Ба нахустшумораи рӯзномаамон 85 сол пур шуд! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
"Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад." Эмомалӣ РАҲМОН.
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 15 (9197) *** Чоршанбе, 19. 04. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Аз маҷлиси фаъолони шаҳр
Ҷамъоварии андоз, хизмати ҳарбӣ ва тақвияти корҳои мафкуравӣ Таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва бо ҳузури муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ҷаласаи васеи фаъолон баргузор ва он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 3 моҳи сипаригашта мавриди баррасӣ қарор дод.
С
ароғоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ давоми семоҳаи гузашта муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода гузориш пеш овард. Зикр кард, ки дар ин муддат ба буҷети давлатӣ 18330 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷети маҳаллӣ 16471,4 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Дар маҷмӯъ нақшаи даромади буҷет 84,0 фоиз иҷро шуд, ки нисбат ба Н/И
Маҳфил
"Ганҷи сухан" дар Исфара
150-умин маҳфили адабиву фарҳангии вилоятии “Ганҷи сухан” ин навбат дар шаҳри Исфара, дар боғи навбунёди фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ барпо карда шуд.
Б
а маҳфил садри доимии он адабиётшинос Саидумрон Саидов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки маҳфили навбатӣ ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки ба 15 апрел рост меояд, бахшида мешавад. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ҳузури меҳмонон аз маркази вилоят ва аҳли адаб, илм ва фарҳанги шаҳр суханронӣ намуда, аз баргузории чунин чорабинӣ изҳори хушнудӣ карда гуфт, ки дар Исфара баҳри рушду нумӯи адабиёту фарҳанг, гиромидошти хизматҳои мондагори на-
нақша 3541 000 сомонӣ кам мебошад. Дар семоҳаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 34,1 млн. сомониро ташкил дод, ки бо нархҳои муқоисавӣ ба 101,2 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Умуман дар се моҳи аввали соли ҷорӣ барои амалӣ шудани лоиҳаҳо дар шаҳру деҳот 3833408 сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Айни замон, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара 18 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, бо ҷалби танҳо сармояи хориҷӣ ба андозаи 12 миллиону 503 ҳазор сомонӣ мавриди амалигашт қарор дорад. Дар ин давра боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ пурра азнавсозӣ гашта,
мояндагони пешини он ва дастгирии зиёиёни имрӯзаи Исфара тадбиру ғамхориҳои пайваста рӯи кор оварда мешавад. Аз ҷумла таъсиси бахши исфарангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва маҷаллаи “Ганҷи Исфара” аз ибтикороти неки сарварони шаҳр маҳсуб меёбад. Тоҷибой Султонзода - мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят дар баромади хеш таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро нисбат ба қаламкашон дилсӯзона ва босамар арзёбӣ намуд. Номзади илмҳои филологӣ Субҳони Аъзамзод оиди нақши пурарзиши Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ дар адабиёти форсу тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва профессор Усмонҷон Ғаффоров роҷеъ ба осору рӯзгори устод Айнӣ тадқиқот, хотира ва андешаҳояшонро баён доштанд. Шоирон Абдуҷаббори Суруш, Нарзуллоҳи Азизиён, Набиюллоҳ Суннатӣ, Акмалхоҷа Акрамов аз навтарин чакидаҳои хомаи худ барои ширкатдорони маҳфил қироат намуданд. Маҳфили “Ганҷи сухан” бо барномаҳои рангину ҷолиби дастаҳои ҳунарии шаҳр бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов ба итмом расид. С.АНӮШЕРВОН.
Н/И
Ифтитоҳ
ҶҲАТ соҳиби бино шуд
Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Исфара соҳиби бинои нав шуд. Н/И
Эҳдо ба 85-солагии нашрияи маҳбуби исфарангиён“Насими Исфара” Туро гар дар рафи “Шоҳнома” бигзорем, Ва ё “Шоҳнома” бишморем, Газоф асло нахоҳад буд, Ва лоф асло нахоҳад шуд. Чаро, ки муддати ҳаштоду панҷ соли баҳори хеш, Ту дар ҳаштоду панҷ ҷилди китоби рӯзгори хеш, Навиштӣ сарнавишти мо, Навиштӣ саргузашти мо. Навиштӣ оташин ҳарфу суханҳои ватандорӣ, Ватансозӣ, ватанбонӣ. Мунодии раҳи ободиву озодӣ будӣ ту, Ба мардум дарси некиву худогоҳӣ бидодӣ ту, Гиреҳи мушкиливу ҳар муаммояш кушодӣ ту. Басе давру замоне аз сарат бигзашт, Басе оби равоне аз барат бигзашт, Ҳазорон одамоне аз дарат бигзашт. Валекин дар асолат, Дар рисолат, Ҳамон якрӯй будиву бимондӣ, Ҳамон ҳақгӯй будиву бимондӣ. Бимондӣ дар бари мардум, Бимондӣ минбари мардум. Аё, рӯзномаи халқи азизам, Аё, розномаи халқи азизам. Ва ҳам “Шоҳнома”-и шаҳри азизам. Ту бо ранги қалам рангин намоӣ зиндагии мо, Ва бо шири сухан ширин намоӣ зиндагии мо! Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.
Хизмати ҳарбӣ:
М
Ҳамсоядориро беҳтар кунем Тиҷорати наздисарҳадӣ метавонад ҳамчун сарчашмаи боварӣ ба ҳамдигар хизмат намояд. Ин нукта бори дигар дар нишасти тоҷикону қирғизҳо, ки дар маҷмааи “Ориён” барпо гашт, садо дод.
И
н нишаст дар доираи лоиҳаи БР СММ “Ҳамкории наздисарҳадӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва рушд” барпо шуда,
№ 262
Дар бораи даъвати иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Б
инои мазкур бо маблағгузории КБСС дар ҳаҷми 80 000 евро аз ҷониби "Ширкати сохтмонии Исфара" бунёд гашт. Дар расми ифтитоҳи он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ширкат дошт. Инчунин дар чорабинии ба ин муносибат бахшидашуда хатнасури бачаҳо доир шуд.
“Шоҳнома”-и Исфара
Да арзҳои дӯстӣ
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲР аз 14 апрели соли 2017
муҷассамаи шоир бо ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Арзиши умумии азнавсозии боғи мазкур беш аз 4 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод. Бунёди он асосан ба тариқи ҳашар, дастгирии корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша ва аҳолии Исфара сурат гирифт. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз масъулин дар алоқамандии камбудию мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷет, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, вазъи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти баҳориву ташкили гармхонаҳо, ҷамъоварии саривақтии маблағҳои истифодаи барқ ва об, танзими маросимҳо, муташаккилона гузаронидани маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, вусъати омодагиҳо ба ҷашнҳои 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуд. Дар маҷлис муовини аввали раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда андешаҳояшро иброз дошт.
қарор мекунам: 1. Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум 27-уми апрели соли 2017 соати 9:00 дар маҷлисгоҳи калони
дар он беш аз 35 намояндагони ҷомеаҳои наздисарҳадии Исфараю Боткон ҳузур доштанд. Таъсиси минтақаи озоди савдо, мустаҳкам намудани робитаҳои кишоварзӣ, роҳандозии муносибатҳои сохторҳои тиҷоратӣ аз ҷумлаи он таклифҳое буданд, ки дар нишаст қайд гардиданд. Дар мизи муддаввар раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва роҳбари маъмурияти ноҳияи Боткон Кенеш Солеҳов ширкат ва суханронӣ карданд.
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват карда шавад. 2. Ба баррасии иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд: *оид ба рафти амалигашти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020" дар шаҳри Исфара;
актаби ҳаёт барои ҷавонон аст. Ин ҷо онҳо зиндагӣ дар ҷомеаро ба хубӣ меомӯзанду муносибатро ёд мегиранд ва матиниродаву ҷавонмард мешаванд. *** авонон боинтизом мегарданд. Ба қадри ҳар як лаҳзаи умр расидан ва аз рӯйи реҷа кор карданро ёд мегиранд. *** устақилияти ҷавонон тақвият ёфта, онҳо ба нерӯи худ боварӣ ҳосил хоҳанд кард. *** а хона солиму қавибозу ва ҷасур баргашта, дар лаҳзаҳои ҳаёт хулосаи даркорӣ бароварда, роҳи дурустро интихоб менамоянд.
Ҷ
М Б
* ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ; * ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Қақир» №19 Эгамзод Муртазо Машрафӣ дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ»; * тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр. Раиси шаҳр Д.Расулзода.