти миёнаи умумӣ БП №239497, ки МТМУ №7 солҳои таҳсили 1971-1972 ба
нафар хонанда фаъолият дошт, аз ҷониби соҳибкорон муассисаи томактабӣ ташкил гардид. Дар ин ҷо акнун фарзандони сокинони шаҳри Исфара ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд. Пас аз шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон, аҳли маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаи нави таълимии байналмилалии “Контакт” мулоқоти судманд анҷом доданд.
Додохонов Ғиёсидин додааст. *** Аттестати маълумоти асосии силсилаи А № 311218, ки МТМУ 30 солҳои таҳсили 1993-1994 ба Исомадинова Зуҳро Ғафоровна додааст.
"Насими 4 ИСФАРА" Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара 20 апрели соли 2022
Ҳамдиёрони азиз! Мулоқоти мову шумо – намояндагони мардуми меҳмоннавозу сарбаланди шаҳри бостонии Исфара расо як сол қабл дар деҳоти Ворух баргузор гардида буд. Тавре ки аз субҳи имрӯз мушоҳида кардем, мардуми ватандӯсту соҳибмаърифати ободкори шаҳри Исфара дар қатори сокинони дигар минтақаҳои мамлакат барои сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги таърихӣ – сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расонидаанд, ки қобили таҳсину дастгирӣ мебошад. Соли гузашта мо дар деҳоти Ворух дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок карда будем ва дар сафари навбатии имрӯза боз чандин иншооти навбунёдро ба истифода супоридем. Мактаби хусусии байналмилалие, ки ҳоло мову шумо дар он мулоқот карда истодаем, аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ – бародарон Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он барои 800 нафар хонанда тамоми шароити замонавӣ ва барои омӯзгорон 50 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст. Дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони шаҳр дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ ба маблағи умумии 610 миллион сомонӣ 501 иншоот бунёду азнавсозӣ гардида, дар онҳо беш аз 1800 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст. Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки пешравию ободиҳои то имрӯз ноилшудаи сокинони шаҳри Исфара далели возеҳи ҳисси баланди миллӣ ва азми қавии онҳо дар ҷодаи созандагии Ватани азизамон мебошад. Тибқи маълумот ҳоло дар шаҳри Исфара бунёду азнавсозии боз даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бомаром идома дорад. Дар ин раванд, зарур аст, ки ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр диққати махсус дода шавад ва ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии лоиҳаҳои пешбинишуда тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гарданд. Зеро дар давоми як соли татбиқи барнома ҳамагӣ 19 фоизи лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардида, дар 50 фоизи лоиҳаҳои дигар корҳо идома доранд ва дар 31 фоизи лоиҳаҳо кор умуман оғоз нагардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шаҳри Исфара дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 2,2 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ шуда, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Дар соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии шаҳр 212 миллион сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 5 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои дар вилояти Суғд додашударо ташкил медиҳад. Ҳол он ки дар шаҳри Исфара 18 000 нафар соҳибкорон фаъолият доранд, ки 15 фоизи шумораи умумии соҳибкорони вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои таъмин намудани дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дар маҷмуъ, афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҷалби сармояи мустақим барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ нақши калидӣ дорад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба шаҳри Исфара ҳамагӣ 345 миллион сомонӣ сармояи мустақим, аз ҷумла 65 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки бо дарназардошти имкониятҳои бузурги шаҳр ниҳоят кам мебошад. Шаҳри Исфара яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар буда, барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, рушди металлургия, технологияи барқӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти гуногуни саноатӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад. Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти корхонаҳои саноатии Исфара ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мегардид. Барои амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар шаҳри Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолие, ки дорад, бояд саҳми назаррас дошта бошад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара 28 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 12 корхонаи коркарди мева ва басту банди маҳсулот бунёд ва ба истифода супорида шудааст. Вале соли 2021 дар шаҳр ҳамагӣ 6 коргоҳ бо 33 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш наёфтааст. Дар ин давра аз 53 корхонаи саноатии шаҳр 46 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи умумии 380 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,6 фоиз зиёд буда, аз нишондиҳандаи миёнаи рушди саноати кишвар бамаротиб кам мебошад. Дар ин давра 12 корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2020 коҳиш дода, 7 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст. Таъкид менамоям, ки чунин вазъ бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолии шаҳри Исфара қонеъкунанда нест ва барои иҷрои ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеа эҷод мекунад. Соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ дар шаҳр истеҳсоли либоси мактабӣ 4,7 баробар афзуда, сатҳи таъминнокии он ба 47 фоиз расидааст, ки ҳоло ҳам нокифоя мебошад. Инчунин, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз 54 намуди маҳсулоти саноатии шаҳр истеҳсоли 16 намуд кам шуда, 15 намуди маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст. Чунин вазъи соҳаи саноати шаҳр ба сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар соли 2021 ва семоҳаи якуми соли ҷорӣ низ бетаъсир намондааст. Бо вуҷуди таъмин гардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар шаҳри Исфара дар як солу се моҳи гузашта аз ҳисоби иҷро нашудани андоз аз даромад ба буҷет 6,6 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ, таҷдиди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба иқтидори пурра ба кор даровардани онҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд. Ҳозирини гиромӣ! Дар шароити шиддат гирифтани таҳдидҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллии мо рушди
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97 Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи
№ 15 (9430)
Бояд мардуми Исфара бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.
соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии озуқавории кишвар ба масъалаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ муҳимтарини рӯз мубаддал мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ман андешаҳои худро доир ба ин гардидааст. дастовардҳои хонандагони муасБинобар ин, зарур аст, ки захираву сисаҳои таълимии шаҳри Исфара, аз масъала соли гузашта дар мулоқоти имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ҷумла дар масъалаи дохилшавӣ ба дар деҳоти Ворух доиргардида возеҳу ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри муассисаҳои таҳсилоти олии касбии равшан баён дошта будам. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз аз Исфара ҳарчи пурраву самаранок кишвар ва хориҷ аз он назаррас соли 2002 дар доираи комиссияи истифода карда шаванд. мебошанд. Соли 2021 кишоварзони Исфара Соли 2021-ум 1400 нафар байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ба маблағи 780 миллион сомонӣ хатмкардагони мактабҳои шаҳри ва демаркатсияи сарҳади байни ду маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки Исфара ба муассисаҳои таҳсилоти кишвар гуфтушунидҳоро бо ҷониби нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,1 фоиз олии кишвар ва хориҷ аз он дохил Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз карда буд. То имрӯз дар байни ҳайатҳои афзоиш ёфта, аз нишондиҳандаи шудаанд. миёнаи рушди кишоварзии мамлакат Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки барои боз комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои хеле паст мебошад. ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти таҳсилот ва завқу рағбати хонандагон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи растанипарварӣ нисбат ба соли қаблӣ ба омӯзиши таъриху фарҳанги сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти 2,2 фоиз коҳиш ёфтааст, ки чунин бостонии халқи тоҷик, фанҳои вазъ аз ҳисоби кам гардидани ҳосили риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои комиссия аз 987 километри сарҳади меваҷот (44,4 фоиз коҳиш ёфтааст), иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои байни ду давлат 663,7 километр, яъне аз ҷумла зардолу (коҳишёбӣ – 61,4 хориҷӣ бояд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст. фоиз) бар асари номусоид омадани карда шавад. Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор боду ҳаво ба миён омадааст. Дар баробари ин, таъкид менамоям, Соли 2021 дар шаҳри Исфара дар ки бо вуҷуди тадбирҳои амалигардида аст, ки расмиёти муайян кардани хатти майдони 31 гектар боғҳои нав бунёд дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз як сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии гардида, дар майдони 33 гектар қатор камбудиҳои ҳалталаб вуҷуд Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид корҳои барқарорсозии боғҳо амалӣ доранд. карда шудааст ва майдони боғу токзор Аз ҷумла ҳоло дар шаҳр 2 бинои анҷом дода шавад. Вале таъкид менамоям, ки ба 11 ҳазору 900 гектар расидааст муассисаи таълимӣ дар ҳолати ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, (майдони боғ 11 ҳазору 500 гектар ва садамавӣ қарор дорад. майдони токзор 395 гектар). Иҷрои барномаҳои соҳавӣ низ дар мувофиқа намудани хатти сарҳади Аз майдони умумии боғҳо беш аз сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. давлатӣ ва аломатгузории он раванди 10 ҳазору 600 гектар ё 92,2 фоизро Масалан, дар доираи татбиқи хеле мураккаб буда, муҳлат ва боғҳои зардолу ташкил медиҳанд. Барномаи рушди муассисаҳои заҳмати зиёди мутахассисонро талаб Вале бо вуҷуди афзоиши майдони таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи менамояд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли боғҳо ҳосилнокии онҳо дар соли умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – мавҷуда қатъиян 2020-ум 23,6 сентнер ва соли 2021- 2020 таъсиси 19 муассисаи томактабӣ масъалаҳои ум хамагӣ 13,2 сентнериро ташкил ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти додааст, ки қонеъкунанда нест. хусусӣ пешбинӣ шуда буд, вале то роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд дарназардошти манфиатҳои Инчунин, соли 2021 дар хоҷагиҳои имрӯз танҳо 2 муассисаи томактабӣ ва бо кишоварзии шаҳр ҳосилнокии 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ миллии ҳар ду тараф мебошад. Бинобар ин, бори дигар ба мардуми гандум, шолӣ ва картошка аз ташкил гардидааст. нишондиҳандаҳои кишвар ва вилоят Ин дар ҳолест, ки фарогирии кӯдакон шаҳри Исфара хотиррасон менамоям, паст шудааст. ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳр ки бояд бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору Ҳол он ки таҷрибаи баъзе хоҷагиҳои ҳамагӣ 20 фоизро ташкил медиҳад. кишоварзии шаҳр нишон медиҳад, Инчунин, дар шаҳр татбиқи зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ки дар ҳолати истифодаи тухмиҳои Барномаи давлатии амалӣ ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, хушсифат, риояи агротехника ва намудани технологияи иттилоотиву босабру таҳаммул бошанд ва ба ҷалби мутахассисон ҳосилнокии ин коммуникатсионӣ дар муассисаҳои эҳсосот дода нашаванд. Зеро тибқи ҳикмати мардуми намуди зироатҳо метавонад ба таври таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018 назаррас зиёд бошад. – 2022 то ба имрӯз ҳамагӣ 41 фоиз хирадмандамон ҳамсояро интихоб намекунанд. Дар баробари ин, соли 2021 дар таъмин шудааст. Такроран таъкид менамоям, ки шаҳри Исфара картошка дар майдони Бинобар ин, роҳбарону масъулин 931 гектар кишт шудааст, ки нисбат ба вазифадоранд, ки ҷиҳати ислоҳи масъалаҳои марзии байни давлатҳо нишондиҳандаи дурнамо 270 гектар камбудиҳо дар соҳаи маорифи шаҳр танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид кам мебошад. ва иҷрои босифату саривақтии ҳал карда мешаванд ва дар ин Бо вуҷуди он, ки содироти барномаҳо тадбирҳои таъхирнопазир масъала роҳи дигар вуҷуд надорад. Фаромӯш набояд кард, ки мо – маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара андешанд. 45 фоизи содироти вилоятро ташкил Илова бар ин, зарур аст, ки тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои медиҳад ва солҳои охир тамоюли сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар бостонии дунё дар тӯли таърих мушкилоту масъалаҳои зиёдшавии содироти он, хусусан, муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳр тамоми мева ба назар мерасад, имкониятҳои беҳтар карда шуда, ба омӯзиши пешомадаро бо ақлу хирад, солориву истифоданашудаи шаҳр дар ин самт то ихтисосу ҳунарҳое, ки бозори меҳнат тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл ҳол зиёд буда, андешидани тадбирҳои ба онҳо талаботи зиёд дорад ва кардаем. Ман ба ҳисси баланди миллӣ иловагиро тақозо менамояд. ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз сокинони шаҳр мусоидат менамояд, ва эҳсоси гарми ватандӯстиву шаҳри Исфара соли 2019-ум 8 ҳазор эътибори аввалиндараҷа дода шавад. ватанпарварии мардуми шарифи тонна, соли 2020-ум 13 ҳазор ва соли Имкониятҳои шаҳр оид ба шаҳри бостонии Исфара эътимоди 2021-ум 26 ҳазор тоннаро ташкил ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ, бояд ба комил дорам. Бо қаноатмандӣ иброз медорам, додааст, ки қариб 20 фоизи содироти таври васеъ истифода карда шаванд. вилоят мебошад. Ҳамчунин, ба рушди ҳунарҳои ки дар ҳамаи корҳои созандагӣ, Аз ин лиҳоз, роҳбарияти шаҳр ва мардумӣ ва косибӣ, ки манбаи хусусан, ҷавонони Исфара пешсафу масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати муҳимми бо шуғл фаро гирифтани ташаббускор мебошанд. Бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ истифодаи самараноки заминҳои аҳолӣ ва афзоиш ёфтани даромади кишоварзӣ, гузаронидани кишти оилаҳо мебошад, диққати ҷиддӣ дода бо садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ободиву саривақтии зироатҳо, бахусус, кишти шавад. Вобаста ба ин, бори дигар пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии хотиррасон месозам, ки маҳсули маҳбубамон саҳми арзишманди худро ғалладонагиҳо, меваю сабзавот ва заҳмати устоҳои ҳунарманди шаҳри мегузоранд. Ҳамчунин, бо итминон изҳор афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли Исфара, аз ҷумла кандакориву маҳсулоти чорводорӣ чораҷӯӣ наққошӣ ҳоло беҳтарин иншооту менамоям, ки мардуми сарбаланду биноҳои Тоҷикистонро зеб медиҳад заҳматқарини шаҳри Исфара тамоми намоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани ва берун аз кишвар низ шӯҳрати зиёд саъю талоши худро барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 – солагии коркарди миқдори боз ҳам бештари дорад. Ҳозирини муҳтарам! истиқлоли давлатӣ, татбиқи нақшаи маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, Шаҳри бостонии Исфара бо панҷсолаи рушди саноат, пешрафти меваю сабзавот, пилла ва истеҳсоли Қирғизистон сарҳади давлат, ободии Ватан ва осоиши маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин, афзоиш Ҷумҳурии додани ҳаҷми содироти он тадбирҳои тӯлонӣ дошта, дар самти таҳкими ҳар як хонадон равона сохта, ба муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ дастовардҳои боз ҳам бештар иловагӣ андешанд. миёни халқҳои ду кишвар саҳми муваффақ мегарданд. Ҳозирини гиромӣ! Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо Тайи даврони истиқлолият дар муҳим дорад. Вобаста ба ин, хотирнишон саломатӣ, муваффақият ва барори шаҳри Исфара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 менамоям, ки барои мардуми кор орзу менамоям. муассисаи нави таълимӣ барои 28 000 шаҳри Исфара делимитатсия ва Ҳамеша саломату муваффақ нафар хонанда сохта, ба истифода демаркатсияи сарҳади давлатӣ (яъне ҳалли масъалаи сарҳадӣ) байни бошед, ҳамдиёрони азиз! дода шудааст.
генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 19. 04. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________