15 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

***

№ 15 (9150)

ИСФАРА

www.nasimisfara.com

***

Чоршанбе,

20 апрели соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Дар маҷлиси фаъолони шаҳр натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳот давоми 3 моҳаи аввали соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷамъомад, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо ва сарварони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд. Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Исфара давоми семоҳаи аввали соли 2016 муовини раиси шаҳр Муртазо Олимов баромад намуд. Тавре зикр гардид, давоми семоҳаи аввали соли равон иҷроиши нақшаҳои пешбинишудаи даромади буҷет 92,5% иҷро гардид. Мувофиқи нақша мебоист ба буҷет 20 млн. 210 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардад, амалан 18 млн. 704 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки

Н/И

Аз маҷлиси фаъолони шаҳр

Бояд рушди саноат таъмин гардад

ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 506 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Мутаассифона дар маҷмӯъ, нақшаи даромади андоз бо баъзе сабабҳои воқеӣ таъмин нагардид, ки масъалаи мазкур мавриди таҳлили амиқ ва корбарии ҷиддӣ қарор дорад. Нақшаи пешбинишудаи даромад ба буҷети маҳаллӣ бошад, ба андозаи 92,7% иҷро гардид. Давоми соли сипаришуда мебо-

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА

аз 18 апрели соли 2016

№ 222

Дар бораи даъвати иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам: 1. Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) 25 апрели соли 2016, соати 9.00 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват карда шавад. 2. Ба муҳокимаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин гузошта шаванд: * оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 № 604 “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод намудани Зоҳидзода Д.А.”; * оид ба Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 №605 «Дар бораи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин намудани Расулзода Д.Ҷ.»; * рафти иҷрои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар шаҳри Исфара; * рафти иҷрои қарори раиси вилояти Суғд № 178 аз 11.04.2015 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара; * ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва рифоҳӣ; * ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Тоҷикон №13» Шомирсаидов Рустам Самадович дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; * дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ; * тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр. Раиси шаҳр Д.РАСУЛЗОДА.

ист ба буҷети маҳаллӣ 18 млн 666 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан дар ин давра 17 млн 310 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки он аз нақшаи пешбинишуда 1 млн 355 ҳазор сомонӣ кам аст. Сабабу омилҳое, ки ба иҷроиши нақша таъсири худро расониданд, ин пеш аз ҳама ба фаъолияти як қатор корхонаҳои калони саноатии шаҳр алоқамандӣ дошта, бо ифодаи Муртазо Олимов роҳбарони ин

корхонаҳо бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд. Танҳо аз ҳисоби як қатор корхонаҳои калони саноатии шаҳр, ки ташаккулдиҳандаи қисми даромади буҷет маҳсуб меёбанд, нисбати ҳамин давраи соли гузашта воридоти амалии андозҳо зиёда аз 3,6 млн сомонӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин давра ҶСК «Корхонаи кимёвӣ» ва ҶСК «Комбинати масолеҳи бинокории Исфара» воридоти андозҳоро нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ ба маблағи 645 ҳазор сомонӣ афзоиш додаанду халос. Давоми семоҳаи аввали соли 2016 дар корхонаҳои саноатии шаҳр, якҷоя бо сектори хусусӣ ва хизматрасонӣ ба маблағи умумии 64,3 млн сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 9,6 фоиз зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

33,7 миллион сомониро ташкил дод, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз масъулин дар алоқамандӣ бо камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, вусъати корҳои мафкуравӣ, ҷамъоварии маблағи барқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, саривақт ба охир расонидани кишти баҳорӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои бузург, чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷиддан вазифадор намуд. Дар маҷлиси фаъолони шаҳр муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ширкат ва суханронӣ дошт.

намудани беҳтарин либос бо тарҳи наву замонавӣ ва ҳифзи анъанаҳои тарроҳии либосу ороишоти миллӣ шуда гузашт. Озмун дар 5 бахш – сару либосҳои кӯдакона, рӯзмарра, расмӣ, қадима ва идона сурат гирифт. Ҳайати ҳакамон бештар ба либосҳое, ки мувофиқ ба мӯди муосир аз матоҳои миллӣ бо истифода аз нақшу нигорҳои Фестивали «Либосҳои мил- тоҷикӣ дӯхта шудаанд афзалият доданд. лӣ» бо иштироки беш аз 270 Дар ҷамъбасти фестивал раиси шаҳр нафар бо пешкаши маҳсули Дилшод Расулзода ҳамагонро бо иди лимеҳнати 18 нафар тарроҳон боси миллӣ сидқан шодбош гуфта, бо баробари тақдими тӯҳфаву Ифтихорномаҳо доир шуд. ба ғолибон, ҳамчунин таъкид намуд, ки мардум имрӯзҳо зиндагии осудаву ором Он дар доираи чорабиниҳо бахшида дорад ва ҷонибдори он аст, ки суннатҳои ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии волои аҷдодӣ дар мавриди худшиносиву Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғи- худогоҳӣ, фарҳангпарвариву зебоипаби либоси миллӣ, пайдо намудани истеъ- растӣ аз нав эҳё карда шавад. додҳои нав дар бахши тарроҳӣ, пешниҳод Н/И

Озмун

Фестивали "Либосҳои миллӣ"

баробар намуданд. Дар натиҷа қисмати аввали вохўрӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Нимаи дуюми вохўрӣ бо ҳуҷумҳои пай дар пайи футболбозони «Ориён» оғоз гардид. Онҳо то охири бозӣ фаъолнокии бештар нишон дода, ба дарвозаи ҳарифони худ боз ду тўби беҷавоб заданд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи дастаи Дар даври ниҳоии мусо«Ориён» анҷом ёфт ва дастаи футболи биқа оид ба футбол барои деҳаи Навгилем барандаи Ҷоми раиси шаҳр гардид. дарёфти Ҷоми раиси шаҳр Раиси федератсияи футболи Исфара, дастаҳои «Ориён» -и Навгираиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ лем ва «Кимиё»-и Исфара дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони муқувваозмоӣ карданд. собиқа – футболбозони дастаи «Ориён» Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим дошт. Нахустин шуда ҳисобро дар бозӣ футҲамин зайл, ҷои дуюм насиби дастаи болбозони дастаи «Ориён» кушоданд. «Кимиё» ва ҷои сеюм насиби дастаи «АнДар дақиқаҳои иловашудаи қисми аввал сорӣ» - и деҳаи Қалъачаи Мазор гардид. футболбозони дастаи «Кимиё» ҳисобро Н/И

Варзиш

"Ориён" соҳиби Ҷоми раиси шаҳр

Н/И

Таъиноти кадрӣ

Сардори нави шабакаҳои барқ

Бо фармони раиси ширкати ҳолдингии “Барқи тоҷик” аз 18 апрели соли 2016 Қосим Сулаймонӣ сардори идораи шабакаҳои барқи Исфара таъин гардид. Мавсуф соли 1965 дар деҳаи Кӯлканд таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро дар худи донишкада оғоз намуда, минбаъд дар шабакаҳои барқи Ленинобод, хадамоти назорати энергетика кор кардааст. Соли 2014 муовини раиси ширкати ҳолдингии “Барқи тоҷик” ва пас аз он то моҳи апрели соли равон дар вазифаи муовини директори департаменти “Нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ” фаъолият дошт.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
15 2016 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu